Skip to main content

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин, вобаста ба амалишавии бандҳои барномаи давлатӣ, мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати АМИТ. Доктори илми филолгия, профессор Саидзода Ҳ. А. ва устодони кафедраи мазкур, доктори илми филология, профессор Ҷамшедов П., номзади илми филогия, дотсент Насруддинов С. андешаҳои хешро баён намуданд.

Дар кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати АМИТ, нақшаю чорабинҳо дар асоси Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 омода намудаанд, ҷиҳати дар амал татбиқ намудан мунатазам мутахассисони соҳа корбарӣ карда истодаанд.