Перейти к основному содержанию

26 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ду китоби тозанашр бо номи “Масири сарнавишт” ва “Авсофи Пешво”, ки ба хизматҳои шоёни меъмори давлатдории навини тоҷик-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд, рунамоӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки китобҳои мазкур таҳти назари ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон ва мураттибии Давлат Сафар ва Абдураҳмонзода Абдувалӣ рӯи чоп омадаанд.

Дар рӯнамоии китобҳои мазкур дар баробари дигар суханварон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки китобҳои мазкур бо усули навини нигориши китоб таҳия гардида, дар онҳо фикру андешаҳои роҳбарони давлатҳои абарқудрат, мулоҳизаҳои сиёсатмадорони варзида, ходимонаи намоёни давлатию ҷамъиятӣ, мақолаҳои олимони варзидаю андешаи шоирону адибон дар шакли эҷоди мисраҳои шеърӣ ва меҳрномаҳо дар мавриди хизматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар таҳкиму рушди пояҳои давлатдории миллӣ ва пойдории Истиқлоли кишвар, барқарорсозии сулҳ ва таъмини амнияти сартосарӣ дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани нуфуз ва шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоду ироаи ташаббусҳои байналмилалӣ ба ташкилотҳои бонуфузи дунё, бахшида шудаанд.

Воқеан, хизматҳои Пешвои миллат дар ҳама самтҳои рушди иқтисоди кишвар назаррас буда, корномаи Пешвои миллатро садҳо олимону зиёиён, шоирону нависандагон рӯйи коғаз оварда, пешкаши ҳаводорону аҳли илму фарҳанг гардонидаанд. Тавре, ки ходими сиёсии кишвар, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон зимни таҳияи сарсухани китоби дар “Масири сарнавишт” қайд намуданд ”Дар бораи қаҳрамониву корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон китобу навиштаҳо вуҷуд доранд, ки аз амалҳои савобу созандаву хайри ин шахсияти мондагор мебошанд. Ҷузъиёти зиёд собит менамоянд, ки халқи тоҷик дар солҳои навадум ҳама чизро аз даст дода буд ва танҳо бо шарофати даврони нави адолати сулҳ ба рӯзи нек расидааст. Дар як фурсати кӯтоҳу ороми таърихии замони истиқлол бо шарофати сиёсати созандагии ин абармард хотираи ҳазорсолаи таърихӣ зинда гардид.”

Таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат аз нигоҳи сиёсатмадорон ва ходимони илму фарҳанги хориҷи кишвар низ ҳамчун яке аз симоҳои барҷастае таҷассум гардидааст, ки бо ибтикори бевоситаи ин абармарди роҳи сиёсат раванди сулҳи тоҷикон барқарор гардида, ин таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат мавриди омӯзиш ва истифодаи пайваста дар таҷрибаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Белорус Александ Лукашенко “Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ-Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. – Мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем, зеро сулҳу осоиш дар замини Шумо сулҳу осоиш ҳам дар Белоруси мо, ҳам Русия, ҳам дигар давлатҳо мебошад”. Бо ин хидамтҳо ва ташаббусу фаъолият Пешвои миллат дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои абарқудрат мавқеи намоёнро ишғол намудааст.