Skip to main content

🇹🇯Хати Уоллес (🇷🇺линия Уоллеса / 🇬🇧Wallace Line) сарҳади ноаёнест, ки минтақаи гузариши биогеографии олами ҳайвоноти Осиё ва Австралияро амиқан ҷудо мекунад. Ин хати марз аз Индонезия, аз байни ҷазираҳои Бали ва Ломбок, Калимантан ва Сулавеси мегузарад.

Хати мазкур ба шарафи биолог, географ ва сайёҳи бритониёӣ Алфред Р. Уоллес (1823-1913), ки давоми солҳои 1854-1862 дар ҷазираҳои Индонезия пажӯҳиш анҷом додааст, номгузорӣ шудааст. Аммо аввалин муҳаққиқе, ки мавҷудият ва мавқеи географии ин хати ноаёнро дар соли 1857 ошкор ва муайян кард, адвокат ва зоологи бритониёӣ Филип Л. Склейтер (1829-1913) буд.

Алфред Уоллес зимни тадқиқоти худ дар галаҷазираҳои Малай аҳамият медиҳад, ки ҳайвоноти тарафи ғарбӣ аз ҳайвоноти тарафи шарқӣ хеле тафовут доранд. Баъдтар маълум шуд, ки сабаби асосии ин фарқият ба хусусияти релефи минтақа алоқаманд будааст: дар давраҳои яхбандӣ сатҳи баҳр паст шуда, ҷазираҳои Ява, Борнео ва Суматраро бо материк пайвастааст ва ба бисёр намуди ҳайвонот имкон додааст, ки озодона ҳиҷрат кунанд. Вале ҷазираҳои Сулавеси ва Ломбок, ки бо гулӯгоҳҳои чуқуроб аз ҳам ҷудо буданд, аксар ҳайвоноти хушкӣ натавонистанд ин монеаи табииро убур намоянд.

Ҳарчанд ин сарҳад ноаён асту дар ду тарафи он ҳамагӣ даҳҳо километр об, вале ончунон садди устуворест, ки филу палангҳои осиёӣ ҳеҷ гоҳ ба кенгуруву коалаҳои австралиягӣ вомехӯранд. Ҳатто моҳӣ ва дигар ҳайвоноти баҳрӣ низ таъсири ин тақсимотро тавассути ҷараёнҳои амиқи уқёнус эҳсос мекунанд.

Ва ҳамин тавр, ин тафовут дар ҷараёнҳои уқёнус, шӯрнокии об ва сохтори рифҳои марҷонӣ маънои онро дорад, ки бисёр намудҳо дар ғарб ё шарқи хати Уоллес зиндагӣ мекунанд, аммо дар ҳарду тарафи он хеле кам пайдо мешаванд.

Дар шароити имрӯза, хати Уоллес хати сарҳадии муҳими табиӣ боқӣ мондааст ва нишон медиҳад, ки шароитҳои географӣ ва хусусиятҳои ландшафтӣ дар тафовути мавҷудоти зинда чӣ гуна нақши муҳим доранд ва дар минтақаҳои табӣ фарқияти беназирро ба вуҷуд меоранд.