ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони имрӯза дар марҳилаи мураккабшавии равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодию геофарҳангӣ қарор дорад. Низоъҳои шадид дар Аврупои Шарқӣ ва Ховари Наздик ва Миёна далолат бар он мекунанд, ки низоми кӯҳнаи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳолати барканоршавӣ аст ва эъмори пойдевори низоми нав бар пояи принсипҳои баробарӣ, эътирофи амалияи сиёсии давлатҳои мухталиф ва гуногунрангии фарҳангӣ мебошад. Рақобати давлатҳо дар фазои геоиқтисодии дунё сол то сол меафзояду муборизаҳои шадид байни абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои ба даст овардани манбаъҳои ашёи хом, нафту газ дар манотиқи гуногуни сайёра торафт пурзӯртар мешаванд.
— Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 иброз гардид, ки «вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.
Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем».
Дар ҳақиқат ин равандҳо ба давлатҳои дунё дар сатҳи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ-фарҳангӣ таъсири гуногун доранд. Дар ин ҳолат ҳар давлати соҳибистиқлол кӯшиш мекунад, ки оид ба зарфияти сиёсӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба фишору таҳдидҳои берунӣ вокуниш намуда, посухи асоснок диҳад.
Тоҷикистон давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ тавонист иқтисоди миллии рақобатпазир бунёд кунад. Имрӯз иқтисоди миллӣ бо суръати баланд рушд карда, некуаҳволии аҳолии мамлакат боз ҳам беҳтар мегардад. Дар ин қарина Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ барҳақ таъкид намуданд, ки «даромади аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир 6 баробар афзуд. Дар соли 2015 даромади аҳолӣ 26 миллиард сомонӣ буд ва соли 2025 ин нишондиҳанда ба 165 миллиард сомонӣ расид».
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамарӯза кӯшиш менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар ҷомеаи тоҷик шароити мусоид фароҳам оварад. Маҳз ин тадбирҳо боиси баланд шудани нишондоди дарозумрии мардуми ҷумҳурӣ мегарданд. Сарвари давлат иброз намуданд, ки «шумораи аҳолӣ аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардида, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».
Тоҷикистон имрӯз дар масири фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор ва таъмини сатҳи баланди зиндагӣ барои аҳолии ҷумҳурӣ тадбирҳои муассирро амалӣ дорад. Дар пасманзари буҳронҳои ҷаҳонӣ, таҳдидҳои иқлимӣ ва чолишҳо ба суботи иҷтимоӣ рушди устувор ба самти стратегии банақшагирии миллии давлатамон табдил меёбад. Тоҷикистон ҳамчунин дар татбиқи якчанд ҳадафи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид пешрафти мусбат нишон медиҳад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо барои такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат зарур мебошад.
Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад».
Падидаи «рушди устувор» консепсияест, ки бар таъсири мутақобили муассири ҷанбаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ асос ёфтааст. Барномаи рушди устувори Тоҷикистон имрӯз аз се самти мукаммал иборат аст:
Рушди иқтисодӣ. Ин самти барнома татбиқи инноватсия, рушди инфрасохтор ва пешбурди саноатикунониро дар бар мегирад. Инчунин рушди иқтисодӣ ва таъмини музди меҳнати муносиб, истеҳсоли масъулиятнок дар қаринаи иқтисоди «сабз» ба доираи ҳадафҳои ин самт ворид мешаванд.
Некӯаҳволии иҷтимоӣ. Ин самт таъмини имтиёзҳои иҷтимоӣ ба ҳама сокинони ҷумҳурӣ, ғамхорӣ ба саломатии онҳо ва таъмини баробарии гендериро дар бар мегирад. Ин самт инчунин ба ҳифзи сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷомеа аҳамияти афзалиятнок медиҳад.
Мувозинати экологӣ. Мувозинати экологӣ ҳифзи манбаъҳои оби тоза ва ҳифзи экосистемаҳоро таъмин хоҳад намуд. Дар қаринаи ин самт татбиқи барномаи иқтисоди «сабз» пешбинӣ мешавад, ки ба воситаи он дастрасӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза барои аҳолӣ таъмин хоҳад гардид.
Рушди иқтисоди «сабз» ба падидаи рақамикунонӣ ва ташаккул додани пойдевори иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон марбут аст. Оид ба раванди босуръати рақамикунонӣ ва аҳамияти он барои ҷаҳони муосир Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба шаҳрвандони мамлакат чунин иброз намуданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имконияти зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Парламенти мамлакатро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд».
Роҳбари давлат бо назардошти аҳамияти стратегӣ доштани раванди рақамикунонӣ ба ин падида диққати махсус медиҳанд, барои он ки рақамикунонӣ метавонад ба тағйироти назаррас дар ҷомеа ва кулли соҳаҳои хоҷагидории халқ, хусусан иқтисодиёт оварда расонад.
Баъзе ҷанбаҳои калидии марбут ба рақамикунонӣ инҳоянд:
Афзоиши шуғл: Рақамикунонӣ метавонад ҷойи нави кор эҷод кунад, махсусан дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф.
Тағйироти сифатии тарзи зиндагӣ: Рақамикунонӣ метавонад набз ва тарзи зиндагии одамонро сифатан беҳтар намояд ва боиси истифодаи фаъолтар ва муассиртари технологияҳои рақамӣ гардад.
Тағйирот дар моделҳои тиҷорат: Рақамикунонӣ метавонад моделҳои тиҷоратро тағйир диҳад ва ба равандҳои тиҷоратии самараноктар ва босуръат оварда расонад.
Доир ба аҳамияти падидаи рақамикунонӣ барои Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намудаанд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади истифодаи имконоти зеҳни сунъӣ дар раванди рушд доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата – сентрҳо) чораҷӯйӣ намояд».
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масири рушди ҷумҳуриро барои соли 2026 муайян намуда, мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба истиқболи сарбаландонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳнамоӣ менамояд.
Рустам ҲАЙДАРЗОДА, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
