Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳошияи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” ва дар тамоми сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамзамон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиёи ва Аврупо низ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳму ибтикороти Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва такмили низоми муносиботи байналмилалӣ” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи тоҷикистонӣ ва ҷаҳони мутамаддин оид ба ибтикороти Президенти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла марбут ба аҳамияти об ва истифодаи оқилонаи он, пешгирии раванди обшавии босуръати обшавии пиряхҳо семинару конфронсҳои илмию амалӣ дар сатҳҳои гуногун баргузор гардида истодаанд.
Ҳамаи ин шаҳодати гиромидошти илми муосири тоҷик буда, иқдомотест ба хотири дастгирӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мусаллам аст, ки дар ҳолати тағйирёбии иқлим ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об яке аз масъалаҳои умдатарини ҷаҳони мутамаддин ба шумор меравад. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 60 дарсад манбаи об барои Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои табии беҳамто ва манбаи оби ошомидании сарзамини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Майдони умумии пиряхҳо баробар ба 8476,2 километри мураббаъ буда, қариб 6 дарсади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад[1].
Тағйирёбии иқлим ба соҳаи таъмину истифодаи захираҳои оби тоза таъсири манфӣ расонида, хавфи обхезӣ ва селу ярчҳо, хушксолӣ ва фалокатҳои дигари табиии вобаста ба обро бештар мегардонад. Илова бар ин, тағйирёбии иқлим масъалаи бе ин ҳам душвори камбуди оби тозаро дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра боз ҳам мураккабтар мегардонад. Масалан, дар кӯҳистони Тоҷикистон, ки қариб 60 дарсади захираҳои оби минтақа ташаккул меёбанд, дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пирях зиёда аз 1000 пирях нобуд шудааст. Торафт кам гардидани захираи обҳои зеризаминӣ низ ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бар тибқи баъзе пешгўиҳо, дар соли равон беш аз сеяки аҳолии кураи Замин аз нарасидани об танқисӣ хоҳад кашид ва то соли 2050 аҳолии сайёра имкони пурра таъмин намудани талаботи худро ба об нахоҳад дошт[2].
Ҷомеаи ҷаҳониро яке аз масъалаҳои мубрами асри 21 - тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, - ки яке аз проблемаҳои глобалӣ мебошанд, нигарон кардааст. Мавриди зикр аст, ки оқибатҳои ин фароянди тағйирёбӣ ба соҳаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи майи соли 2024 дар маҷаллаи бонуфузи инглисзабони Ҷумҳурии Озарбойҷон - “Аzeri Observer”,-роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим таҳти унвони “Тоҷикистон: ташаккули обҳо ва иктишофи ганҷҳо” мақола ба табъ расида буд. Дар он қайд гардидааст, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикороти стратегӣ ва иқдомҳои худ дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рафъи оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд, дар самти пешбурди барномаҳои глобалии вобаста ба об ва иқлим мавқеи пешсафиро соҳиб шудааст[3].
Дарвоқеъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим кишвари пешсафу пешгом мебошад. Ҳамзамон Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи захираҳои об, мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад.
Метавон иброз намуд, ки Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои соҳаи ҳифзи обу пиряхҳо як қатор тадбирҳои судманд андешида истодааст, ки ин обрӯи кишварро дар ҷаҳони мутамаддин баланд бардошта, таҳким мебахшанд.
Мушкилии норасоии об яке аз мушкилоти назарраси ҷаҳон мебошад. Об манбаи барқароршаванда аст, аммо бино бар нобаробар тақсим шудани захираҳои об дар сайёра ва афзоиши аҳолӣ норасоии он ба вуҷуд меояд. Афзоиши босуръати аҳолии сайёра боиси афзоиши талабот ба истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ ва, умуман, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон гаштааст.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард сокини он аз камбуди об азият мекашанд ва беш аз 2 миллиард нафар оби нӯшокии ғайрисанитариро истеъмол мекунанд. Тағйирёбии глобалии иқлим ба равандҳое, ки дар муҳити зист ба амал меоянд, таъсири жарф расонида, боиси тағйирёбии сохтори фаъолияти тамоми системаи экологӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки тағйирёбии иқлим таъсири манфии худро ба захираҳои оби минтақа расонида, пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд, бо суръати баланд об шуда истодаанд. Ҳолати кунунӣ нишон медиҳад, ки мушкилоти вобаста ба об аз қисмҳои таркибӣ иборат буда, он дар давлатҳо ва минтақаҳои гуногун дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Инҳо мушкилоти миқдори об, сифати об, коҳишёбии захираҳои оби тозаи нӯшокӣ, идораи об, нобаробар ҷойгиршавии захираҳои об дар сатҳи ҷаҳон ва ғайра мебошанд.
Қисмҳои таркибии дигари мушкилоти вобаста ба об ин мушкилоти соҳавии вобаста ба об мебошад, ки инҳоянд: афзоиши босуръати демографӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва зиёд гардидани майдони заминҳои кишти обёришаванда, рушди босуръати ҳамаи бахшҳои саноат, рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика, мураккабшавии вазъи экологӣ ва густариш пайдо кардани мушкилоти гидроэкологӣ ва ғайра.
Маҷмуи мушкилоти болозикри соҳаи об дар Осиёи Марказӣ ҷой дошта, онҳо таъсири бевоситаи худро ба тамоми равандҳои ҳаётӣ дар минтақа мерасонанд ва таҳқиқи он хеле муҳим аст.
Пӯшида нест, ки об дар ҷомеаи инсонӣ аз сарвати одитарин ва дастрастарини табиӣ ба сарвати сиёсӣ табдил ёфта, мураккабтарин мавзуи матраҳшавандаи сатҳи олии сиёсӣ дар ҷаҳони муосир гардидааст[4].
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мубрами муосир ва ниҳоят ҳассоси ҷаҳони мутамаддин дар бахшҳои обу энергетика, “энергетикаи сабз”, ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, амнияти озуқаворӣ ва тадбирҳои амалии пешгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра ҷалб намояд.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Сарчашмаҳо:
1. Тағйирёбии иқлим. Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи ҳаёт дар рӯи замин аст. Манбаи электронӣ: https://jumhuriyat.tj/2328-tajirebii-ilim-ifzi-pirjaho-ifzi-aet-dar-ri-zamin-ast.html. Санаи муроҷиат: 15.03.2025
2. Суханронӣ дар иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Кулли Созмони Милали Муттаҳид. Манбаи электронӣ: https://prezident.tj/event/'speeches/136. Санаи муроҷиат: 02.04.2025
3. Бозтоби ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим. Манбаи электронӣ: www.facebook.com/mfa.tj. Санаи муроҷиат: 20.02.2025
4. Қувватзода С.З. Дипломатияи об. Душанбе “Нашриёти Мубориз” 2023.
502 саҳ.