Давлати муваффақ ва таҷрибадор на танҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, балки дар ҷаҳон доир ба муқовимат бо коррупсия Ҷумҳурии Сингапур мебошад, ки аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт дар баробари давлатҳои мутараққӣ қарор дорад. Сингапур пас аз дарёфти истиқлоли давлатӣ яке аз кишварҳои қафомондаи ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар кишвар ниҳоди давлатдорӣ, сарватҳои табиӣ, заминҳои кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ набуд. Дар баробари он, ба дигар мушкилоти беруна мувоҷеҳ буд. Иқтидори иқтисодии онро танҳо мавқеи хуби ҷуғрофӣ, яъне даромад аз роҳҳои баҳрии гулугоҳи Малак муайян мекард. Барои бартараф намудани мушкилоти зикргардида, кишвар ба мубориза бо коррупсия диққати ҷиддӣ дод, ки дар натиҷа соҳаҳои стратегии давлат рушд ёфтанд. Дар натиҷаи муқоимат ба коррупсия сиёсати иқтисодии кишвар амалӣ карда шуданд, ки то ҳол идома дорад.
Бо мақсади ба даст овардани даромади шахсӣ суистифода аз мансаб, ки дар он арзишҳои шахсӣ аз арзишҳои давлат боло аст, коррупсия мебошад. Коррупсия ба иқтисодиёти кишвар ва обрӯйи байналмилалии он зарар мерасонад ва рушди онро бозмедорад. Мубориза ба коррупсия обрӯ ва эътибори давлатро баланд бардошта, давлатро бо ҷомеа наздик менамояд. Ҳар як роҳбарони давлат мубориза ба коррупсияро яке аз мушкили асоси дар сиёсати дохилию хориҷии худ эълон намудаанд, ки дар муборизаи он нақши назаррасро доранд. Бояд қайд кард, ки Сардори давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон оид ба коррупсия чунин иброз намуда буданд:“Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯйи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад” [8.С.7].
Бояд иброз кард, ки намунаи таъсирбахши мубориза бо коррупсия таҷрибаи Сингапур мебошад, ки ба воситаи он дар соҳаҳои гуногун бо дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар кишвар пас аз дарёфти истиқлоли соли 1965 ҳолатҳои коррупсионӣ дар сатҳи хеле баланд буд. Дар густариши коррупсия чунин омилҳо мусоидат намуда буданд:
-сатҳи пасти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ дар муқоиса бо кормандони бахши ширкатҳои хусусӣ;
-сатҳи пасти таҳсилот;
-сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ.
Мубориза бо коррупсия ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа пас аз дарёфти соҳибистиқлолии Сингапур ба шумор меравад. Яке аз муборизон асосгузори давлати Сингапур, сарвазир (солҳои 1965-1990) ва рамзи мубориза бо коррупсия дар ин кишвар Ли Куан Ю мебошад, ки яке аз суханҳои мушҳури ӯ чунин аст: "Мехоҳед коррупсияро мағлуб кунед, омода бошед, ки дӯстон ва хешовандони худро ба зиндон фиристед" [3.С.153–167]. Ли Куан Ю барои аз байн бурдани коррупсия кӯшишҳои зиёд намуда, ҷомеаи суннатии кишвари худро аз урфу одатҳои қадима баровард. Айни замон тибқи иттилои Созмони ғайридавлатии Transparency International (Индекси байналмилалии дарки коррупсия) пас аз Дания, Зеландияи Нав ва Финляндия кишвар дар ҷойи чорум қарор дорад [10].
Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия ҷузъи сиёсати асосии Сингапур ба шумор рафта, бо истифода аз стратегияи зерин ба дастоварҳои назаррас ноил гардидааст.
1.Ҷазоҳои сахт барои ҷиноятҳои коррупсионӣ.
Заминаи асосии санадҳои ҳуқуқии мубориза ба коррупсия дар кишвар “Қонун дар бораи пешгирии коррупсия” мебошад. Соли 1960 аввалин “Қонун дар бораи пешгирии коррупсия" қабул шудааст. Дар Сингапур мубориза бо коррупсия аз тағйироти қонунгузорӣ оғоз гардид. Соли 1960 Санади пешгирии коррупсия (Prevention of Corruption Act) қабул шуд. Агентии мубориза бо коррупсия таъсис шуд, ки директори он мустақиман ба сарвазир итоат мекард.
Санади пешгирии коррупсия якчанд монеаи асосиро дар самти мубориза бо коррупсия аз миён бардошт. Аввал ин ки таърифи дақиқ ва пурраи коррупсияро пешниҳод кард. Порахӯрон дигар наметавонистанд дар шакли туҳфаҳо “мукофотпулӣ” гирифта, дар паси номуайяниҳо ва духӯрагиҳои моддаҳои қонун пинҳон шаванд. Санади пешгирии коррупсия кори Агентии мубориза бо коррупсияро танзим намуда, ба он мақом, салоҳият ва ваколатҳои васеъ дод. Санад муҳлати аз озодӣ маҳрум карданро барои порахӯрӣ зиёд намуд. Ин то андозае дастони Агентиро озод кард. Агентӣ инчунин, иҷозат гирифт, ки порагирони эҳтимолиро дастгир намояд, дар хонаҳо ва ҷойи корашон кофтуков анҷом диҳад, ҳисобҳои бонкиашонро тафтиш кунад ва ғайра. Он дорои се шуъба–оперативӣ, маъмурӣ ва иттилоотӣ буд. Ду шуъбаи охир, ба ғайр аз дастгирии кори оперативӣ, масъули «тозагӣ»-и сафҳои соҳаи хизмати давлатӣ буданд [4].
Дар Сингапур барои амалҳои коррупсионӣ ҷарима ва муҳлатҳои тулонии зиндон амал менамояд, ки ба гунаҳкор мутобиқи моддаи 5 ва 6 ҷаримаи беш аз 100 000 доллар ва то 5 сол зиндон муқарар шудааст [1.С-3]. Агар ҷинояткор хизматчии давлатӣ ё ин ки узви Парлумон бошад, ҷазо метавонад то ба 7 сол расад. Дар баробари он, маблағи ришваро дар шакли ҷарима бармегардонад.
2. Усулҳои коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ.
Барои коҳиш додани ҳолатҳои коррупсионӣ аз хизматчиёни давлатӣ оғоз шуд, дар аввал кормандони давлатӣ вазифадор шуданд, ки аз даромаду дороиҳои аъзои оилаи худ, инчунин, надоштани қарз ба мақомоти дахлдор ҳар сол ҳисобот диҳанд. Дар Сингапур ҳолатҳои коррупсионӣ ба ҷиноятҳои вазнин баробар карда шудааст.
Усулҳои зерин асоси коҳиш ёфтани амалҳои коррупсионӣ шуданд:
- бо тавассути ВАО маъракаҳои солона ва форумҳо дар мавзуи мубориза бо коррупсия барои ҷомеа таблиғ карда шуд;
-барои осон намудани фаъолияти мақомоти дахлдор амалҳои ҷинояткоронро новобаста аз мақом дар матбуот нашр карда шуд;
-тренингҳои оммавӣ доир ба пешгирии коррупсия дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва бо иштироки волидони иштироккунандагону ходимони ҷамъиятӣ гузаронида мешавад [11].
Вазорати молия ва иқтисоди давлати Сингапур дар мубориза бо коррупсия нақши асосиро бозидааст, ки пас аз дарёфти истиқлоли давлатӣ соли 1965 барои аз байн бурдани сатҳи баланди коррупсия доир ба иҷрои барномаи махсуси зиддикоррупсионӣ чунин тадбирҳоро пеша гирифа буд:
ü баланд бардоштани мустақилияти низоми судӣ ва бо маоши баланд таъмин намудани судяҳо;
ü имтиёзҳои барои хизматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани маоши онҳо[8.С.24-26].
Дар баробари он, барои додани пора ва ё даст кашидан аз иштирок дар тафтишоти зиддикоррупсионӣ таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда, аксияҳои қатъӣ ва аз кор озод намудани кормандони гумрук ва дигар хадамоти давлатӣ гузаронида шуданд. Назорати қатъии риояи стандартҳои баланди ахлоқӣ муқаррар карда шуданд ва тартиби аз нав дида баромадани маҷмуи тадбирҳои зиддикоррупсионӣ пас аз ҳар 3-5 сол ҷорӣ карда шуданд. Пуштибонии хабарнигорон дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ пешбинӣ карда шуд. Вазорат дар мубориза ба коррупсия нақши назаррас дорад.
3. Шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар ҳокимият.
Дар Сингапур мақомоти давлатӣ ва мансабдорон вазифадоранд, ки дар бораи фаъолият ва хароҷоти худ ҳисобот диҳанд. Дар Сингапур аз соли 1952 то ба ҳол кормандони давлатӣ ҳар сол дар бораи хароҷоту масрафи худ ҳисобот медиҳанд. Агентии Бюро дар ҳолати хароҷоти калони хизматчиёни давлатӣ, ки дар ҳолати муқоиса бо даромади гирифтаашон ва дигар сарчашмаҳо дар ҳисоби бонкӣ, дар ҳоли норавшан будани манбаъҳои даромад, парвандаҳои коррупсионӣ боз менамояд [2]. Агентии Бюро ҳисобҳои бонкӣ, амволи на танҳо худи мансабдорон, балки оила (фарзандон, ҳамсар ва хешовандон) ва ҳатто дӯстони онҳоро тафтиш мекунад. Бюро салоҳияти бидуни интизории фармон аз боло, яъне марказ ҳуқуқи тафтишотро низ дорад. «Хатти боварӣ”-и Бюро шабонарӯзӣ кор мекунад, шикоятҳои беном низ қабул карда мешавад. Ҳукумат ҷиддан ба кори баланд бардоштани сифати хизмати давлатӣ пардохтааст. Маоши хизматчиёни давлатиро хеле баланд бардошт. Ҳоло маоши моҳонаи шахсони баландрутбаи давлатӣ то ба 20-25 ҳазор доллар мерасад. Аъзои Парлумон ва аҳолӣ дар ибтидо ба ин қарор бо назари шубҳа нигоҳ мекарданд, вале сарвазир ба таври оммавӣ ва ошкоро зарурати онро фаҳмонид.
4. Таълими касбӣ ва тахассуси баланди хизматчиёни давлатӣ.
Дар Сингапур хизматчиёни давлатӣ аз омӯзиши ҳатмии касбӣ мегузаранд ва пайваста тахассуси худро баланд мебардоранд. Барои гирифтор нашудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба намудҳои амалҳои коррупсионӣ мунтазам тренингҳо гузаронида мешаванд. Ба онҳо маслиҳатҳо дода мешавад, ки чӣ гуна тасодуфан ба схемаҳои коррупсионӣ ҷалб карда нашаванд. Масъулин дар доираи Қонун дар бораи пешгирии коррупсия аз масъулият огоҳ карда мешаванд. Кормандони Бюро инчунин, мунтазам ба донишҷӯёни коллеҷ дар бораи хатари схемаҳои коррупсионӣ ҳам барои онҳо ва ҳам барои ҷомеа лексияҳо медиҳанд.
5. Рушди техналогия ва рақамисозии сохторҳои давлатӣ.
Дар Сингапур бисёр хизматрасониҳои давлатӣ автоматӣ карда шудаанд, ки эҳтимолияти коррупсияро коҳиш медиҳанд. Ҳукумати электронӣ асосии рушди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳадафи ҳукумати электронӣ автоматикунонии равандҳои идоракунӣ дар саросари кишвар аст, то самаранокии идоракунии давлатиро ба таври назаррас баланд бардорад ва хароҷотро барои хизматрасонӣ ба ҳар як аъзои ҷомеа поён барад. Сингапур аз ҷиҳати ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад. Дар Сингапур технологияҳое ҷорӣ карда шуданд, ки қариб ҳамаи масъалаҳои марбут ба идоракунии кишвар ва хизматрасонӣ ба аҳолиро автоматӣ мекунанд. Дар Сингапур зиёда аз 1600 навъи хизматрасонии электронӣ мавҷуд аст. Раванди ташаккули ҳукумати электронии Сингапур аз соли 1980 оғоз ёфта, тавассути ташкили Шурои миллии компютерӣ ва Барномаи миллии компютеркунонӣ, ки ба шарофати он Сингапур ҳоло дар ҷаҳон дар рейтинги ҳукумати электронӣ мақоми аввалро ишғол мекунад, идора мешавад. Бо шарофати ташкили ҳукумати электронӣ омилҳои зерин муборизаи зиддикаррупсияро осон намуданд:
-наздикшавии давлат ва шаҳрвандон;
-давлат ва соҳибкорон;
-давлат ва кормандон[7].
6. Стратегияи зиддикорупсионии Сингапур
Дар Сингапур барномаи зиддикоррупсионӣ бар асоси стратегиҳои зерин бино ёфтаааст:
Ø Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ аз музди миёнаи шахсоне ки дар бахши хусусӣ фаъолият мекарданд баландтар карда шуд;
Ø Чораҳои қатъӣ нисбати ришвагир ва ришвадиҳанда андешида шуд;
Ø Назорати ҳисоботи солонаи хизматчиёни давлатӣ ба шахсони мансабдор дар бораи амвол, дороиҳо ва қарзҳои худ;
Ø Ба прокурор ҳуқуқ дода шуд, ки ҳама гуна суратҳисобҳои бонкӣ, саҳмияҳо ва ҳисоббаробаркунии шахсони гумонбар ба коррупсияро тафтиш кунад;
Ø Назорати ҷиддӣ махсусан ба нисбати мансабдорони баландпоя дар парвандаҳои коррупсионӣ;
Ø Таъмини қатъии маҳфуз будани ҳуқуқ барои иттилооти махфӣ ва ҳифзи хабардиҳандагон дар бораи ҳолатҳои коррупсия;
Ø Санҷишҳои ғайричашмдошт «бо усули рақамҳои тасодуфӣ» барои мансабдорон;
Ø Барои рушди иқтисодиёт бартараф кардани монеаҳои зиёдатии маъмурӣ;
Ø Тасдиқи волоияти қонун ва назорати сахттари қонунгузорӣ;
Ø Баланд бардоштани мустақилияти низоми судӣ (бо маоши баланд ва мақоми имтиёзноки судяҳо);
Ø Барои тадбирҳои зиддикоррупсионӣ ҳар як 3-5 сол мониторинг, таҳлил ва бознигарӣ гузаронида мешавад.
Аз ин ҷост, ки дар аксари чорабиниҳои зиддикоррупсионии илмиву амалӣ таҷрибаи пешқадами Сингапур ба сифати сармашқ қарор дода мешавад. Зеро Сингапур аз як давлати қашшоқ ба як давлате табдил ёфт, ки алҳол аз ҳисоби сатҳи некуаҳволӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол намуда, нишондоди бекории аҳолиаш дар даҳсолаҳои охир аз 4% боло нарафтааст.
Дар баробари ин, аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқоти байналмилалии имтиҳонӣ, таълим дар мактабҳои Сингапур дар сафи аввал мебошад. Ва 90% дарсади аҳолии он дар хонаҳои шахсии худ зиндагӣ мекунанд[5].
Ҳамин тариқ, бо таҳлили таҷрибаи Сингапур метавон хулоса кард, ки сиёсати зиддикоррупсионӣ ба ташкили системаи идоракунии давлатӣ асос ёфтааст, ки дар он мақомот амалан барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳавасманд нестанд. Дар Сингапур усули назорати ҷамъиятӣ ба амалҳои мансабдорон, инчунин, усули баробарӣ дар назди қонун ва ҷазои вазнин барои ҷинояти содиршуда амал мекунад. Сингапур бо созмонҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия фаъолона ҳамкорӣ мекунад ва ҳатто мутахассисони дигар кишварҳоро барои табодули таҷриба даъват мекунад.
Дар қонунгузории ҳамаи кишварҳо ҳадафи мубориза бо коррупсия муқаррар карда шудааст. Дар ҷаҳон кам кишварҳое аст, ки ба мисли Сингапур қонунҳои зиддикоррупсионӣ амалӣ мегарданд. Дар ин кишвар парвандаҳои коррупсионӣ дар байни кормандони баландпоя шадидан баррасӣ карда мешаванд, ки дар дигар кишварҳои ҷаҳон кам дида мешавад.
Дар айни замон Сингапур аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз ҳама пешрафтатарин давлати Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. Ҳар як давлат дар навбати худ барои мубориза ба коррупсия равишу стратегияи муборизаи худро дорад ва шароити ҳар як кишвар аз дигараш фарқ мекунад. Сарфи назар аз ин, таҷрибаи мусбати баъзе аз онҳоро метавон ба шароити Тоҷикистон мутобиқ ва дар амалия истифода кард.
Сингапур бо истифода аз тактика ва стратегияҳои гуногун муносибати ҳамаҷонибаро ба мубориза бо коррупсия бомуваффақият пеш мебарад, ки дар маҷмуъ, ба он имкон медиҳад, ки дар рейтингҳои ҷаҳонӣ мавқеи баландро нигоҳ дорад. Омӯзиши роҳҳои стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Сингапур, ки яке аз давлатҳои рушдёфтаи ҷаҳон ба воситаи он гардида, таҷрибаи самарабахш, амалишуда ва ғанӣ дорад. Таҷрибаи онро метавон дар шароити Тоҷикистон истифода бурд.
Пешниҳодҳо:
Пешниҳод карда мешавад, ки табодули таҷрибаҳо сурат гиранд ва байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Сингапур, махсусан дар миёни идораҳои давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои тафтишоти коррупсионии Сингапур ҳамкориҳо ба роҳ монда шавад. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Сингапур барои кормандони дахлдор ва таҳлилгарон сафарҳои муқобилаи омӯзишӣ ташкил карда шавад. Барои татбиқи бомуваффақият, ислоҳоти ҷиддӣ дар системаи идоракунии давлатӣ ва таъмини иродаи сиёсӣ барои мубориза бо коррупсия “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” таҳия шуда буд, ки таҳлил ва истифодаи таҷрибаи муввафақи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Сингапур саривақтӣ мебошад.
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Соҳиби Баҳруло