Перейти к основному содержанию
Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ойинҳои фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад, ки решаҳои он ба умқи таърихи тамаддуни ориёӣ мерасанд. Ин ҷашн ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сармо ва андешаи созанда бар ноумедӣ маъруф буда дар ташаккули ҷаҳонбинии мардумони қадим нақши муҳим бозидааст. Таҷлили Сада ҳар сол дар фасли зимистон, панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз сурат гирифта, оғози марҳалаи нави умед ба баҳор ва эҳёи табиатро ифода мекунад.

Дар шароити ҷаҳонишавии муосир, ки бисёр арзишҳои суннатӣ зери таъсири тағйирот қарор доранд, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, аҳамияти хос пайдо мекунад. Ин ҷашн на танҳо як ойини мардумӣ, балки ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ ва худшиносии фарҳангии тоҷикон мебошад.

Тибқи пажӯҳишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, вожаи «Сада» аз шумораи «сад» бармеояд ва ба гузашти сад рӯз аз оғози фасли сармо ишора менамояд. Дар тафаккури мардумӣ ин давра ҳамчун марҳалаи гузариш аз сахтии зимистон ба рӯзҳои нисбатан рӯшантару гармтар маънидод мешавад. Аз ин рӯ, Сада рамзи поёни сармо ва оғози умеди нав ба зиндагӣ мебошад.

Дар сарчашмаҳои адабӣ, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, ҷашни Сада бо номи Ҳушангшоҳ ва кашфи оташ вобаста карда мешавад. Кашфи оташ ҳамчун яке аз бузургтарин дастовардҳои инсоният, роҳи зиндагии мутамаддинро ҳамвор намуда, инсонро аз торикӣ ва сармо раҳо сохт. Аз ҳамин ҷост, ки оташ дар ҷашни Сада мақоми марказӣ дорад.

Афрӯхтани гулхан дар шаби Сада танҳо як маросими рамзӣ нест, балки таҷассумгари маъноҳои амиқи фалсафӣ ва фарҳангӣ мебошад. Оташ рамзи поксозии рӯҳ, нобуд сохтани неруҳои бад, гармии дилҳо ва ваҳдати ҷомеа аст. Мардум гирди гулхан ҷамъ омада, бо орзуҳои нек ба оянда менигаранд ва умед ба рӯзгори беҳтар мебанданд.

Дар фарҳанги суннатии тоҷикон оташ ҳамеша ҳамчун унсури муқаддас эҳтиром мешуд. Он на танҳо манбаи гармӣ ва рӯшноӣ, балки рамзи дониш, хирад ва зиндагии осоишта маҳсуб мегардид.

Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, бахусус дар замони салтанатҳои қадим, ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешуд. Подшоњон дар дарбор, ашрофон ва мардум дар баргузории он фаъолона иштирок намуда, онро ҳамчун ҷашни умумидавлатӣ мешинохтанд. Баргузории чунин ҷашнҳо ба таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ ва эҳсоси ҳамбастагӣ мусоидат менамуд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҷашни Сада дубора мақоми шоиста пайдо намуда, имрӯз расман ва бо шукӯҳу шањомат таҷлил мегардад.

Сада ҷашнест, ки инсонро ба эҳтиром ва ҳифзи табиат даъват мекунад. Дар гузашта деҳқонон ин ҷашнро ҳамчун оғози омодагӣ ба корҳои кишоварзӣ қабул менамуданд. Аз рӯзҳои Сада нақшаи кишт, омода кардани замин ва асбобҳои меҳнат оғоз меёфт. Ин ҷашн ба инсон мефаҳмонад, ки зиндагии устувор танҳо дар ҳамоҳангӣ бо табиат имконпазир аст. Гармии оташ дар Сада на танҳо ба ҷисм, балки андешаро низ равшан месозад ва инсонро ба меҳнати созанда ҳидоят мекунад.

Имрӯз ҷашни Сада дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа бо барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои адабӣ ва чорабиниҳои илмӣ таҷлил мегардад. Дар муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва шинохти таърихи ниёгон мусоидат мекунад.

Сада дар замони муосир ҳамчун василаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва ифтихор аз гузашта хизмат менамояд. Он мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.

Ҷашни Сада дорои арзиши бузурги тарбиявӣ мебошад. Он насли ҷавонро ба эҳтироми таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ раҳнамоӣ карда, ҳисси масъулиятро дар назди ҷомеа тақвият мебахшад. Таҷлили чунин ҷашнҳо нишон медиҳад, ки пешрафти ҷомеа танҳо бо такя ба дониш, меҳнат ва ваҳдати мардум имконпазир аст. Дар ҷаҳони муосири пуртазод ҷашнҳои миллӣ чун Сада нақши муҳимеро дар ҳифзи сулҳ, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва густариши фарҳанги ҳамзистӣ наќши калидиро мебозад..

Ҷашни Сада мероси гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик буда, рамзи нур, гармӣ, дониш ва умеди инсон ба фардои беҳтар мебошад. Пос доштани ин ҷашн арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғании ниёгон аст. Бо таҷлили Сада мо на танҳо гузаштаамонро эҳтиром менамоем, балки ба ояндаи равшан бо боварӣ ва ифтихор қадам мегузорем.

Миршариф МАҶИДӢ, н.и.т., ходими калони илмии Озмоишгоҳи «маводшиносӣ»-и Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ