Skip to main content
Демократия ва ҳуқуқи инсон ду падидаи ҷомеаи навини ҷаҳон мебошад, ки тибқи таълимоти аврупомарказгароён манбаи аврупоӣ доранд. Ҳангоме сухан оид ба демократия меравад, сарчашмаҳои муҳимтарине номбар карда мешавад, ки дар Аврупо (Англия, Фаронса, ШМА ва ғайра) қабул шудаанд. Ғайр аз ин Аврупо ҳамчун маркази тамаддуни ҷаҳон муаррифӣ шуда, ба дигар қитъа ва тамаддунҳо мақоми дуюмдараҷаро додан мехоҳанд.

Махсусан дар тасаавуроти аврупомарказгароён гуё Шарқ бо «деспотизми шарқияш», ҳамеша дар паи тасарруфи замину кишвари ҳамсоя гуё будааст.

Омӯзиши таърихи ниёгони мо тоҷикон, махсусан марҳилаҳои ориёии рушди он пур аз падидаву ниҳодҳое мебошанд, ки дар ташаккулу таҳкими миллат ва давлатдории тоҷикон нақши мондагор доранд. Шиносоӣ бо сарчашмаҳои аввалини ҳуқуқии тоҷикон баёнгари он аст, ки дар пайдоиш ва рушди худ давлатдории тоҷикон аз аврупоиён ягон камӣ надошт ва падидаҳои демократиро на танҳо эълон мекард, балки дар ҳаёти худ ва таҷрибаи давлатдорӣ амалӣ менамуд.

Ҳуқуки инсон яке аз фанҳои ҳуқуқшиносие аст, ки махсусан аз оғози асри ХХI Дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, фаъолона омӯзиши он оғоз ёфт. Албатта, оид ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аллакай дар конститутсияҳои аввалин, аз ҷумла дар конститутсияҳои аввалини Тоҷикистон андешаҳои барои мо тоҷикон муҳим баён шуда буданд ва он ҳамчун падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ дар қонунгузории мо дар асри ХХ дарҷ гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро дар ин самт танзим менамуд. Албатта, конститутсияҳои Иттиҳоди Шуравӣ такони бузурге дар ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи меҳнат, озодии шахсият ба ҷаҳон ҳадя намуд. Ба андешаи мо, таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ заминаи асосӣ барои воқеӣ гаштани кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷаҳон гаштааст.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ масоил ва манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат барои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонун ҷой намегузоранд. Яъне, он ҷо ки манфиатҳои геополитикӣ вуҷуд дорад, ҳуқуқи байналмиалӣ «хомӯш» аст, ҳарчанд дер ё зуд барои муқаррар намудани сарҳали манфиатҳои геополитикӣ ва дастовардҳояшон ин давлатҳо низ ба ҳуқуқ рӯй меоранд. Барои мо тоҷикон ҷои таассуф ва дилшикастагӣ набояд бошад, чунки мо тоҷикон асосгузорони ин падидаи нодир дар таърихи бостон мебошем. Дар ин росто, омӯзиши ҳуқуқи инсон дар кишвари мо бояд ба таври ҷиддӣ сурат бигирад, чунки мо тоҷикон асосгузорони ин самти асосии ҳуқуқ – ҳуқуқи инсон буда, гузаштагони мо онро дар заминаи устувори муносибатҳои ҷамъиятӣ тибқи зарурат ва дар заминаи таҳлили масоили мавҷуда пешниҳод кардаанд.

Сарчашмаҳои муҳимтарини ҳуқуқи тоҷикон, ки дар он оид ба ҳуқуқи инсон сухан меравад, бешубҳа, ва пеш аз ҳама, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад. Албатта, яке аз аввалин тарҷумаҳои Эъломияи мазкур аз ҷониби устоди зиндаёд Халифабобо Ҳомидов анҷом дода шуда бошад ҳам, дар илми тоҷик ба он диққат ҷалб нагардид. Бо таъсиси кафедраи ҳуқуқи инсон соли 2006 дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ омӯзиши ҷиддии масоили вобаста ба ҳуқуқи инсон оғоз гардида, яке аз бозёфтҳои гаронарзиши ин кафедра омӯзиш ва тарғибу ташвиқ намудани Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Дар баробари ин таърихи ҳуқуқи инсон, ва масоили дигар ба мисли мафҳум, давраҳо, намуд ва механизмҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби устодони ин кафедра мавриди омузиш қарор дода шуданд.

Эъломияи мазкур барои мо тоҷикон арзиши баланди ҳуқуқӣ, сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дорад. Пеш аз ҳама, он аввалин санади меъёрӣ –ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон мебошад. Он аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи на танҳо тоҷикон, балки дар таърихи тамаддуни инсоният аст. Он сарчашмаи сиёсӣ аст, чунки таърихи бостонии тоҷиконро исбот ва мавҷудияти мактабу таълимоти волои ҳуқуқии миллатамонро инъикос ва исбот менамояд. Эъломия инчунин инъикосгари фарҳанги баланди ҳуқуқии тоҷикон ва умуман мардуми ориёӣ мебошад.

Минбаъд омузиши ҳуқуқи инсон дар кулли макотиби олии кишвар идомат ёфт. Аз дастовардҳои муҳим дар ин самт конфронсҳои байналмилалии ҳарсолаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ», ки махсус ба Рӯзи «Ҳуқуқи инсон» бахшида шуда, ҳамасола даҳрӯзаи аввали моҳи декабр, яъне дар арафа ва ё рӯзхи Ҳуқуқи инсчон баргузор мегардад, номбар кардан лозим аст, чунки он аллакай чорабинии илмии сатҳи баланд буда, даҳҳо давлатҳоро ҷалб ва бештар аз 40 марказҳои илмӣ дар он бо маърузаву баромадҳои онлайнӣ иштирок мекунанд.

Дар ин росто, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо таъсиси шуъбаи ҳукӯқи байналмилалӣ бо сарварии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саидумбар Раҷабов фаъол буда, на танҳо дар чопи монография ва гузаронидани конфронсҳо, балки дар фаъолияти кумита ва комиссисяҳои ҳукуматӣ, таҳияи ҳисоботҳо ва пешниҳоди хулосаву тавсияҳо фаъоло мебошад. Яъне дар ҷумҳурӣ аллакай даҳҳо марказҳои омӯзиши ҳукӯки инсон таъсис ёфта даҳсолаи охир дар самти омӯзиши он фаъол ҳастанд. Имрӯз дар кишвар дар Академияи мииллии илмҳои Тоҷикистон Шурои дифо дар самти ҳуқӯки меҳнат, ҳуқӯки таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқӯки байналмилалӣ таъсис ёфтааст, ки ба тайёр кардлани кадрҳои баландихтисоси соҳа машғул аст. Яъне шароите ташкил шудааст, ки ин самти ҳуқӯкшиносӣ ба таври муътадил рушду тараққӣ ёбад.

Агар ба масъалаи Эъломия бозгардем, пас, таҳлилу тарғиби ин санад солҳои охир равнақу ривоҷ ёфтааст, вале ба андешаи мо сарчашмаи мазкур ҳанӯз ба таври комил таҳлилу дарк нашудааст, чунки худи Лӯлаи Куруш пурра нест. Вале новобаста аз ин, кашф шудани Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир моро ба хулоса меорад, ки ниёгони мо донишҳои баланди ҳуқуқӣ доштанд, маърифати ҳуқуқии мардуми ориёӣ то он дараҷа баланд буд, ки на танҳо барои худ, балки барои кулли мардуми таҳти ҳимояашон маҷмӯи ҳуқуқҳои башариро паҳн карданд.

Эъломияи Куруши Кабир, ки пеш аз солшумории мелодӣ тақрибан 2 ҳазору 500 сол қабл интишор шуда, ба 72 қавму тоифа ва мардуми ҷомеаи Ҳахоманишӣ пешниҳод шудааст, яқ қатор ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додааст. Дар Эъломия ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодии виҷдон, озодии мусофират, ҳуқуқ ба моликият, интихоби манзил ва тарки кишвар ба баргаштан ба он озодии меҳнат намудан кафолат дода шудааст. Дар бахши ҳафтуми Эъломияи Куруши Кабир омадааст, ки «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас посухгӯи аъмоли худ мебошад, ҳеҷ касро набояд ба ангезаи ин ки яке аз бастагонаш хилоф кардааст, муҷозот кард ва агар касе аз дудмон ё хонаводае хилоф кард, танҳо ҳамон кас ба кайфар бирасад ва ба дигар мардумон ва хонавода коре нест». «Ҳар кас дар пайравии дини худ озод аст, касе ҳақ надорад диндори ғайрро ба дини худ ба зӯри ҷалб намояд… маъбадҳои динҳои ғайр барқарор карда шавад ва мардум ба ҷои худ оварда шавад…» — гуфта шудааст дар Эъломия [3, 123].

Замоне, ки Куруши Кабир сари ҳокимият ҳукмронию сарварӣ мекард, дастгирӣ кардани ҳуқуқу озодиҳо кори осон набуд, чунки аксаран мардум инро дарк карда наметавонистанд ва сарфаҳм ҳам намерафтанд. Ӯ фармудааст: То рӯзе, ки ман зинда ҳастам, нахоҳам гузошт, ки мардон ва занонро бо номи барда ва каниз ё номҳои дигар бифурӯшанд ва ин расми зиндагӣ бояд аз гетӣ рахт барбандад. Аз Маздо мехоҳам, ки маро дар тааҳҳудоте, ки нисбат ба миллатҳои Эрон ва мамолики чаҳоргона гирифтаам, пирӯз гардонад [4, 77].

Озодии виҷдон, ки яке аз ҳуқуқҳои шахсии инсон ба шумор меравад дар бахши дуюми ин Эъломия зимни баррасӣ қарор гирифтааст ва чунин садо медиҳад: ки «То рӯзе, ки зинда ҳастам ва Маздо подшоҳиро ба ман армуғон мекунад, кеш ва оин ва боварҳои мардумонеро, ки ман подшоҳи онҳо ҳастам, гиромӣ бидорам ва нагузорам, ки фармонфармоён ва зердастони ман кешу оин ва дину равиши мардумони дигарро паст бидоранд ва ё онҳоро биёзоранд». [3, 122],

Дар Эъломия аз номи Куруш гуфта мешавад: Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Аккад…ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Шумеру Аккадро бе осеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, боз гардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам» [5, 20]. Дар Эъломия эътироф шудааст, ки «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд ва ба ҳар гуна ки муътақид аст, ибодат кунад ва муътақидоти худро ба ҷо оварад ва касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад». Аз ин лиҳоз, андеша меравад, ки меҳнати маҷбурӣ нисбати ҳама қишрҳои инсонӣ, оғоз аз аҷдодон то замони ҳозира манъ карда шуда будааст.

Дар баробари Эъломия, як қатор фармонҳои Куруши Кабир оид ба сохтори давлатӣ, ислоҳотҳои давлатӣ-маъмурӣ, ҳарбӣ, соҳаи молия ва андоз, аниқу мушаххаснамоии салоҳияти мансабдорони давлатии ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ (сатрапҳо) мазмуну моҳияти конститусионӣ – ҳуқуқӣ доштанд. Қайд намудан зарур аст, ки ислоҳотҳои Дориюши Кабир заминаи устувор гардидани сохтори конститутсионии давлат – империя гардид. Аз ин сабаб, ин ислоҳотҳо ҳарчанд дар шакли ягонаи конститутсия то мо омада нарасидаанд, онҳоро мо наметавонем дигаргуна ном барем, чунки ҳадафи ин ислоҳотҳо сохтори давлатӣ буда, тартиби фаъолият, салоҳияти ҳокимиятии амалдорони марказӣ ва маҳаллии ҳокимият, ҳокимияти мулкӣ ва артиш, инчунин, амалдорони молиявию андозро ба таври комил танзим менамуд. Яъне аксарияти тағйиротҳо ба сохтори давлатӣ, муносибати байни ҳокимият, марказу маҳалл таъсир расонида барои беҳтар намудани фаъолияти он равона шуда буданд. Бо роҳи ислоҳот рушди конститутсионӣ –ҳуқуқии давлати Ҳахоманишӣ таъмин карда мешуд.

Бояд қайд намуд, ки пайдоиши давлатҳои аввалини тоҷикон –Пешдодиён ва Каёниён низ бо роҳи ворид намудани тағйирот дар сохтори давлат ва мунтазам такмил додани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба амал меомад. Шоҳони Пешдодиро таҳамтанони давлатдорӣ номидан мумкин аст, чунки ривоятҳо ба ҳар яке аз онҳо таъсиси соҳа, самт, ҳунару касберо вобаста менамояд. Бузургтарин хизмати Пешдодиён ба истиснои таъсиси давлати аввалини тоҷикон, нақши ҳуқуқ, қонун ва адолати судиро дар ҷомеа ба таври назаррас боло бурда волоияти адолати судӣ, қонуниятро эътироф кардан мебошад.

Волоияти қонун, ҳалли масоили ҳуқуқӣ тибқи талаботи «ДОТ»- маҷмӯи қонунгузории давлатӣ ва қисматҳои дахлдори ҳуқуқии Авесто дар ҷомеа то дараҷае маъруф гардида буд, номи сулоларо Пешдодиён номиданд, яъне сулолаи ашхосе, ки қонунро волотар аз дигар падидаҳои иҷтимоӣ эътироф мекарданд.[1; 4] Падидаи мазкур, чӣ тавре маълум аст, на танҳо падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ, балки яке аз принсипҳои давлати муосири ҳуқуқбунёд ба шумор меравад.

Чӣ тавре маълум аст, аз ҷумлаи ҳуқуқҳои инсон, ки дар Эъломия бевосита номбар шудаанд, Озодии андеша, эътиқод ва озодии виҷдон, новобаста аз он ки пайрави кадом дину мазҳаб буданд; ҳуқуқи озодӣ (ман ба ҳама озодӣ бахшидам ва ҳамаро озод кардам аз Набонид); баргардонидани бадарғашудагон ба ҷои зист, ҳаққи ҷои зист ва ҳуқуқ ба моликият; ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва маънавӣ, яъне эҳёи ибодатхонаҳои вайронкардашуда; масъалаи сулҳ, озодии интихоби макони зист, озодии меҳнат, ҳуқуқи берун рафтан аз кишвар ва баргаштан ба он ба таври мушаххас номбар шудаанд. Инчунин ҳимояи эътиқоди динӣ ва ибодатхонаҳо, ҳуқуқи моликият ва ҳимояи он аз ҷониби давлат кафолат дода мешуд.[1]Масалан принсип озодии эътиқод, ки дар Эъломияи Куруш муқаррар шудааст, ба моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи башар аз соли 1948 рост меояд. Принсипи мудохила накардан ба кори мулкиён, ба меъёрҳои ҳуқуқи гуманитарӣ оид ба ҷанговарон ва ашхоси ғайриҳарбӣ рост меояд. Додани озодӣ, озодии ҳаракат, ҳуқуқи моликият ба меъёрҳои ҳамаи Эъломия ва Билл оид ба ҳуқуқи инсон мутобиқат мекунад. Инчунин ҳуқуқ ба фарҳанг ва истифодаи дастовардҳои фарҳангиву динӣ ба меъёрҳои Эъломияи муосир мутобиқат дорад.

Таъсири Эъломия ба рушди давлати Ҳахоманишӣ ва вусъат ёфтани империя, ҳамовозӣ ёфтани он аз ҷониби мардуми ҳамсоякишварҳо сабаби васеъ гардидани давлат ва ҳамроҳ намудани онҳо ба империя мегардад. Аз ин сабаб, амалияи давлатӣ баёнгари он аст, ки Эъломия ба таври реалӣ муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, минбаъд заминаи рушди ин давлат мегардад. Аз ин хотир омузиши Эъломия ва таъсири он ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт дар империя ва берун аз он бояд таҳқиқ гардад.

Озодӣ ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ҷузъи ҷавҳарии на танҳо Эъломия, балки конститутсияҳои муосир низ ҳастанд. Азбаски Куруши Кабир Эъломияро дар кишвари худ эълон дошт ва онро амалӣ намуд, онро аввалин конститусия дар таърихи давлатдории тоҷикон низ номидан мумкин аст, чунки он муносибатҳои конститутсионӣ –ҳуқуқиро танзим менамуд.

Онро аввалин конститутсияи ҷаҳон номидан мумкин аст, чунки мафҳуми «конститутсия» низ хеле дертар дар асри 2 то мелод ва асри 2 мелодӣ дар Рим ба вуҷуд омадааст.

Ба андешаи мо, таҳқиқотҳои оянда дар ин масъала боз ҷанбаҳои нави онро ошкор хоҳад кард.

Вобаста ба эътирофи Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ масоиле пеш меояд, ки бояд онҳоро баррасӣ намуд. Пеш аз ҳама, эълон шудани ин Эъломия аз ҷониби Куруши Кабир ба сифати аввалин Эъломияи Ҳуқуки башар набояд зери шубҳа бошад. Бегумон ин аввалин сарчашмае аст, ки дар он ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар шудаанд. Дуюм, мавҷудияти чунин як Эъломия дар таърихи давлатдории мо ифтихори мо буда, аз ташаккулу рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар он марҳилаи давлатдорӣ шаҳодат медиҳад. Албатта, чунин як ҳуҷҷат наметавонист дар ҷое ба вуҷуд ояд, ки аллакай таълимоти рушдёфтаи ҳуқуқӣ надошта бошад. Ин тезис инчунин аз ривоёт оид ба таълиму тадриси шоҳзода ва мардуми марҳилдаи васетоӣ то Сосониён бармеояд, ки ҳар шахсе мехост хат ва ҳуқуқро дар кишвар меомухт, чунин мактабҳо вуҷуд доштанд. Паайдоиши аввалин китобхона, мактабу мадраса ва донишкадаҳо дар кишварҳои ориёӣ низ аз воло будани мавқеи илм дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Масъалаи дигаре, ки баъзе муаллифон ба миён мегузоранд, забони Эъломия аст. Ба андешаи баъзе муаллифон Эъломия бо забони одӣ навишта шудааст ва он матни ҳуқуқӣ нест. Агар ба цилиндр (Лулае), ки аз Куруши Кабир боқӣ мондааст, назар андозем, дар ҳақиқат онро ба се қисмат тақсим кардан мумкин аст. Қисмати якум ба сабабҳои ғасби Бобул бахшида шуда, шоҳи Бобул истисмотгар, золим баҳо дода шудааст. Қисми дуюм, интихоб шудани Куруш аз ҷониби худои маҳаллии Бобулиён – Мардук ба ҳайси озодкунандаи халқ сухан меравад. Дар қисмати сеюм, ки бевосита Эъломия дар он ҷойгир аст, чорабиниҳои Куруши Кабир муқаррар шудаанд.

Дар Эъломия ҳуқуқҳо муқаррар шудаанд. Новобаста аз матн ва ё забони истифодашуда, ки мо имрӯз бо он шинос мешавем, аз руи ибораи маъруфи «гуфтаи шоҳ қонун аст», он сарчашмаи ҳуқуқ буд. Империя, амалдорони он тибқи талаботи Эъломия амал намуда, мардуми яҳудиро, ки дар бадарға буданд, ба Байтулмуқаддас баргардониданд, Куруш ибодатхонаи яҳудиро азнав сохт. Бо ин амалҳояш ҳамчун маҳдӣ дар китоби яҳудиён номбар шудааст.

Сарчашмаи дигари муҳим, ки дар он оид ба ҳуқуқи инсон сухан меравад, китоби динии «Авесто» мебошад. Баъзан дар адабиёти илмӣ аз сабаби он ки сарчашмаҳои динӣ бештар уҳдадории диниро муқаррар мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои дар онҳо инъикосшуда ҳадяи илоҳӣ мебошанд, ба онҳо диққат дода намешавад.

Бояд қайд намуд, ки кулли таърихи тулонии тоҷикон аз ориён то Ҳокимияти шуравӣ низоми ҳуқуқии динӣ ҳукмрон буда, кулли муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин сарчашмаҳо инъикос шудаанд. Мо бояд ба таври объективӣ онҳоро омузем ва баҳои реалӣ ба онҳо диҳем, чунки ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои мо дар ин сарчашмаҳо муқаррар шуда буданд. Дар ин масъала, мо бо профессор Леонид Рудолфович Сюкияйнен мувофиқ ҳастем, ки оид ба ҳуқуқи ислом гуфта буданд, ки яке аз хусусияти «Ҳуқуқи мусулмонӣ» дар он аст, ки ба қоидаҳои ахлоқ, одоб ва муносибати байниякдигарӣ шакли меъёри ҳуқуқӣ дода, барои онҳо ҷазо муқаррар мекунад[2], ки аз доираи қонун берун мешавад. аз ҷониби дигар, меъёрҳои бекорнашудае вуҷуд доад, ки истифода намешаванд. Аз ин сабаб, ҳуқуқи исломӣ, ҳамон меъёрҳои фикҳ, шариат, таълимоте мебошанд, ки мавриди истифода ва аз ҷониби суд ҳимоя мешаванд.[3]

Ба қавли Леонид Рудолфович, шариат дар ҳамон қисмате ҳуқуқи ислом номидан мумкин аст, ки давлат онҳоро ҳимоя мекунад, муносибатҳои реалии ҷамъиятиро танзим менамояд ва манфиати гурӯҳҳои иҷтимоиро ифода мекунанд.[4]

Яъне, кулли муносибатҳои ҷамъиятиро сарчашмаҳое танзим менамуданд, ки мо ҳуқуки динӣ меномем, вале ҳангоми омӯзиши ҷиддии ин сарчашмаҳо маълум мешавад, ки онҳо муносибатҳои реалии мавҷударо танзим мекунанд ва аз ин сабаб дар танзими муносибатҳои мушаххас на он қадар бо дин алоқаманд мебошанд.

Ҳуқуқи ориёӣ сарчашмаҳои гуногун доранд. Дар ин сарчашмаҳо ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд эътироф ва ҳимоя карда мешавад. Шаҳрванд «ир» - ориёӣ шахсеро эътироф мекардланд, ки пайрави дини зардуштӣ, озод ва сарвари оилав бошад. АНИР о шахсеро меномиданд, ки пайрави дини ғайризардуштӣ буд. Ир яъне шаҳрванди давлати зардуштӣ нисбат ба анир ҳуқуқу афзалиятҳои зиёдеро дошт. Вай ҳуқуқи тайин шудан ба мансабҳои баланди давлатӣ, хизмати артиш, харидуфурӯш ва кулли дигар ҳуқуқу афзадлиятҳои шахси озодро дошт. Табиист, ки «анир» яъне «бегона» ва ё ғайришаҳрванд аз баъзе ҳаққҳо маҳрум ва ё маҳдуд карда шуда буд. Анир андози сарикасии «ҷиҷия» барои пайрави аз дини худ пардохт мекард. Як қатор ҳуқуқу озодиҳое, ки ба шаҳрванд дода шуда буд, бартарии ӯро нисбат ба бегонагон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ифода менамуд.

Ин тафриқаҳо танҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар бештар зоҳир мегардид.

Дар сарчашмаҳои аввалин мақоми зан дар оила устувор карда шуда буд. Тибқи он вобаста ба асосҳои никоҳ вазъи ҳукӯкии шахс мушаххас карда мешуд. Масалан, агар бо розигии васӣ духтар никоҳ кунад, бо никоҳи доимӣ ва мавқеи подшоҳзанро соҳиб мешуд. Зане ки ба никоҳи дуюм оила барпо намуд, мақоми чокарзанро дошт. Яъне, вобаста ба омилҳои гуногун ҳуқуқи шаҳрванд ва инсон мушаххас карда мешуданд. Албатта, дар ҷомеа ғуломон вуҷуд доштан, вале онҳо доираи маҳдуди ҳуқуқҳоро доштанд.

Дастовардҳои куҳи Муғ далели он ҳастанд, ки никоҳи мардуми тоҷик, дар заминаи принсипи баробарӣ сурат мегирифт. Ҳангоми бастани никоҳ ва дар аҳдномаи никоҳ механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи зан гузошта шуда буданд. Ин механизмҳо ҳимояи баробари ҳуқуқҳои занро нисбат ба мард таъмин мекарданд. Дар сурати бекор шудани никоҳ ҳар нафар ҳукуки баробар доштанд.

Хулоса, фарҳанги ҳуқуқии ориёиён, аз ҷумла тоҷикон чунин санади меъёрии байналмилалӣ мисли Эъломияи ҳуқуқи башарро доро буда, он қисмати азими ҳуқуқи инсонро муқаррар ва кафолат дода, заминаи эътироф гардидани озодӣ ва ҳуқӯки инсон дар ҷомеаи тоҷикон ва ҷаҳон гаштааст. \

д.и.ҳ., проф. Буризода Э.Б.