Перейти к основному содержанию

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, аспирантҳо, докторантҳои PHD, омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти Ҷоиза ва дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соҳаҳои зерин озмун эълон менамояд:

-дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ;

-дар соҳаи илмҳои биологӣ ва кишоварзӣ;

-дар соҳаи илмҳои тиббӣ;

-дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.

Барои баррасӣ корҳои илмие қабул карда мешаванд, ки дар рушди илм, фарҳанг ва иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дошта, бо аслияти худ дар гузориш ва ҳалли масъалаҳои илмӣ фарқ мекунанд, ҳамчунин ба коркард ва дар иқтисодиёти кишвар татбиқ намудани равандҳои пешрафтаи технологӣ, мавод, мошин ва механизмҳо мусоидат менамоянд.

Ба дарёфти ҷоиза корҳои олимони ҷавон, аспирантҳо, докторантҳои PHD, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти оли касбии синашон то 35-сола қабул карда мешаванд.

Корҳо бояд дар 2 нусха дар шакли чопӣ пешниҳод карда шаванд. Ба ҳар як кори пешбаришаванда пешниҳод (дар як нусха) замима карда мешавад, ки дар он нусха аз протоколи ҷаласаҳои шурои олимони ҷавон, мушовараи вазоратҳо, шурои олимон ё шурои илмӣ-техникӣ ҷиҳати пешбарии корҳо ва муаллифони онҳо ба дарёфти ҷоизаҳо; номи кор, замони анҷом ёфтан ва дар истеҳсолот татбиқ шудани он, баҳододи умумии кор, миқёси амалисозии он ва нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодӣ нишон дода мешаванд.

Ба пешниҳоди кор ҳамчунин маълумотҳои зерин замима карда

мешавад:

- ному насаби корманд (аз рӯйи шиноснома), санаи таваллуд, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (номзади илм, доктори илм, профессор), ҷойи кор, вазифа, сӯроға ва рақами телефон;

- шарҳи мухтасари кор (дар 1 нусха) бо имзои муаллиф.

Кори илмӣ бо ҳуҷҷатҳои зикршуда бояд дар як ҷузва (папка) бо навиштаҷоти «Ба дарёфти ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон» пешниҳод карда шавад. Дар рӯи ҷузва номи муассисаи илмӣ ё муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар он кор иҷро шудааст, номи кор, ному насаби муаллиф навишта мешавад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 17.12.2025.

Рақами телефон барои тамос: 221-04-77, 919810212, 927040908,

Суроғаи электронӣ: rakesh-23@mail.ru

Шахси масъул: раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ н.и.ф. Зиёев С.Н.