Перейти к основному содержанию

“Дили тавонои Модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодагону дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато менамояд”.

Эмомалӣ Раҳмон

213Воқеан, модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон буда, меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ, ки сафобахши рӯзгор ва фонуси ҳаёти инсоният ба шумор меравад. Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошту эҳтироми модарон мақому манзалати занон дар кишвар батадриҷ боло бароварда шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995, №98 номгузории “Рӯзи байналхалқии занон”-ро ба Рӯзи модар иваз гардида, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар баромадашон чунин қайд намуда буданд, ки “мо љашни бонувонро махсус Рўзи модар ном нињодем, то ки эњтироми амиќу арљгузории хосаи худро ба бузургиву зебої ва азамату олињимматии модарони поксиришту офарандагони њаёти инсонї собит созем. Зеро, аслу љавњари Рўзи модарро муњаббату самимият, поквиҷдониву садоќат ва њурмату эњтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медињанд”. Ба муносибати ин рӯз бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ баргузор карда мешавад.

Ҳадафи аслии ин рӯз изҳори қадрдонӣ ва муҳаббат ба модарон аст. Модар шахсиятест, ки дар ҳаёти ҳар инсон чароғи зиндагонӣ, бо муҳаббат, ғамхорӣ ва дастгирии худ ба тарбияи фарзандон кӯмак мерасонад ва аввалин муаллим барои фарзанд аст, ки арзишҳо, анъанаву суннатҳоро ба ӯ меомӯзад. Дар адабиёти тоҷик, модар ҳамчун симои муқаддас ва меҳрубон тасвир шудааст. Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба тарзи арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то ба имрӯз сазовори таваҷҷӯҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст.

Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки имрӯз ифтихори мо - тоҷикон мебошанд. Гузашта аз ин, занони тоҷик ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши равшану барҷаста бозидаанд.

Бо вуҷуди ҳама ташвиши рӯзгор, занон ҳамчун сиёсатмадору олим, омӯзгору бунёдкор, офарандаи неъматҳои моддиву қаҳрамони меҳнат, ҳунарманду варзишгари соҳибном дар баробари мардон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.

Воқеан занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд. Онҳо дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардонагӣ корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.

Ҳамин тариқ, занон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд. Онҳо на танҳо тарбиятгар, балки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг ва сиёсат низ фаъол буда, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Соҳиби Баҳруло, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон