Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

Дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ нақши муҳимро ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои ислоҳоти ҳуқуқӣ иҷро менамояд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ раванди мураккаб ва бонизоми тағйиру иловаҳо дар низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мустақилияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соддагардонии тартиботи мурофиавӣ, мутобиқсозии қонунҳои миллӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба сомон расонида мешавад.

Мувофиқи моддаҳои 55, 58, 64, 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад ва дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад мекунад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ислоҳоти ҳуқуқии соли 2025-и кишварро дар самтҳои афзалиятнок ифода намуд. Аз ҷумла Пешвои миллат такид намуданд, ки: “Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид”. Воқеан дар соли 2025 дастовардҳои ҳуқуқии кишвар қабули 8 қонуни нав (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №2119 "Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №2118 "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №2117 "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2025 №2142 "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2025 №2141 "Дар бораи истеҳсолоти органикӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2025 №2173 «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2025 №2172 "Дар бораи захираи моддии давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025 №2185 "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ") қабул шуда, ба 3 Қонуни конститутсионӣ (Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2025 №2167 "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, № 2183 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025 №2184 "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон") тағйиру иловаҳо ворид гардида, инчунин ба 80 қонуни амалкунандаи дигар (аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2024 № 2116 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»" то Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 1 октябри соли 2025, № 2201 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ») тағйиру иловаҳо тағйиру иловаҳо дар шакли қонунҳои алоҳида ворид карда шуданд.

Аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ Паёмро метавон ҳамчун шакли ҳуқуқии "ҳуҷҷати стратегӣ" тасниф кард, ки он нақши ҳамоҳангсозӣ байни шохаҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро иҷро намуда, кафолати иҷрои сиёсати ягонаи ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад. Инчунин Паём ба ҳайси "ҳуҷҷати барномавӣ" амал мекунанд, ки дар он дастурҳои мушаххас барои рушди ҳокимияти давлатӣ ва қабули қонунҳои барои давлату ҷомеа зарур баён мегардад. Масалан, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №2119 "Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ" асосњои њуќуќї, ташкилї ва иќтисодии соњибкории иљтимоиро муайян гардида, ба таъмини кафолати давлатии њифз, дастгирии давлатї ва тавсеаи фаъолияти субъектони соњибкории иљтимої, ки њангоми амалисозии он ба миён меоянд, равона шудааст. Ё инки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2025 №2173 "Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ" асосҳои ҳуқуқию иқтисодии муносибатҳоро дар соҳаи сармоя ва фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифода аз низомҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ муқаррар карда, ба таъмини устуворӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, № 2185 «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои он ва ҳуқуқи шаҳрвандонро барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ танзим менамояд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2164 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зерин ифода карда шуд: “Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ”. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2163 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 “Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ” илова карда шуд.

Дар ин давра беш аз 100 Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул шуданд, ки барои таъмини рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, волояти қонун ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ироаи натиҷаҳои соли гузашта, вазифаҳо барои соли ҷорӣ балки барномаи амал барои оянда аст, ки ба рушди қонунгузорӣ дар ҳам соҳаҳои хоҷагии халқ рушд мебахшад. Хусусан, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 №911 “Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030” идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад. Ин фармон барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷанбаҳои зиёди мусбӣ дорад, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ мусоидат мекунад: он ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ мусоидат намуда, шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявиро таъмин мекунад; ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди савдои электронӣ ва истеҳсолоти инноватсиониро тезонда, ба афзоиши ММД ва ҷойҳои кории нав мусоидат мекунад; дар шароити ҷаҳонӣ, ки иқтисоди рақамӣ то 15-40% ММД-и кишварҳои пешрафтаро ташкил медиҳад, Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки аз вобастагии захираҳои табиӣ раҳо шуда, ба иқтисоди донишбунёд гузарад; рақамикунонӣ хизматрасониҳои давлатиро (электронӣ гардонидани ҳуҷҷатҳо, пардохтҳои ғайринақдӣ) содда ва шаффоф мегардонад, ки ба коҳиши коррупсия, суръатбахшии тартиботи маъмурӣ ва баланд бардоштани боварии шаҳрвандон ба ҳокимият мусоидат мекунад; он ба таъсиси паркҳои технологӣ, дастгирии стартапҳо ва ҳамкории байналмилалӣ шароит фароҳам меорад; тайёркунии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, киберамният ва технологияҳои рақамиро тезонда, ба афзоиши рақобатпазирии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ кумак мерасонад; рақамикунонӣ дастрасии аҳолиро ба маълумот, таълим ва хизматҳои тиббӣ беҳтар мекунад, хусусан дар минтақаҳои дурдаст; он ба рушди фарҳанги рақамӣ, ҳифзи мероси миллӣ тавассути платформаҳои онлайн ва баланд бардоштани саводи рақамии ҷомеа мусоидат мекунад. Хулоса, ин фармон қадами стратегӣ барои Тоҷикистони муосир аст, ки ба гузариш аз иқтисоди анъанавӣ ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ мусоидат намуда, устувории иқтисодӣ, шаффофият ва некуаҳволии мардумро таъмин мекунад.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, № 962 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз 1 сентябри соли 2025 ҳадди ақалли музди меҳнат ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 дарсад зиёд, маоши вазифавии кормандони дигар 20 дарсад зиёд, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд (744 сомонӣ) карда шуда, андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1345 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1255 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1390 сомонӣ муқаррар карда шуда, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд, маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1668 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1500 сомонӣ муқаррар карда шуд ва андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1500 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шуда, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 дарсад зиёд, яъне индексатсия карда шуд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 декабри соли 2025 таҳти №1099 «Дар бораи таҷдиди сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қадами муҳимми стратегӣ дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ дар кишвари мо мебошад. Ин фармон тақсими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддиновро ба ду муассисаи мустақил — Муассисаи давлатии «Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи Аҳмадҷон Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии «Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» — пешбинӣ намуда, дар доираи воҳидҳои кории мавҷуда ва маблағҳои пешбинишуда амалӣ мегардад. Ин иқдом зарурати объективӣ ва оқилонаи илмӣ-амали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад, ки ба талаботи давраи муосири рушди давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон комилан мувофиқ аст. Илми ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ ҳамчун соҳаҳои илмии амалӣ аз фалсафа ва сиёсатшиносӣ бо хусусиятҳои методологӣ ва объектӣ тафовути амиқ доранд. Илми ҳуқуқшиносӣ ва давлатшиносӣ ба омӯзиши мустақилонаи ислоҳоти конститутсионӣ, ташаккули қонунгузории миллӣ, муқоисаи ҳуқуқи байналмилалӣ бо ҳуқуқи миллӣ, таъмини волояти қонун ва таҳкими ҳуқуқии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ нигаронида шудааст. Ин фарқиятҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ боз ҳам амиқтар гардиданд, зеро Тоҷикистон ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия заминаи устувор гузошт, ки дар замони муосир талабот ба тадқиқотҳои амиқи ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, мубориза ба омилҳои хатаровар бар зидди сулҳу амнияти давлат, ҳуқуқи киберӣ ва ҳамгироии байналмилалиро афзоиш дод. Таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқ имкониятҳои зиёдеро барои баланд бардоштани потенсиали илмии ҳуқуқшиносии кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тайёркунии кадрҳои баландихтисос фароҳам оварда, ба тақвияти волояти қонун, мубориза бо таҳдидҳои муосир ва рушди илми миллии ҳуқуқшиносӣ мусоидат мекунад. Дар маҷмӯъ, таъсиси Муассисаи давлатии «Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қадами муҳимми стратегӣ дар тақвияти пояҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол мебошад. Он ба баланд бардоштани сифати тадқиқотҳои илмӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тайёркунии кадрҳои баландихтисоси миллӣ мусоидат намуда, ба татбиқи арзишҳои конститутсионӣ ва ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 кумак мерасонад. Ин фармон идомаи мантиқии ислоҳотҳои илмӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, ба рушди устувори илми ҳуқуқшиносӣ дар кишвари мо заминаи мустаҳкам мегузорад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар Паём ба ҳайси муҳаррики ислоҳоти ҳуқуқӣ хидмат намуда, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаллифи ин ислоҳот эътироф карда мешаванд. Дар соли 2025 дар заминаи Паёми Пешвои миллат зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки то охири соли ин раванд идома хоҳад ёфт. Чунки 15 декабри соли 2025 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бахшида шуда, ислоҳоти ҳуқуқиро дар соҳаҳои муҳим минбаъ низ пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид намуданд, ки: “Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд. Хадамоти алоқа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қонун дар бораи сиёсати аграриро таҳия ва пешниҳод намояд. Бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест. Вобаста ба ин, масъулини соҳаро зарур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро барои солҳои 2026 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”.

Маҳз Паёми Президенти кишвар асоси ислоҳоти ҳуқуқии рушди иқтисодро тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт ва моратория ба санҷишҳои соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва инноватсия, эълони солҳои махсус ва таъсиси муассисаҳои нав; инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла афзоиши маош ва стипендия барои кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳияи барномаҳои амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак; рушди энергетика ва ҳифзи муҳити зист, бо супоришҳо барои таҳияи барномаҳои рушди энергетикаи сабз ва ҳифзи пиряхҳоро ва ғайра таъмин менамояд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамеша ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ хидмат кардаанд. Дар соли 2025 ин раванд бо қабули қонунҳои нав, тағийру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунанда зоҳир гардид, ки ба тақвияти ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуданд. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ на танҳо ифодакунандаи дастурҳо мебошад, балки арзишҳои конститутсиониро, чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона будани Тоҷикистон, арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ба халқ, баробарии шаҳрвандон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, дин, мавқеи иҷтимоӣ, ҳифзи моликияти хусусӣ ва озодии фаъолияти иқтисодиро тақвият мебахшад. Ин раванд идомаи мантиқии ислоҳот ҳуқуқии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ буда, ба таҳкими ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат мекунад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупо оид ба илм ва таълими АМИТ, доктори илмњои ҳуқуқшиносӣ, профессор