Skip to main content
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат бузургтарин дастоварди таърихист, ки заминаи ташаккули ҷомеаи пешрафта ва давлатдории муосирро фароҳам месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 ба марҳилаи навини рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ворид гардид, ки он ба таври мусбат ба таҳкими пояҳои илм ва техника низ таъсири амиқ гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо бузургтарин дастоварди таърихӣ буда, маҳз он имконият дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи рушди озод, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро интихоб намояд».

Дар робита ба илм ва техника бошад, Пешвои миллат пайваста ишора мекунанд, ки бидуни рушди илму дониш ва навовариҳои техникӣ пешрафти давлат ғайриимкон аст.

Бо талошҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлолият садҳо муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои тадқиқотӣ таъсис ёфта, самтҳои муҳимми илм, аз ҷумла физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ, энергетика ва фанновариҳои муосир рушд ёфтанд. Ин иқдомҳо на танҳо рушди кадрҳои баландихтисосро таъмин намуданд, балки заминаи татбиқи стратегияҳои миллӣ дар соҳаи инноватсия ва амнияти илмӣ-техникиро гузоштанд.

Яке аз самтҳои муҳим ва калидӣ дар давраи истиқлолият таъсиси Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ (ҳоло Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ) дар назди АМИТ мебошад. Ин ниҳод, ки бо дастури Президенти мамлакат таъсис ёфтааст, нақши бузурге дар ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии хатарҳои вобаста ба истифодаи манбаъҳои радиоактивӣ ва таъмини назорати давлатӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ мебозад. Бо фаъолият ва назорати доимии он, Тоҷикистон дар қатори давлатҳои амн аз ҷиҳати истифодаи фанновариҳои ҳастаӣ қарор гирифта, ҳамзамон ба талаботи байналмилалӣ дар ин соҳа ҷавобгӯ мебошад.

Бояд зикр кард, ки истиқлолият имконият фароҳам овард, то кишвар сиёсати миллии худро дар соҳаи илму техника ва фанноварӣ амалӣ намояд. Истиқлол, чунон ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, на танҳо рамзи озодӣ, балки омили рушди созанда ва худшиносии миллӣ буда, заминаи устувори пешрафти илм, навоварӣ ва технологияҳои муосирро таъмин намуд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илму техника нақши сарнавиштсоз дошта, шароити мусоидро барои ташаккули заминаҳои илмӣ, рушди кадрҳои соҳибихтисос ва амнияти миллӣ фароҳам овард. Бо дастгирии роҳбарияти давлат, бахусус бо сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз илму техника дар кишвар ба як омили асосии рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст.

Қурбонов А.С.-Директори филиали АХБРЯ дар вилояти Хатлон

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
 

Эмомали Раҳмон.

Бале мо насли истиқлол бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад. Истиқлолият ин нишони барҷастагӣ пойдории давлат, симои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакати соҳибистиқлоли тоҷикон аст.

Барои мардуми тоҷик, ки таърихи чандҳазорсола дорад, 9 сентябри соли 1991 ба як рӯйдоди тақдирсоз табдил ёфт. Дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва ба қатори давлатҳои мустақили ҷаҳон шомил гардид. Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд.

Мазмун ва аҳамияти истиқлолия Истиқлолият барои тоҷикон танҳо як рӯйдоди сиёсӣ нест, балки оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ мебошад. Бо шарофати истиқлолият мо рукнҳои асосии давлатдори:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамзҳои миллӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ; Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мавқеи асосӣ гирифт;

Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шуд.

Истиқлолият пояи давлатдорӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон аст. Ин санна танҳо як санаи ҷашнӣ нест, балки рамзи ифтихор ва сарнавишти навини миллати пуртамадуни точикон мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо бозёфти сиёсӣ, балки заминаи рушду нумӯи тамоми соҳаҳои зиндагӣ гардид. Дар ин замина, ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии ҷомеа мавқеи хос пайдо карда, ба як қувваи пешбарандаи давлат табдил ёфтанд.

Истиқлолият ин масъулияти баланди ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар як тоҷик бояд дарк кунад, ки ҳифзу таҳкими истиқлолият бо меҳнати содиқона, бо ваҳдат ва эҳтиром ба қонун вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд аст. Танҳо дар ин сурат мо метавонем ояндаи дурахшонро барои наслҳои оянда таъмин кунем. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокиву саводнокии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳамаи захираву имконият равон карда шуданд.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо ҷавонони даврони истиқлол, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги миллати тоҷик ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад.

Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басе пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ва ҷавобгӯ ба орзуву ормони гузаштагонамон ва манфиатҳои мардуми тоҷик ва аҷоди давлатдории тоҷиконро гузошт.

Бигзор Истиқлолияти тоҷикон ҷовидон бошад ва парчами давлатамон ҳамеша дар фазои озодии Ватан парафшон гардад!
Ҷашни озодӣ, ҳамдили мӯборак ҳамватанони азиз!

Ибронзода Асила - Лабаранти калони шӯъбаи амнияти биологӣ

Имрӯз муҳимтарин рисолат барои тоҷикон ва ақаллиятҳои миллие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ватани худ меҳисобанд, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Ба даст овардани Истиқлолият, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди ниҳоят мураккаб буд. Нақши Иҷлосияи тақдирсози XVI – уми Шӯрои Олӣ ва Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи тоҷикон ҳалкунанда буд. Иқдоми Раиси Шӯрои Олӣ он вақт тасмимгирии саҳлу сода набуд, ҷуръату мардонагии бузургеро талаб менамуд. Сарвари ҷавони давлат дар роҳи барқарор сохтани сулҳ ва эҷоди фазои Ваҳдати миллӣ ҷон ба каф гирифта, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳи тоҷикон сафарҳои пурхатар анҷом дода, бо такя ба мардуми хирадманди Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуданд. Барои фарогир шудани истиқлоли давлатӣ он бояд дар шаклу сатҳи як тафаккур ва фарҳанг асоси ҳувияти наслҳоро ташкил диҳад.

Вақте давлатҳо ба истиқлол мерасанд, ин ҳанӯз ибтидои роҳи давлатсозию миллатсозист. Табиист, ки дар давраи нави таърихӣ арзишҳои нав ба вуҷуд меоянд. Аммо арзишҳои давлатсозу миллатсоз, яъне арзишҳои аслӣ ба мисли таҳкими Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми низоми қонунии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ифтихор аз шаҳрвандӣ, садоқату самимият ба давлату миллат ба худ мазмунҳои нав касб намуда, мутобиқ ба мазмуни даврони соҳибистиқлолӣ такмил меёбанд. Яъне арзишҳои аслӣ аз байн намераванд, балки такмили шаклу мазмун менамоянд. Муҳим он аст, ки ин арзишҳо муайянкунандаи симою тафакури миллӣ бошанд. Ба фарҳанги фардҳо, наслҳо ва халқҳо табдил ёбад. Фарҳанги миллии мо забони умумибашарӣ дорад. Пайкари миллат аз гили ҳамин арзишҳо ва дигар арзишҳои умумибишарӣ сохта шавад, фатҳи ҳама гуна ҳадафҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Ҳар насле, ки пой бар остонаи мактаб мениҳад, бояд доранда ва барандаи арзишҳои миллию давлатӣ бошад. Дар ин ҷода нақшу заҳмати падару модарон, омӯзгорону устодон, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муайянкунанда ва ҳалкунанда мебошад, зеро барои фарогир шудани Ваҳдати миллӣ он бояд дар шаклу сатҳи як тафаккур ва фарҳанг асоси ҳувияти наслҳоро ташкил диҳад.

Беҳтарин хусусияти фарҳанги миллӣ асл ва меъёри он хидмат ба Ватан ва хидмат ба Инсон аст. Мо Ватани худро интихоб карда наметавонем, зеро Ватан сарзамини тақдиршуда буда бо омилҳои дигари зиндагӣ печидагӣ дорад.

Аз санаи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур мешавад. Бояд шаҳрвандони мамлакат бидонанд, ки дар побарҷойии сулҳу амният ва суботи ҷомеа мувофиқат ва мувозинати мавқеъҳо, гузаштҳо, муросо, таҳаммулпазирӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ абзорҳое мебошанд, ки ба амалишавии воқеии ин арзишҳо мусоидат менамоянд.

Бо гузашти вақт сол то сол мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хотири шукуфоии ватани азизамон дигар ихтилоф наҷӯем, балки умумиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиеро, ки моро бо ҳам мепайванданд, дарёфт намуда, бо такя ба онҳо ваҳдату сулҳу амниятро таҳким бахшем. Ин омилҳо роҳро ба сӯйи сулҳу ваҳдат ва амният равшану ҳамвор мегардонанд.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои ҳар як ватандӯсту ватанпараст барои наслҳо, оилаҳо ва ҳар як шаҳрванд сабақҳои бисёр муҳим дорад. Ин омӯзгор, ки номаш таърих аст, ҳушдор медиҳад, ки бояд ҳама манфиатҳои дигар, аз қабили манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ба ҳеҷ ваҷҳ аз манфиатҳои миллию давлатӣ боло гузошта нашаванд. Танҳо дар сурати чун дастоварди Истиқлоли давлатӣ пазируфтани суботу амният, ваҳдату сулҳи пойдор ва чун арзишҳои миллию давлатӣ талқин намудани онҳо давлатро пойдору миллатро устувор нигаҳ дошта метавонад.

Соҳибназари испанӣ Ҷорҷ Сантана дар бораи сабақҳои таърих андешаронӣ намуда, барҳақ фармудааст: «Онҳое, ки аз таърих сабақ намегиранд, маҳкум ба такрораш мебошанд».

Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд нисбати тақдири минбаъдаи давлату миллат эҳсоси масъулият дошта бошем. Ин масъулият ҳам ифтихорист ва ҳам инкори бетарафии ҳар яки мо. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати меҳнатпарастӣ, матонату диловарӣ ва хирадмандии шаҳрвандон як ҷомеаи умумии шаҳрвандии хубе бунёд ёфтааст, ки дар он миллатҳои гуногун, ақаллиятҳои миллӣ паҳлуи ҳам дӯстона дар фазои сулҳу созиш умр ба сар мебаранд ва дар таҳкими минбаъдаи Истиқлолу Ваҳдат саҳми муҳим мегузоранд.

Ягонагии мардуми мамлакат, ваҳдати ҳамаи қишрҳои ҷомеа, таҳкими иттиҳоди иҷтимоӣ муҳимтарин вазифаи дастгоҳи идораи давлат ба шумор меравад. Дар раванди давлатсозӣ аз хатоҳои гузашта хулосаҳои аниқу дақиқи илмӣ баровардан лозим аст. Фаромӯш набояд кард, ки хатои гузашта сабақи оянда аст.

Бояд дониста бошем, ки татбиқи орзуву ормонҳои миллат ба зиндагии шоиста ба татбиқи воқеии ҳадафҳои давлатӣ вобастагӣ дорад. Амалишавии ин ҳадафҳо мазмуни фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ аст. Таъкид ин аст, ки мо шаҳрвандон бо такя ба заҳмати ғайратмандона ба амалӣ гардидани ин ҳадафҳо бояд мусоидат намоем. Ин аст бори масъулияти ватандӯстиро ба зимма доштан!

Дар ин ҷода дӯстию ваҳдати ҳамаи табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Муттаҳидии мо дар атрофи Пешвои миллат, ҷонибдорӣ аз таъкиду ҳидоятҳои он, якмарому якмақсад будани аҳли ҷомеа, масъулияти шахсии ҳар яки мо нисбати ояндаи сулҳу осоиши ватан аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки пешорӯйи он ҳеҷ гуна душвориҳо тобовар нахоҳанд буд.

Хизмати садоқатмандонаю софдилона ба давлату миллат арзиш ва мавқеест, ки онро ба ҳеҷ чизи дигар қиёс кардан номумкин аст. Дар дарозои таърих инсоният шакли ҳамагонии рушд эҷод накардааст, ки барои ҳамаи миллатҳою давлатҳо қобили қабул бошад. Мамлакатҳои гуногун бо роҳҳои хосси худ, вале бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ рушд менамоянд. Мазмун ва мундариҷаи шароити таърихӣ боиси вижагиҳои роҳи инкишофи давлатҳою миллатҳо гардидааст. Таърих борҳо исбот намудааст, ки дар эъмори давлат ва истиқлоли он такя ба қувваҳои беруна натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

Таърих омӯзгори ҳақгӯю сахтгир аст. Аз сабақҳои таърих мехоҳам чунин ҳақиқатеро хотирнишон кунам, ки ояндаи ҳар одам ва тақдири ӯ ба таври ҷудонопазир ба оянда ва тақдири мамлакат ва тамоми миллат вобастагӣ дорад. Агар ҳоли мамлакат ва миллат беҳ бошад, аҳволи ҳар яке аз шаҳрвандон низ дар алоҳидагӣ хуб хоҳад буд.

Ҳанӯз 30 апрели соли 2004 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуда буданд: «Аз байни ҳама корҳои анҷомдода ва комёбиҳои бадастовардаамон дар ин давра мехоҳам оромии ҷомеа, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарҷамъии мардумамонро махсус таъкид намоям. Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар ҳақиқат неъмати бузург аст ва ба қадри он расидан барои ҳар як шахси бонангу номус ва худшиносу худогоҳи миллат фарз мебошад. Зеро он мақсадҳои бузурги созандагиро, ки доир ба ободии ояндаи Ватан, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқамон пеш гирифтаем, танҳо дар сурате амалӣ карда метавонем, ки ҳамаи мо, сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ ва мавқеи иҷтимоӣ, сулҳу оромии кишварро чун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва ҳифз намоем».

Имрӯз татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд. Дар ин шароити мушкил барои пешрафти давлат ва ҷомеа шарти асоси сулҳи пойдору ваҳдати миллатҳо ва суботи дохилии мамлакат ба шумор меравад. Таҳкими системаи ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ низ зарур аст.

Кори таълиму тарбия, таҳкиму такмили ҳамаи ниҳодҳои давлатию ҷамъиятро тавре ба роҳ монем, ки онҳо бар асари ивазшавии роҳбар ё наслҳо боиси комилан дигаршавии аслҳою муқаддасоту арзишҳо нагарданд, балки онҳо таҳкиму такмил ёбанд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки маҳз муҳофизат ва таҳкими истиқлол, Ваҳдати миллӣ,дӯстии шаҳрвандони Тоҷикистон, амнияту субот ояндаи неки ҳар як давлат, аз ҷумла Ватани азизи моро таъмин мекунад. Сиёсати ислоҳот ва “дарҳои боз”, ки он зодаи хиради волои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, кафили он аст, ки роҳи дурусти пешрафту инкишофи мамлакат интихоб шудааст.

Мамлакати соҳибистиқлол, ваҳдатбунёду босубот, мамлакате, ки дар он сулҳу амнияту ба воқеият табдил ёфтаанд, шикастнопазир аст. Таъриху решаи муштарак дар ниҳоди ҳар соҳибватан эҳсоси гарми таваҷҷуҳ ба ҳамдигарро қувват мебахшад, руҳи миллат–руҳи умумӣ боиси ҳамдилӣ мегардад. Ба гуфти Мавлонои бузург «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Орзуҳои ормонӣ, ҳадафҳои умумӣ, тақдири муштараку Ватани ягона ва ифтихор аз муқаддасоти миллӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд ва ин пайванд омили муҳимми қавитар гардидани Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Дар низоми ҷаҳони имрӯз ваҳдати назар нисбат ба равандҳои зудтағйирёбандаи муосир вуҷуд надорад. Бештар ҷонибдорӣ аз манфиатҳои миллию давлатӣ муаянкунандаи симои сиёсии давлатҳою қудратҳою созмонҳост. Ниҳодҳое, ки ба тафаккуру ҳувияти шахсият таъсиргузор ҳастанд, аз ҷониби абарқудратҳои давр мудирият мешаванд.

Таърихи гузашта, муосир ва таърихи ояндаи миллат пайванди ҳамешагӣ доранд. Миллати тоҷик аз бомдоди таърих сабақҳои талху омӯзанда бардоштааст. Агар дар ҳамаи ниҳодҳо, чи давлатию чи ҷамъиятӣ салоҳият ба масъулият мутобиқ бошад, кор осону самаранок мегардад.

Даҳаи аввали моҳи сентябр се руйдодҳои фараҳбахшро дар бар мегирад – оғози соли хониш, Рӯзи дониш, Дарси Сулҳ ва ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. СММ дар конфронси худ соли 1983 қарор қабул намуд, ки мувофиқи он минбаъд дар тамоми кишварҳои дунё 1 – сентябр ҳамчун Рӯзи Сулҳ ҷашн гирифта шавад.

Расман ҷашн гирифтани Рӯзи Дониш аз ҷониби Шӯрои Олии ИҶШС аз 01.09.1984 ба расмият дароварда шудааст. Ҳоло 01 сентябр ҷашни мактабиён, донишҷуён, муаллимону устодон, падару модарон ва пайвандони онҳост.

Рамзи сулҳ кабутари сафед аст. Аввалин шуда ин аломатро расоми испанӣ Пабло Пикассо тасвир намудааст Кабутари тасвирнамудаи Пикассо дар нулаш шохаи зайтун дорад. Шохаи дарахти зайтун ҳам рамзи сулҳу осоиш мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқӣ – меъёрие ҳастанд, ки барои доими ба роҳ мондани Дарси Сулҳ асос мебошанд. Инҳо пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо экстремизм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии ТОҷикистон “Дар бораи маориф”, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 мебошанд.

Мақсади асосии Дарси Сулҳ дар замири насли ҷавон тарбия намудани сифатҳои ватандӯстӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, тавассути хотираи таърихӣ, тарбияи таҳамулпазирӣ мебошад. Ҳангоми гузаронидани Дарси Сулҳ устодон кушиш менамоянд, ки дар шогирдон эҳсоси ҳамрайъӣ, адолатпарастӣ, масъулият, омода будан баҳри хизмат ба миллату давлат, ҳисса гузоштан дар таҳкими истиқлолу ваҳдати онро ба вуҷуд оваранд.

Истиқлоли сиёсӣ ва эътидоли иҷтимоӣ имкон ба вуҷуд оваранд, ки деҳқон кишт кунаду ҳосил бардорад, корхонаҳои саноатӣ кор кунанду маҳсулот офаранд, шаҳрвандон шуғли доимӣ дошта бошанд. Ба таври дигар гӯем, оромишу осоиш ҳукмфармо бошад.

Зубайдулло Давлатов, ходими калони илмии шуъбаи ИДМ –и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ ба эҳёи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Сиёсати давлат дар ин марҳила ба таври возеъ бар пояи арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва илмии халқ таҳия ва татбиқ гардид. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гашт.

Дар ин замина, мероси таърихӣ ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ ва яке аз сарчашмаҳои таҳкими ваҳдати ҷомеа мавқеи марказиро ишғол намуд. Аз оғози истиқлол, бо вуҷуди мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи рамзҳои давлатӣ, бозгардонии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва рушди сиёсати илмӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба шумор меравад. Ин иқдомҳо дар асоси таҳқиқоти илмӣ ва сиёсати ҳадафманд ба роҳ монда шуда, на танҳо барои таҳкими ҳувияти миллӣ, балки барои барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муассир бозиданд.

То соли 2025, ки ба таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 74-солагии таъсисёбии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш рост меояд, саҳми ниҳодҳои илмӣ дар самти таҳқиқ ва таблиғи мероси таърихию миллии тоҷикон ба таври назаррас густариш ёфта, ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа мусоидат намудааст.

Дар даҳсолаи аввали истиқлол, новобаста аз мушкилоти шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, олимону муҳаққиқони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмии худро қатъ накарданд. Дар солҳои 1991-1998 муҳаққиқон М. Н. Наимов, З. З. Богуманова, академик А. Мухторов, Ҳ. Пирумшоев, С. Бобомуллоев, Н. Б. Ҳотамов ва Р. М. Масов таҳқиқоти муҳимро ба нашр расониданд, ки дар бознигарии таърихи сиёсиву иҷтимоии тоҷикон нақши муҳими худро гузоштанд ва ба таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат карданд.

Нашри шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» (1998-2013) яке аз дастовардҳои муҳими илми таърихнигории миллӣ буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо нақши муҳим доштааст.Ҳамин гуна тадбирҳо ба ифшои амиқтари асли фарҳанги миллӣ ва эҳсоси ҳувияти миллӣ мусоидат карданд.

Дар заминаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ, соли 1996 дар назди институт Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон таъсис ёфт. Он ба яке аз намунаҳои муассири сиёсати фарҳангии кишвар табдил ёфта, дар тарғиб ва таблиғи дастовардҳои бостоншиносии тоҷик нақши муҳим мебозад. Дар осорхона бозёфтҳои беназир аз ёдгориҳои Саразм, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти Қадим, Шаҳристон ва Кофирқалъа ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо муаррифгари гузаштагони фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷиканд.

Дар ин марҳилаи ниҳои (солҳои 2000-2010) таҳкими ваҳдати миллӣ ва сохтмони давлатдории миллӣ ба маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Қабули Барномаи давлатии рушди фарҳанг, сохтмони Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, ва дигар муассиcаҳои фарҳангӣ нишонаи сиёсати фарҳангии давлатӣ буданд.

Дар ин давра бештар таваҷҷуҳ ба таҳқиқи таърихи дохилӣ, эҳёи ёдгориҳои меъморӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва рушди забони давлатӣ равона шуд. Асарҳои муҳими илмиву таърихӣ, ки саҳми бузурге дар омӯзиши таърихи тоҷикон гузоштанд, аз ҷумла корҳои Ҳ. Пирумшоев, Н. Ҳотамов, Р. Абулҳаев, Л. Додхудоева, А. Саидов, Ҳамза Камол, С. Бобомуллоев, Н. Хоҷаева, Ф. Абдурашитов, А. Ғафуров, В. В. Дубовитский, Ф. Кароматов, Н. Нурҷонов, Б. Қобилова, Р. Мукимов, Г. М. Майтдинова ва дигарон мебошанд. Ин тадқиқотҳо масъалаҳои гуногуни таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро фаро мегиранд ва ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат карданд.

Ҳамзамон, ҳамкории бостоншиносони тоҷик бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва муҳаққиқони кишварҳои пешрафта, мисли Россия, Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон ва Чин, густариш ёфта, ин раванд ба таҳкими пайвастаи заминаи илмии соҳаи таърих ва фарҳанг дар Тоҷикистон таъсири мусбат расонд.

Солҳои 2010-2025, дар шароити таҳдидҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ, сиёсати фарҳангии Тоҷикистон хусусияти муҳофизакорона касб намуд. Дар ин давра таваҷҷуҳи олимон ба таҳқиқи этногенез, ташаккули ойину суннатҳои давлатдории тоҷикон, тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ ва нақши фарҳанги миллӣ дар тамаддуни минтақа бештар гардид. Ин раванд барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тақвияти ҷойгоҳи тоҷикон ҳамчун мардуми бумии Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ дошт. Дар ин замина, чорабиниҳои муҳим мисли таҷлили 5500-солагии Саразм бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар таҳқиқотҳои илмӣ ва маъракаҳои фарҳангӣ нақши муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институт хеле назаррас гардиданд.

Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ, олимону муҳаққиқон бо асарҳои беназири худ нақши муҳим дар таҳқиқ ва таҳлили таърихи тоҷикон ба таъб расониданд: Ҳ. Пирумшоев, Н. Ҳотамов, Р. Абулҳаев, Б. Қобилова, Р. Мукимов, Л. Додхудоева, А. Саидов, Ҳамза Камол, С. Бобомуллоев, Н. Хоҷаева, Ф. Абдурашитов, А. Ғафуров, Шарифзода А., Бобоев Х., Абдурашитов Ф., Бобомуллоев С., Мирзоев Ҷ., Хуҷагелдиев Т., Раҷабов А., ва дигарон, ки ки бо таҳқиқоти амиқ ва асарҳои илмии худ ба омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни таърих, фарҳанг, бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷикон саҳми арзанда гузоштанд. Осори онҳо ҳамчун манбаи боэътимод барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди илми таърихшиносӣ дар Тоҷикистон хизмат карданд ва илҳоми нав барои пажӯҳишҳои минбаъда гардиданд. Инчунин, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ ва нашри тадқиқотҳои муштарак саҳми Тоҷикистонро дар арсаи илмии ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.

Дар солҳои охир, бахусус соли 2019, дар Тоҷикистон 22 экспедитсияи бостоншиносӣ баргузор гардид. Дар солҳои 2021-2025 тадқиқотҳо дар Лағмон, Хоҷа Машҳад, Карон, Балҷувон ва Кангуртут (бостоншиносӣ), Саразм ва Панҷакент (антропология), инчунин Ваҳдат, Нуробод ва дараи Ромит (мардумшиносӣ) сурат гирифтанд. Олимон ёдгориҳои қадимиро дар Саразм, Карон, Золи Зар, Тахти Сангин, Фархор ва дигар мавзеъҳо омӯхтанд. Кашфиётҳои асосӣ дар солҳои 2021-2025 иборатанд аз: ёфтани намуди нави фарҳанги палеолити миёна (бифасҳо) дар Ғофилободи ноҳияи Мӯъминобод; нишонаҳои зиндагии одамон чандин ҳазор сол пеш дар Лоҳутӣ IV ва Хонақоҳи III; бозёфтҳои муҳими давраи асри биринҷ ва замонҳои қадим дар Кӯлоб, Саразм, Карон ва Санҷаршоҳ. Ин тадқиқотҳо собит карданд, ки инсон дар ҳудуди Тоҷикистон ҳазорҳо сол пеш зиндагӣ карда, фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳан дорад. Ин омӯзишҳо барои ҳифзи мероси таърихӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ аҳамияти муҳим доранд.

Дар давраи 1991-2025 сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ба ҳифзи мероси таърихӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ тамаркуз дошт. Тадқиқотҳои бостоншиносӣ ва антропологӣ дар ёдгориҳои қадимӣ, ки дар саросари кишвар гузаронида шуданд, асоси амиқи таърихии тамаддуни тоҷиконро нишон доданд. Ин равандҳо ба мустаҳкам кардани ифтихори миллӣ, эҳёи суннату фарҳанги миллӣ ва ҷалби ҷомеа ба омӯхтани таърихи хеш мусоидат карданд. Аз ин рӯ, мероси таърихӣ ва ҳувияти миллӣ дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳими давлатсозӣ ва рушд ҳамеша дар мадди назар қарор дорад.

Дар мақола қисмате аз корҳои илмию таҳқиқотии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ дар даврони истиқлолият рӯи чоп оварда шудааст.

Азизуллозода Майсара Нурулло Ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи А. Дониш

Ҳар миллате, ки худро мешиносад, таърихи худро пос медорад ва озодона зиндагӣ мекунад, сазовори ифтихор аст. Барои миллати тоҷик, 9-уми сентябр танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз рамзи эҳёи давлатдорӣ, рамзи ягонагии миллӣ ва нишонаи бебаҳои истиқлолияти давлатӣ аст.

Дар ин рӯз 9-уми сентябри соли 1991 — Тоҷикистон ба ҷаҳониён эълон кард, ки дигар зери ҳеч зулме нахоҳад монд. Мо озодем! Мо соҳибдавлатем! Мо миллате ҳастем бо забон, фарҳанг, арзишҳо ва сарнавишти худ!

Истиқлол — оғози роҳе буд, ки ҳар қадамаш пур аз талош, гиря ва шодист

Соли 1991 Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, аммо ин озодӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Солиҳои аввали истиқлол, Тоҷикистони азиз ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хуни бародар рехт, садҳо ҳазор одамон бе хонаву дар шуданд, ҷомеа парешон гашт.

Аммо дар ҳамин давраи бисёр душвор, иродаи қавии мардум ва сиёсати хирадмандонаву меҳандустонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро ба сӯи сулҳу субот раҳнамун сохт. Мо ҳамчун миллат аз миёни оташу дуд бархостем. Мо сулҳро худамон сохтем. Мо Ватанро дубора бунёд кардем.

ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДСОЗИҲОСТ

Бо шарофати истиқлолият, имрӯз Тоҷикистон тавонистааст дар харитаи ҷаҳон мавқеи устувор касб намояд. Хушбахтона Ҷумҳурии мо имрӯз дорои парчам, нишон ва суруди миллӣ аст. Забони тоҷикӣ — ҳамчун забони давлатӣ дар саросари кишвар мавқеи шоистаро ишғол мекунад. Мактабу донишгоҳҳо, роҳу пулҳо, нерӯгоҳу шифохонаҳо, марказҳои фарҳангиву варзишӣ сохта шуданд. Ба он кишваре, ки як замон барқ надошт, имрӯз НБО "Роғун" нуру қувват мебахшад.

Ҷавонони мо имрӯз дар донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон таҳсил мекунанд. Дар майдонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Ҳунармандону варзишгарони мо парчами давлатро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ боло мебардоранд. Ин ҳама нишонаҳои онанд, ки истиқлолият ба мо на танҳо озодӣ, балки имконият дод.

ВАҲДАТ — МЕВАИ ШИРИНУ САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бидуни сулҳ истиқлолият маънӣ надорад. Хушбахтона, мо тоҷикон имрӯз дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарему хушҳолу хушбахтем. Дар саросари кишвар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост. Мо ҳоло аз ҳарвақта бештар якҷоем, якзабонем ва якмиллатем.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ФАҚАТ ЯК ҶАШН НЕСТ — Ӯ МАСЪУЛИЯТ АСТ

Мо бояд ҳар рӯз қадри истиқлолро донем, нафаре, ки ба забони модарӣ сухан мегӯяд, истиқлолро ҳифз мекунад, нафаре, ки Ватанро дӯст медорад, онро обод мекунад, ба қадри сулҳу осоиштагии комил мерасад соҳиби ҳақиқии Ваиану истиқлол аст.

Ҳар як ҷавони тоҷик бояд дарк кунад, ки ояндаи истиқлол дар дасти ӯст. Мо на танҳо бояд аз гузашта ифтихор кунем, балки имрӯзро созем ва фардоро бунёд намоем.

Бо ифтихор мегӯем:
- Мо миллати сулҳпарварем!

- Мо ворисони тамаддуни қадимаи ориёием!

- Мо соҳибистиқлолем!

- Мо тоҷикем!

- Зинда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон!

- Зинда бод Тоҷикистони озоду обод!

- Зинда бод миллати сарбаланди тоҷик!

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 -уми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва давлат арзиши олӣ ва неъмати бебаҳо мебошад. Ин неъмат на танҳо озодӣ, балки имкони худидоракунӣ, ҳифзи фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ аст. Истиқлолият рамзи ифтихор, ваҳдат ва пешрафти ҳар як ҷомеа буда, заминаи асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ба маънои соҳибихтиёрӣ ва озодии комил дар қабули қарорҳои муҳим барои давлат ва миллат муҳим аст. Истиқлолият на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, фарҳанг ва маънавиёт низ аҳамияти бузург дорад. Он ба миллат имкон медиҳад, ки бо такя ба захираҳо ва арзишҳои худ роҳи рушди босуботро пеш гирад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолият, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омадааст, марҳилаи нави таърихро боз кард. Ин рӯз на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози мубориза бар сулҳ ва пешрафт гардид. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва пешрафта шинохта шудааст.

Ҷавонон қувваи асосии пешбарандаи истиқлолият мебошанд. Онҳо бо дониш, навоварӣ ва эҷодкории худ метавонанд Тоҷикистонро рушд дода ва онро ба сатҳи байналмилалӣ расонанд. Имрӯз давлат ба таълиму тарбияи ҷавонон диққати махсус зоҳир менамояд, зеро онҳо ояндаи миллатанд. Иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, омӯзишӣ зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои асосии ҷавонон дар даврони истиқлолият мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва муқаддасест, ки бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кард ва ҳар як шаҳрванд бояд масъулияти ҳифзи истиқлолият ва дар рушди давлат саҳмгузор бошад. Биёед, даст ба даст якҷоя барои Тоҷикистони азизамон кор кунем, то ин неъмати бебаҳо абадан пойдор бошад!

Олимҷон Азизов - н.и.т., мудири шуъбаи менеҷмент, муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Манучеҳр Шокиров – мудири шуъбаи амнияти киберӣ, кафолатҳо, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

«Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саҳодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон- як ҷашни муҳими миллӣ мебошад, ки ҳар сол 9 сентябр таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ифтихори милии халқи тоҷик аст. Он на танҳо як санаи таърихӣ, балки ифодагари орзуи деринаи миллат барои доштани давлати мустақил ва соҳибихтиёр аст.

Санаи 9 сентябри соли 1991, дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эъломияи истиқлолият қабул гардид. Ин қадами бузург баъд аз садҳо сол ҳукмронии империяҳои гуногун ва ҳукумати Шӯравӣ, Тоҷикистонро ба як давлати мустақил табдил дод. Аммо, ин роҳ осон набуд. Кишвар дар оғози истиқлолият бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд.

Истиқлолияти барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Ин ҷашн имконият медиҳад, ки мо ба гузаштаи пуршарафи худ назар андозем, ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги бою ғании худ эҳтиром гузорем. Дар ин рӯз, дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва консертҳо баргузор мегарданд. Ин рӯз на танҳо як ҷашни расмӣ, балки рӯзи ифтихор аз забон, фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик аст.

Дар олами муосир, гарчанде ки аксари давлатҳо соҳибистиқлоланд, фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби давлатҳои бузург ва созмонҳои байналмилалӣ метавонанд истиқлолияти онҳоро зери хатар гузоранд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки ҳар як давлат барои ҳифз ва таҳкими истиқлолияти худ мубориза барад.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Инҳо баъзе аз муҳимтарин дастовардҳо мебошанд:

Таъмини сулҳ ва якпорчагии миллӣ
Яке аз муҳимтарин дастовардҳо ин барқарор кардани сулҳ ва оштӣ буд. Соли 1997 дар Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва барои рушди минбаъдаи кишвар замима гузошт.

Рушди иқтисодӣ

Иқтисодиёти Тоҷикистон аз солҳои 1990 то ҳол рушд карда истодааст. Баландшавии маҳсулоти дохилӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва беҳтар шудани инфрасохтор, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт мушоҳида мешавад.
Сохтумони оншооти бузург

Дар даврони истиқлолият, як қатор иншооти муҳими стратегӣ ба монанди нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Роғун, нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Сангтӯда- 1 ва Сангтӯда- 2, нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Себзор, нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ва яке аз мушкилтарин қитъаҳои шоҳроҳи «Душанбе-Қулма» - қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб-Ванҷ-Рӯшон» сохта шуданд.

Мустаҳкам кардани робитаҳои хориҷӣ

Тоҷикистон узви ташкилотҳои байналмилиалӣ, аз ҷумла Созмони Милиали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои бонуфуз гардида, робитаҳои дипломатиро бо кишварҳои мухталиф густариш дод.

Истиқлолияти давлатӣ танҳо як ҳодисаи таърихӣ нест, балки раванди доимӣ мебошад, ки масъулият ва саъю кӯшиши доимии ҳар як фарди ҷомеаро талаб мекунад. Он аз ваҳдати миллӣ, эҳтироми мутақобила ва кори фидокоронаи тамоми мардум вобаста аст. Ин аст, ки мо набояд аз ёд барорем, ки озодӣ ва истиқлолияти кишвар кори дастаҷамонаи наслҳост, ки онро барои ояндаи неки Ватан саҳм мегузоранд. Танҳо ҳамин тавр метавон итминон дод, ки истиқлолият на танҳо пойбарҷо хоҳад монд балки боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Илолов Хурсанд-директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар ВМКБ

«Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд».

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгў ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Бо зуҳури Истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар авохири асри 20-ум ба даст омада. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда. Истиқлол рамзи сохибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷахонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Миллати тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба сифати иштирокчии комилҳуқуқ фаъолият намуда, орзуву ормони ҳазорсолаи халқашро амалӣ менамояд.

Аз замони дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узвият ба Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол расман эътироф кардааст. Ворид шудан ба саҳнаи ҷаҳонӣ аз Муроҷиатномаи аввалини Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳадафҳои дар он муайяншуда пайгирона ва тадриҷан амалӣ мегарданд. Зиёда аз он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 зимни баромади нахустин аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Маҳз ин арзишҳо заминаи рушди сиёсати хориҷии кишвар ва эътирофи он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт. Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Кишвари азизи мо Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Турсунзодаву Айнӣ, Рудакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад.

Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст.

Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мебурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси мусалмон ва Ватандӯст боши маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сўи писар оташ мекушод! Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд.

Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.

Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои воқеии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем. Хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ хело калон аст. Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ пешниҳодоти хеле муфидро манзур сохтанд, ба монанди эълон кардани солҳои 2005 – 2015 соли “Об манбаи ҳаёт” ва 2018 - 2028 соли байналмиллалии амал “Об ба хотири рушди устувор”, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, ки ин ҳам ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикони ҷаҳон аст. Ҳамчунин санаи 25 июли 2025 Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94

Имрӯз ҳар яки мо чун як фарди Тоҷикистони бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидори мо алъон мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд,чунки ҳамдилу ҳамфикр ҳастанд.

Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо сухани шоири ширинкаломи мо:

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,

Зуре ба тану равони мо Истиқлол.

Як миллати пошхурдаро ҷамъ овард,

Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст. Кишвари мо дорои зарфияти бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои ғани табиӣ, макон ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануби дунё мебошад.

Тоҷикистон дорои фарҳанги бойу ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, рассомӣ, сикказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021- ро солҳои “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам чун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ ва ҳифзи ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад.

Тоҷикистони азиз имсол 34 – юмин солгарди худро ҷашн мегирад.

34 - соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.

34- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву Сулҳу Ваҳдат.

34- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.

34- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.

34 – соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақи дохилӣ.

34 - соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар.

34 – соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.

Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлолият ба мардум қуввату неру, тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.

Сари таъзим меорем ба ҳар як обу хоки гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболем аз он, ки як фарди меҳрпарвари ин сарзамини афсонавием. Тоҷикему чун миллати баруманд ифтихор мекунем. Насли поки оли Сомонаму меҳру муҳаббат покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварем.

Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мефармоянд “мо бояд барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем. Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ – бузургтарин неъмати зиндагиамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру омода бошем. Такроран таъкид менамоям, ки ҳамаи заҳмату талоши мо бояд ба хотири обод намудани Ватани азизамон ва ба қатори давлатҳои пешрафта расонидани Тоҷикистони маҳбубамон сафарбар карда шавад”.

Ҳабибҷон Мирзоев, ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих,

Маҳмадиев Ғолиб, ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Вақте, ки ба оинаи таърихи муосири Тоҷикистон назар меандозем, аз дастовардҳои пуразиштарин ин Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ногуфта намонад, ки 34 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин воқеаи таърихӣ дар моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва ҳамасола 9-сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас ба ҳисоб меравад. Зеро санаи 24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард[7].

Истиқлолияти Тоҷикистон ба осони ба даст наомадааст. Ба бахти миллати мо, шахсияти хирадманди меъмори сулҳу субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданду моро ҳифз карда тавонистанд. Истиқлолият ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки муҳимтарин воқеаи таърихи сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва ҳамасола 9-сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас ба ҳисоб меравад.

Яке аз падидаҳои беназири Истиқлолият ин аст, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон яъне ба даст овардани давлатдории миллӣ мебошад. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Мардуми кишвари Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолият ба истиқлолияти воқеъӣ ва давлатдории миллии худ соҳиб шуда, соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллии худро соҳиб гардид. Маҳз, падидаи истиқлолият буд, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва сиёсати “дарҳои кушода”-ро барои дигар миллатҳои бурунмарзӣ боз намуд[4]. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо 184 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Ҳамзамон Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо аксари кишварҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст[5]. Дар байни ин кишварҳо, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои аврупоӣ ҷойи муҳимро ишғол мекунад.

Падидаи дигари Истиқлолияти давлатӣ дар он буд, ки барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Зеро забони миллӣ ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат буда, баҳри дарки ҳувияти миллӣ мебошад. Инчунин Тоҷикистон баҳри таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисод ва беҳбуди шароити зиндагии мардуми кишвар талошҳои пайваста менамояд.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин барқарор намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ба шумор меравад, ки ин раванд бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар сатҳи байналмилалӣ тавсеа ёфт. Дар ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо кӯшиш карда мешавад, ки бо дастгирии тарафайн дар соҳаҳои гуногун ва рушди ҳамкориҳо таваҷҷуҳӣ махсус дода шавад.

Дар умум, ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар рушду таҳаввули он нақши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.

Маҳз дар даврони Истиқлолият ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо Иттиҳоди Аврупо, бахусус Фаронса, Италия ва Швейсария рушд намуда, чандин созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст, ки ба дурнамои ҳамкориҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки кишвар заминаи хуб гузоштааст.

Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 08.06.2025 барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шуда буданд. Дар вохӯриҳои Фаронса, “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034” аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул гардид[6].

Инчунин дар санаи 22.04.2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Италия шаҳри Рим ташриф оварданд. Дар зимни сафар як қатор созишномаҳо оид ба ҳамкориҳо ба имзо расида буд. Ҳамзамон 30.05.2025 дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд, ки дар зимни вохӯрӣ дурнамои муносибатҳои ду кишвар Тоҷикистон-Италия баррасӣ шуд. Бояд тазаккур дод, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ самтҳои афзалиятноки стратегии ҳамкории ду кишвар ҳисобида шуд[3].

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пешниҳодҳои Тоҷикистонро, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дарки зарурати баробарӣ ва ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ эътироф менамоянд. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ, ки кишварҳои аврупоӣ онро пазируфта, дар сатҳи байналмилалӣ мавриди қабули расмӣ қарор доданд,ки ин соҳаи “Об” мебошад. Дар ин замина, аз ҷониби Сарвари давлат як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод гардиданд, аз ҷумла: Соли байналмилалии “Оби Тоза (2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалӣ «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи “Об” (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028). Ҳамаи ин ташаббусҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, доир ба онҳо қатъномаҳои дахлдор қабул гардиданд. Бояд таъкид кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) расман 22 марти соли 2018 оғоз ёфт. Ба ин муносибат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки масъалаи “Об” ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими башарият буда, фаъолияти ҳамгироёна ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд[1].

Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025-ро «Соли ҳифзи пиряхҳо» эълон намуданд, зеро масъалаи обшавии пиряхҳо ва паёмадҳои он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳони мутамаддин, аз ҷумла кишварҳои Аврупо, хатар эҷод мекунад. Ҳамзамон, яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва таъмини амнияту суботи минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Қобили қайд аст, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хос дода шуд. Тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шуд. Ногуфта намонад, ки ташаббуси сулҳофарини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони мутамаддин муҳим ва саривақтӣ ҳисобида шуда, дипломатияи сулҳи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон бахусус аврупоиҳо меомузанд.

Истиқлолияти давлатӣ заминаи устувори ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ гардид. Яке аз натиҷаҳои калидии нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин имзои “Эъломияи Самарқанд” мебошад, ки хоҳиши муштараки ҷонибҳоро барои роҳандозии шарикии стратегӣ инъикос менамояд.

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯбаи барномаи “Дарвозаи глобалӣ” (Global Gateway) як бастаи сармоягузории 12 млд. евроиро омода кардааст. Ин ҳама натиҷаи саъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз нодиртарин падидаҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ мебошад. Аз 12 млд. еврои ҷудошуда 3 млд. дар соҳаи нақлиёт, 2, 5 млд. дар соҳаи ашёи хом, 5, 4 млд. дар соҳаи энергетика ва 100 млн. евро барои рушди интернети моҳвораӣ дар Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад[2].

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои Созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳамкориҳои густурда бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, махсусан сохторҳои аврупоиро роҳандозӣ намудааст.

Дар ин замина, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳо фаъолона ширкат варзида, ҳузури кишвари Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшанд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон дар ин давра марҳилаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байналмилалиро паси сар намуда, бо кишварҳои аврупоӣ ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ расидааст, ки дурнамои мусбати ин равобитро дар оянда таъмин менамояд.

Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли 1991 ба даст омад, ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихӣ барои миллат, заминаи муҳими давлатдорӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам овард. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, кишвар на танҳо сулҳу суботро барқарор кард, балки бо кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ робитаҳои густурда барпо намуд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳои минтақавӣ дар заминаи эътимод, баробарӣ ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, ба марҳалаи шарикии стратегӣ ворид гардидаанд. Сатҳи сифатан нави ин равобит як такконе барои рушду нумӯ, шукуфоӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳони мутамаддин буда, хело аҳамияти бузург дорад.

Ҳамин тариқ дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон метавонад таҷрибаи кишварҳои мутараққии Аврупоро ҳамчун модел қабул намуда ба ҳадафҳои стратегии кишвар барои технологияи наву навтарин, криосфера, зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ин ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятноки худ барои рушди кишвар амалӣ намояд.

Сарчашмаҳо:

  • Ахмедова А.Ю. Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он. Таърихи бардошт 12.08.2025. Манбаи электронӣ//https://iet.tj/tj/dostovardu-mavffa-iyat-oi-to-ikiston/

2. Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 миллиард доллар ҷудо мекунад. Бунёди «Гуфтугӯи тамаддунҳо». 05.04.2025. Таърихи бардошт 13.08.2025. Манбаи электронӣ// https://dialog.tj/tj/new83591/

3. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон. 02.06.2025. Манбаи электронӣ//https://www.mfa.tj/tg/berlin/view/17130/muloqot-bo-sarvaziri-jumhurii-italiya-jorja-meloni

  • Муродзода С.С. Истиқлолият - дастоварди давлату миллати тоҷик. Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санаи дархост. 17.07.2025. https://www.avkd.tj/tg/khabarho/1567-istiqloliyat-dastovardi-davlatu-millati-tojik.html

5. Президент. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Таърихи бардошт 13.08.2025. Манбаи электронӣ// https://www.president.tj/president/biography

6. Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. 08.06.2025. Манбаи электронӣ// https://president.tj/event/news/51112

7. Эъломи истиқлолияти давлатӣ. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Тарихи бардошт 15.08.2025. Манбаи электронӣ//https://www.president.tj/tajikistan/proclamation_of_state_independence

Санавбарбону Воҳидова - мудири шуъбаи Аврупои ИОМДОА Доктори илмҳои таърих профессор

Донишманди илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ аъзо-корреспонденти АФ СССР, ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлал Неру, солҳои зиёде Президенти АИ ҶТ, як инсони комилу бомаърифат ва дорои ҳувияти баланди миллӣ буданд. Устод М.Осимӣ ҳамчун як роҳбари сиёсатмадору хирадманд ва вуҷудан олими тавоно дар давоми сарвари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон кори Академия ва институтҳои онро пеш бурда, ҳавасмандии аҳли хирад ба илм афзуда, обрӯи илми тоҷик ва олимони он на танҳо дар Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ аз он низ зиёд буд.

Маҳз бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ иртибот ва рафту омадҳои илмӣ-фарҳангӣ олимони тоҷик бо кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд буд. Аз ин ҷо, донишмандони соҳаҳои мухталифи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шуҳрат доштанд ва қариб дар тамоми конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзиданд. Ҳамчунин худи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишманд ва ходими ҷамъиятӣ на фақат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ низ ба монанди Англия, Франсия, Олмон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Чин ва мамлакатҳои араб маълуму машҳур буданд. Чунон ки гуфтем Муҳаммад Осимӣ бо унвони Президенти АИ ҶТ адои вазифа менамуданд ва ба бисёр мамлакатҳои Шарқу Ғарб ҳамчун олим, сарвари АИ-и Тоҷикистон ва ходими ҷамъиятӣ сафар намуда, дар конфронсу симпозиумҳо ва конгресҳо бо баромаду суханрониҳо иштирок менамуданд.

Бо дастгирӣ ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ дар тақвими санаҳои таърихӣ ва фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст. Он кас муддати тулонӣ сардори лоиҳаи ЮНЕСКО дар қисмати омӯзиши фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ буданд ва дар анҷоми ин лоиҳа саҳми босазое доштанд, ки ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Академик Муҳаммад Осимӣ дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ, давлатӣ ва раҳнамо нақши арзандаи худро доштанд ва дар айни замон як хислату маърифати ба худ хосе доштанд. Чунки ин шахсият дар пешрафти илму фарҳанг ва ташаккули ҷаҳонбиниву тамаддуни миллати тоҷик хизмати таърихӣ намудаанд. Дар ҳақиқати Муҳаммад Осимӣ ҳаёт ва зиндагии хеш ва саъю талошашро бо илму фарҳанг, тамаддун ва ҳаёти иҷтимоиву сиёсии бештар аз ним аср ба миллати тоҷик бахшида, дар ин муддат хизматҳое зиёде намуданд, ки мо ва таърихи мо ин шахсияти бузургро набояд аз лавҳи хотир ва сафҳаи таърих дур созад.

Фаъолият ва ҳаёту зиндагии Муҳаммад Осимӣ рангобаранг гузаштааст. Он кас мутаваллиди соли 1920 (ш.Хуҷанд) буда, соли 1941 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқандро хатм намудаанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1946) буда, фаъолияти кориашон дар Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд шурӯъ шуда, ба сифати ассисент, муаллими калон, мудири кафедраи физика, проректори донишгоҳ шуда кор кардаанд.

Баъдан аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1952-1955) дар зери роҳбарии академик Б.М.Кедров рисолаи номзадӣ менависанд ва пас аз дифоъ ва хатми академия иртиботи Муҳаммад Осимӣ бо роҳбарашон ва олимони Москва идома меёбад. Махсусан пас аз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон ин иртиботи илмӣ-фарҳангӣ ва ҳамкорӣ қавитар мешавад.

Муҳаммад Осимӣ нахустин ректори Донишкадаи политехникии ш. Душанбе (1956-1962) буданд, ки дар ҳоли ҳозир ин Донишгоҳ номи академик Муҳаммад Осимиро дорад. Баъдан (1962-1965) дар вазифаҳои Вазири маорифи халқ, Раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК, ҷонишини Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон анҷоми вазифа кардаанд.

Муҳаммад Осимӣ соли 1965 академик ва Президенти АФ ҶШС Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1988 ин вазифаро адо мекунанд. Дар замони президенти Академияи илмҳо буданашон истеъдоди баланди илмӣ-ташкилотчигӣ нишон дода, фаъолияти илмии худро васеъ гардониданд. Фаъолияти илмии эшон соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, аз ҷумла таърихи фалсафа, материализми диалектикӣ, табиатшиносӣ, таъриху тамаддунро дар бар мегирад ва асарҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, ҳиндӣ чоп шудаанд. Мавзӯи баҳси осори ӯ бештар масъалаҳои мубрами фалсафаи марксистӣ, материя ва тасвири физикии олам, пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ, мафҳуми материя ва проблемаи воқеияти физикӣ, мавзӯи баҳси материализми диалектикӣ, таҳқиқи проблемаҳои ташаккулу такомули илму фарҳанги Тоҷикистон, роҳҳои амалигардонӣ ва тараққӣ додани илму маориф, масъалаҳои сохтмони маданӣ пайваста бо ҳалли вазифаҳои пешрафти иҷтимоӣ, боло бурдани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.

Муҳаммад Осимӣ дар тарҷумаи осори классикҳои марксизм ва ленинизм, махсусан «Анти Дюринг»-и Ф.Энгелс, «Дафтарҳои фалсафӣ» ва «Материализм ва эмпириокритисизм»-и В.И.Ленин саҳми арзанда гузоштаанд.

Хизмати Муҳаммад Осимӣ дар ташкил ва ба вуҷуд овардани Энсиклопедияи советии тоҷик дар назди Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар ҳашт ҷилд нашр гардид, басо бузург буд. Дар муддати зиёда аз 20 сол, ки Президенти АФ Тоҷикистон буданд, робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо Академияи илмҳои СССР, академияҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷӣ қавитару мустаҳкамтар гардид. Бо ташаббуси Муҳаммад Осимӣ Институти шарқшиносӣ, Шуъбаи генетикаи умумии пахта, Институти математика, Институти биологии Помир таъсис дода шуд, ки дар инкишоф ва ташаккули илм ва кадрҳои илмӣ нақши арзанда бозид.

Хизмати арбоби илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар таҷлили солгарди аҳли илму адаб ва намояндагони барҷастаи тамаддунамон Абуалӣ ибни Сино (1980), Абдураҳмони Ҷомӣ (1964-1989), Аҳмади Дониш (1975), 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1996) ва ғайраҳо ниҳоят бузург буд.

Дар айни замон Муҳаммад Осимӣ як шахсияти машҳури иҷтимоӣ буданд. Чандин маротиба депутати Шурои Олии Ҷумҳурӣ ва ИҶШС интихоб шуда буданд, ки Ҳукумати ИҶШС ва Тоҷикистон фаъолияти илмӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-ташкилотии ӯро ба назар гирифта, бо орденҳои дараҷаи аввали давлатӣ мукофотонида, аз ӯ қадрдонӣ кардаанд.

Саҳми ходими илму адаб ва бо тамоми маънӣ инсони хирадманд академик Муҳаммад Осимӣ дар пешрафти фарҳангу тамаддун ва илму тафаккури маънавӣ-ақлонии тоҷикон беинтиҳост. Наметавон дар чанд саҳифаи мухтасар ҳамаи онро рӯи қоғаз овард, вале қайд намудан зарур аст, ки ӯ дар ҳақиқат як роҳбар, роҳнамои илму фазилати инсонӣ, инсони хубу меҳрубон, оқилу доно ва сиёсатмадор буданд, ки дар симо ва гуфтору муомилаи ӯ як инсони комил ва бошахсияту бофарҳанг ва бо қалби бузургро метавон дид. Дурахши илму заковат дар симои он кас барқ мезад ва ҳаминро мегӯям, ки шояд чунин шахсиятҳо такрорнашаванда бошанд, ёдашон ба хайр, рӯҳашон шод бод!

Тоҷинисо Муродова номзади илмҳои фалсафа, дотсент,

ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

“Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва саҳобихтиёри тоҷикон дар ҷомеъаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро мустақилона пеш мебарад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калиде мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷашои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур гардид ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид.

Дигар дастоварди даврони Истиқлолият ин аз 1 ноябри соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Агентии Байналмилаии Неруи Атомӣ( АБНА) гардида , зарурати таъсиси сохтори танзимкунанда дар соҳат бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба вуҷуд омад.

Дар aсoси супоришии Ҳукумaти Ҷумҳурии Тоҷикистон тaҳти № 3594 (16.1-2) аз 18 сентябри соли 2002, дар сохтори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Агентии энергияи атомӣ ва сипас дар заминаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди сохтории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон № 112 аз 25.12.2002) таъсис дода шуд.

Мувофиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон № 117 аз 5 ноябри соли 2021 номи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) тағйир дода шуд.

Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон саннаи 29 октиябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдаи милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Марказ ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст.

Марказ бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст. Ҳама рӯза дар озмоишгоҳ магистрантон, докторантони(PhD), унвонҷуён ба корҳои илми-таҳқиқоти худ машғул ҳастанд.

Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ, ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Кушодашавии озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.

Роҳбарияти Агентӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони ҷавони Агентӣ онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Ин моро водор менамояд, ки минбаъд содиқонаву аҳлона ва бо масъулияти баланди ватандориву ватансозӣ меҳнат карда Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муарифи намоем.

Хулоса, Истиқлолият асоси пойдории давлат, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмат, дастоварди бузуругу бебаҳои таърихӣ ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ маҳсуб меёбад. Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми шарафманди Ҷумуҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 34- солгарди ҷашни Истиқлолияти давлтӣ табрику таҳният намуда ба онҳо пеш аз ҳама саломати ва дар корҳои ҳаррузаашон мувафақиятҳои нав ба навро орзумандам.

Бобоев К.О – Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ,
доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Сатторзода Субҳонали-Мудири шуъбаи муайянкунии маводҳои таъиноташ

дуҳадафа ва назорати содироти маводди ХБРЯ-и Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Истиқлолият – аз дидгоҳи равониву фарҳангӣ – худшиносист. Имрӯз дар фазои истиқлолияти комили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ мо ба давраи ташаккули худшиносии миллӣ расидем. “Барои комил шудани худшиносии миллӣ, рушди тафаккури он даҳсолаҳо лозим аст. Аммо муҳимтарин дастоварди истиқлолият ин буда, ки ниҳоли худшиносӣ шинонда шуд ва он алъон месабзад ва рушду камоли ҳар шаҳрванд ва тамоми чомеа онро ғизо медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ барои худшиносии миллӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун марҳилаи сарнавиштсоз ва эҳёи давлату миллати куҳнабунёди тоҷикон эътироф гардидааст. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик медонад. “Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

«Дар дифои фарҳангу ҳуввият, худшиносӣ ва тафаккури миллии хеш мо танҳоем. Моро дар ин ҷабҳа ба ҷуз худамон ҳеҷ нерӯи дигаре дифоъ карда наметавонад. Аз ин боис яке аз самтҳои афзалиятноку стратегӣ – масоили худшиносист.” Миллати мо имрӯз амиқ эҳсос кард, ки бунёдгузору меҳансоз, тақдирсози миллати тоҷик, созандаи ҷомеаи навин, на аз берун буда, балки худи ӯ мебошад. Ба манзури дарки аришҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ Президенти кишвар ба масъалаҳои муҳим рӯ овард. Яке аз ин масъалаҳои бунёдӣ ташаккули шуури худшиносии миллӣ ва бохабар будан аз арзишҳои гузашта ва боло бурдани сатҳи худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Яке аз роҳҳои аввалиндараҷаи худшиносии миллӣ ин ру овардан ба илму маърифат аст. Ба ин манзур нақши маорифи кишвар хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Президенти кишвар Эмомали Раҳмон қайд намудааст: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам”. “Инкишофи фарҳанги миллӣ қабл аз ҳама ба мактабу маориф, ба таълиму тарбияи насли наврас вобастагии қавӣ дорад. Агар ҳадафи мо воқеан ҳам бунёд кардани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дастаҷамъӣ рӯй ба мактабу маориф оварем.”

Истиқлолият заминаи қавии истиқлоли фикриро ба вуҷуд меорад. Маориф дар мавриди худшиносии миллū бояд дар андешаи эҷодии миллат саҳм бигирад. Дар ин росто кори фалсафа, мантиқ ва илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ниҳоят бузург аст. Дар замони ҳозира илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ таълим дода мешаванд, аммо мантиқ ва фалсафа аз доираи таълим дар мактабҳои миёна соқит шудаанд. Ҳол он ки дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ ин илмҳо ба таври шоиста таълим дода мешаванд ва дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд. Дар ҷаҳонбинии мутамаддин ба таълими фалсафа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ба ин маъно, ки фалсафа сарчашмаи огоҳӣ, бедорӣ ва истиқлоли фикрии миллат мебошад. Барои мисол метавон аз файласуфони машҳури немис Артур Шопенгауэр ва Фридрих Нитше ёдовар шуд, ки доир ба таълими фалсафа дар донишгоҳҳои Олмон ба ҳассосияти фавқулодда изҳори назар намудаанд. Номбурдагон таълими улуми фалсафиро дар донишгоҳҳо норасо ҳисобида, аз мақомоти давлатӣ ва вазоратҳои дахлдор беҳбудии ин соҳаро ҷиддан талаб намудаанд.

Мо бояд қабл аз ҳама сутунҳои рушди ҷомеаи худро бар пояи ақлу хирад бунёдгузорӣ кунем. Фанҳое, ки дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд, дар мактабҳои миёна ва олӣ ба таври шоиста таълим диҳем. “Барои ин замон насли ҷавоне бо тафаккури обутобёфта, рақобатпазир, мустақил, эҷодкор ва мусаллаҳ бо навтарин технологияи иртиботӣ, вале аз арзишҳову манфиатҳои миллӣ огоҳ зарур аст”. Саҳми маориф дар ташаккули худшиносии миллӣ ва захираҳои инсонӣ махсусан, нерӯи ақлонии ҷавонон бунёдист.“Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, – таъкид менамояд президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, – пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад”. “...танҳо худшиносии фарҳангию таърихӣ миллатро муттаҳид ва соҳибдавлат намуда, вайро ба мудрик (субъект)-и фаъоли раванди таърихӣ табдил медиҳад”.

Фарҳанг дар худшиносии миллӣ саҳми бисёр калон дорад. Фарҳанги миллӣ бояд эҳё гардад, то саде шавад барои ҳуҷуми фарҳанги бегона. Фарҳанг омили худшиносии миллӣ мебошад. Миллат бояд ҳастии худашро нисбат ба дигар миллатҳо фаҳмад. Бояд худшиносии миллӣ дар муқоиса бо тамаддуни дигар миллатҳо шинохта шавад. Худшиносии миллӣ бисёр муҳим аст, то миллат худро ба ҳайси миллати мустақил нашиносад масъалаҳоро ҳал карда наметавонад. Бояд пеш аз ҳама дарк шавад, ки худшиносии миллӣ чист. Аз назари мр дарки ҳастии таърихи миллат аз фардҳои ҷомеа оғоз меёбад. Барои он ки миллат худро бишносад якчанд масъаларо бидонад: 1. Кадом марҳалаҳои таърихиро аз сар гузаронидем; 2. Бояд миллат дарк кунад, ки эҷодгари як тамаддуни хос аст, аз дигар фарҳангҳо фарқ мекунад.

Пойдории густариши ваҳдати миллӣ бори дигар исбот кард, ки тоҷикон ворисону меросбари ориёни асил буда, соҳиби тамаддуни оламшумул мебошанд. Истиқлолият шароит фароҳам овардааст, ки худдшиносӣ маъно ва мақоми фарҳангии худро ба дараҷаи баланд эҳё гардонад. Президети кишвар қайд мекунад, ки “Яке аз сарчашмаҳои воқеии худшиносии миллӣ қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуни мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад...” Омӯзиши арзишҳои маънавии ниёгон заминаи хубе барои ташаккули ғояи миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллат замина ба вуҷуд меорад. “Дар мероси гузаштагонамон мо бояд оташеро ҷуё бошем, ки барои афрухтани тафаккури наву пешқадами миллат саҳм гирад, нерубахш бошад”. Мероси гузашта бояд сарчашмаи сабақу илҳоми мо бошад, сарчашмаи ғояҳои баланди инсонгароӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, сарчашмаи илҳому касбияти хеле олӣ, сарчашмаи ифтихор ва омӯзиши шахсиятҳои хеле барҷаста, ки ҳар кадом дар кайҳони фарҳанги башарӣ ҷое доранду мақоме. Гузаштаи фарҳангии мо барои сохтани тақдири кишвари соҳибистиқлол ва истиқлолияти фардии ҳар кадоми мо бояд саҳм бигирад. Мову шумо бояд тавоноие дошта бошем, ки арзишу сунатҳои бои гузаштаро бо талаботи замони нав бо тамоили арзишҳои башарӣ қиёсу мутобиқ карда тавонем. Вагарна маҳдуд мемонем.

Омӯзишу таҳқиқи ҳикмати ориёӣ акнун дар давраи Истиқлолият оғоз меёбад. Мақсад шинохти фарҳанги миллӣ дар заминаи асливу азалии он аст, яъне аслу асолати худшиносист ва ба ин тариқ шинохтану қадр кардани тамаддуни умумибашарист. Мақсад огоҳона қадам задан ба тамаддуни асиласт.

Барои худшиносии миллӣ омӯхтани таърих низ аҳамияти бузург дорад. Таърих ҷараёни пайдоиши миллат, такомули он, бурду бохтҳои миллӣ ва робитаи миллатҳоро меомӯзад. Ба ин васила таърих худшиносии таърихии миллатро таъмин менамояд. Яъне нишон медиҳад, ки миллат дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, илм, санъат, адаб чӣ дастовардҳое доштааст, ки боиси ифтихори ӯянд. Омӯхтани таърих дар айни ҳол нишон медиҳад, ки ҳастии таърихии як миллат аз ҳастии таърихии дигар миллатҳо чӣ тафовутҳо дорад, то нақши таърихии ҳар як миллат мушаххас муайян гардад. Таърих дар баробари ин ҷараёни таърихии ташаккули миллат, илм, фарҳанг, санъат, адаб, урфу одатҳои таърихии халқҳоро низ меомӯзад. Таърихи халқи тоҷик дар мактабҳои мо ба назардошти ҳамин меъёрҳо омӯхта мешавад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ омӯхтани урфу одатҳои таърихӣ барои танзими урфу одатҳои мардумӣ дар шароити ҳозира аз аҳамият холӣ нест. Омӯхтани таърих дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оёнда хизмат мекунад. Мо ҳофизаи таърихӣ надорем.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки “Миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳуввияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор мегардад”. Шоҳасари безаволи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, асарҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” ва ғайра барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хизмати арзанда карда ва ин мардони бузург ба оламиён исбот намуданд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд.

Унсури дигари асосие, ки инсон пеш аз ҳама тавассути он миллияти худро мешиносад забон аст, зеро забон аст, ки инсонҳо бо якдигар муошират мекунанд, фаъолияти корӣ, эҷодӣ, илмӣ ва ѓайраҳоро ба роҳ мемонанд. Илова бар ин, ҳамин забон аст, ки инсонҳо дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабии худро дарк карда, аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Бо ҳамин васила тараққиёти бемайлони инсониро таъмин менамоянд. Забон дар айни ҳол воситаест, ки як миллат худро аз миллати дигар фарқ мекунад. Чун нақши забон дар шинохти ташаккули шуури миллӣ ба ин дараҷа баланд аст, бинобар ин дар низоми маъориф омӯхтани забон ва илми забоншиносӣ бояд мавқеи хоса дошта бошад. Бе забон умуман, ягон риштаи илм фарҳанг, санъат ва адаб вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ин омӯхтани забон дар марҳилаи ҳозира аз рӯи усулҳои тоза бояд ба роҳ монда шавад. «Олимони муосир дар он фикранд, ки тафаккури инсон дар доираи луғату тасаввурот ва образҳои як забон ташаккул меёбад, аз ин ру забон на фақат олоти иртиботи одамон ва ифодаи афкор, балки худаш «гаҳвораи фикр» аст, он фикрро тавлид, парвариш ва такмил медиҳад ва аз фикрҳои мавҷуда фикрҳои навро эҷод мекунад».

Самти дигари худшиносии миллӣ эҳёи анъанҳо, идҳои миллӣ мебошад. “Сатҳи худшиносии миллӣ дар давраи шӯравӣ то андозае ташаккул ёфта бошад ҳам, вале мутаассифона, анъанаҳову суннатҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра аз сатҳи давлатӣ дур шуда буданд”.[1] Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон анъанаю ҷашну идҳои миллӣ (аз қабили идҳои Наврӯз, Тиргон, Сада, Меҳргон) эҳё гардиданд.

Хулоса, имрӯз мо бо ба даст овардани Истиқлолият, бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, тафаккури нави фарҳангӣ ба сӯи пеш қадам мегузорем. Мо вазифадорем, ки Истиқлолияту худшиносии миллии худро ҳамчун дастоварди пурарзиш ва неъмати бебҳо бипазирем ва онро аз тамоми арзишҳои дигар муқаддамтар бидонем.

Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна, д.и.ф., ходими калони

илмии шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо