Skip to main content

Дар чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳои беасосе паҳн гардидаанд, ки гӯё ба Замин киштии мавҷудоти кайҳонӣ бо мақсадҳои ғаразнок наздик шуда истода бошад. Ин овозаҳо аслан асоси илмӣ надоранд, вале сабаби пайдоиши онҳо воқеан ба як кашфиёти илмии ситорашиносон дар як моҳи охир рабт дорад. Сухан дар бораи ҷирми нави байниситоравие меравад. Ин ҷирм, ки 3I/ATLAS номгузорӣ шудааст, дар воқеият як зузанаб (комета) мебошад, дар дар байни мардум чун ситораи думдор шинохта мешавад ва аз беруни Низоми офтобии мо омадааст.

Истилоҳи «байниситоравӣ» маънои онро дорад, ки чунин кометаҳо ё астероидҳо дар дигар низомҳои ситоравӣ ба вуҷуд омадаанд ва таҳти таъсири қувваҳои ҷозиба аз ситораи худ дур шуда, дар фазои байни ситораҳо мегарданд. Вақте чунин ҷирм ба таври тасодуфӣ аз дохили Низоми офтобии мо мегузарад, олимон онро ҳамчун ҷирми байниситоравӣ сабт мекунанд. То имрӯз танҳо се ҷирми байниситорагӣ ба таври боэътимод маълум аст: аввалин — 1I/ʻOumuamua дар соли 2017, дуюмин — 2I/Borisov дар соли 2019 ва сеюмин, ки ҳоло кашф гардидааст — 3I/ATLAS мебошад. Фарқи ҷирми нав аз ʻOumuamua дар он аст, ки агар дар объекти якум аломатҳои кометавӣ мушоҳида нашуда бошад, пас дар 3I/ATLAS ин аломатҳо возеҳ ба назар мерасанд. Дар атрофи ядрои ҷирм қабати тунуки ғубору газ мавҷуд аст, ки онро «кома» меноманд, инчунин дум низ аллакай мушоҳида шудааст.

Таъри кашфи комета

Ин кометаро телескопи худкори ATLAS дар кишвари Чили дар асоси таҳлили аксҳои осмон, ки рӯзҳои 25 ва 29-уми июни соли 2025 гирифта шуда буданд, рӯзи якуми июл кашф кард. Маълум гардид, ки мадори он ҳиперболӣ аст, яъне ба қувваи ҷозибаи Офтоб вобастагӣ надорад ва танҳо як бор аз Низоми офтобӣ гузашта, боз ба фазои байниситоравӣ меравад. Маркази байналмилалии сайёраҳои хурд (MPC) номи расмии ин кометаро C/2025 N1 (ATLAS) ва рамзи 3I/ATLAS (яъне «сеюмин ҷирми байниситорагӣ») эълон кард. Дар лаҳзаи кашфи комета масофаи он то Офтоб 670 млн км-ро ташкил медод.

Масири ҳаракати кометаи 3I/ATLAS нисбатан ба ҳамвории мадорҳои сайёраҳо наздик аст, ки барои мушоҳидаи илмӣ бисёр мувофиқ мебошад. Вале ин комета ҳеҷ хатаре барои Замин надорад. Ба перигелий, яъне нуқтаи наздиктаринаш ба Офтоб тақрибан 30 октябри соли 2025 меравад ва масофаи он дар ин нуқта тақрибан 1,4 воҳиди астрономӣ (каме наздиктар аз мадори Миррих) хоҳад буд. Ба Замин бошад, моҳи декабр ба масофаи тахминан 1,7–1,8 (тақрибан 260 млн км) воҳиди астрономӣ наздик мешаваду тамом ва эҳтимолияти бархӯрд ба Замин вуҷуд надорад. Суръати ин ҷирми байниситоравӣ хеле баланд буда, 58 км дар як сония аст, ки барои ҷирмҳои байниситоравӣ як ҳолати муқаррарӣ маҳсуб мешавад.

Кай ва чӣ тавр ин кометаро мушоҳида кардан мумкин аст?

Тобистону аввали тирамоҳи соли 2025 кометаи мазкурро бо телескопҳои касбӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар нимаи дуюми тирамоҳ аз ҳисоби наздик шудан ба Офтоб ва баланд будани рӯшноии он муддате аз назар гум шуда, дубора дар аввали моҳи декабр дар осмони субҳгоҳӣ пайдо мегардад. Аммо ҳатто дар моҳи декабр ин ҷирм ба чашми оддӣ дида нахоҳад шуд, зеро он хеле дур ва хира хоҳад буд.

Чаро олимон мутмаинанд, ки 3I/ATLAS кометаи табиӣ аст, на киштии «мавҷудоти осмонӣ»?

Зеро мушоҳидаҳо фаъолиятҳои табиии кометаро нишон медиҳанд. Таҳти таъсири гармии Офтоб яхҳои даруни ҷирм бухор мешаванд ва дар натиҷа абрҳои ғубору газ ба вуҷуд омада, думро ташкил медиҳанд. Тасвирҳо ва тайф (спектр)-ҳои дар расадхонаҳои гуногун гирифташуда маҳз ҳамин падидаҳоро тасдиқ мекунанд. Андозаҳои ҳастаи комета ҳанӯз дақиқ муайян нашудааст ва аз 800 м метр то 20 километр арзёбӣ мегарданд. Чунин ҳолат дар марҳилаи аввали мушоҳидаҳо табиист, зеро қабати ғафси дум имкон намедиҳад, ки худи ҳаста ба осонӣ мушоҳида шавад.

Чӣ гуна тасаввуроти дурӯғ пайдо шуд?

Яке аз сабабҳои паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ он аст, ки 16 июли соли 2025 астрофизик Ави Лёб (Avi Loeb) аз Донишгоҳи Ҳарвард ва дигар пажӯҳишгарони «Ташаббуси омӯзиши ҷирмҳои байниситорагӣ» (Interstellar Studies Initiative) дар мақолаи худ, ки дар пойгоҳи arXiv нашр карданд фарзияеро пешниҳод карданд, ки гӯё кометаи 3I/ATLAS метавонад як киштии кайҳонии сунъии офаридаи тамаддунҳои ғайризаминӣ бошад. Ба андешаи онҳо, ин ҷирм як қатор хусусиятҳои ғайриодӣ дорад, ки ба ҷирми табиӣ хос нестанд: андозаи ғайримуқаррарӣ бузург, набудани моддаҳои кимиёвии маъмулии кометаҳо дар тайфҳо ва масири ҳаракате, ки дақиқ дар ҳамвории мадорҳои сайёраҳо қарор дорад.

Аммо фарзияи мазкурро олимони дигари варзида, ба мисли Крис Линтотт (Chris Lintott) аз Донишгоҳи Оксфорд, зуд ва ба таври қатъӣ рад карданд. Пажӯҳишгари дигари маъруф Даррил Селигман (Darryl Seligman), ки муаллифи яке аз аввалин мақолаҳои илмӣ дар бораи 3I/ATLAS мебошад, таъкид кард, ки мушоҳидаҳои зиёди телескопӣ алакай фаъолиятҳои табиии кометаро пурра исбот кардаанд. Ӯ зикр намуд, ки мавҷуд набудани баъзе моддаҳои кимиёвӣ дар тайфҳо ба дурии комета аз Офтоб вобаста аст. Дар мушоҳидаҳои минбаъда бошад, олимон аллакай дар таркиби 3I/ATLAS яхҳои обиро мушоҳида карданд, ки барои кометаҳои табиӣ комилан табиӣ мебошанд.

Таъкид бояд кард, ки Лёб қаблан низ дар мавриди ҷирмҳои дигар, аз ҷумла ҷирми машҳури 1I/ʻOumuamua, фарзияҳои шабеҳ пешниҳод карда буд, ки ҳамеша боиси интиқоди ҷиддии ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ мешуданд. Бо вуҷуди ин, худи Лёб низ дар блоги шахсияш эътироф кардааст, ки эҳтимоли табиӣ будани 3I/ATLAS хеле бештар аст ва пешниҳод намудани чунин фарзияҳои ҷолиб ҳамчун «тамрин ва машқи фикрӣ» метавонад ба пешрафти илм мусоидат кунад. Дар ҳамин ҳол, ситорашинос Саманта Лоулер (Samantha Lawler) аз Донишгоҳи Реҷайна қайд кард, ки чунин фарзияҳои фавқулода бояд бо далелҳои фавқулода тасдиқ карда шаванд, вале далелҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Лёб ва ҳамкоронаш, ба ақидаи ӯ, ҳеҷ гоҳ чунин арзиши фавқулодаро надоранд.

Ин кашфиёт барои илм чӣ аҳамият дорад?

Кометаҳои байниситоравӣ мисли капсулаҳои яхкардаи замонӣ мебошанд. Олимон синни 3I/ATLAS аз 7,6 млрд сол бештар муайян кардаанд, ки аз синни Низоми офтобӣ бештар аст. Ҳамчунин, кометаҳои байниситоравӣ моддаи дигар низомҳои ситоравиро ба Низоми офтобии мо меоранд. Аз рӯи таркиби онҳо олимон равандҳои пайдоиши сайёраҳоро дар атрофи ситораҳои дурдаст таҳқиқ мекунанд. 3I/ATLAS барои илм аз он ҷиҳат муҳим аст, ки онро пеш аз расидан ба нуқтаи перигелий кашф кардаанд. Ин ба олимон имкон медиҳад, ки барномаи густардаи мушоҳидаҳои илмиро пешакӣ тарҳрезӣ намоянд ва бо истифода аз расадхонаҳои заминӣ ва кайҳонӣ онро дар паҳнои мавҷҳои гуногун омӯзанд.

Дар охир, бояд таъкид кард, ки тамоми овозаҳо дар бораи «киштии мавҷудоти осмонӣ» танҳо хаёлоти беасоси баъзе расонаҳои ғайриилмӣ мебошанд. Илм ба андозагирӣ ва мушоҳидаҳои дақиқ такя мекунад, ки дар мавриди 3I/ATLAS нишон медиҳанд, ки ин ҷирм як кометаи табиӣ буда, ҳеҷ хатари эҳтимолӣ барои башарият надорад ва дар он ягон маҷудоти зиндае ҳам қарор надорад. Баръакс, мо шоҳиди парвози нодири ҷирми байниситоравӣ хоҳем шуд, ки метавонад маълумоти нави астрономӣ диҳад.

Ризои Баҳромзод, Бӯризода Анвар Маҳмад

Анварджон Буриев, Институти Астрофизика, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences