
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
ИҶРОИШИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2040 ЗАМИНАИ РУШДИ ИЛМ ДАР ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2023 дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку зимни суханронӣ чунин изҳор намуданд: «Дар марҳалаи дарпешистода дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад. Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст. Пешниҳод дорем, ки дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад».
Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ аввалин шуда бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди зеҳни сунъиро қабул намуд. Инчунин, консепсияи рушди иқтисодиёт то давраи соли 2040 низ қабул шудааст, ки метавонад заминаи хубе барои рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар гардад. Инчунин, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (AITR) таъсис дода шуааст, ки барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК), инноватсия ва рақамисозии иқтисоди миллӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҳавасмандгардонии стартапҳо ва тиҷоратҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад.
Дар ин замина, бояд қайд намоем, ки санаи 7 апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT – Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” ширкат варзиданд, ки ин худ нишоне аз таваҷуҳи роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Имрӯз мо бояд яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои замони ҳозира – татбиқи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намоем.
Зеро Зеҳни сунъӣ (AI) танҳо як тамоюл ё фантазияи илмӣ нест. Ин як воситаи тавоное аст, ки иқтисодиёт, тиб, маориф, кишоварзӣ ва ҳатто идораи давлатиро дигар мекунад. Кишварҳои пешрафта аллакай зеҳни сунъиро барои оптимизатсияи истеҳсолот, идоракунии додаҳои калон ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ истифода мебаранд.
Имрӯз мо дар даврони трансформатсияи рақамӣ зиндагӣ мекунем, ки дар он зеҳни сунъӣ (AI) ба омили асосии рушди иқтисодӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ табдил меёбад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари босуръат рушдёбанда ҳам дар назди интихоб қарор дорад: ё технологияҳои пешрафтаро фаъолона татбиқ кунад ё дар канори пешрафти технологӣ бимонад.
Айни ҳол дар мамлакати мо истифодаи ЗС дар марҳилаи аввалия қарор дорад. Бо вуҷуди ин, қадамҳои аввалин аллакай гузошта шудаанд:
Лоиҳаҳои пилотӣ дар бахши бонкдорӣ (баҳодиҳии қарзгирандагон, чатботҳо). Рушди савдои электронӣ;
Истифодаи элементҳои омӯзиши мошинӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисод;
Рушди хизматрасонии рақамии давлатӣ ва системаҳои шинохти чеҳра барои амният ва ғ.. Аммо потенсиали мо хеле зиёдтар аст ва имкониятҳои истифоданашудаи мо низ хеле зиёд аст.
Дар Тоҷикистон имрӯзҳо қадамҳои аввалин гузошта шудаанд: ин курсҳои барномасозӣ кушода мешаванд, ҳакатонҳо баргузор мешаванд ва рақамикунонии хадамоти давлатӣ дар ҳоли рушд аст. Таваҷҷӯҳ ба таҳқиқоти ЗС дар донишгоҳҳо афзоиш меёбад. Ин суръатро нигоҳ доштан ва онро мунтазам инкишоф додан муҳим аст.
Бояд тазаккур дод, ки айни ҳол якчанд чатбот бо зеҳни сунъии генеративӣ, аз қабили ChatGPT ва DeepSeeк мавҷуданд, ки бо истифода аз зеҳни сунъи таҳлили ҳамаҷонибаи амиқи масъалаҳои гузошташударо ба анҷом расонида барои дастрасии маълумот барои таҳқиқоти илмӣ мусоидаткунанда бошанд.
Талоши давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта имрӯзҳо баҳри таҳияи чунин чатботҳои миллӣ мебошад, аз он ҷумла Федератсия Россия, Ҳиндустон ва Туркия ва баъзе аз давлатҳои Аврупоӣ, зеро таҳияи чунин барномаҳо имкони на танҳо таҳлили амиқ аз ҷониби зеҳни сунъӣ, балки метавонанд амнияти кишварро таъмин намояд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти илмӣ дурнамои хеле васеъ дошта, алҳол дар соҳаҳои гуногуни илмӣ истифода бурда мешавад. Татбиқи ин технологияи навин самаранокии корҳои илмиро баланд мебардорад, дарки равандҳои мурккаби илмиро осон гардонида, раванди кашфиёту ихтироотро метезонад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани милионҳо иттилоотро доро буда, дар мудати кутоҳтарин метавонад баъд аз таҳлили миқдори зиёди иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд.
Бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тавсеа ёфт ва дастрасӣ ба махзанҳои илмӣ осон гашта, имкониятҳои фаровоне ҷиҳати донишомӯзӣ фароҳам месозад. Дар ин замина бо истифода аз технология иттилооот ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назарияҳои илмӣ сол то сол такмил ёфта истоданд.
Маврид ба қайд аст, ки бо дарзардошти рушди босуръати зеҳни сунъӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаааст, ки бо дастгирии Донишгоҳи технологии Жиҷанги ҷумҷурии Халқии Хитой дар сохтори Академияи миллии илмҳо Маркази зеҳни сунъиро бо истифодаи васеи технологияи хитойии диипсиик (DeepSeek) таъсис диҳад.
Истифодаи ин марказ имкон медиҳад, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи муосир анҷом дода шавад, ҳаҷми зиёди маълумоти илмӣ, натиҷаҳои корҳои таҷрибавӣ мавриди таҳлил ва хулосабардорӣ қарор дода шаванд, вазифаҳои дараҷаи баланди илмӣ ҳал карда шаванд ва дар асоси таҳлили онҳо назарияу фарзияҳои нав пешниҳод карда шаванд. Ҳамзамон зимни истифодаи ин технология хазинаи маълумоти он бо забони тоҷикӣ мукаммал гардонида мешавад.
Дар баробари рушди босуръати зеҳни сунъӣ ҳангоми истифодаи ин технологияи навин муаҳаққиқон бояд ба риояи масъалаҳои ахлоқӣ аҳаммияти зарурӣ диҳанд. Зеҳни сунъӣ бояд дар оянда барои коркарди технологияҳое равона гардад, ба рушди ҷомеаи инсонӣ мусоидат намояд ва набояд боиси инкор ё таҳрифи маълумоти саҳеҳи илмӣ ва мақсадҳои дигар истифода бурда шавад.
Маврид ба қайд аст, ки бо пешниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025 номинатсияи нав «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд, ки ин ҳам ба рушд ва амалисозии “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равона карда шудааст.
Зеҳни сунъӣ таҳдид нест, балки имконест барои ҷомеаи мо. Он метавонад ба мо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, рақобатпазирии иқтисодиёт, беҳтар кардани сифати маориф ва тандурустӣ кӯмак расонад.
Тоҷикистон имкон дорад, ки на танҳо истифодабаранда, балки эҷодкунандаи қарорҳои беназир дар соҳаи зеҳни сунъӣ гардад.
Амонзода Илҳом Темур - ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
"Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд".
Эмомалӣ Раҳмон
Дар воқеъ Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони Шӯравӣ ҳодисаи мудҳиштарин маҳсуб меёбад, чунки “дар Тоҷикистон кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷангро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад. Оқибати даҳшатбори он ҷанг то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос мешавад"[1].
Мусаллам аст, ки 9-уми май рӯзи ғалаба яке аз муҳимтарин идҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин санаи мубораку фархунда ба корнамоии ҷанговарони Шӯравӣ, ки аз моҳи июни соли 1941 то майи соли 1945 дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили истилогарони фашистӣ ҷангида буданд, бахшида шудааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хотираи сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, қадр мекунанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хоки ИҶШС субҳи 22 - юми июни соли 1941 баъди хуҷуми ногаҳонии қушунҳои фашистӣ аз сарҳади кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ cap шуд. Миллионҳо нафар шаҳрвандони шӯравии синну соли гуногун ихтиёран ба фронт рафтанд ва дар он ҷо ҳаёти худро дар зери хавфу хатар гузошта, ҳуҷуми душманро зада гардонданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб чор сол давом кард. Субҳи 9-уми майи соли 1945 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ғалабаи қушунҳои Шӯравӣ ва муқаррар намудани иди Ғалаба бо фармони Раёсати Иттиҳоди Олии ИҶШС эълон карда шуд.
Худи ҳамон рӯз бегоҳӣ оташбаси ботантана барпо гардид ва 24 июни соли 1945 паради идона барпо гардид. Дар ҳамаи шаҳрҳои қаҳрамон парадҳои ботантана ва фейерверкҳо барпо мегардид, ветеранҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон хотираҳои худро ба мактаббачагон ва коркунони корхонаҳо нақл мекарданд.
Яке аз анъанаҳои асосӣ дар Рӯзи Ғалаба намоиши парчами сурхест, ки монанд ба он байрақест, ки соли 1945 аз ҷониби сарбозони шӯравӣ дар болои Рейхстаг гузошта шуда буд. Имрӯз парчами аслии он дар Осорхонаи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия маҳфуз аст.
Ҳамасола дар Маскав Паради Ғалаба дар Майдони Сурх бо ширкати беш аз 10 ҳазор нафар низомиён ва ҳудуди 100 воҳиди таҷҳизоти ҷангии заминӣ ва ҳавопаймоӣ баргузор мешавад.
Дар воқеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49ҳ.973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532 ҳазору 500 адад либоси гарм, 123 ҳазору 800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода, ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд.
Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.
Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани ин хотира муҳиму зарур аст, зеро вақте ки дахшатҳои ҷанг фаромӯш мешаванд, фашизм дубора эҳё мешавад. Насли навраси замони соҳибистиқлоли Ватан бояд аз гузаштагони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ наҷот ёфта, ғолиб омадаанд, онҳоро ба ёд оранд ва ифтихор кунанд [2]. Бо вуҷуди мушкилоти шадид соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар Тоҷикистон фаъолият менамуданд. Театрҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо фаъолият мекарданд. Асарҳои ҳунарии ҷангӣ, шеърҳо ва песаҳои театрӣ ба мардум руҳу илҳом мебахшиданд. Шоирону нависандагон, чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ ва Раҳим Ҳошим шоистаи таҳсин ва ёдоварӣ ҳастанд, ки бо қалами худ ҷанги равониро бурда, мардумро ба ваҳдат ва фидокорӣ даъват мекарданд [5].
Инак, маълумоти пурраро дар бораи ному насаб, соли таваллуд ва суроғаи зисти кӯҳансарбозон, ки ҳамагӣ 17 - нафар то имрӯз ба сар мебаранд, пешкаши хонандагони арҷманд менамоем:
Шаҳри Душанбе:
1.Бозор Нағзибеков 15.11.1926, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем;
2.Мухтор Заргаров 29.04.1924, сокини ноҳияи Сино, ҷ/д Чорякорон вилояти Суғд:
3.Нозим Носиров, 05.10.1924 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Далёни Боло;
4.Бибола Рӯзиматов, 07.11.1925 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Ғазантарак
вилояти Хатлон
5.Зайнулло Алиев 06.07.1926 шаҳри Бохтар, кӯчаи Каминтер - 2
6.Сафаралӣ Файзиев 09.05.1923 шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат;
7.Розиқ Қосимов 22. 01.1926 ноҳияи Вахш, ҷ/д Тоҷикобод;
8.Машраб Давлатов 20.06.1926 ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҷ/д Калинин;
9.Гулмурод Тағоев 01.05.1924 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷ/д Ифтихор;
10.Мирзо Ғафуров 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик;
11.Ҳабиб Сафаров 25.01.1926 ноҳияи Ҷайҳун, ҷ/д Қумсангир;
12.Яҳё Мирзоев 23.08.1925 ноҳияи Ховалинг, деҳаи Муқимов;
НТҶ
13.Рашид Каримов 01.07.1912 шаҳри Ҳисор, ҷ/д Алмосӣ;
14.Шоҳамбарӣ Раҷаб Исмонов 05.10.1926 шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав;
15.Азиз Қодиров 15.06.1922 ноҳияи Шаҳринав, ҷ/д Шаҳринав;
16.Раҷаб Қурбонов 17.03.1926 ноҳияи Варзоб, ҷ/д Лучоб;
17.Достӣ Умедов 17.03.1925 ноҳияи Сангвор, ҷ/д Чилдара[3].
Пас аз гузашти 80 сол ҳар як сокини бо нангу ори миллати тоҷик хотираи неки фавтидагони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, эҳтироми куҳансарбозонро ҳамеша пос медорад.
Боиси сарфарозист, ки рӯзҳои 8-9 майи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ҷашну чорабиниҳои гуногун бо иштироки кӯҳансарбозон баргузор мегардад[3], ки ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷику тоҷикистониён хотираву номи ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро муқаддас дониста, дар ин рӯзҳо ба хотири руҳи поки шаҳидони абадзиндаи ватан “Оташи абадӣ” фурузон карда мешавад.
Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд. Торафт густариш пайдо кардани равандҳои глобалӣ ва вусъат ёфтани таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризми байналхалқиву экстремизм ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории трансмиллӣ ҳамаи мову шуморо водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем ва пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон саъю талош намоем.
Дар ин раванд ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расанд ва эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд. Дар навбати худ, собиқадорон ҳамчун шахсони ботаҷриба ва рӯзгордида ба шукронаи давлати озоду мустақили миллӣ дар кори хайри тарбияи ҷавонон ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани онҳо саҳми худро гузоранд [4]. Дар ҳақиқат ғалаба бар фашизм барои миллати тоҷик гузаштае талх буда, ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Давлиёрова Сафаргул, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои фалсафа
Сарчашма:
1. Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост. Манбаи электронӣ: https://sputnik.tj/20150508/1015399026.html. Санаи муроҷиат:21.04.2025
2. Давлиёрова С.Т. Моҳияти ҷашнгирии Иди Ғалаба дар замони муосир. Манбаи электронӣ: https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/ru/post/mo-iyati-ashngirii-idi-alaba-dar-zamoni-muosir. Санаи муроҷиат: 15.04.2025
3. Аз санаи 1 то 9 май дар шаҳру навоҳии кишвар ҳафтаи “поси хотир” ба ёдбуди қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо карда мешавад. 2. https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-ishtirokchi-jangi-buzurgi-vatani-1067143617. html.Санаи муроҷиат: 28.04.2025
4. Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба, 9 майи соли 2009. Ҷумҳурият. Манбаи элнектронӣ: https://peshina.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=2147. Санаи муроҷиат: 30.04.2025
5. Давлатов З.А. Номи милати маро бо ифтихор гиред.Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/04/nomi-millati-maro-bo-iftihor-gired-angi-duyumi-a-on-baroi-mardumi-to-ikiston-san-ishi-buzurgi-tarih-bud/. Санаи муроҷиат: 30.04.2025.
Бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
Аз давраҳои қадим миллати тоҷик дорои шахсиятҳои бузургест, ки дар рушду нумуи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузошта, номи хешро дар лавҳаи таърих абадан сабт намуданд. Дар ин радиф, бо ифтихор метавон номи фарзонафарзанди тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, абармарди арсаи сиёсат Мирзо Турсунзодаро ба забон овард, ки, пеш аз ҳама, дар олам ҳамчун шоири сулҳсаро машҳур аст.
Ёдовар мешавем,ки Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст . Ин бузургмарди таърихиро на фақат дар Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои дунё, хусусан манотиқи Осиё ва Африқо, мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути неруи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ суҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард.
Ӯ бо азму иродаи матин вориди саҳнаи муборизаҳо шуда, ба мардуми олам ва алалхусус Осиё, паёми сулҳу оромиро меовард ва ба онҳо хитоб менамуд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,
Дӯст медорем мо онро ба монанди Ватан.
Воқеан, агар ба эҷодиёти устод Турсунзода назар андозем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. Донишманд ва профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафармояд: “Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд”.
Мавриди зикр аст, ки ҳамин заҳамоти устод Турсунзодаро дӯсташ Файз Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи покистонӣ, чунин менигорад: "Аввалин бор Турсунзодаро соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент вохӯрдам. Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар, чи адиб, муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил суҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо чашму дил сухан мегуфт. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт".
Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард: "Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем ва ба тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем". Қобил ба таъкид аст,ки барои хизматҳои арзанда дар ҷодаи илм Мирзо Турсунзода соли 1951 академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст
Аз ин лиҳоз, мо фарзандони Тоҷикистонро зарур аст, то ба дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат пайравӣ намуда, баҳри ободии Ватан ва пояндагии сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии мардум саҳм гузорем.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ихроҷи ҷунбиши «Толибон»1 аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Россия ва пайомадҳои он
Ихроҷи ҷунбиши «Толибон»[1]
аз рӯйхати созмонҳои террористӣ дар Россия ва пайомадҳои он
Суди Олии Федератсияи Россия бо қарори худ аз 17 апрели соли 2025, дар асоси пешниҳоди Прокуратураи генералии ин кишвар, мамнуъияти фаъолияти “Ҷунбиши «Толибон»-ро , ки қаблан дар феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ қарор дошт, ба ҳолати таълиқ даровард. Гарчанде барои коршиносон ин тасмим ғайриинтизорӣ набуд ва барои қабули он аз дер боз корҳои омодагӣ ҷараён дошт, боз ҳам дар фазои иттилоотии Россия ва берун аз он ин қарори Суди Олӣ таваҷҷуҳи васеъро ҷалб намуд. Ҳанӯз як сол пеш, дар моҳи майи соли 2024 бо чунин пешниҳод ба Президенти ФР вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия муроҷиат карда буданд. Аммо, гуфта мешавад, ки то соли 2024 механизми ҳуқуқие, ки имкон медод «Толибон» аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ шавад, вуҷуд надошт. Ин механизм бо дохил намудани тағйирот ба қонуни федералӣ “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ба вуҷуд омад, ки мувофиқи он “мамнуъияти фаъолияти созмон аз рӯйхати террористӣ метавонад бо қарори суд боз дошта шавад, агар “ ба фаъолият дар самти таблиғ, ҳақ шуморидан ва дастгирии терроризм” хотима бахшад ва Кодекси ҷиноятиро вайрон накунад”. Баъд аз қабули ин тағйирот дар қонун,31 марти соли 2025 Прокуратураи генералии Россия ба Суди Олӣ пешниҳод ирсол намуд, ки ба фаъолияти «Толибон» дар кишвар иҷозат дода шавад.
Агар ба пешинаи муносибати Россия бо “Толибон” назар андозем, мебинем, ки муносибати Маскав бо «Толибон» аз рӯзи зуҳури расмии ин созмон фарозу нишебиҳои зиёд доштааст. Баъд аз тасарруфи шаҳри Кобул аз тарафи «Толибон» дар моҳи сентябри соли 1996 Россия чанд маротиба кӯшиш намуда буд, то муносибати худро бо «Толибон» барқарор намояд, аммо он вақт «Толибон», ки ҳоло пайомадҳои ҷанги Шуравиро дар Афғонистон фаромӯш накарда буданд, пешниҳодҳои намояндагони Россияро дар бораи барқарор намудани муносибатҳо напазируфтанд.
Соли 2003, яъне баъд аз ду соли сарнагун гардидани Ҳукумати «Толибон» дар Афғонистон, Суди Олии ФР «Толибон»-ро ба “рӯйхати сиёҳ” –рӯйхати ягонаи созмонҳои террористии фаъолияташон дар Россия мамнуъ дохил намуд.
Дар бахши қарор оид ба ворид намудани ҷунбиши «Толибон» ба рӯйхати созмонҳои террористӣ, чунин омадааст: “Ҷунбиши «Толибон» дар соли 1994 дар Афғонистон ҳамчун як ҷунбиши тундрави исломӣ ташкил шудааст. Бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Чеченистон амал мекунанд, робита дорад. Дар фаъолияти худ аз усулҳои террор истифода мекунад. Масалан, тирамоҳи соли 1995 ҳавопаймои ИЛ-76-и ширкати ҳавоии Тотористон “Аэростан”-ро рабуда, экипажро муддати тӯлонӣ гаравгон гирифтанд. Бо дастгирии Усома бини Лодан фурсат меҷуст, ки ҷунбишҳои исломӣ қудратро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба даст гиранд”.
Аввалин тамосҳои намояндагони Россия бо «Толибон» баъд аз сарнагун гардидани низоми «Толибон» мувофиқи баъзе маълумотҳо ба соли 2006 рост меояд. Гуфта мешавад, ки ин тамосҳо бо миѐнҷигарии афсарони ҷиноҳи «Халқ»-и Ҳизби демократии халқи Афғонистон (ҲДХА), ки замоне дар Шуравӣ таҳсил карда буданд ва ҳоло дар сафи «Толибон» қарор доштанд, сурат гирифтааст.
Зуҳури созмони террористии “Вилояти Хуросони ДИИШ”[2] дар соли 2014 ва болоравии хатару таҳдидҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ин кишварро бо «Толибон» наздиктар сохт. Дар мавзеъгирии Русия ба манфиати «Толибон» ва эҷоди тарси бештар аз “Вилояти Хуросони ДИИШ” нақши собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай назаррас аст. Дар сафарҳояш ба Маскав, аз ҷумла мулоқоташ бо президенти ФР В.В. Путин ӯ тавонист раҳбарони Россияро то ҷойе қонеъ кунад, ки робитаҳояшонро бо «Толибон» бояд таҳким бахшанд, зеро ба фикри Ҳ.Карзай, “Вилояти Хуросони ДИИШ” ба Афғонистон ҳеҷ рабте надорад, ҷангҷӯѐни он афғон нестанд ва аз тарафи хориҷиҳо барои бесубот сохтани Осиѐи Марказӣ ва дигар минтақаҳои мусулмоннишини минтақа сохта шудаанд ва гузашта аз он, танҳо «Толибон» метавонанд бо “Вилояти Хуросони ДИИШ” самаранок мубориза намояд.
Бешубҳа, нақши намояндаи хоси В.В. Путин дар умури Афғонистон Замир Кабулов дар густариши робитаҳои Маскав бо «Толибон» хеле зиёд аст. Дар ибтидо Замир Кабулов аз шинохте, ки аз «Толибон» ва мулоқоташ бо раҳбари «Толибон» Мулло Умар доштааст муътақид буд, ки «Толибон» дар пайи ташкили Хилофати исломӣ аст. Аммо ба тадриҷ ақидаи ӯ тағйир ёфт. З. Кабулов бо гузашти чанд сол ба ин хулоса расидааст, ки «Толибон» тағйир ѐфтаанд, зеро аз он сиёсати пешинаашон зиён дидаанд ва акнун ба ҳалли масоили дохилӣ машғул буда, бо «ҷиҳоди глобалӣ» робита надоранд. Албатта ин ақидаи З. Кобулов ба тағйири сиёсати Маскав нисбат ба «Толибон» таъсир гузоштааст.
Аз охири соли 2016 сару садоҳо дар бораи тамосҳо ва ҳатто музокироти пинҳонии намояндагони Россия ва «Толибон» афзоиш ѐфтаанд. Сару садоҳо баъд аз чанд изҳороти намояндаи хоси президенти Россия дар умури Афғонистон Замир Кабулов, ки манфиати Россия бо «Толибон»-ро «муштарак» хонд, шиддати бештар гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҳамин давра дипломатияи Россия барои ба сари мизи музокирот кашонидани «Толибон» фаъол гардид ва ниҳоят “Формати Маскав”-и раванди сулҳ шакл гирифт, дар доираи он намояндагони баландпояи «Толибон» чандин бор ба Маскав сафар намуданд ва бо намояндагони Ҳукумати Россия мулоқот намуданд. Гуфта мешавад Россия аз музокироти байниафғонӣ бо он далел низ ҷонибдорӣ менамуд, ки аз идомаи ҳузури неруҳои НАТО ва махсусан эҳтимоли таъсиси пойгоҳҳои доимии низомии ИМА дар Афғонистон бисёр нигарон буд.
Баъди дубора зери назорат гирифтани Кобул ва тамоми ҳудуди Афғонистон аз тарафи «Толибон» дар моҳи августи соли 2021 то имрӯз ҳеҷ яке аз давлатҳо ҳукумати худхондаи «Толибон»-ро ба расмият нашинохтааст ва он де-юре машруъияти байналмилалӣ надорад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз кишварҳо де-факто ё амалан бо «Толибон» равобит барқарор намудаанд ва ё чуноне гуфта мешавад дар таомул қарор доранд.Сафоратҳои Афғонистон дар баъзе аз ин ин давлатҳо ба ихтиёри «Толибон» гузошта шудааст, рафту омадҳо ва музокироту ҳамкориҳо идома доранд.
Дар маҷмуъ, дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки дар кишварҳои пешрафта усул ва қоидаҳои сиёсати зиддитеррористӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба назар гирифтани афкори омма дар ин масъала ба шиддат дар ҳоли тағйирёбӣ мебошанд. Бо баъзе аз гурӯҳҳои террористӣ на танҳо таомул, балки муомила сурат мегирад, аз гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун неруи ниёбатӣ истифода мешавад.
Таҷрубаи Афғонистон нишон медиҳад, ки бо оғози музокироти «Толибон» ва ИМА дар Давҳа аз тариқи расонаҳо ва мусоҳибаю суханрониҳои намояндагони давлатӣ ва баъзе аз расонаҳо як сиёсати қабоҳатзудоӣ нисбат ба «Толибон», сохтани чеҳраи нави толиб пеш гирифта шуд. Ҳайатҳои «Толибон» акнун дар сатҳи баланд дар кишварҳои хориҷӣ пазируфта мешуданд, дар миёни ин кишварҳо барои даъвати «Толибон» ва баргузор намудани даври музокироти навбатӣ ҳатто як навъ рақобат оғоз гардида буд. Намояндагони олирутбаи баъзе кишварҳо (ба истиснои Тоҷикистон) ба Давҳа сафар намуда, бо ҳайати «Толибон» музокира анҷом медоданд. ИМА ҳам ба таври ҷиддӣ кӯшиш накард, то музокира бо «Толибон»-ро машрут ба ҷалби ҳукумати расмии Афғонистон ба ин гуфтугӯҳои сулҳ созад- ин корро ба марҳилаи баъдӣ гузошт. Аммо бо имзои Созишномаи Давҳа ва хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон «Толибон» ба музокира бо давлати қонунии ин кишвар дигар ниёз надошт ва ба зудӣ артиши руҳиябохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро шикаст дода, тамоми ҳудуди кишварро тасарруф намуданд. Акнун «Толибон» дар бисёре аз кишварҳо дигар таҳдид маҳсуб намешаванд ва гузашта аз он “«Толибон»”-ро дар мубориза бо терроризм шарики худ мехонанд. Гарчанде нигаронии ҳамсояҳо мисли пештара боқист. Зеро даҳҳо созмони террористӣ ба шумули “Вилояти Хуросони ДИИШ”, Ал-Қоида[3], Ансорулло[4] ва ғайра то имрӯз дар Афғонистон ҳузур доранд ва барои кишварҳои ҳамсоя таҳдид ҳисобида мешаванд. Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёев дар ҷараёни мулоқоти “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” дар Самарқанд “бо таассуфи амиқ” изҳор намуд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми таҳдидотеро, ки аз Афғонистон сар мезанад дасти кам мегирад”.
Дар шароите, ки Россия бо «Толибон» дар сатҳи баланд таомулу равобитро барқарор намудааст, табодули сафиру сафорат кардаанд де-факто барои Россия он созмони террористӣ маҳсуб намешуд. Суди Олии ФР ҳамин де-факторо ба де-юре табдил дод, то зиддияти ҳуқуқиро аз байн бардорад ва роҳро барои ҳамкориҳои васеътар ҳамвор созад.
Таҷрибаи баъдӣ нишон хоҳад дод, то кадом дараҷа Маскав ба ҳадафҳои стратегии худ дар самти Афғонистон ноил мегардад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки Россия бо ин иқдоми худ боз як қадами муҳим дар роҳи машруъият бахшидан ба «Толибон» гузошт ва ҳатман пайомадҳое хоҳад дошт. Ба ақидаи коршиносон, аслан вазъияти баамаломада падидаи камназири таърихӣ мебошад. «Толибон» аввалин ҷунбиши ҷиҳодие мебошад, ки на танҳо пирӯзӣ ба даст овард, балки дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ зоҳиран эътироф гардид. Ин барои гурӯҳҳои дигари ҷиҳодӣ намуна ва дар даст ёфтан ба ҳадафҳои худ илҳом мебахшад.
Баъд аз ба қудрат расидани «Толибон» дар Афғонистон коршиносон пешгӯйи мекарданд, ки таҷрибаи Афғонистон гурӯҳҳои террористиро рӯҳбаланд ва ҳастаҳои хуфтаи террористиро дар дигар кишварҳо бедор хоҳад кард. Баъд аз се сол ин таҷруба дар Сурия истифода шуд ва давлати Башор Асад сарнагун гардида, қудрати сиёсӣ ба ташкилоти “Ҳайат Таҳрир аш Шом” (ҲТШ, дар як қатор кишварҳо ташкилоти террористӣ эътироф шудааст ) бо роҳбарии Аҳмад ал-Шараа, ки бо тахаллуси Абу-Муҳаммад ал-Ҷулонӣ машҳур буд, дода шуд. Асоси ин созмонро ҷангҷӯёни созмони дигари террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» («Ҷабҳаи ғалаба»)[5] ташкил доданд, ки ба он Ахмад ал-Шараа роҳбарӣ мекард. Ахмад ал-Шараа аз соли 2003 узви “Ал-Қоида” буд ва соли 2005 ба маҳбаси амрикоии «Кэмп-Букка» афтид. Дар ҳамон ҷо бо роҳбари ояндаи Давлати исломии Ироқу Шом ( ДИИШ)[6] Абубакр ал Бағдодӣ шинос шуд ва бо ҳидояти ӯ соли 2011 “Ҷабҳат ан Нусра” –ро ташкил намудааст.
Ҳамин тавр, баъд аз Сурия эҳтимол дорад дар кишвар ва ё кишварҳои дигаре таҷрубаи Сурия ва Афғонистон такрор ёбад. Агар кор аз рӯйи ин сенария идома пайдо кунад ва манфиати абарқудратҳо тақозо намояд, дар оянда эҳтимол муносибат ҳатто бо “Вилояти Хуросони ДИИШ” ё баъзе дигар созмонҳои хатарноки террористӣ ҳам тағйир ёбад. Дар ин сурат кишварҳое, ки вобаста ба манфиатҳои миллии худ стратегияҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлати мубориза бо терроризм ва экстремизм ва ё ҳифзи манфиатҳои миллии худро қабул кардаанд, дар шароити душвор қарор мегиранд.
Баъд аз хатми даргириҳо дар Сурия ин интернатсионали террористӣ”, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ кам нестанд, ба ҷойи дигар интиқол дода мешавад. Ҳамин ҳоло иттилоот дар бораи пайдо шудани ячейкаҳо ҲТШ дар Афғонистон интишор мешавад. Бар асоси гузориши "Economic Times" чопи Ҳиндустон, ҳоло дар Афғонистон исломгароёни сурии зодаи Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар даргириҳои Сурия ширкат доштанд, шиносоӣ шудаанд ва ин мавзуъ нигарониҳои «Толибон», кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндро ба бор овардааст. Ба қавли ин рӯзнома “ин исломгароён дар вилоятҳои Бадахшон, Бағлон ва Ҳирот мустақар буда, ба амнияти маҳаллӣ таҳдид мекунанд ва эҳтимол дорад, ки паёмадҳои манфии онҳо ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳинд бирасад”. Дар шароити ҳозира як вазъияти зиду нақиз ба вуҷуд омадааст: ҳеҷ як кишвар «Толибон»-ро ба расмият намешиносад. Аммо танҳо дар СММ (аз соли 1999 зери таҳримҳои Шурои Амнияти СММ қарор дорад) ва дар се кишвар (Тоҷикистон, Туркия ва Канада) «Толибон» дар рӯйхати созмонҳои террористӣ боқӣ мондааст. Инчунин нисбати «Толибон» ва роҳбарону шохаҳои алоҳидаи он дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва як қатор мақомоти ҳуқуқии дигар чораҳои маҳдудкунанда андешида шудаанд. Дар рӯйхати миллии созмонҳои террористӣ қарор надоштани «Толибон» ба ҳар як кишвар имкон медиҳад, то бо вуҷуди расман эътироф накардани он, роҳи таомул ва ҳамкориро пеш бигирад .
Дар ҷаласаи Шурои Амнияти СММ 7 феврали соли 2022 вазъияти ба вуҷуд омада дар Афғонистон мавриди баҳс қарор гирифта буд. Дар ҷаласа аз ҷумла қайд гардид, ки дар гузашта низомҳои мавҷудаи таҳримӣ бо назардошти мақоми ғайриқонунии «Толибон» қобили пазириш буданд. Аммо ҳоло ғасби қудрат «Толибон»-ро ба асоси қудрати сиёсӣ дар Афғонистон табдил додааст. Ин маънои онро дорад, ки чораҳои маҳдудкунанда алайҳи «Толибон» имрӯз, дар маҷмуъ, ба тамоми кишвар таъсир мерасонанд. Ҳама гуна муомилоти иқтисодӣ бо ин кишвари таҳти раҳбарии «Толибон» зери чораҳои васеи маҳдудкунанда қарор мегирад. Чунин вазъият метавонад тамоми робитаҳои расмии иқтисодиро бо Афғонистон фалаҷ кунад ва онҳоро ба соҳаи ғайриқонунӣ тела диҳад. Зарари башардӯстона ба аҳолии кишвар дар баробари душвориҳои ҷанг метавонад хеле бузург бошад.
Ин аст, ки аксари давлатҳо новобаста аз он ки ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият намешиносанд, кӯшиш доранд бо Кобул ҳамкориҳоро ба роҳ монанд ва инро сиёсати амалгаро ё прагматикӣ меноманд. Гарчанде ба назар мерасад, бисёре аз ин давлатҳо ба хотири манофеии иқтисодии худ бо «Толибон» таомул ва ҳамкориро ба роҳ мондаанд ва барои бозорҳои Афғонистон як навъ рақобат байни ин кишварҳо ҷараён дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди надоштани равобити расмии сиёсӣ бо «Толибон» ба хотири расонидани кумаки башарӣ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ва бароварда сохтани эҳтиёҷоти рӯзмарраи онҳо бозорҳои сарҳадиро дубора боз намуд, неруи барқ ба ин кишвар интиқол мешавад, гузаргоҳи Панҷи Поён барои транзити молу коло боз нигоҳ дошта мешавад.
Сиёсати Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон нисбат ба ќазияи Афѓонистон њамеша сиёсати бисёр равшан, якранг, шаффоф ва устувор будааст.
Муҳимтарин асли сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки буҳрони Афғонистон бояд ва ҳатман аз роҳи мусолиматомез ва сиёсӣ ҳал гардад. Дар тӯли ин солҳо пайваста аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дар мулоқот бо сарони кишварҳо ин андешаро баён намудааст ва имрӯз ҳам сайъ менамояд, то мушкили мавҷуд дар Афғонистон бо назардошти ҳифзи ҳуқуқи тамоми ақвоми он кишвар аз роҳи музокирот ва мусолиматомез ва ташкили ҳукумати фарогир ҳаллу фасл гардад. Пешвои миллат ҳамеша сиёсатҳои дугонаи баъзе кишварҳоро дар баробари терроризм ва экстремизм сахт интиқод ва маҳкум намуда ва даъват менамояд, ки ба масъалаи пайомадҳои фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ дар Афғонистон, таваҷчуҳи ҷиддӣ шавад.
Қ.Искандаров, сарходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
[1] «Ҷунбиши Толибон»-ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ).
[2] «Вилояти Хуросони ДИИШ»-ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ).
[3] «Ал-Қоида» - ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ).
[4] «Ҷамоати Ансорулло»- ташкилот, ки экстремистӣ ва террористӣ эътироф шудаст(қарори Суди Олии ҶТ аз 3 майи соли 2012).
[5] «Ҷабҳат ан Нусра» ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ).
[6] «Давлати исломии Ироқу Шом» -ташкилот, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ).
Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи “Иди Ғалаба” бо тантана ва тариқи хосси мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Зеро тоҷикон аз мардумони ҷанговару фидоӣ буда, ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд. Бинобар ин саҳми тоҷикон дар ин Рӯзи Ғалаба бо ёдбуди гузаштагон ва қурбониёну иштироккунандагони миллати худро пос медоранд.
Мо тоҷикон аз хурдсолӣ дар вохӯриҳову ҷашвораҳои ин рӯзи таърихӣ аз нақлҳои падарам, ки бевосита дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаанд, иштирок доштем. Баъди аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ падарам борҳо бо мукофоту медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Ва ҳар сол аз тарафи ҳукуматдории Вилояти Суғд қадршиносӣ карда мешуданд. Дар умум дар вилояти Суғди Тоҷикистон 20 ҳазор нафар собиқадорони ҷанг бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд. Аз ҷумла онҳо дар гурӯҳҳои партизанӣ 49 нафар, дар ботлоқҳои Беларусия 7 нафар, дар ҷанубу ғарбии Россия 3 нафар, Лаҳистон 7, Югославия 4, Италия 2 ва Франсия 4 нафар ширкат варзида буданд.
Махсусан тоҷикон, барои озод намудани кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Лаҳистон, Чехия, Словакия, Руминия, Маҷористон, Булгория, Югославия ва Утриш, яъне дар умум 15 ҳазор нафар саҳм гузошта ва бо ордени медал барои шуҷоъат мукофонида шудаанд.
Муаллимони Донишгоҳи Хуҷанд ба номи Бобрҷон Ғафуров зиёиёну устодони Донишгоҳ ва аъзоёни ҳизби коммунистӣ ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон ба сафи Артиши Сурх дохил шуда ба майдони ҷанг сафарбар карда мешуданд. Аз миёни онҳо метавон исми Муҳаммад Осимӣ, Аслиддин Осимӣ ва ду бародари дигарашон ба ҷанг рафта дигар бар нагаштанд, ёдовар шавем. Махсусан падари бузургворам Комилов Абдулвоҳид дар миёни ин набардҳо бештар дар набардҳои Курская Дуга ва набардҳои Сталинград иштироки фаъолона дошта, ҳикояҳои ҳассосро ба мо нақл мекарданд.
Мардумон бо шиорҳои “Зинда бод Сталин, Зинда бод Иттиҳоди Шуравӣ”, барои озодии кишварҳои Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ хизмат карда ҷони худро дареғ намедоштанд.
Неъмат Қарабоев аввалин қаҳрамони тоҷик худро бо маводи тарканда ҳамҷун сипар дар муқобили танк душман қурбон карда, ҷони дигаронро наҷот додааст. Ӯ аввалин тоҷикест, ки ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидааст.
Вақте ки ҷанги Шӯравӣ ва Финляндия оғоз шуд, ӯ дар сафи Артиши Сурх буд, иштирокчии ҷанг шуд. Ба Неъмат Карабоев барои шуҷоати дар муҳорибаҳо нишондодааш дар моҳи марти соли 1941 рутбаи баланд дода шуд. Дар муҳорибаҳо барои Москов ва дигар амалиётҳо иштирок кардааст. Ӯ моҳи январи соли 1943 ҳангоми гузаштан аз дарёи Дон ҳалок гардид.
Сержанти хурд Исмоил Ҳамзаалиев пеш аз ҷанг муаллим шуда кор мекард. Ӯ командири экипажи тирандозии баталиони артиллерии зиддитанкии бригадаи танкии 79-уми фронти марказӣ буд. 8 июли соли 1943 ҳангоми баргардондани ҳуҷуми немисҳо ба Курск, дар шимоли деҳаи Молотичи тупчиён кушта шуд. И. Ҳамзалиев шахсан 3 танки душманро зада нобуд кард. Рӯзи 10 июл дар набард барои баландии стратегии муҳим яке аз снарядҳои душман таппончаи Ҳамзалиевро аз байн бурд. Ӯ дар рафти ҷанг сахт ярадор шуд, вале ҷангро давом дода, тирпарронӣ кард ва боз 2 танки душман, аз ҷумла яке аз навтарин танки «Паланг»-ро корношоям кард. 16 августи соли 1943 аз захмҳо вафот кард. 8 сентябри соли 1943 ба Исмоил Ҳамзаалиев баъди марг унвони Каҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
Дар муҳорибаи назди Сталинград тоҷикон ҳам ҳамроҳи тамоми халқи советӣ мардонагӣ ва диловарии бемислу монанд нишон доданд. 7 ҳазор нафар сарбозоне, ки аз Тоҷикистон ба фронт даъват шудаанд, бо медали «Барои мудофиаи Сталинград» мукофотонида шуданд.
Яке аз кӯчаҳои шаҳри Волгоград «Тоҷик» ном дорад ва дар лавҳаи мармарии ба «Хонаи Павлов»-и машҳур гузошташуда номи тоҷик Аҳмад Турдиев навишта шудааст, ки ҳамроҳи хамсафони 11 миллат ба душманон монеъ шуда буд.
Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.
Дар ақибгоҳ ҳам мардум барои дастгирӣ кардани ҷанговарон ду маротиба зиёд кор карда ба ҷангварон либосҳои гарм ва меваҳои хушк омода мекарданд
Дар фабрикаи дӯзандагии 50-солагии октябр занон ва мардони маъюб дар 24 соат кору фаъолият карда ба ҷанговарон либосҳои гарм, ҷуробҳо, мӯзаҳои пашмӣ ва меваҳои хушк мефиристонданд. Ҳамзамон дуредгарон сандуқҳои барои ҷойгир кардани тиру туфанг омода мекарданд. Дар Вилояти Суғди Тоҷикистон барои коркарди металҳои ранга кони Чорух-Дайрон, Такели, Майхура, Адрасман, Такоб ва дигар маводҳои консентратӣ ба артиш мефиристонданд. Ҳамзамон офандагон маводи парашют, абрешими тиббӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ тайёр мекарданд.
Барои сохтани танкҳо занони тоҷик ориоишҳои тиллову нуқраи худро ҳадя мекарданд то, ки аскарони мо пешсафу пирӯз гарданд.
Дар ин рӯзҳои пуртазоди геосиёсиву геостратегии ҷаҳон мо бояд ба қадри сулҳу субот бирасем. Ба маврид ва саривақти будани ташаббуси Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон “Даҳсоли сулҳ барои наслҳои оянда”, ки аз тарафи СММ пазируфта шудааст. Мо тоҷикон имрӯзҳо ба қадри сулҳу суботу оромиши кишвар бирасем ва ба арзишҳои миллӣ арҷгузор бошем, сулҳу суботро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Воҳидова Санавбарбону, мудири шӯъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор
Тағйирёбии иқлим яке аз ҷанбаҳои муҳими мушкилоти глобалӣ буда, дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо аз талоши муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон вобастагии калон дорад. Яке аз пайомадҳои тағйирёбии глобалии иқлим обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасеро тақозо менамояд, ки ба инобат гирифтани шароити хоси экологӣ ва мавқеи ҷуғрофии ҳар як кишварро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тағирёбии иқлим осеб дида, бо мушкилоти мухталифи экологӣ рӯбарӯ аст. Ҷумҳурии мо барои коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйироти иқлим ташаббусҳо ва стратегияҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки обшавии пиряхҳо яке аз мушкилоти экологӣ ба ҳисоб меравад, махусус барои кишварҳое, ки рушду некуаҳволиашон аз оби пиряхҳо вобастаанд. Тоҷикистон, ки дар қаламрави худ пиряхҳои зиёд дорад, масоили обшавии босуръати пиряхҳоро як хатари ҷиддӣ барои бақодории манобеи обии худ дар дурнамои миёнаю дарозмуҳлат медонад. Тоҷикистон захираҳои обро, ки аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, ҳамчун манбаи нерӯи барқи барқароршаванда мавриди истифода қарор медиҳад. Тақрибан 98% неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, ки ин омил Тоҷикистонро дар соҳаи энергетикаи сабз пешсаф кардааст. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон, дар ҳақиқат, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем”[2. С-2].
Бояд қайд кард, ки соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оид ба масъалаи мубрами ҷаҳонӣ, яъне обшавии босуръати пиряхҳо, чунин қайд намуда буданд:“Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намоям. Дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад. Тайи чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст”[11]. Аз соли 1930 инҷониб пиряхҳо дар Тоҷикистон тақрибан 30% коҳиш ёфтаанд[1]. Аз ҳудуди Тоҷикистон калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ–Ому, Сир, Зарафшон-ҷорӣ мешаванд. Ҳавзаи дарёи Ому бузургтарин дар минтақа буда, аксари дарёю рудҳои хурди Тоҷикистон ба ин ҳавза тааллуқ доранд. Масоҳати ин ҳавза ба 227 ҳазор километри мураббаъ расида, сарҳади он дар шимол бо қаторкӯҳҳои Олою Туркистон, дар шарқ бо кӯҳҳои Сарикӯл ва дар ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасад ва, агар ин раванд идома ёбад, метавонад дар 30-40 соли оянда бисёре аз пиряхҳои хурд аз байн раванд ва ба ҷараёни дарёҳои бузурге таъсир расонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Ванҷях (собиқ Федченко) дар Тоҷикистон, - ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тайи 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях (Федченко) зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад[2.C-3].
Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо чунин ҷанбаҳоро фарогир аст:
Якум, ташаббусҳои байналмилалии он оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки дар саросари ҷаҳон вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама аз обу иқлим ва обшавии бесобиқаи пиряхҳо пуштибони намуда истодааст. Дар доираи ин ташаббусҳо вобаста ба масъалаи обу иқлим, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони кардани соли ҳифзи пиряхҳо 14-уми декабри соли 2022 СММ қабули қатъномаро бо мазмуни зайл қабул кард:
-Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
-Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе [5.С-6] .
Дар заминаи ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид маълум карда шуд, ки соли 2025 пас аз оғози рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, солҳои қаблӣ рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад. Кишвар ғояҳои ҳифзи пиряхҳоро дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла пешниҳоди эълони соли Байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро фаъолона таблиғ мекунад. Дар Душанбе баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала ба нақша гирифта шудааст.
Дуюм, қабули Қонун оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон қонуне қабул намуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян менамояд. 3 январи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” имзо гузоштанд. Ин қонун дар ҳамоҳангӣ бо дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти сохторҳои давлатиро оид ба мониторинги пиряхҳо, омӯзиш ва аз ҷиҳати илми бунёдӣ пешниҳод намудани роҳҳои пешгирӣ намудани коҳиши пиряхҳо муайян менамояд. Инчунин қонун бевосита гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва оқилона истифода бурдани обҳоеро, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешаванд, ба таври мушаххас муайян менамояд. Мутобиқи моддаи 3-юм сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дарҷ ёфтааст. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст[8]. Таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо яке аз воситаҳои асосии иқтисодии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, маблағгузории лоиҳаҳои нигоҳдории пиряхҳо мебошад. Омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои гузариш ба рушди устувор муайян карда шудааст. Таваҷҷӯҳи махсуси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба лоиҳаҳои ҳифз ва мониторинги вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон равона карда мешавад[2].
Сеюм, таҳқиқот ва мониторинги илмӣ буда, Тоҷикистон фаъолона бо таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги ҳолати пиряхҳо машғул мебошад ва бо созмонҳо ва кишварҳои байналмилалӣ барои арзёбии тағйирот ва таҳияи стратегияҳои ҳифзи онҳо ҳамкорӣ менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» мавқеъ ва фаъолияти мақомоти давлатиро дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо, танзими истифодаи захираҳои обиро ба таври мушаххас ва саҳҳеҳ муайян карда, ҳамзамон гузаронидани таҳқиқоти илмиро муайян намуда, инчунин таҳқиқоти илмиро ба эътидол оварда, маълумоти мухталифи ба ҳам муқобилро тамоман аз байн мебарад, ки ин имкон медиҳад дурбиниҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар асоси маълумотҳои илмӣ-бунёдӣ коркард шаванд. Инчунин қонун таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ ва ҳамзамон гузаронидани мониторинги пиряхҳоро низ ба таври мушаххас муайян намудааст. Ҳамзамон дар боби 3-и қонуни мазкур ба таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо бахшида шудааст, ки тибқи банди 1 ва 2-юми он таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмиии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд[7]. Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" фаъолият дорад. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии вазорату муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар сохтору ташкилотҳои байналмилалӣ дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:
-гузаронидани корҳои илмии бунедӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва пӯшиши барф;
-муайян кардани изотопҳо дар озмоишгоҳ;
-омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати барф;
-ташкил ва гузаронидани корҳои экспедитсионӣ бо шарикони хориҷӣ;
-мониторинг ва арзёбии баландии қабати барф ва эҳтимоли рахна шудани кӯлҳои хатарноки пиряхӣ[9].
Гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва илмӣ-амалӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд ва таъсиси инфрасохтори илмию технологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои баланди криосфера, глятсиология ва гидрометеорология вазифаҳои асосии Марказ мебошанд, ки татбиқи онҳо ба омӯзиши пиряхҳо ва манбаъҳои асосии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 - ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо дар назди Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи байналмилалӣ оид ба омӯзиши изотопҳо дар пиряхҳо ва қабати ях ба фаъолият шуруъ намуд.
Чорум, Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул кард. Ҳадаф аз қабули гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти “иқтисоди сабз” мебошад. Амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд[6]. Дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се самти имконияти ташаккули иқтисоди “сабз”-ро ҷудо кардан мумкин аст:
–самти иқтисодӣ, ки дар он бо мақсади пешбурди иқтисодиёти босамар ва камкарбон, аввалан истифодабарӣ аз чораҳои маъмурии маҳдудкунии ҳаҷми ихроҷҳо ба атмосфера ва дуюм аз воситаҳои иқтисодӣ, ки асоси онҳоро андозбандии “сабз”, пардохтҳои экологӣ ва субсидияҳои “сабз” ташкил медиҳанд; сеюм чораҳои ихтиёриро дар бар мегирад, ки ташкили махзани маълумоти дахлдор ва низоми идоракунии ба шарикии давлату бахши хусусӣ тақозо мекунад;
–самти иҷтимоии иқтисоди “сабз” аз ҳисоби мусоидат ба сармоягузории «сабз» ба технологияҳо, сайёҳии экологӣ, маориф ва илм, афзоиши даромад ва шуғли аҳолӣ, кам кардани ихроҷи гази карбон ва ифлосшавии муҳити зистро таъмин менамояд ва ба баланд бардоштани самарабахшии энергия ва захираҳо ташаккул хоҳад ёфт;
–самти экологии иқтисоди “сабз” тақозо менамояд, ки манбаъҳои маъданӣ (зеризаминӣ)-и энергияи тамомшаванда самаранок истифода шавад, чунончи истифодабарии бошиддати онҳо аз як тараф ба иқлим таъсири манфӣ расонад, аз тарафи дигар боиси маҳдудияти заҳираҳои табиӣ барои наслҳои оянда мегардад.
Аз ин рӯ, асоси ин самти иқтисоди “сабз” ё ба таври дигар иқтисоди пасткарбониро он принсипҳои таъмини боэътимоди энергия ташкил медиҳанд, ки ба сарфаи энергия, самаранокии он ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия такя мекунанд[10].
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ва стратегия ва барномаҳои давлатиро дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ва рушди зеҳни сунъӣ таҳия ва қабул намудааст:
✓ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”;
-Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;
✓ Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037;
✓ Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040;
✓ Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;
✓ Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;
✓ Даҳсолаи илмӣ Криосфера барои солҳои 2025-2034;
✓ Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия».
Хулоса, ҳалли тағйироти иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва вобаста ба таҳдидҳои глабалии он ба ҷомеа ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз карда буданд: “Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад”. Воқеан, дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шуд ва боиси болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Имрӯз ҳамагуна чораҷӯӣ ва ҷустуҷӯи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ҳифзи пиряхҳо, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мазкур бо иштироки бевосита ва фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад[3]. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ ташаббуси муҳим вобаста ба обу иқлим ба СММ пешниҳод гардидааст. Тоҷикистон, ҳамчун мамлакати ташаббускор, панҷ ташаббуси муҳимро марбут ба об ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод кардааст: аз ҷумла; Эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003; Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015; соли 2013- соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 ” эълон гардидани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо.
Дар солҳое охир сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳалли обшавии пиряхҳо аз дипломатаи умумибашарии Пешвои миллат дар таъмини сулҳу ороми ва саҳм доштан дар ҳалли мушкилотҳои глабалӣ ба даст овардааст. Нуқтаҳои муҳими сиёсати глабалии Тоҷикистон оид ба ҳалли прияхҳо чунин аст:
1. Ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳаллу ҳифзи пиряхҳо;
2. Қабули қонун оид ба ҳифзи пиряхҳо;
3. Тадқиқот ва мониторинги илмӣ;
4. Стратегияи рушди “иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037;
5. Стратегия ва барномаҳои давлатӣ.
Соҳиби Баҳруло - ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиёт:
1. Агентии обуҳавошиносӣ: «Дар Тоҷикистон ду моҳи охир омадани сел бештар мушоҳида гардид» //[Манбаи электронӣ] URL: https://khovar.tj/2024/08/agentii-obu-avoshinos-dar-to-ikiston-du-mo-i-ohir-omadani-sel-beshtar-musho-ida-gardid/ (санаи муроҷиат: 15.03.2025).
2. Алимардонов Т.А. Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он //[Манбаи электронӣ] URL: https://tnu.tj/wp-content/uploads/2022/12/ifzi-pirjah-o-va-mo-ijati-asosii-on.pdf С-2 (санаи муроҷиат: 14.03.2025).
3. Гулзода М.Қ. Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва экология. //[Манбаи электронӣ] URL: https://www.tajmedun.tj/tj/akhbor/?ELEMENT_ID=21565(санаи муроҷиат: 14.03.2025).
4. Давлатов Ф.С Ташаббуссҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об: саҳм, аҳаммият ва дурнамо. Саҳ 5-9. Маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он дар алоқамандӣ бо тағйирёбии иқлим» дар доираи соли 2025 – соли Ҳифзи пиряхҳо (5-6 май). – Хоруғ: Матбааи донишгоҳ. – 76 саҳ. С-6.
5. Дар ҳошияи паёми Пешвои миллат. Иҷрои «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» ба рушди соҳа мусоидат менамояд. //[Манбаи электронӣ] URL: https://khovar.tj/2023/01/dar-oshiyai-payomi-peshvoi-millat-i-roi-strategiyai-rushdi-i-tisodi-sabz-baroi-sol-oi-2023-2037-ba-rushdi-so-a-musoidat-menamoyad/ (санаи муроҷиат: 15.03.2025).
6. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо”. //[Манбаи электронӣ] URL: https://amit.tj/tj/konferensiyai-chumkhuriyavii-ilmi-amali-dar-mavzui-akhamiyati-kabuli-konuni-chumkhurii-tochikiston?term_node_tid_depth%5B0%5D%5Btarget_id%5D=2&page=44(санаи муроҷиат: 15.03.2025).
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, аз 3 январи соли 2024, № 2026. //[Манбаи электронӣ] URL: https://mmk.tj/system/files/Legislation/2026%D1%82%D1%87.pdf(санаи муроҷиат: 15.03.2025).
8. Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон".//[Манбаи электронӣ] URL:https://amit.tj/tj/muassisai-davlatii-ilmii-markazi-omuzishi-piryakhkhoi-akademiyai-millii-ilmkhoi-tochikiston-0(санаи муроҷиат: 15.03.2025).
9. Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе–2022. Саҳ-194 С-9. //[Манбаи электронӣ] URL: https://www.wis.tj/wp-content/uploads/2024/01/2.-Green-Energy-Strategy.pdf (санаи муроҷиат: 15.03.2025).
10. Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия.// https://www.mfa.tj/tg/tokyo/view/7217/sukhanronii-prezidenti-tojikiston-dar-muloqoti-yakumi-paneli-sathi-baland-oid-ba-masalahoi-ob-va-iqlim-dar-sigai-
videokonferensiya(санаи муроҷиат: 14.03.2025).
11. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо.Манбаи электронӣ// htpps: mfa.tj/tg/main/view/2422/asosguzori-sulhu-vahdati-milli-peshvoi-millat-prezidenti-jumhurii-tojikiston [санаи муроҷиат: 15.03.2025]
Ба истиқболи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон
«Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хидмате анҷом дода, чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ буда, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад...».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷаҳони имрӯза ё ба ибораи дигар “ҷаҳонишавӣ” ба роҳу равандҳои муосири худ дар гирдоби масоили печида, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизм, ва корбурди «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгаро дар гирифт қарор дошта, василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидааст. Роҳбарону донишмандонро лозим аст, то барои дарки дуруст ва ҷилавгирӣ аз хавфу хатароти он пайваста ҷидду ҷаҳд намуда, насли навраси худро дар партави хирад тарбият намоянд .
Ҳамин тариқ, паёму мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи бештари давлату миллатҳо қарор гирифтааст. Бояд қайд кард, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Президенти Тоҷикистон чун як абармарди сиёсати кишвар бо машварату роҳнамоиҳои созандаву саривақтӣ баҳри зиндагии озоду орому осоиштаи мардуми сайёра бахшида шудааст.
Кишвари мо бо эҷоди мактаби сулҳу салоҳу созандагӣ мақом ва манзалат пайдо карда, ба яке аз амнтарин кишвар табдил ёфт. Ҳамин тариқ, Тоҷикистону мардумони он чун кишвари сулҳофарину созанда, диёри фарзонагони илму адабу тамаддуну маърифат, макону манбаи кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои тозаву чашмаҳои мусаффо шинохта шуда машҳури ҷаҳон гаштааст.
Нақши олимону адибон, сафирон, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу мақолаҳо ва институтҳову марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ дар рушди илму маориф хело муҳим арзёбӣ гардида, тавассути истифодаи неруи хирад ва малакаву маҳорати муаллимону мураббиёну муҳомиёни ҷомеа рӯз ба рӯз тавсеа меёбад.
Мавриди зикр аст, ки Рӯзи илм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 15 апрел чун Рӯзи илм ва 23 май Рӯзи Ҷавонон қайд карда мешавад. Ба ин муносибати хостем назари таҳлилие ба нақши олимон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ва ҷавонони Тоҷикистон дошта бошем. Зеро дар бештари ин муассисаҳо насли ояндасоз яъне фарзандони мову шумо таҳсил мекунанд, ки ояндаи миллат маҳсуб меёбанд. Ҷомеаву миллатҳо бо доштани неруву хирад ва донишманддону донишдӯстон паӣваста рушд мекунанду мардумони худро ба сӯи фардои нек роҳнамоӣ менамоянд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса равона шуда, Масъалаи «ҳукумати электронӣ» ва «рақамикунонии иқтисодиёт» дар Паёми Пешвои миллат нуктаи асосиро ташкил медиҳад. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат санаи 28 декабри соли 2024 чунин қайд гардид, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.
Мавриди зикр аст, ки барои тавсеаи ва рушди чунин ҳадафҳои олӣ ва тарбия насли наврас бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасъсис гардид.
Дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мешаванд.
Бешак илму маърифат яке аз омилҳои асосии рушд буда, олимону муассисаҳои илмии кишвар чун захираи бузурги зеҳнии ҷомеа баҳри пешрафт ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ нақш мебозанд. Истиқлоли давлатӣ шароити муносиб фароҳам омад, то таҳқиқоти илмӣ, эҳёи мероси фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон бештару беҳтар муаррифӣ гардад. Ҳамин буд, ки Тоҷикистони навин бо ташаббусҳои созандаии худ миёни кишварҳои ҷаҳон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин бештару беҳтар шуҳрат пайдо кард. Дар муаррифии Тоҷикистон ва пешрафти илму маорифу ҷомеа нақши олимон ва муассиҳои илмӣ бо устодону шогирдони худ нақш доранд.
Дар ҳама давру замон омӯзиш дар мадди аввал истода, имрӯз ҳам таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ҳамин самт равона гардидааст. Инро ба инобат гирифта, бо талоши фарзандонӣ фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ сол аз сол рушд карда истодааст. Пешвои миллат дар ҳар баромадашон оид ба соҳаи маорифу таҳсилолти касбӣ, қайд менамоянд, “Ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд ва таълими дурусти онҳо ба омӯзгор ҳам қарз асту ҳам фарз”.
Кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф, таҳсилоти касбӣ ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, самтҳои гуногуни онро бо қабули баномаҳо рушд ва тақвият дода истодааст. Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои маорифу таҳсилоти касбӣ ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорону устоҳои таълимии истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ҳоли ҳозир китобу маводҳои таълимӣ бо назардошти шароити нав таҳия ва чоп гардида, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ дар рушди он саҳм мегузоранд.
Шоир шаҳири Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар як шеъри худ ишора мекунад, ки сармояи асосии ҳар миллат эҷод кардани насли наврас буда, пайваста талош бояд намуд то бо он зарару осебе барояш нарасад. Зеро ҷомеаи хубу солиму созанда бо мардону занони донишманду поксиришту покдоман, чун сутуни ҷамъият заминаи фарохро бабор меоварад. Дар ин зимн,бузургони забону адаб, аз ҷумла Аллома Иқболи Лоҳурӣ ҷавононро заминагузори асосии ҷомеа медонад ва муносибату мукотибаи онҳо дар масоили корбудрди давлатдорӣ муҳим ва зарурӣ ҳисобида мешавад. Иқболи Лоҳурӣ дар бо шеваи зебои забони тоҷикӣ ба ҷавонон чунин ишора карда, мегӯяд:
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эӣ ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!...
Аз нигоҳи Иқбол чун марди фозилу фаӣласуфи Шарқ ҷавонон бо саводнокӣ ва фаросату фасоҳати забониву адабии худ масоили мубрами ҷомеаашонро ҳаллу фасл карда, монеаҳоро бо хираду зиракии сиёсӣ убур карда, аҳдофу арзишҳои озодиву истиқлол, бахту саъодатро барои мардумони худ фароҳам меоваранду Ватанро аз чашми ҳасудону зиёноварон ҳимояву ҳифозат мекунанд. Нигоҳи ӯ ба таълиму тарбия ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон низ бо ифодаи зебои шоирона бофта шудааст.
Дар Паёму мулоқотҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои асосии ҳамаи муассисаҳои олии илмӣ ва касбии кишвар бо шумули Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллӣ ва донишкадаву коллеҷҳои касбӣ ба монанди Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид мешавад, ки “Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илмии ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро бештар вусъат бояд диҳанд”.
Мавриди зикр аст, ки охирҳои солҳои солҳои 1964 ё дақиқтар санаи 24 майи соли 1965 Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо Қарори иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Душанбе ҳамчун Техникуми индустриалӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе ба истифода дода шудааст. Ҳамин тариқ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, «Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки фаъолияти муассисаҳои таълимиро ба танзим медарорад, амалӣ месозад. Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дорои як бинои чорошёна буда, ҳамчун бинои таълимӣ ва хобгоҳ истифода бурда мешавад. Инчунин Коллеҷ дорои устохонаи кафшергарӣ, устохонаи ҳарротӣ, устохонаи дуредгарӣ ва гараж мебошад. Бинои таълимии коллеҷ дорои шиносномаи техникии ҳавлӣ буда, масоҳати умумии таълимгоҳ 4761м2-ро ташкил медиҳад. Дар коллеҷ синфхонаҳо ва устохонаҳои таълимӣ ба мавод ва таҷҳизотҳои таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, аз ҷумла синфхонаҳои: «Автомобил ва хоҷагии худрав », «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Таъминоти барқ», «Конструксияи биноҳо», «Сохтмони саноати шаҳрвандӣ»,«Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ», «Педагогика», «Психология», «Химия», «Забони модарӣ», «Математика», «Таърих», «Информатика» бо Ихтисосҳои Таълими касбӣ (мошинсозӣ), Таълимоти касбӣ (сохтмон), Таълимоти касбӣ (саноати сабук «Дӯзанда»), Таълими касбӣ (таъминоти техникии корҳои * кишоварзӣ), Таълимоти касбӣ (нақлиёти худрав), «Таъминоти барқ», «Меъмории ландшафтӣ», «Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот», « Системаи компютерӣ ва Интернет – технология», «Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм» насли наврасро таълиму тарбият менамояд.
Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, тибқи самт, мақсад ва вазифаҳои дар санадҳо ва меъёрҳои марбута пешбинигардида, бо зиёда аз 10 муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар корхонаву иттиҳодияҳо ҳамкориҳои пурмаҳсулро ба роҳ мондааст. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори коллеҷ ва қарорҳои Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолияти пурсамар ба роҳ монда шуд.
Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмонпазироии шаҳри Ҳайдарободи кишвари Ҳиндустон, ва чанд муассисисаи дигари ин кишвар ҳамкорӣ барқарор намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, ҳамасола бо ҷалби кормандон ва омӯзгорони коллеҷ конфронсҳои муштарак ташкил ва баргузор менамояд ва иштирокчиён бо сертификатҳои байналмиллалӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамин тариқ, коллеҷи мазкур робитаашро бо кишварҳои Россия, Қазоқистон ва дигар мамолик тавсеа бахшида, ҳамкорӣ дорад. Бахш ҳамкории коллеҷро дар доираи лоиҳаҳои гуногун бо ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ ба монанди Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид, Бонки Осиёии рушд, Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон ва дигар ташкилотҳо дар амал татбиқ менамояд.
Дар доираи нақшаи солонаи фаъолияти бахш ва берун аз он бахши робитаҳои хориҷӣ як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст аз қабили густариш додани ҳамкориҳо бо лоиҳаҳое ки бо коллеҷ феълан ҳамкорӣ дошта, ташкили чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, чиҳати пайвастани донишҷӯёну кормандон ба фазои илмию фарҳангии байналмиллалӣ ва дарёфти сарчашмаҳои молиявӣ, баҳри тавқият бахшидани базаи моддӣ-техникии муассиса бо машварату роҳнамоиҳо роҳбарият пайваста амалӣ мегардад.
Бо чунин қадамҳои нек дар рушди илм дар сохтори коллеҷи мазкур ислоҳот ворид гардида, он дорои муаллимони пуртаҷриба буда, баъзе аз онҳо номзади илм мебошанд. Дар коллеҷ бо фармоиши директор аз 18.09.2018, №139 Шуъбаи илм ва инноватсия яке аз қисми мустақили сохтори муассиса роҳандозӣ гардида, фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондааст.
Мақсади асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Шуъба дар муассиса ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ ба раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ мебошанд. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассиса аз рӯӣ нақшае, ки онро Шӯрои олимони муассиса тасдиқ менамоянд, амалӣ карда мешавад.Самти фаъолияти шӯъба иборат аз ташкил ва инкишоф додани фаъолияти илмии устодон, кормандон, докторантон, доктор PhD, унвонҷӯён, магистрҳо ва донишҷӯён, равона кардани иқтидори илмии муассиса барои ҳалли масъалаҳои гуногун, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи маҳфилҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ,мусоидат ва инкишофи тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои илмӣ-техникӣ ва ихтирокориву навоварӣ, ба нақшагирии конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назарявӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо дар асоси пешниҳодҳои кафедраҳо ва факултетҳо, ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳо ва маҳфилҳои илмӣ дар назди факултет ва кафедраҳ, омӯзиш ва назорати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва омӯзиш ва назорати пешниҳодҳои кормандони илмӣ мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагии худ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда, дар партави он коллеҷи мазкур робитаҳояшро бо кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Аврупо ва Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” кору фаъолият менамояд.
Хулоса шукрона аз он бояд кард, ки дар шароити имрӯз, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ ташкилоту муассисаҳои кишвар ба мутахассисон ниёз дошта, талабот дар бозори меҳнати кишварҳои дигар низ ба ин мутахассисон меафзояд. Лиҳозо омода намудани кадрҳои баландихтисоси зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ талаботи замон буда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни навро касб намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти кории онҳо ниҳоди нав – Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа имконият фароҳам оварда, раванди рушди ин намуди муассисаҳои таълимиро фароҳам хоҳад овард. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсису ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии бо шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, техникию илмӣ ва таъмин бо кадрҳои баландихтисос нақши калидӣ мебозанд. Ҳамин тавр, барои кӯдакони синни томактабӣ низ, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст, то ин қишри ояндасозӣ ҷомеа пайваста омӯзанду дар оянда номбардори миллати худ гарданд.
Ҳамин тариқ, Рӯзи илм ва Ҷавонони кишвар дар фазои хело хуб бо имзои аҳдномаи дӯстии кишварҳо таҷлил гашта, солҳои 2020-2040 ҳамчун Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидаст, ки тавассути он тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, то ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андешаронии техникии насли ҷавонро бештару беҳтар тавсеа ва рушд диҳанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ - ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
«Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Эмомалӣ Раҳмон
Пирях – тӯдаи яхҳои табии рӯи заминӣ, солҳои сол аз бориши барф зам шудаанд, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Пиряхҳо сарвати гаронбаҳои манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ на барои кишварҳои Осиёи Миёна, балки барои аҳолии тамоми сайёра ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ҳам бо ҷонибдории зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд.
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди оби тоза чандин сол боз дар кишварҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки дар ҳифзи табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити сайёра саҳми беандоза муҳимро мебозанд. Ҳар як қатраи обе, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, барои зиндагии миллионҳо инсонҳо, ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва устувории экосистемаҳо аҳамияти бузург дорад. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим, пиряхҳо бо суръати нигаронкунанда об шуда истодаанд, ки ин раванди манфӣ на танҳо ба муҳити зист, балки ба иқтисодиёт, саломатии ҷомеа ва ояндаи башарият таъсир мерасонад.
Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи экологӣ, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Азбаски пиряхҳо нишонаи возеҳи тағйирёбии иқлим мебошанд, ҳифзи онҳо маънои мубориза бурдан бар зидди ифлосшавии муҳити зист, кам кардани партовҳои карбон ва нигоҳдории мувозинати табиии сайёраро дорад. Бидуни чораҳои фаврӣ, аз даст додани пиряхҳо метавонад ба хушксолӣ, камбудии оби ошомиданӣ ва офатҳои табиии зиён оварда расонад. Мутаассифона, тайи солҳои охир мушкилоти тағйирёбии иқлим ва гармшавии сайёра ба яке аз мушкилиҳои мубрами ҷаҳони муосир табдил ёфта, тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳо таҳдид намуда, то ин замон ба пурра нест шудани шумораи зиёди онҳо оварда расонидааст. Аз ҷумла, дар тӯли 50 соли охир зиёда аз 1000 пиряхи дар ҳудуди кишвари мо вуҷуд дошта, пурра аз байн рафтаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко (Ванҷях) дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко (Ванҷях) зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ҷолиб аст, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар ҷараёни татбиқ қарор доранд ва мо онҳоро бори дигар хотиррасон мекунем:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов (соли 2019)»;
- Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (соли 2020);
- Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008-2020;
- Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030;
- Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;
- «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025»;
- Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030. Ҳамин тариқ, пиряхҳо ҳамчун як ҷузъи экосистемаи мо аҳамияти бузурги экологӣ ва иқтисодиро доро буда, обшавии босуръати онҳо дар натиҷаи болоравии ҳарортаи ҳаво ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумлаи чунин мушкилот метавон, зери об мондани минтақаҳои назди соҳилӣ ва ё пурра зери об мондани давлатҷазираҳои хурди дар уқёнус бударо қайд кард. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ниҳоят ба маврид ва саривақтӣ мебошад.
Комрон Бобоев – мудири шуъбаи амнияти химиявии Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ, доктор фалсафа (PhD)

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
