- Ҷилди 1
-
Муҳаррири масъул: А. Муҳаммадхоҷаев
Ҷилди якуми осори мутафаккири бузурги асрҳои Х-ХI халқи тоҷик асарҳои ӯ «Рисолаи саргузашт», «Донишнома», «Ишорат ва танбеҳот» «Мабдаъ ва маод» ва «Азҳавия»-ро шомил аст. Ҷилди мазкур барои мутахассисони таъриху назарияи фалсафа, таъриху назарияи дин, таъриху назарияи фарҳанг, таъриху назарияи илм ва доираи васеи хонандагон пешкаш мешавад.
- Ҷилди 2
-
Муҳаррири масъул: Т.Мардонӣ
Тарҷума аз арабӣ, таҳия, муқаддима ва тавзеҳоти Сайдраҳмон Сулаймонов.
Дар ҷилди мазкур се асари Ибни Сино: “Ҳикмати машриқия”, “Ҳидоя”, “Уюну-л-ҳикмат” ва ҳашт рисола: Ҳудуд, Андар ишқ, Андар ахлоқ, Ҳай ибни Яқзон, Саломон ва Абсол, ат-Тайр, Қасидаи айния ва Тафсири Қуръон аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ва нашр шудааст. Дар аввали ҷилд Саидраҳмон Сулаймонов зери унвони “Ибни Сино ва “Ҳикмати машриқия”-и ӯ” мақолаи илмии таҳлилӣ навиштааст.
- Ҷилди 3
-
Муҳаррири масъул: Динаршоев М.
Муҳаррирони махсус: Ф.Бобоев, А.Комилов
Дар ҷилди сеюм тарҷумаи осори Ибни Сино дар бораи мантиқ, ки дар он масъалаҳои мафҳум, ҳукм, қиёсҳои мураккаб, исботҳои навъи дедуксия, таҳлили ҳукмҳо баррасӣ карда мешаванд; физика, ки дар он мавзӯи илми физика, принсипҳои ибтидоии илм ва ҷавҳарии ҷисмҳо шарҳ дода мешаванд, падидаҳои табиӣ ва ғайритабиии ҷисмҳо ва аломатҳои мутобиқи ҷисмҳои табиӣ (вақт, ҳаракат, макон, ҳад ва маҳдуд, ҳаҷм ва самт), инчунин масъалаҳои марбут ба рӯҳ; дар метафизика масъалаҳои марбут ба моҳият, модда, сурат, низом, сабаб ва натиҷа матраҳ шудаанд; дар қисми "Улуми риёзӣ" бахшҳои зерин мавҷуданд, ки бахшҳои зерини асосҳои геометрияи Евклидро дар бар мегиранд: "Геометрия", "Метафизика", "Астрономия", "Арифметика" ва "Мусиқӣ".
- Ҷилди 4
-
Муҳаррирони масъул: Мардонӣ Т.Н., Ҳоҷиев А.
Муҳаррири махсус: А.Шарипов
Ҷилди чаҳоруми “Осор”-и Ибни Сино рисолаҳои фалсафию адабӣ ва табии мутафаккирро дар бар бар гирифтааст. Аз ҷумла, “Тадбири манзил”, “Нафс”, “Мабъдаъ ва маъод”, “Дар ақсоми улуми ақлия”, “Рисолаи аҳд”, “Таҳсилу-с-саодат”, “Рисолаи қадр”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Ҳикмати Арузӣ”, “Зафарнома”, “Илми ладунӣ”, “Андар сирри салот”, “Рисолаи аршия”, “Андар сирри қадар”, “Андар сирри қадар”, “Дуо ва зиёрат”, “Андар моҳияти ҳузн”, “Урҷуза фи-т-тиб”, “Рагшиносӣ ё рисола дар набз”, “Давоҳои дарди дил”.
- Ҷилди 5
-
Муҳаррири масъул: Комил Бекзода
Мураттиб: Аскардаев Кишвар
Дар ҷилди панҷум қисматҳои “Мадхал”, “Мақулот” ва “Ибораи”-и асари “Мантиқ”-и Шайхурраис аввалин бор аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.
- Ҷилди 6
-
Ҷилд қисматҳои «Қиёс» ва «Бурҳон»-и китоби «Шифо»-ро шомил аст. Дар он назарияи қиёс ва усули дедуктивии Ибни Сино, ки асоси назарияи бурҳонро ташкил медиҳад, овардааст. Ӯ ҳар гуна қиёси дурусти натиҷабахшро бурҳон номида, дар масоили бурҳонӣ ва далеловарӣ қиёсҳои шаклашон гуногунро истифода кардааст.
- Ҷилди 7
-
Мураттиб: Кишвар Аскардаев.
Муҳаррирони масъул С. Маҳмадуллоев, М.Сайфуллаев, А.Шарипов.
Таҳрири ихтисосӣ: Махмадуллоев, Р. Назариев, И.Саидов.
Муаллифони сарсухан: Муҳаммад А.Н.,Ҷонбобоев С.
Аз арабӣ тарҷума карданд:
«Ҷадал» - Мақолаи аввал - С.Шахобиддинов, мақолаи 2-ум - С.Маҳмадуллоев, Ҳоҷиев А., И.Саидов, Р.Назариев, мақолаҳои 3, 7 - Давлатов 3., мақолаи 4 - И.Гадоев; Маколаҳои 5-6 - А.Ҳоҷиев; «Хитоба» - А.Ҳоҷиев; «Суфастой» - А.Ҳоҷиев, З. Давлатов; «Фанни шеър» - К.А. Аскардаев, З.Давлатов.
- Ҷилди 8
-
Мураттиб: К.А. Аскардаев
Муҳаррирони масъул К.А. Аскардаев, А.Шарифов
Абӯалӣ ибни Сино. «Осор».
Сарсухани академик Муҳаммад Осимӣ.
«Фанни самои табиӣ» – таҳияи К.А. Аскардаев; ”Осмон ва ҷаҳон” – таҳияи И.Гадоев ; «Кавну фасод” – аз арабӣ тарҷумаи А.Ҳоҷиев; «Феъл ва инфиол» - аз арабӣ тарҷумаи С.Шаҳобиддинов.
Дар ҷилд таълимоти илмӣ-табиатшиносии мутафаккир дар рисолаҳои «Фанни самои табиӣ», «Осмон ва ҷаҳон», «Кавну фасод», «Феъл ва инфиол» баён шудааст. Дар онҳо тасвири физикии олам, масъалаҳои ҳаракат, вақту фазо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд. оид ба мақулаҳои каммият, кайфияти аҷсом, зуҳуроти татолӣ, тамос, ташоффӯъ, тадохул, мулоқот, тақсимпазирӣ, тақсимнопазирӣ, пайвастагӣ, нопайвастагӣ ва ғайра маълумоти муфид оварда мешавад. Тарҷумаи баъзе қисматҳои он аввалин бор аз арабӣ ба тоҷикӣ пешниҳод мешаванд.
- Ҷилди 12
-
Аз арабӣ тарҷумаи С.Шаҳобиддинов
Абӯ Алӣ ибни Сино. «Осор». Ҷ. 12. Қонуни тиб: Китоби аввал.
Китоби аввал масъалаҳои назарии тибро дар бар гирифта, аз чаҳор бахш ибоарт мебошад: дар баёни ҳадди тиб ва мавзӯъҳои он андар умури табиӣ; андар баёни бсморй ва сабабҳои он; андар нигоҳ доштани тандурустӣ; андар таснифи ҷиҳатҳои муолиҷа вобаста ба бемориҳои ҳамагонӣ.
- Ҷилди 13
-
Аз арабӣ тарҷумаи: С.Шаҳобуддинов
Муҳаррироии масъул: У.А. Қурбонов, Ҳ. С. Додариён
Мураттиб: К.А. Аскардаев
Абӯали ибни Сино. «Осор». Ҷ. 13. Қонуни тиб: Китоби дуввум. Андар шинохтани доруҳои сода, қисми I.
Китоби дуввуми «Қонуни тиб» зери унвони «Андар шинохтани доруҳои сода» масоили марбуг ба доруҳои сода (фармакогнезия)-ро дар бар гирифта, аз ду бахш иборат аст. Бахши аввали он оид ба қонунҳои табиии доруҳои дар илми тиб мустаъмал, ки бояд дониста шаванд ва бахши дуввум дар шинохтани қувваи доруҳои ҷузъӣ баҳс менамояд. Дар ин китоб назарияи умумии дорушиносӣ, коидаву дастурҳои интихоби маводди доругӣ, тарзи ҷамъоварӣ, захира ва истифодаи онҳо баррасй шуда, дар бораи бештар аз 800 моддаи доругии наботӣ, ҳайвонӣ ва менералӣ маълумоти муфассал оварда шудааст.
- Ҷилди 14
-
Аз арабӣ тарҷумаи С.Шаҳобиддинов
Муҳаррирони масъул: У.А. Қурбонов, Ҳ.С. Додариён
Мураттиб: К.А. Аскардаев
Абӯалӣ ибни Сино. «Осор». Ҷ. 14. Қонуни тиб: Китоби сеюм, Қисми аввал. Андар баёни бемориҳои ҷузъии инсон, ки ҳар як андомро аз сар то пой падид оянд.
Китоби сеюми «Қонуни тиб» зери унвони (Андар баёни бемориҳои ҷузъии инсон, ки ҳар як андомро аз cap то пой падид оянд), асосаи ба масоили марбут ба бемориҳои ҷудогонаи узвҳои бадан ва муолиҷаи онҳо бахшида шудааст. Ин бемориҳо ба таври муфассал мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шудаанд. Инчунин ба таври мушаххас бемориҳои рӯҳй, асаб, дил, ҷигар, талхадон, испурч, андомҳои нафаскашй, ҳозима, пешоброн ва узвҳои таносулӣ шарҳи худро ёфтаанд.
- Ҷилди 15
-
Аз арабӣ тарҷумаи С.Шаҳобиддинов
Муҳаррирони масъул: У.А. Қурбонов, Ҳ.С. Додариён
Мураттиб: К.А. Аскардаев
Абӯалӣ ибни Сино. «Осор». Ҷ. 15. Қонуни тиб: Китоби чаҳорум.
Андар бемориҳои ҷузъие, ки хосси ягон андом нестанд ва андар баёни оростаги.
Китоби чаҳоруми «Қонуни тиб» зери унвони (Андар бемориҳои ҷузъие, ки хоси ягон андом нестанд ва андар оростагй), дар баёни бсмориҳос, ки агар зуҳур намоянд, тамоми баданро фаро мегиранд. Дар китоб иллат, сабаб ва осеби мансуб ба тапи инсон тавсиф шуда, ба усули муолиҷаи онҳо диққати зиёд дода шудааст. Бахши охири китоб ба масоили оросгагӣ (косметика) бахпшда шуда, дар он осебу пуқсопи ҷисмоние баён гардида, ки ҳусни зоҳирии танро халалдор мснамояд ва тарзи муолаҷаи онҳо баён ёфтааст.
- Ҷилди 16
-
Аз арабӣ тарҷумаи С.Шаҳобиддинов
Муҳарририрони масъул: У.А.Қурбонов, Ҳ.С. Додариён
Мураттиб: К.А. Аскардаев
Абӯалӣ ибни Сино. «Осор». Ҷ. 16. Қонуни тиб.
Абуалӣ ибни Сино Қонуни тиб: Китоби 5. Андар баёни доруҳои мураккаб (Қарободин). «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино маҷмуи донишҳоро оиди тибби қадим ва асримиёнагӣ фаро гирифта, бо мушоҳидаҳои шахсӣ ва кашфиёти худи муаллиф такмилу инкишоф дода шудааст. Дар муддати қарнҳо ин китоб ҳамчун дастури ҳатмии роҳнамои табибони Аврупо (то асри 18) ва Шарк (то асри 20) хизмат карда, ба забонҳои лотинӣ, яҳудӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, узбекӣ тарҷима гардидааст. Китоби панҷуми «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино дар баёни доруҳои мураккаб буда, одатан ин бахши тибро «Қарободин» (Фармакопея) меноманд ва бинобар он ин китоб бо номи «Қарободин»-и ал-Қонун низ маъруф аст. Китоби панҷум асосан аз се кисм иборат аст. Дар қисми якум назарияи умумӣ оид ба доруҳои мураккаб, дар қисми дуввум доруҳои мураккаб аз рӯи тақсимоти навъӣ, таркибу тариқаи сохтан ва тарзи истифодабарии онҳо ва дар қисми севвум доруҳои мураккаби санҷидашуда аз рӯи тақсимоти функционалӣ, яъне ба ҳасби ҳар як андоми тан ва бемориҳои онҳо оварда шудаанд. Дар охир анвоъи ченакҳои вазнии дар дорусозии он замон маъмул ва муодилоти онҳо ёд шудааст.