Перейти к основному содержанию

Бо қарори дахлдор, аз моҳи январи соли 2026 Мамурджон Мирвайсов ба вазифаи Роҳбари намояндагии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ (МНТЦ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ яке аз ниҳодҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи ҳамкории илмӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба дастгирии таҳқиқоти илмӣ, рушди иқтидори илмии кишварҳо ва ҳамгироии олимон ба фазои ҷаҳонии илм равона шудааст. Таъйини намояндаи салоҳиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории илмии кишвар бо ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

Мирвайсов М.С. дорои таҷрибаи ғании касбӣ дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, илм, таҳқиқот ва идоракунии лоиҳаҳо буда, аз соли 2018 то имрӯз вазифаи Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-ро бар уҳда дошт. Дар ин давра ӯ дар таҳия ва татбиқи созишномаҳо, барномаҳо, харитаҳои роҳ ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ бо созмонҳо ва муассисаҳои илмии хориҷӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳамзамон, ӯ ҳамчун ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, тадқиқоти илмии худро ба масъалаҳои муосири амнияти иҷтимоӣ ва равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои Аврупо равона кардааст. Таҷрибаи илмӣ – таҳлилӣ ва идораикунии лоиҳаҳо ба ӯ имкон медиҳад, ки равандҳои байналмилалиро дар ҳамбастагӣ бо манфиатҳои миллӣ ҳамаҷониба арзёбӣ намояд.

Мирвайсов Мамурҷон дорои таҳсилоти олӣ дар соҳаҳои геология, иқтисод ва забонҳои хориҷӣ буда, маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлати Хуҷанд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифта, курсҳои махсус дар Россия, Ҳиндустон, Олмон, Хитой ва курсҳои онлайнии Донишгоҳи Индианаи ИМА хатм намуда бо диплому сертификатҳо қадрдонӣ гардидааст. Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро дар сатҳи олӣ медонад, инчунин ба забонҳои ӯзбекӣ ва чинӣ (HSK2) дар сатҳи муошират суҳбат мекунад. Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Шурои байналмилалии илмӣ (Париж, Фаронса), Шабакаи глобалии дипломатияи ҷамъиятӣ (Қатар) ба ҳисоб меравад. Ин омил барои пешбурди самараноки муколамаи илмӣ ва касбӣ бо шарикони хориҷӣ ва баланд бардоштани обруй ва нуфузи илмӣ тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос дорад.

Дар вазифаи нав ва масъулияти навбатӣ ба ҳамкорамон бурдборӣ таманно дорем ва боварӣ дорем, ки ин таъинот саҳифаи нави пурборро дар фаъолияти касбии ӯ боз намуда, бо ниятҳои нек, талоши пайваста ва дастовардҳои шоиста ҳамроҳ хоҳад шуд.

Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ