Имрӯз, 13 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 40- солагии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Саидов Абдусаттор Самадович таҳти унвони “Методологияи таҳқиқоти илмӣ дар илмҳои биологӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки илмҳои биологӣ дар шароити муосир яке аз самтҳои муҳимтарин ва стратегии рушди илми ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами инсоният — аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нақши калидӣ мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нодир, экосистемаҳои кӯҳӣ ва захираҳои бойи гуногунии биологӣ ба рушди илмҳои биологӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Гуфта шуд, ки олимони тоҷик дар тӯли даҳсолаҳо дар рушди мактаби илмии биология, экология, ботаника, зоология, генетика, физиология ва дигар самтҳои муҳими илмҳои ҳаётшиносӣ саҳми арзишманд гузошта, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои иқтидори баланди илмӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқонаи олимони ватанӣ буданд, ки заминаи устувори рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи гуногунии биологии кишвар ташаккул ёфт.
Қайд гардид, ки дар миёни чунин олимони барҷаста шахсияти донишманд, олими маъруф, доктори илмҳои биологӣ, профессор Абдусаттор Самадович Саидов ҷойгоҳи махсус дорад. Номбурда имрӯз низ фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва ташкилӣ дошта, ҳамчун роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии омӯзиш ва ҳифзи гуногунии биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои рушди илми ватанӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва муаррифии дастовардҳои биологияи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузорад.
Таъкид гардид, ки профессор Абдусаттор Самадович Саидов аз ҷумлаи он олимонест, ки тамоми фаъолияти ҳаётии худро ба хизмати илм, ҳифзи табиат ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ бахшидааст. Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ ӯ даҳҳо мутахассисон, унвонҷӯён, аспирантҳо ва муҳаққиқони ҷавонро тарбия намуда, дар ташаккули насли нави олимони соҳаи биология ва экология саҳми муҳим гузоштааст. Шогирдони ӯ имрӯз дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд.
Фаъолияти илмии профессор Саидов фарогири масъалаҳои муҳими экология, зоология, териология, ҳифзи гуногунии биологӣ ва омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон мебошад. Таҳқиқоти илмии ӯ, махсусан дар самти омӯзиши ширхӯрон, экология, экосистемаҳои кӯҳӣ ва таъсири омилҳои антропогенӣ ба муҳити зист аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ доранд.
Қобили таъкид аст, ки профессор Абдусаттор Самадович Саидов ҳамчун олими сатҳи байналмилалӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона муошират намуда, дар ҳамоишҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илми тоҷикро дар сатҳи баланд муаррифӣ кардааст. Мақолаҳо, китобҳо ва таҳқиқоти илмии ӯ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр гардида, миёни доираҳои илмии хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ ва эътироф қарор гирифтаанд.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода Акобир ва директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қадамзода Дилшод дар маърузаҳои худ аз саҳми назарраси профессор Абдусаттор Самадович Саидов дар рушди илмҳои биологӣ, таҳкими мактаби илмии экология ва ҳифзи гуногунии биологии кишвар ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти илмӣ ва ташкилотчигии профессор Саидов Абдусаттор дар ташаккули таҳқиқоти муосири биологӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ нақши муҳим дошта, таҳқиқоти ӯ дар самти экология, териология ва омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ доранд.
Сипас, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Абдусаттор Самадович Саидов дар мавзуи “Методологияи таҳқиқоти илмӣ дар илмҳои биологӣ” маъруза намуда, доир ба аҳамияти методология дар ташкили таҳқиқоти муосири биологӣ, усулҳои илмии омӯзиши олами набототу ҳайвонот, нақши таҳлилҳои таҷрибавӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар рушди илмҳои ҳаётшиносӣ андешаронӣ кард.








