«Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити имрӯза, ки раванду хатарҳои сиёсию идеологӣ ва фарҳангии минтақа ва ҷаҳон фарҳангҳои миллӣ дар ҳоли бархӯрд ва маҳвшавӣ қарор доранд, эҳё ва таҷлил суннатҳои аҷдодӣ яке аз омилҳои истодагарӣ ва устуворсозии мавҷудияти миллат дониста мешаванд. Миллати тоҷик низ зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлилу баргузории дубора ҷашну суннатҳои ниёгонӣ гомҳои устувор ниҳода истодааст. Ин хизматҳои Пешвои миллат дар эҳё ва таҷлили ин ҷашнҳои ниёгонӣ, монанди Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада на танҳо бозгашт ба гузашта, балки нигоҳдории онҳо барои наслҳои оянда аст.
Мардумони ориёитабор дар тафовут ба дигар халқу миллатҳо дар офаридани дину оинҳои хусусияти табиатгароидошта ва бо қонунҳои табиат алоқаманд, фарқи куллӣ дорад. Гузаштагони мо ҳар рӯз ва моҳҳое, ки баробаршавии шабу рӯзро ифода мекарданд, бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мекарданд, яке аз онҳо иди Сада мебошад. Ин идҳо: Наврӯз (баробар ба 20-21-уми март), Тиргон (баробар ба 20-21-уми июн), Меҳргон (баробар ба 20-21 –уми октябр) ва Ялдо (баробар ба 20-21-уми декбр+Соли нави милодӣ) дар як вақт ҳам иди динӣ ва ҳам иди миллӣ-давлатӣ дониста мешуданд. Сада дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон як навъ ҷашни динӣ-табиии гузаштагони мо мебошад.
Сада низ яке аз чунин анъанаҳои аҷдодӣ буда, ба ҷашнҳои пеш аз исломии мардумони эронитабор рост меояд, ки ҳар сол дар даҳуми моҳи Баҳман (баробар ба 29-30 –юми январ рост меояд) баргузор мешуд. Ба қавли Абу Райҳон Берунӣ, “Абон-э-Рӯз” пас аз ислом дар дарбори баъзе аз шоҳзодагон ва султонҳои эронитабор бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид. Дар бораи Сада андешаҳои гуногун мавҷуд буда, баъзеҳо чунин гуфтаанд, ки вақте фарзандони Қимарс - падари аввал, инсони гӯё (мувофиқи динҳои Эрони бостон: маздоия, зурвония ва зардуштия) Бобои Одам ё Абул-Бишр (мувофиқи динҳои сомӣ: яҳудия, масеҳият ва ислом) дар ин рӯз ба сад нафар расиданд, ё азбаски аз ин рӯз то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб аст, онро бо ин исм ном бурданд. Мувофиқи ривояти дигар бошад, азбаски ин ҷашн дар рӯзи садуми зимистони бузург (мувофиқи тақсими сол дар байни эрониёни қадим ба тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳа машҳур аст) баргузор мешудааст, онро бо ин ном Сада унвон мебурдаанд.
Тибқи ривоятҳои “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бошад, ҷашни Сада ё садсола ба Ҳушанги Пешдодӣ нисбат дода мешавад ва он ёдгории ӯ бо офариниши оташ дар дасташ мебошад. Ривоятҳои дигаре, ки Абурайҳон ривоят кардааст, пайдоиши Садаро ба давраи Заҳҳок нисбат медиҳанд. Дар ҳар сурат, ҷашни Сада дар замони Сосониён хеле маъмул буд ва дар асл он “ҷашни махсуси оташ ё худ оташи ишқ” хонда мешуд. Аз ин рӯ, дар ин ҷашн онҳо оташ афрӯхта, дар атрофи он шодӣ мекарданд. Дар ин оташафрӯзӣ, рондани ҳайвоноти ваҳшӣ ва раҳо кардани паррандагон ба оташ низ маъмул буд. Нӯшидани шароб ва намудҳои гуногуни вақтхушӣ ва бозиҳо низ қисми ин ҷашн буданд.
Маҳз чунин хусусиятҳои муҳими ин ҷашн буд, ки шоирону нависандагон ва муаррихон: Манучеҳри Домгонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Табарӣ ва дигарон доир ба хусусиятҳои он шеърҳо эҷод ва андешаҳои ҷолибе баён мекарданд.
Яке аз анаъанаҳои ин ид афрӯхтани оташ дар майдонҳои васеъи кучаву бозор ва назди маъбадгоҳҳо буд, ки бо иштироки оммаи васеъи мардум, деҳқонон, кудакону пиронсолон, муъбадон зиёион, мутрибону ҷанговарон ва дигар аҳли ҳунар бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мегардид. Албатта, ин анъана ҳангоми баргузории ҳама идҳои динӣ-миллӣ баргузор мешуд, ки шодию хурсандии хӯрду калонро андоза набуд. Дар воқеъ таҷлили ҷашни Сада тӯли таърих дар раванди низоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо шукуҳу шаҳомати хос талҷлилу истиқбол мегардид. Ҳамчунон, ки ёдовар шудем, мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада барои ситоиши Худои Меҳр-Хуршед гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сабаби афрӯхтани оташро дар байни эрониён Ҷаҳонгирӣ Ошидарӣ дар китоби "Донишномаи маздаясоӣ" мегӯяд: “Оташ, мисли ҳама унсурҳо ва ҳама чизҳое, ки аз он ба инсонҳо фоида мерасонанд, дар маздасано ситоиш мешуд ва аз ҷониби эрониёни қадим ва муосир ва зардуштиён эҳтироми хос мешуд. Азбаски дар дини маздоия офарандаи нек Аҳура-доно-Маздо-ситоиш (ситоиши Худованди доно) бояд эҳтиром карда шавад, ориёиҳо (эрониёниён) Озарро, ки оташ аст, тӯҳфаи илоҳӣ медонистанд ва алангаи оташро ёдраскунандаи нури меҳрубони меномиданд ва косаи оташи сӯзонро дар маъбад ҳамчун меҳроб мегузоштанд”.
Маҳз чунин хусусият ва ҳикмати нур-оташ ва равшанӣ буд, ки ба ҳайси як унсури муқаддас аз маздоия то зардуштия василаи пайвастани эътиқодмандон ҳангоми ибодати Аҳурамаздо (Худованди донову беҳамто) мавриди ситоиш қарор мегирифт.
Элчибекзода Баҳригул Идибек - ходими
илмии Маркази антропологияи назди АМИТ

