Перейти к основному содержанию
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасу пурифтихортарин рамзҳои давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Он нишонаи соҳибдавлатӣ, ҳувияти миллӣ ва худогоҳии таърихии миллати тоҷик буда, дар худ тамоми арзишҳои муқаддаси сарзамини мо, аз гузашта то имрӯзро таҷассум месозад.

Барои ҳар як миллат парчам рамзи ифтихору сарбаландӣ ва барои ҳар як давлат нишонаи бақо, субот ва муттаҳидӣ мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Парчами давлатӣ ҷавҳари маънавии миллат гардида, имрӯз ҳар шаҳрванди кишвар бо эҳсоси баланд онро парафшон мебинанд ва эҳтиром мегузорад.

Маънии воқеии парчам танҳо дар зебоии зоҳирии он нест, балки дар он ҷаҳонбинии умумимиллӣ, орзуву ормон, таърихи давлати тоҷикон, арзишҳои фарҳангӣ ва руҳияи иттиҳоду ягонагӣ ҷой дорад. Дар ҳар ранг ва ҳар нишони он кас метавонад эҳсоси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва ифтихори миллиро дарк намояд.

Тоҷикон, ки соҳиби тамаддуни чанд ҳазорсолаи башарӣ ҳастанд, дар давраҳои гуногуни давлатдорӣ ҳамеша ба рамзҳои миллӣ эҳтироми хоса доштанд. Аз аҳди қадим то имрӯз парчам ҳамчун сутуни асосии давлатдорӣ ва нишони истиқлолият истифода мегардад. Давраи соҳибистиқлолии кишвар ин эҳтиромро боз ҳам тақвият бахшида, Парчами давлатӣ ба унвони яке аз волотарин муқаддасоти миллӣ мавқеи хоса пайдо намуд.

Дар таърихи навини тоҷикон моҳи ноябри соли 2009 ҳамчун санаи муҳиму хотирмон барои эҳёи арзишҳои миллӣ сабт гардид. Қарор додани 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами нав дар таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани маърифати ватандӯстӣ ва тақвияти эҳсоси ифтихори шаҳрвандӣ мебошад.

Имрӯз ин рӯз на танҳо як ҷашни расмӣ, балки рамзи эҳтироми мардум ба давлату миллат, ва эҳёи суннатҳои қадимии давлатдории тоҷикон гаштааст. Дар ин рӯз дар муассисаҳои илмиву таълимӣ, корхонаҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ баргузор мегарданд, ки ҳама ба арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ равона шудаанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар худ рамзҳое дорад, ки дорои маъноҳои амиқи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Ранги сурхи он рамзи неру, ҷасорат, ватандӯстӣ аст; ранги сафед ифодаи покиву рӯзи нек, обу нону ниятҳои созанда мебошад; ранги сабз рамзи табиат, зироаткорӣ, зиндагибахшӣ ва рушди кишвар ба шумор меравад. Тоҷ ва ҳафт ситораи барномудаи дар марказ низ бо худ маъноҳои маънавӣ ва фалсафии муайян доранд, ки ҳам ба гузашта ва ҳам ба арзишҳои имрӯзаи мардуми тоҷик иртибот мегиранд. Ин рамзҳо аз як тараф решаҳои тамаддунии миллатро ба ёд меоранд ва аз ҷониби дигар ҳадафҳои бузурги созандагиро ифода менамоянд.

Парчам ҳамчун рамзи ягонагии миллат имрӯз мардумро барои ободиву шукуфоии кишвар муттаҳид месозад. Дар солҳои пас аз истиқлол, ки давлат дар назди худ вазифаҳои бузурги таърихӣ гузошта буд, маҳз муттаҳидии миллӣ дар зери ин парчам Тоҷикистонро ба роҳи сулҳу субот ва рушд овард. Парчам дар саҳфаҳои таърихи навини кишвар ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ҳамчун рамзи сулҳу ваҳдат ва нишони эҳёи давлатдории миллӣ нақши муассир гузошт.

Имрӯз ҳар корнамоӣ созмон додани роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо, бунёди мактабҳо ва дигар корҳои созандагӣ маҳз бо ҳамин неруи ягона ҷомеаи тоҷикро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят мекунад.

Дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Парчам аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти омӯзгорон мебошад. Зеро эҳтиром ба рамзҳои миллӣ дар вуҷуди ҷавонҳо эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро бедор месозад.

Ҳар ҷавоне, ки зери ин парчам меомӯзад, бузург мешавад ва ба ҷомеа ворид мегардад, на танҳо соҳиби дониш, балки соҳиби ҷаҳонбинии миллӣ, руҳияи давлатдорӣ ва арзишҳои инсониву фарҳангӣ мегардад. Ин эҳсосе аст, ки ҳар миллат ба он ниёз дорад ва маҳз тавассути рамзҳои давлатӣ он тақвият меёбад.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ нишонаи шарафмандии давлат ва халқи мо мебошад. Дар созмонҳои байналмилалӣ, барномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои фарҳангӣ парчами мо парафшон мешавад ва номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон бо ифтихор муаррифӣ мекунад.

Ҳар боре, ки варзишгари тоҷик бо пирӯзӣ ба минбар мебарояд ва парчам боло мешавад, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар дили ҳар шаҳрванди тоҷик эҳё мегардад. Ин на танҳо дастовард, балки масъулият низ ҳаст масъулияти ҳар як тоҷик барои ҳифзи осудагӣ, рушд ва пешрафти давлати соҳибистиқлол.

Парчами давлатӣ имрӯз рамзи он аст, ки миллати тоҷик бо азму иродаи қавӣ роҳи давлатдории миллиро идома дода, барои субот, рушди устувор ва тақвияти пояҳои истиқлолият талош менамояд. Дар зери ин парчам кишвар ба марҳалаҳои нави тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадам ниҳодааст. Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, заҳмати созанда, иродаи устувор ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамаи ин арзишҳои миллӣ баҳри ободии Тоҷикистон маҳз дар зери ин рамзи муқаддас муттаҳид мегарданд.

Хулоса метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи ҳуқуқии давлат, балки армонномаи зиндагии миллат аст. Он ба мо таълим медиҳад, ки дар баробари эҳтиром ба таърих ва асолати миллӣ, бояд барои фардои кишвар низ ҷоннисорӣ ва заҳмат кашид.

Парчам моро ба созандагӣ, ваҳдат, покниятӣ ва меҳри Ватан даъват мекунад. Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашнест, ки ҳар як тоҷик дар он на танҳо ифтихор, балки масъулияти баланд ва садоқати худро нисбат ба Ватан эҳсос мекунад. Шинохти парчам шинохти миллат аст ва эҳтироми он эҳтиром ба давлат, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, парафшон будани Парчами давлатӣ бар фарози ҳар гӯшаи кишвар нишонаи ободӣ, сулҳ, ваҳдат ва пешрафти миллат аст миллати соҳибтамаддуне, ки бо нангу номус ва саъю талош роҳи ободии худро идома медиҳад.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ