Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи криосфера ва пиряхҳоро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ табдил додааст. Ин мавқеъ дар суханрониҳои расмии Пешвои миллат дар минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамоишҳои байналмилалӣ пайваста инъикос мегардад. Дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (сентябри соли 2025) таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо на танҳо мушкилоти экологӣ, балки таҳдиди мустақим ба таъмини амнияти озуқаворӣ, бахши энергетика ва захираҳои обӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд, коҳишёбии пиряхҳоро ҳамчун масъалаи дорои аҳамияти фаромиллӣ арзёбӣ менамояд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2025-2034-ро «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера» эълон намуд. Ин иқдом ба таҳкими ҳамкории илмӣ, мониторинги пиряхҳо ва рушди тадқиқоти глятсиологӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъсири обшавии пиряхҳо ба болоравии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ва ноустувории низоми гидрологӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардидаи созмонҳои байналмилалӣ, танҳо дар соли 2023 талафоти массаи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳонӣ ба садҳо гигатонна расида, ин раванд яке аз нишондиҳандаҳои равшани гармшавии глобалӣ арзёбӣ мегардад. Ин тағйирот метавонад то миёнаи асри XXI ба ҳаёти садҳо миллион нафар махсусан дар минтақаҳои соҳилӣ ва кишварҳои кӯҳӣ таъсири мустақим расонад.
Пешниҳоди таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии глятсиологӣ дар Душанбе низ қисми муҳими татбиқи ҳамин сиёсати стратегӣ мебошад. Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими инфрасохтори илмӣ, ҷамъоварии маълумоти дақиқ ва таҳияи механизмҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид гувоҳи он аст, ки масъалаи криосфера аз доираи як мавзӯи табиатшиносӣ берун рафта, ба унсури муҳими амнияти глобалӣ ва рушди устувор табдил ёфтааст. Муносибати илман-асоснок, ҳамгироии байналмилалӣ ва сиёсати пешгирикунанда метавонанд заминаи коҳиш додани таъсири манфии обшавии пиряхҳоро фароҳам оваранд.
Барфу ях яке аз унсурҳои калидии системаи иқлимии Замин ба шумор мераванд. Онҳо на танҳо ҳамчун захираи бузурги оби ширин хизмат мекунанд, балки дар танзими тавозуни радиатсионӣ, гардиши умумии атмосфера ва устувории экосистемаҳо низ нақши муҳим мебозанд. Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим омӯзиши захираҳои криосфера аҳамияти махсус касб менамояд. Дар замони муосир масоҳати умумии паҳншавии барфу ях дар сатҳи Замин даҳҳо миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Қисми асосии массаи яхҳо ба пиряхҳо ва сипарҳои бузурги қутбӣ рост меояд. Маҳз ин шаклҳои пиряхдорӣ (оледенение) зиёда аз 98 фоизи тамоми массаи яхро дар худ мутамарказ кардаанд. Ҳаҷми умумии яхҳои континенталӣ аз ҳаҷми обҳои рӯизаминии моеъи хушкӣ чанд маротиба зиёд мебошад, ки ин нишондиҳанда аҳамияти стратегии онҳоро ҳамчун захираи оби нӯшокӣ ва танзимгари гидрологӣ собит месозад.
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини сатҳҳои барфу ях албедои баланд мебошад. Ин сатҳҳо қисми зиёди радиатсияи офтобиро инъикос намуда, аз гармшавии зиёдатии сатҳи Замин ҷилавгирӣ мекунанд. Миёнаи албедои глобалӣ тақрибан 35 фоизро ташкил медиҳад, вале дар минтақаҳои яхбаста ин нишондиҳанда ба маротиб бештар аст. Аз ин рӯ, коҳишёбии масоҳати яхҳо боиси кам шудани инъикоси радиатсия ва афзоиши фурӯбарии гармӣ мегардад, ки равандҳои гармшавиро боз ҳам тақвият медиҳад. Ин падида ҳамчун механизми «алоқаи бозгашти мусбат» дар системаи иқлимӣ маъруф аст. Баробари ин, обшавии пиряхҳо ба болоравии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ин раванд метавонад ба тағйирёбии соҳилҳо, зиёдшавии хатари обхезӣ ва таъсири манфӣ ба инфрасохтори иқтисодӣ оварда расонад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, пиряхҳо манбаи асосии ташаккулёбии захираҳои дарёҳо ба ҳисоб мераванд. Коҳишёбии ҳаҷми онҳо метавонад ба тавозунии таъминоти об дар мавсимҳои гуногун сабаб гардад. Илова бар ин, барфу ях дар гардиши атмосфера ва уқёнусҳо низ нақши калон доранд. Фарқияти ҳарорат байни минтақаҳои яхбаста ва паҳноҳои поёнӣ ҳаракати оммаҳои ҳавоиро муайян мекунад. Тағйирёбии ин мувозинат метавонад ба тағйироти режимҳои шамол, боришот ва басомади падидаҳои фавқулодаи иқлимӣ оварда расонад. Захираҳои барфу ях на танҳо ҷузъи табиии манзараи ҷуғрофӣ, балки унсури фаъол ва таъсиргузори системаи иқлимӣ мебошанд. Муҳофизат, мониторинг ва таҳқиқи мунтазами онҳо барои пешгӯии тағйироти иқлимӣ ва таҳияи сиёсати мутобиқшавӣ аҳамияти калидӣ доранд. Ояндаи устувори экосистемаҳо ва амнияти обӣ дар минтақаҳои ҷаҳон аз устувории криосфера вобаста мебошад.
Дар адабиёти илмӣ криосфера ҳамчун яке аз унсурҳои калидии системаи иқлимии Замин арзёбӣ мегардад. Академик В.М. Котляков таъкид менамояд, ки «пиряхҳо на танҳо нишондиҳандаи ҳассоси тағйирёбии иқлим, балки омили фаъоли танзими режими гидрологӣ ва энергетикии сайёра мебошанд». Ба андешаи ӯ, динамикаи яхҳо робитаи мустақим бо тавозуни радиатсионӣ ва гардиши умумии атмосфераро дорад. Глятсиолог П.А. Шумский бар он назар аст, ки «ях шакли махсуси мавҷудияти об буда, дар шароити муайяни термодинамикӣ ба унсури ташаккулдиҳандаи манзара ва иқлим табдил меёбад». Ӯ қайд мекунад, ки паҳншавӣ ва устувории яхҳо аз омилҳои ҳарорат, боришот ва тавозуни масса вобаста буда, ҳар гуна тағйирот дар ин омилҳо ба тағйири сохтори криосфера оварда мерасонад. Профессор Ю.Г. Кренке тағйирёбии тавозуни массаи пиряхҳоро яке аз дақиқтарин нишондиҳандаҳои динамикаи иқлим дар миқёси даҳсолаҳо ва садсолаҳо медонад. Ба гуфтаи ӯ, камшавии ҳаҷм ва масоҳати пиряхҳо нишондиҳандаи равшани тағйироти глобалӣ буда, таъсири он ба захираҳои об ва режими дарёҳо босуръат эҳсос мегардад. Тибқи арзёбиҳои Шӯрои байниҳукуматии тағйирёбии иқлим (Intergovernmental Panel on Climate Change), коҳишёбии криосфера таъсири мустақим ба болоравии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ, тағйири гардиши атмосфера ва зиёдшавии хатари падидаҳои шадиди иқлимӣ оварда мерасонад. Дар гузоришҳои ин ниҳод таъкид мешавад, ки робитаи бозгашти мусбат миёни коҳиши яхҳо ва афзоиши ҷабби радиатсияи офтобӣ раванди гармшавиро тақвият медиҳад. Мутахассисони Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо (World Glacier Monitoring Service) низ ишора мекунанд, ки суръати талафоти массаи пиряхҳо дар даҳсолаҳои охир бесобиқа мебошад. Ба андешаи онҳо, мониторинги мунтазами пиряхҳо имконият медиҳад, ки тағйироти иқлимӣ дақиқтар арзёбӣ гардида, чораҳои мутобиқшавӣ сари вақт таҳия карда шаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки криосфера, ки ба системаи глобалии иқлим таъсири калон дорад, дар даҳсолаҳои охир ба таври бесобиқа коҳиш ёфтааст, ки ин нишонаи равшани гармшавии глобалӣ мебошад. Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо таъкид мекунад, ки талафоти массаи пиряхҳо дар Арктика ва Гренландия ба 40-50 % нисбат ба 10 соли пешин расидааст, ки ба болоравии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ва тағйироти гардиши атмосфера таъсири мустақим дорад. Ҳамзамон, арзёбиҳои Шӯрои байниҳукуматии тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд, ки коҳишёбии албедои сатҳҳои ях ва барф метавонад то соли 2050 суръати гармшавиро дар минтақаҳои соҳилӣ ва кӯҳӣ то 1,5-2 °C афзоиш диҳад. Ин раванд метавонад ҳаёти садҳо миллион нафарро дар ҷаҳон таҳти хатар қарор диҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххасро дар самти мубориза бо таъсири тағйирёбии иқлим амалӣ менамояд. Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 қабул гардида, ҳадафи асосии он коҳиш додани осебпазирии кишвар ба гармшавии глобалӣ ва таҳкими устувории экосистемаҳо мебошад. Дар доираи татбиқи стратегия барои солҳои 2024–2026 нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, мониторинги пиряхҳо ва арзёбии таъсири онҳо ба сатҳи оби дарёҳо ва муҳити маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барномаҳои давлатӣ оид ба кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ва шинонидани ниҳолҳои дарахтон ҷузъи амалӣ кардани стратегия мебошанд. Тадбирҳои мазкур на танҳо барои нигоҳ доштани сатҳи захираҳои криосфера, устуворӣ мебахшанд, балки барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва коҳиш додани хатари зарари иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба садҳо ҳазор шаҳрвандон нақши муҳим доранд. Аз рӯи таҳқиқотҳои илмӣ, татбиқи барномаҳо ва барқарорсозии муҳити табиӣ метавонад суръати талафоти пиряхҳоро суст намуда, сатҳи таъсири гармшавии глобалиро коҳиш диҳад. Ҳамгироӣ байни сиёсати давлатӣ ва таҳқиқоти илмӣ самаранокии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи криосфераро таъмин мекунад.
Фирдавс Алиев, муовини директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи АМИТ








