Телескопи Тсейс-1000-и Расадхонаи астрономии байналмилаллии Санглохи Институти астрофизикаи АМИТ
Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох-и Институти астрофизикаи Академияи миллии илмњои Тољикистон дар мавзеи Санглохи ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон дар баландии 2300 м аз с.б. љойгир мебошад. Расадхонаи Санглох дорои телескопи оинагие мањсулоти ширкати Карл Тсейсси Олмон мебошад, ки ќутри он ба 1 метр баробар аст. Сифати аксњои ин телескоп таќрибан ба нишондодњои телескопи ќутраш 2 метра наздик мебошад. Расадхонаи Санглох аз лињози диди оптикї ва иќлими астрономї бењтарин дар љањон аст ва дар замони соњибистиќлолї телескопи Тсейс-1000 барќарор ва модернизатсия карда шуд. Акнун идораи њаракати телескоп ва гузаронидани мушоњидањо бо ёрии компютерњо ва барномањои махсус иљро мегардад. Камераи нави раќамї бо асбоби махсус барои мушоњидањои астрономї ба телескоп пайваст карда шуд, ки њассосии камераро ба 5 бузургии ситорагї зиёд намуд. Айни замон бо ёрии телескоп мушоњидањои объектњои гуногуни кайњонї гузаронида мешаванд.
Расми 7. Модели 3D-и шакли геометрии астероиди (3200) Фаэтон.
Аз чап –нигоҳ ба қутби шимол, аз миён ва рост – нигоҳ ба экватор
дар самтҳои фазаи гардиш 90 дараҷа+
Расми 6. Астероиди (3552) Дон Кихот, ки ба гурӯҳи астероидҳои фаъол
дохил мешавад. Акс дар Расадхонаи Санглох ҳангоми фаъолнокии
ӯ моҳи июли соли 2018 ба навор гирифта шудааст