Дар солҳои 2023–2024 банда бо сари баланд ва ифтихормандӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда, дар ҳифзи марзу буми Ватан истодагарӣ намудам. Ин давра бароям мактаби ҷасорат, интизом ва ватандӯстӣ буд, ки ҳисси масъулиятро дар назди Ватан-Модар боз ҳам устувортар намуд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муқаддас ва шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди кишвар ба ҳисоб меравад. Он нишонаи ватандӯстӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва масъулияти баланд дар назди Ватан-Модар, миллат ва ҷомеа мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, имрӯз ба як ниҳоди пурқудрату боэътимод табдил ёфтаанд. Артиши миллӣ кафили амният, субот ва оромии кишвар буда, ҳифзи марзу буми Ватанро таъмин менамояд. Дар ин раванд саҳми хизматчиёни ҳарбӣ – афсарону сарбозон басо бузург аст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо иҷрои қарзи конститутсионӣ, балки қарзи шаҳрвандӣ ва яке аз рукнҳои муҳимми таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи Истиқлол ва ташаккули шахсияти комили шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳони пуртазод ва таҳдидҳои рӯзафзуни ҷомеа ба амнияти давлатҳо, нақши артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат аҳаммияти хосса дорад.
Мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”. Хизмати ҳарбӣ дар ин замина ҳамчун воситаи татбиқи ин уҳдадорӣ баромад мекунад.
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад”. Артиш ё худ қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи устувор, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.
Хизмат дар артиш мактаби ҷасорат, интизом ва мардонагӣ мебошад. Ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, на танҳо малакаҳои ҳарбиро меомӯзанд, балки руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулият ва ҳамдигарфаҳмиро дар худ ташаккул медиҳанд. Артиш ҷавононро ба зиндагии мустақилона омода месозад ва дар тарбияи шахсияти солим нақши муҳим мебозад.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар намудани шароити хизмат, таъминоти иҷтимоӣ ва сатҳи касбияти хизматчиёни ҳарбӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Сарбозон бо либос, хӯрок, ҷойи зист ва омӯзиши замонавӣ таъмин буда, имконият доранд баъди хизмат таҳсил ё фаъолияти меҳнатии худро бо боварии бештар идома диҳанд.
Аз рӯйи мушоҳидаҳои худам метавонам гӯям, ки ҳар ҷавононе дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро ба анҷом мерасонанд, дар ҳаёти минбаъда бештар дорои хислатҳои устувории равонӣ, қобилияти қабули қарорҳо, сабру таҳаммул ва мутобиқшавӣ ба ҳар муҳити нав дар онҳо дида мешавад. Илова бар ин, хизмат дар сафи артиш барои бисёре аз ҷавонон имкони бознигарии ҳадафҳои зиндагӣ ва муайян намудани роҳи касби оянда мегардад. Бархе аз онҳо баъдан фаъолияти худро бо сохторҳои қудратӣ ё хизмати давлатӣ пайваст менамоянд. Оила низ дар ин раванд нақши калидӣ мебозад, зеро дастгирии маънавии волидон ба сарбоз неруи иловагӣ мебахшад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо як марҳалаи муваққатии зиндагӣ нест, балки таҷрибаи сарнавиштсозест, ки ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандиро ташаккул медиҳад. Дар шароити муосир таҳкими артиши миллӣ ва баланд бардоштани нуфузи хизмати ҳарбӣ яке аз омилҳои асосии суботи давлатӣ ва рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”. (аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, аз 23 декабри соли 2022).
Дар ҳақиқат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ва шарафи бузург аст. Он на танҳо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, балки саҳми арзанда дар ҳифзи ояндаи осоишта ва шукуфоии Ватан маҳсуб меёбад.
Суҳайлӣ ҒАФУРЗОДА, магистранти соли якуми АМИТ
