Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик ба шумор меравад. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 34 сол ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.
Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо, инчунин эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ аз ҷумлаи ин дастовардҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва мазҳаби ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат боиси баланд шудани сатҳи маърифати аҳолӣ гардида, дар пешгирии гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона мусоидат намуд.
Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад, дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, ќариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тахминан се маротиба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ комёбиҳои назаррасӣ кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Агар маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2003 ҳамагӣ 45 сомонӣ буд, пас он дар соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш ёфт. Аз моҳи июли соли 2024 бошад, дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40%-и дигар зиёд карда шуд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф дарак медиҳад.
Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳро таъмин хоҳад намуд ва ин боис мегардад то алайҳи ҳама гуна буҳронҳои ҷаҳони муосир рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошем. Чуноне ки Фирдавсии бузург мефармояд: «Тавоно бувад ҳар ки доно бувад».
Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи
АМИТ Иброҳимзода Беҳруз Иброҳим
Бояд гуфт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо фазои ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, тинҷиву осоиштагӣ эҷод гардид. Мамлакати мо рӯз ба рӯз ободу тараққӣ ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст. Инчунин Истиқлолият ба ҷавонон барои соҳибкасб шудану пешрафт кардан шароитҳо фароҳам овард. Истиқлолият ва ташаббусҳои созандаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боиси он гардид, ки Тоҷикистон бо ҷаҳон ва ҷаҳон бо Тоҷикистон пайвандҳои дустиву рафиқиро барқарор намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба лаҳзаҳои мудҳишу пурхатар нигоҳ накарда, баҳри сулҳу субот ва ободии кишвар чун куҳҳои сарбаланди ватан устувору қавӣ қадам мениҳод. Ин матонату ҷасорати Пешвои Миллат барои мо ҷавонон омӯзанда аст.
Дар даврони Истиқлолият як қатор соҳаҳо аз ҷумла маориф ва илм рушд ёфта, дар ин самти афзалиятноки ҷомеа донишмандони тоҷик садҳо китобу мақола ба табъ расонидаанд. Қодири Қосим дар китоби худ: «Пешвои сангаршикани миллатсоз» барҳақ қайд менамояд,ки,“агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин миллати бостони сарварӣ намекард, давлати навистиқлоли тоҷикон низ, ба монанди фоҷиабори империяи Сомониён ба нобуди мерафт.”
Мо ҷавонон ҳамеша аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат сарфарозему шукрона мекунем,ки дар чунин кишвари ободу зебо кору фаъолият менамоем. Истиқлолияти давлатӣ давлати аз байнрафтаи тоҷикон – Сомониёнро аз нав эҳё сохт ва дар таърихи навини давлатдориии тоҷикон саҳифаи нав боз шуд.
Яке аз донишмандони тоҷик Зафар Сайидзода роҷеъ ба кору фаъолияти Пешвои Миллат чунин иброз намудаанд : “ Оре, ин фарзанди диловару шуҷои халқ ба ҳукми сиришти поки миллӣ ва ғайрати инсонии хеш барои ҳифзи обу хок ва шарофати сарзамини аҷдодӣ аз худ қаҳрамонӣ нишон дод. Қаҳрамоние, ки назирашро баъд аз амирони Сомонӣ касе нишон надода буд.”
Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолияту озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Пас биёед, ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему барои пойдории он саҳмгузор бошем.
Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои
Институти Оӯзиши Масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои - АМИТ
Яке аз шартҳои истиқлолияти воқеии ҳар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат пояи ҳастӣ ва омили асосии пешрафт ба шумор меравад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст - Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ба ҳайси давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳонӣ гардид. Аз ҳамин давра сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва кафолати ҳифзи истиқлолият ташаккул ёфт.
Истиқлолият ба Тоҷикистон на танҳо имкони соҳибихтиёрӣ дод, балки шароити заруриро барои ташкили низоми сиёсати хориҷии мустақил фароҳам овард. Бояд таъкид кард, ки дар оғози истиқлол кишвар аз ниҳодҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ маҳрум буд. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ҳам сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии истиқлолият буда, бо заҳматҳои пайгирона ва талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як дастгоҳи муассир табдил ёфтаанд.
Самтҳои асосии ташаккули сиёсати хориҷӣ
Таъмини амният ва суботи миллӣ
Яке аз аввалин вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ҳифзи сулҳу субот буд. Бо кӯшишҳои пайгирона ва роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа ба низои дохилӣ хотима бахшад ва соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳодиса ҳамчун дастоварди барҷастаи дипломатияи тоҷик дар таърих сабт гардид.
Эътирофи байналмилалӣ ва густариши робитаҳо
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии муайянкунандаи усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ таҳия ва тасвиб гардиданд. Дар натиҷа, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби 192 кишвари ҷаҳон эътироф шуда, бо 186 давлат робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон, кишвар бо беш аз 70 созмони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои фаъоли судмандро роҳандозӣ кардааст.
Боиси зикри махсус аст, ки дар заминаи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, аз солҳои 1993-1996 намояндагиҳои як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ХБА ва дигарон - дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, фаъолияташонро оғоз намуданд.
Сиёсати «дарҳои кушода»
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат эълон ва пайгирона татбиқ мегардад. Ин усул имкон дод, ки кишвар робитаҳои созандаро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон барқарор намояд, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ гардад ва дар арсаи ҷаҳонӣ симои хоси худро ҳамчун давлати сулҳҷӯ ва ташаббускор муаррифӣ намояд.
Тоҷикистон дар ин замина то кунун беш аз 1300 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷонибаро бо кишварҳои гуногун ба имзо расондааст, ки соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башардӯстонаро фаро мегиранд. Ҳамчунин, теъдоди зиёди санадҳо дар доираи СММ, САҲА, СҲШ, СААД, СҲИ ва дигар сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба тасвиб расидаанд.
Ибтикороти байналмилалӣ
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама бо ташаббусҳои глобалии худ дар масоили обу экология шинохта шудааст. Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд.
Ин ташаббусҳо бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ шуда, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким бахшиданд. Ҳамзамон, мавқеи кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Дастовардҳои ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва минтақа
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя равона шудааст. Далели равшан - мулоқоти таърихии сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд (31 марти 2025), ки бо имзои Шартнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ анҷом ёфт. Ин дастовард ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ ва муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона
Бо дарёфти Истиқлолияти давлатӣ дипломатияи фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Мақсади асосии он ҳифз ва густариши арзишҳои миллӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги бостонӣ ва дар айни замон давлати муосир мебошад.
Бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои миллӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти умумибашарӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил гардиданд. Аз ҷумла, 1100-солагии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Соли тамаддуни ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 2700-солагии «Авесто», ҷашни бошукӯҳи 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва дигар санаҳои муҳим дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ таҷлил шуданд.
Дар ин замина, барқарор гардидани номҳои таърихии бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин бо фармони Президент сарфароз гардонидани фарзандони баруманди миллат – устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, шоир Мирзо Турсунзода, арбобони давлатӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон – аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки ғояҳои асили миллиро тарғиб карда, дар таҳкими ҳуввияти миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳми назаррас гузоштанд.
Дипломатияи фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ низ самаранок ба роҳ монда шуд. Натиҷаи муҳимми он ворид гардидани беш аз 100 номгӯйи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон ба Феҳристи созмони байналмилалии ЮНЕСКО мебошад. Ин дастовард на танҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таъриху фарҳанги бой муаррифӣ намуд, балки нуфузи байналмилалии онро низ афзун сохт.
Хулоса
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори дигар имкони таърихӣ дод, ки бо такя ба он ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифтааст, ба таҳкими сулҳу субот, эътирофи арзишҳои ҷаҳонӣ, густариши ҳамкориҳо ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ мусоидат намуд.
Дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ метавон бо итминон хулоса кард, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як омили асосии таҳкими истиқлолият ва муаррифии шоистаи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва ҳамчун омили калидӣ дар ҳифз ва таҳкими истиқлолият ҷойгоҳи худро собит намудааст.
Неъматов Икромиддин, номзади илмҳои таърих, дотсент,
ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин
Феҳристи адабиёт ва сарчашмаҳо:
1. Раҳмон, Э. Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2022). Душанбе., 2022.
2. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон. - Душанбе, 1997.
3. Сайидзода Зафар Шералї (Саидов Зафар Шералиевич). Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷањонї: Монография. – Душанбе, 2016.
4. Ҳисоботи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ (солҳои 1991-2024). Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – www.mfa.tj
5. United Nations Official Documents on Water Initiatives by Tajikistan. – New York, UN, 2003-2023.
6. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттиб-муаллифи пешгуфтор Зафар Шералӣ Сайидзода. – Душанбе, 2019.
7. Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. - Нашри дуюми иловадор. – Душанбе, 2020.
Истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 як марҳилаи навро дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм ва пажӯҳиш, кушод. Аз он солҳо, кишвар бо ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва ҷалби занон ба соҳаҳои пажӯҳишӣ пешрафтҳои назаррасро мушоҳида кард. Ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ тадбирҳои муҳим барои боло бурдани мақоми занонро роҳандозӣ карданд, ки ба илм низ паҳн шуданд ва ба афзоиши ҳузури онҳо дар муассисаҳои илмӣ мусоидат намуданд.
Ин пешрафтҳо Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақияти гендерӣ дар минтақа муаррифӣ карданд. Дар давраи истиқлол, ҳукумат ба рушди илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард, ки ин ба занон имкониятҳои нав барои иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои илмӣ фароҳам овард. Масалан, афзоиши шумораи занони муҳаққиқ дар аспирантура ва докторантура нишонаи равшани ин пешрафт аст.
Пас аз истиқлол, Тоҷикистон ба рушди илм ва маориф таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кард, ки ин ба афзоиши ҳузури занон дар соҳаҳои илмӣ мусоидат намуд. Аз соли 2000 пешрафтҳои назаррас оғоз шуданд, ки ба сиёсатҳои давлатӣ ва кӯмакҳои хориҷӣ вобаста буданд. Ин тадбирҳо ба занон имкониятҳои нав барои таҳсил ва пажӯҳиш фароҳам оварданд, ва ҳузури онҳо дар муассисаҳои илмӣ афзуд. Масалан, дар солҳои аввали истиқлол, ҳукумат барномаҳои ҳавасмандгардонӣ барои занонро ҷорӣ кард, ки ба афзоиши шумораи онҳо дар соҳаҳои илмӣ оварда расонд. Ин пешрафтҳо Тоҷикистонро дар минтақа ҳамчун кишвари пешқадам дар тавонмандсозии занон муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ба монанди UNESCO ва Бонки Осиёии Рушд ба рушди илмии занон мусоидат карданд, ва лоиҳаҳои зиёде барои омӯзиш ва пажӯҳишҳои онҳо маблағгузорӣ шуданд. Ин ҳама ба афзоиши дастовардҳои илмӣ ва байналмилалии занони тоҷик оварда расонд.
Дар солҳои пас аз истиқлол, ҳукумат ба рушди инфрасохтори илмӣ сармоягузорӣ кард, ки ин ба занон имкониятҳои нав барои фаъолият дар лабораторияҳо ва марказҳои пажӯҳишӣ фароҳам овард. Масалан, таъсиси марказҳои нав дар Душанбе ва минтақаҳо ба афзоиши шумораи занони муҳаққиқ мусоидат кард. Ин пешрафтҳо на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуданд, ва занони тоҷик дар конфронсҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида, дастовардҳои худро муаррифӣ карданд.
Пас аз истиқлол, мақоми занони муҳаққиқ бо пешрафтҳои назаррас ҳамроҳ буд, ва аз соли 2000 рушдҳои бузург мушоҳида мешаванд. Масалан, дар солҳои 1994-1995 дар аспирантура 23 зан таҳсил мекард, аммо ба соли 2006 ин шумора ба 329 нафар афзуд. Ба соли 2018, фоизи занони муҳаққиқ ба 37,5% расид, ва ба соли 2020 – 38,6%, ки ин аз миёнаи ҷаҳонӣ (33,3%) болотар аст. Ин рушд бо ҳамкориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои давлатӣ марбут аст, ки ба занон имкониятҳои нав фароҳам оварданд. Дар солҳои охир, занон дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ ва муҳити зист дастовардҳои бузург ба даст оварданд, ва шумораи мақолаҳои илмии онҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ афзуд.
Дар давраи истиқлол, занон ба мансабҳои баланд дар муассисаҳои илмӣ пешбарӣ шуданд, ва намунаҳои зиёди муваффақиятҳо мушоҳида мешаванд. Масалан, занони муҳаққиқ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолиятҳои пурсамар мебаранд, ва лоиҳаҳои онҳо ба рушди иқтисодии кишвар саҳм мегузоранд. Ин пешрафтҳо ба занон имконият медиҳанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шаванд ва ҳамкориҳои байналмилалиро тавсеа диҳанд.
Ба соли 2025, пешбинӣ мешавад, ки фоизи занони муҳаққиқ боз ҳам афзояд, ва Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ барои занон дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шавад. Ин рушдҳо бо сиёсатҳои ҳавасмандгардонӣ ва маблағгузории давлатӣ марбутанд, ки ба занон имкониятҳои омӯзиш ва пажӯҳишҳои нав медиҳанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлат дар пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳавасмандгардонии занон дар илм саҳми бузург гузоштааст. Дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ва мулоқотҳо бо занони фаъол, ӯ ҳамеша ба боло бурдани мақоми занон таъкид карда, сиёсатҳои давлатиро барои ҷалби онҳо ба пажӯҳишҳо ҳавасманд гардонидааст. Зери роҳбарии ӯ, квотаҳо барои духтарон дар донишгоҳҳо ҷорӣ шуданд, ки ба афзоиши шумораи занони муҳаққиқ мусоидат кард. Ҳамчунин, дар солҳои гуногун ба занони олим унвонҳои фахрӣ дода шуд ва дар форумҳои байналмилалӣ, аз қабили "Занони ихтироъкор-2025", ташаббусҳои рушди илмӣ барои занон пеш бурда шуданд. Нақши ӯ дар тавонмандсозии занон барои саҳмгузорӣ дар илм ва рушди устувори кишвар ҳалкунанда аст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои зиёд бо занони олим ва муҳаққиқон таъкид кардааст, ки занон ҳамчун қувваи пешбарандаи илм ва инноватсияҳо ҳастанд. Зери роҳбарии ӯ, барномаҳои омӯзишӣ барои занон дар соҳаҳои STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика) роҳандозӣ шуданд, ки ба афзоиши ҳузури онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо оварда расонд. Масалан, дар соли 1994 ӯ ба занони олим унвонҳои фахрӣ дод, ва ин таҷриба солҳои минбаъда идома ёфт. Дар паёмҳои солонаи худ, ӯ ба рушди илм ва маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, занонро ҳамчун намунаи муваффақиятҳо муаррифӣ мекунад.
Нақши Пешвои миллат дар ҳамкориҳои байналмилалӣ низ муҳим аст. Ӯ дар форумҳои ҷаҳонӣ, ба монанди конфронсҳои UNESCO, ташаббусҳои Тоҷикистонро барои тавонмандсозии занон дар илм пешбарӣ кардааст. Ин кӯшишҳо ба афзоиши грантҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ барои занони тоҷик оварда расонданд. Ба шарофати ин сиёсатҳо, занон дар соҳаҳои муҳити зист, тиб ва кишоварзӣ дастовардҳои бузург ба даст оварданд, ва Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ ҷои баландро ишғол мекунад.
Дар соли 2025, зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон форуми байналмилалии "Занони ихтироъкор-2025"-ро баргузор кард, ки дар он занони муҳаққиқ аз ҳамаи қитъаҳо ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ нишонаи равшани саҳми ӯ дар баланд бардоштани мақоми занон дар илм аст ва ба ҳамкориҳои нав мусоидат кард.
Аз соли 1991, Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии зиёдеро қабул кард, аз ҷумла Қонуни "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои мардон ва занон" (2005) ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон (2010-2020). Ин чораҳо ба афзоиши ҳузури занон дар илм мусоидат карданд ва ба онҳо имкониятҳои омӯзиш ва пажӯҳишҳои нав фароҳам оварданд. Созмонҳои байналмилалӣ, чун Бонки Осиёии Рушд ва СММ, лоиҳаҳои тавонмандсозии занонро дар соҳаҳои илмӣ маблағгузорӣ намуданд. Кумитаи корҳои занон ва оила (аз 1996) ин ташаббусҳоро ҳамоҳанг месозад ва ба занон кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ мерасонад.
Дар маориф, квотаҳо барои духтарон ҷорӣ шуданд, ки ба афзоиши шумораи онҳо дар донишгоҳҳо оварда расонд. Дар соли 2019, занон ҳудуди 30% донишҷӯёни донишгоҳҳоро ташкил медоданд, ва ин нишондиҳанда дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ низ афзудааст. Ин сиёсатҳо ба занон имконият медиҳанд, ки дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат варзанд ва дастовардҳои нав ба даст оранд.
Ба ғайр аз ин, ҳукумат барномаҳои омӯзишӣ барои занон дар соҳаҳои STEM роҳандозӣ кард, ки ба афзоиши ҳузури онҳо дар пажӯҳишгоҳҳо мусоидат намуд. Масалан, ҳамкориҳо бо UNESCO ба таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занон оварда расонд, ва ин марказҳо ҳазорҳо занонро омӯзониданд. Ин тадбирҳо ба рушди илмии кишвар саҳм гузоштанд ва Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақияти гендерӣ муаррифӣ карданд.
Дар солҳои охир, стратегияҳои нав барои 2021-2030 қабул шуданд, ки ба тавонмандсозии занон дар илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд. Ин стратегияҳо ба афзоиши грантҳо ва стипендияҳо барои занони муҳаққиқ оварда расонданд, ва онҳо дар конфронсҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Барои фаҳмиши беҳтари пешрафтҳои Тоҷикистон, муқоиса бо кишварҳои Осиё (Ҳиндустон, Япония), Аврупо (Олмон, Британияи Кабир) ва Амрико (ИМА, Канада) аз соли 1991 то 2025 муфид аст. Ин муқоисаҳо бар асоси оморҳои UNESCO ва пажӯҳишҳои байналмилалӣ сурат гирифта, таъкид бар дастовардҳои Тоҷикистон мекунанд.
Дар Осиё, Ҳиндустон аз соли 1991 то 2025 рушди номутаносиб нишон медиҳад: дар соли 2013 фоизи занони муҳаққиқ 14% буд, аммо ба соли 2022 ин рақам дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ба 33,6% расид. Япония бошад, аз 15% дар соли 2013 ба 18,3% дар 2022 афзуд, ки ин бо сиёсатҳои тавонмандсозии занон марбут аст. Дар муқоиса, Тоҷикистон аз 30,3% дар 2013 ба 38,6% дар 2020 расид, ки ин аз Ҳиндустон ва Япония болотар аст ва нишонаи сиёсатҳои муваффақи гендерӣ мебошад.
Дар Аврупо, Олмон аз 25% дар соли 2013 ба 29,4% дар 2021 афзуд, ки ин бо барномаҳои ҳавасмандгардонӣ марбут аст. Британияи Кабир бошад, аз 43,8% дар 2013 ба 41,6% дар 2017 кам шуд, аммо то соли 2025 пешрафтҳои навро интизор аст. Тоҷикистон бо 38,6% дар 2020 аз Олмон болотар аст ва ба сатҳи Британия наздик мешавад, ки ин бо назардошти рушди тез дастоварди бузург аст.
Дар Амрико, ИМА фоизи занони муҳаққиқ ҳудуди 40% (2012) аст, ва Канада дар соҳаҳои муҳандисӣ 19% (2013) дорад, аммо то 2025 ба 30-35% мерасад. Тоҷикистон бо 38,6% ба сатҳи ИМА наздик аст ва аз Канада болотар, ки ин нишонаи пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои STEM мебошад.
Ин муқоисаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ҳолати ҳаракати мусбат қарор дорад ва дар баъзе нишондиҳандаҳо аз кишварҳои пешрафта пеш мегузарад. Ин дастовардҳо бо сиёсатҳои устувор ва ҳавасмандгардонии давлатӣ марбутанд.
Дар Осиё, Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақият дар тавонмандсозии занон дар илм эътироф шудааст, ва фоизи баланди занони муҳаққиқ аз Япония ва Ҳиндустон болотар аст. Дар Аврупо, Тоҷикистон ба сатҳи Олмон ва Британия наздик мешавад, ва дар Амрико – ба ИМА. Ин пешрафтҳо ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сиёсатҳои гендерӣ марбутанд.
Оморҳо аз афзоиши ҳузури занон шаҳодат медиҳанд. Дар солҳои 1994-1995 шумораи занони муҳаққиқ дар аспирантура 23 нафар буд, ки ба 329 нафар дар 2006 расид. Дар соли 2018 дар Тоҷикистон 37,5% муҳаққиқон занон буданд, ва ба соли 2020 ин фоиз ба 38,6% афзуд. Дар соли 2018, шумораи умумии муҳаққиқон дар R&D 292 нафар барои ҳар миллион аҳолӣ буд, ки аз онҳо ҳудуди 109 нафар (барои ҳар миллион) занонро ташкил медоданд. Бо ҳисоби аҳолии тақрибан 9,1 миллион дар 2018, шумораи умумии занони муҳаққиқ ҳудуди 996 нафарро ташкил медод.
Зиёда аз 1000 зани муҳаққиқ дар муассисаҳои пажӯҳишии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ва барномаҳои байналмилалӣ чун UNESCO ба онҳо кӯмак мерасонанд. Намунаҳо: Занони олим дар бахшҳои тиб, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист натиҷаҳои муҳим ба даст овардаанд. Масалан, ассотсиатсияи занони гласологҳо дар пажӯҳишҳои пиряхҳо дастовардҳои бузург дорад, ва ин лоиҳаҳо ба ҳифзи муҳити зист саҳм мегузоранд.
Дар соҳаи тиб, занони муҳаққиқ лоиҳаҳои нав барои беҳтар кардани саломатии аҳолӣ роҳандозӣ карданд, ва дар кишоварзӣ – усулҳои нав барои афзоиши ҳосил. Ин дастовардҳо дар маҷаллаҳои байналмилалӣ нашр шуданд ва эътирофи ҷаҳонӣ гирифтанд.
Ба ғайр аз ин, занон дар соҳаи муҳити зист пажӯҳишҳои муҳим барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ гузарониданд, ки ин ба рушди устувори кишвар саҳм мегузоранд. Масалан, дар соли 2025, занони муҳаққиқ дар конфронсҳои байналмилалӣ дастовардҳои худро муаррифӣ карданд ва грантҳои нав гирифтанд.
Дар соҳаи тиб, занони тоҷик дастовардҳои бузург ба даст оварданд. Масалан, пажӯҳишҳои онҳо дар бораи бемориҳои сироятӣ ва саломатии модарон ба беҳтар шудани системаи тандурустӣ мусоидат карданд. Ин лоиҳаҳо бо ҳамкории байналмилалӣ амалӣ шуданд ва ба ҳазорҳо одамон кӯмак расонданд.
Дар кишоварзӣ, занон усулҳои нав барои афзоиши ҳосил ва ҳифзи заминҳо пешниҳод карданд, ки ин ба амнияти озуқавории кишвар саҳм гузошт. Ин дастовардҳо дар минтақа эътироф шуданд ва ба ҳамкориҳои нав оварда расонданд.
Дар муҳити зист, ассотсиатсияи занони гласологҳо пажӯҳишҳои муҳим барои омӯзиши пиряхҳо гузаронид, ки ин ба ҳифзи захираҳои обӣ мусоидат кард. Ин лоиҳаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуданд ва ба Тоҷикистон ҳамчун пешқадам дар ин соҳа муаррифӣ карданд.
Дар соҳаҳои технология ва муҳандисӣ, занон лоиҳаҳои инноватсионӣ роҳандозӣ карданд, ки ба рушди иқтисодӣ саҳм гузоштанд. Масалан, ихтироъҳои онҳо дар соҳаи энергияи барқароршаванда дастовардҳои бузург ба даст оварданд.
Дар давраи истиқлол, Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро бо UNESCO, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо тавсеа дод, ки ин ба занони муҳаққиқ имкониятҳои нав фароҳам овард. Масалан, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи муҳити зист ва тиб ба дастовардҳои бузург оварда расонданд.
Ин ҳамкориҳо ба афзоиши мақолаҳои илмӣ ва патентҳои занони тоҷик оварда расонданд, ва онҳо дар конфронсҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ба соли 2025, Тоҷикистон ҳамчун маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ барои занон дар илм муаррифӣ шуд.
То соли 2025, пешрафтҳои Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми занони муҳаққиқ идома меёбад. Ҳукумат барномаҳои нав барои афзоиши фоизи занон дар илм роҳандозӣ кард, ва пешбинӣ мешавад, ки ин фоиз ба 45% расад. Ин тадбирҳо ба рушди илмии кишвар саҳм мегузоранд ва Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақият муаррифӣ мекунанд.
Дар оянда, ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд, ва занони тоҷик дар лоиҳаҳои глобалӣ ширкат меварзанд. Ин пешрафтҳо ба рушди устувори кишвар мусоидат мекунанд ва мақоми занонро боз ҳам боло мебардоранд.
Истиқлолият барои занони муҳаққиқ имкониятҳои бузург эҷод кард. Тавассути сиёсатҳои самаранок ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, мақоми онҳо боло рафт, ва дастовардҳои зиёде ба даст омаданд. Ин барои пешрафти илмии Тоҷикистон ҳаётӣ мебошад ва ояндаи дурахшонро ваъда медиҳад.
Шарифзода Сурайё - мутахассиси шуъбаи кор бо мактаббагони
Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар назди Раёсати АМИТ
Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муқаддас барои ҳар як миллат ва давлат ба шумор меравад. Он рамзи озодӣ, худшиносӣ ва худмуайянкунии миллат дар арсаи сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсолаи давлатдорӣ ва фарҳанги ғанӣ дорад, истиқлолият на танҳо падидаи сиёсӣ, балки рӯйдоди бузурги таърихӣ аст, ки сарнавишти минбаъдаи онро дигаргун сохт. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин қадами таърихӣ марҳалаи нави давлатдорӣ ва рушди миллӣ оғоз гардид.
Истиқлолият ба тоҷикон имконият дод, ки ҳамчун миллати озод тақдири сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона муайян намоянд. Аз ҳамин рӯ, омӯзиши моҳият, аҳамият ва дурнамои истиқлолият барои ҷомеаи имрӯза аҳамияти назаррас дорад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонӣ борҳо давлати мустақили худро бунёд карда буд. Давраи Сомониён (асрҳои IX–X) авҷи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад, ки дар он на танҳо пояҳои сиёсӣ, балки фарҳанг ва илм низ ба сатҳи баланди рушд расида буданд. Аммо пас аз фурӯпошии Сомониён, сарзамини тоҷикон зери нуфузи қудратҳои гуногун қарор гирифт ва тоҷикон муддати тӯлонӣ аз имконияти соҳибистиқлолӣ маҳрум шуданд.
Дар асри XX, баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон (1929), тоҷикон имкони муайян барои рушди миллӣ ба даст оварданд, аммо соҳибистиқлолии воқеӣ вуҷуд надошт, зеро сиёсат ва иқтисод комилан вобаста аз маркази Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Танҳо дар натиҷаи фурӯпошии Иттиҳод ва равандҳои ҷаҳонии солҳои 90-уми асри гузашта шароити воқеӣ барои эълони истиқлолият фароҳам омад.
9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ин рӯз ҳамчун оғози марҳалаи нави таърихии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Давраи аввали истиқлолият барои Тоҷикистон хеле душвор буд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ оварда расонд. Инқилобҳои сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ боиси ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 гардиданд, ки кишварро ба буҳрони амиқ гирифтор сохт.
Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо ҳазорҳо қурбонӣ гирифт, балки иқтисодро суст, корхонаҳоро хароб ва ҳамбастагии миллӣ ва иҷтимоиро вайрон кард. Маҳз дар чунин шароити вазнин зарурати роҳбарии сиёсӣ ва иродаи қавии миллӣ пеш омад. Дар ҳамин давра бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди сулҳу оштӣ оғоз ёфт ва дар соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанг хотима дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавони соҳибистиқлол баъд аз барқарор гардидани сулҳи сартосарӣ ба дастовардҳои муҳим дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Ин комёбиҳо дар заминаи ваҳдати миллӣ ва сиёсати босамари давлатӣ амалӣ шуданд ва имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои дурнамои равшан муаррифӣ месозанд.
Дар соҳаи сиёсӣ дастовардҳои зиёде ба назар мерасанд. Аз ҷумла, қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ пояи устувори давлатдорӣ ва низоми демократиро ташкил дод. Бо шарофати он сохтори давлатдорӣ бо се шохаи ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва судӣ — ба вуҷуд омад. Барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ имконият фароҳам овард, ки ҷомеа ба сӯи рушди устувор роҳ гирад. Тоҷикистон ҳамчунин ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ нақши созандаро дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, мебозад.
Дар бахши иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист сиёсати миллии рушдро ба роҳ монад. Яке аз муҳимтарин самтҳо ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо талошҳои пайгиронаи давлат ва дастгирии мардум, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғоз ва марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст. Иншооти мазкур рамзи қудрати иқтисодӣ ва истиқлолияти энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз Тоҷикистон ба яке аз истеҳсолкунандагони асосии нерӯи барқи обӣ дар минтақа табдил ёфтааст ва имконияти содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Узбекистон дорад. Барномаҳои минтақавии CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ Тоҷикистонро ба маркази муҳими энергетикии Осиёи Марказӣ табдил медиҳанд.
Дар соҳаи бонкдорӣ низ қадамҳои назаррас гузошта шудаанд. Баъди истиқлолият низоми бонкдории миллӣ ташаккул ёфт ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи марказии молиявӣ фаъолиятро ба роҳ монд. Дар заминаи он бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯз дар пешбурди иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозанд. Низоми бонкӣ имконият медиҳад, ки сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шаванд, фаъолияти соҳибкорон рушд ёбад ва муомилоти молиявӣ шаффофу муосир гардад. Истифодаи технологияҳои нави бонкдорӣ, ба монанди пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии онлайнӣ ва корти бонкӣ, марҳилаи сифатан навро дар иқтисоди Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.
Иқтисоди кишвар ҳамчунин дар дигар бахшҳо пешрафт намудааст. Соҳаи кишоварзӣ бо татбиқи барномаҳои давлатии озуқаворӣ рушд карда, имрӯз Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Саноат низ тадриҷан тавсеа ёфта, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва коркарди ашёи хом бунёд шуданд. Тоҷикистон бо барқарории роҳҳои байналмилалӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид, ки ин ба рушди савдо ва сайёҳӣ заминаи нав гузошт.
Дастовардҳои иқтисодӣ на танҳо шароити зиндагии мардумро беҳтар карданд, балки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурданд. Лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва молиявӣ имрӯз Тоҷикистонро ба кишвари дорои нақши калидӣ дар минтақа табдил медиҳанд ва заминаи рушди устуворро барои наслҳои оянда фароҳам месозанд.
Дар соҳаи фарҳанг низ дастовардҳои назаррас ба назар мерасанд. Эҳёи анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои фарҳангӣ, таҷлил ва ба расмият шинохтани ҷашнҳои миллӣ, ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, нақши муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ доштанд. Забони тоҷикӣ мақоми арзандаи худро ҳамчун забони давлатӣ пайдо кард ва барномаҳои давлатӣ барои рушди он амалӣ шуданд. Дар баробари ин, мероси фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд, аз ҷумла шомил гардидани Наврӯз ва Шашмақом ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО. Дар давраи соҳибистиқлолӣ фарҳанг, санъат ва илм рушд ёфта, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ густариш ёфтанд ва имкониятҳои нави ҳамкории байналмилалӣ фароҳам оварда шуданд.
Ҳамин тавр, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият на танҳо пояи давлатдорӣ ва рушди устувори кишварро таъмин карданд, балки обрӯву нуфузи онро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд. Пешрафти соҳаҳои гуногун далели он аст, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи пешрафта ва шукуфон равона шудааст ва ояндаи равшанро барои наслҳои оянда таъмин хоҳад кард.
Имрӯз истиқлолият ҳамчун пояи асосии амният, сулҳ ва рушди устувор арзёбӣ мешавад. Давлат сиёсати худро ба таҳкими ваҳдат, рушди иқтисоди бозорӣ, ҷалби сармоя, густариши инфрасохтор ва рушди соҳаи сайёҳӣ равона намудааст.
Тоҷикистон инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, нақши фаъол мебозад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург ва бебаҳоест, ки сарнавишти миллатро дигаргун сохт. Он имконият дод, ки тоҷикон ҳамчун миллати озод ва соҳибдавлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кунанд. Барои ҳифз ва таҳкими истиқлолият, ҳар як шаҳрванд масъулият дорад.
Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки пояи рушди устувор, сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, имрӯз он бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду шукуфоӣ равона шудааст. Ояндаи Тоҷикистон танҳо дар сурати ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдат ва меҳнати созандаи мардум дурахшон хоҳад буд.
РАСУЛЗОДА Аслам Зафар, - ходими калони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли давлатӣ — ин арзиши бузург ва муқаддасест, ки ҳар як миллату давлат онро бо меҳнати ҳалол, ҷасорат ва садоқат ба Ватан ба даст меорад. Истиқлол маънои озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва имконият барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад. Дар замони муосир, истиқлолият на танҳо аз озодии сиёсӣ иборат аст, балки ин маънои онро дорад, ки миллат метавонад фарҳанг, забон, таърих ва арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ояндаи дурахшон қадам гузорад.
Маҳз бо соҳибистиқлолӣ метавон дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо пешрафт кард. Инчунин, истиқлоли комил барои миллат имконият медиҳад, ки сиёсати хориҷиро мустақилона муайян намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор созад. Ҳамзамон, истиқлолиятро бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси баланди миллӣ эҳтиёткорона ҳифз карда шавад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар рушду ободии Ватан саҳмгузор бошад ва арзишҳои миллӣро ҳифз намояд. Тавре ки таърих нишон медиҳад, танҳо бо меҳнати ҳалол ва садоқат ба Ватан метавон истиқлолиятро нигоҳ дошт ва онро ба наслҳои оянда интиқол дод.
Хотиррасон бояд кард, ки истиқлолият на танҳо дастоварди гузаштагон аст, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд барои нигоҳ доштани он дар оянда мебошад.
Истиқлоли Тоҷикистон — ин дастоварди бузург ва муқаддасест, ки миллати тоҷик дар роҳи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ ба даст овардааст. Барои ба даст овардани истиқлолият як зумра фарзонафарзандони миллат аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштаанд ва дар солҳои аввали истиқлолият мушкилоти зиёде пешорӯи ин миллат истода буд, ки бо хиради азалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинда ба зинда ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт.
Истиқлоли Тоҷикистон маънои озодӣ соҳибихтиёрии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дорад. Ин дастоварди таърихӣ имконият дод, ки миллат забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро ҳифз ва рушд диҳад. Ҳамзамон, истиқлолият шароит фароҳам овард, ки кишвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор созад ва сиёсати хориҷии мустақилона дошта бошад.
Истиқлоли Тоҷикистон — ин дастоварди бузург ва муқаддасест, ки миллати тоҷик дар роҳи озодиву соҳибихтиёрӣ ба даст овардааст. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман ҳамчун давлат мустақил эълон шуд ва аз он вақт ба баъд, ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти миллӣ таҷлил мегардад.
Дар даврони истиқлолият, Тоҷикистон бо талошҳои пайваста ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва таҳкими субот кӯшиш мекунад. Инчунин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон ва фарҳанг ҳамчун асоси давлатдории мустақилона ба ҳисоб меравад.
Истиқлоли Тоҷикистон — ин рамзи озодӣ ва худшиносии миллат аст, ки онро бояд бо эҳтиёт ва масъулият ҳифз кард. Ҳифзи истиқлолият — вазифаи муқаддас ва масъулияти ҳар як шаҳрванд ва ҳукумат мебошад. Барои нигоҳ доштани истиқлолият, бояд чораҳои зеринро амалӣ кард, ки сараввал ин ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад. Маҳз тавассути эҳтиром ва ҳифзи забон, фарҳанг, анъанаҳо ва таърихи миллӣ метавон истиқлолиятро устувор нигоҳ дошт. Яке дигар аз ин таҳкими давлатдории мустақил мебошад. Дар соҳаҳои иқтисод, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бояд сиёсати мустақилона ва самаранок роҳандозӣ шавад, ки кишвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта бошад. Яке дигар аз чораҳое, ки бояд амалӣ шавад, ин муттаҳидӣ ва худшиносӣ мебошад. Ҳамкории халқ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҳисси худшиносӣ барои муҳофизати истиқлолият муҳим арзёбӣ мегардад.
Ободонӣ ва рушди иқтисодӣ яке аз дигар роҳҳое мебошад, ки метавон истиқлолиятро мустаҳкам намуд. Тавассути рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва таъмин намудани шуғл, метавон устувории давлатро таъмин кард.
Маърифату таҳсилот яке аз роҳҳои дигаре аст, ки дар ҳолати маърифатнокии миллат ва таҳсилоти хубу созгор метавон ҷомеаро мустаҳкам намуд. Таҳсилоти босифат ва тарғиби арзишҳои миллӣ дар ҷомеа кӯмак мекунад, ки наслҳо бо ҳисси масъулиятшиносӣ ба Ватан хизмат кунанд.
Масъулияти баланди ҳар як шаҳрванд аст, ки тамоми арзишҳои миллиро ҳифз намоянд. Ҳар як нафар бояд дар нигоҳ доштани истиқлолият саҳмгузор бошад, бо меҳнат, садоқат ба Ватан ва ҳимояи арзишҳои он.
Ҳифзи истиқлолият — вазифаи муқаддас ва масъулияти ҳар як шаҳрванд, ҳукумат ва тамоми ҷомеа мебошад. Барои нигоҳ доштани истиқлолият, бояд чораҳои зеринро амалӣ кард:
Якум: Ҳифзи арзишҳои миллӣ: Маҳз тавассути эҳтиром ва ҳифзи забон, фарҳанг, анъанаҳо ва таърихи миллӣ метавон истиқлолиятро устувор нигоҳ дошт.
Дуюм: Таҳкими субот ва амният: Беҳбуди вазъи амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткорӣ барои нигоҳ доштани сулҳ ва оромии кишвар муҳим аст.
Сеюм: Рушди иқтисодии мустақил: Ташкили соҳаҳои иқтисодиёт, истифодаи самараноки захираҳо, пешгирии фасод ва ташаккули иқтисодиёти мустақил барои устувории давлат зарур аст.
Чаҳорум: Маориф ва фарҳанг: Таҳсилоти босифат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои устувор нигоҳ доштани истиқлолият муҳим аст.
Панҷум: Мубориза бо ҳар гуна таҳдидҳо: Ҳамеша бояд омода буд, ки аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолият ҳимоят кард, дар муқобили таҳдидҳои хориҷӣ ё дохилӣ.
Шашум: Ҷонибдорӣ аз сиёсати давлат: Ҳамкории фаъол бо ҳукумат, иштирок дар интихоботҳо ва қабули қарорҳо барои рушди кишвар муҳим аст.
Ҳафтум: Муносибати дӯстона бо кишварҳои дигар: Ташаккули муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои мустаҳкам кардани мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ.
Ҳифзи истиқлолият — кори дастаҷамъона аст, ки танҳо тавассути меҳнат, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ имконпазир аст.
Ба қадри истиқлолу озодӣ расидан — вазифаи ҳар як шаҳрванд ва тамоми ҷомеа мебошад. Барои ин, бояд:
-Арзишҳои миллӣ ва арзишҳои озодиро эҳтиром кард: Забон, фарҳанг, таърих ва суннатҳоро ҳифз ва гиромӣ дошт.
-Маърифату таҳсилро баланд бардошт: Ҷавононро бо арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулиятшиносӣ тарбия намуд.
-Ҳамкории созанда ва сулҳомезро тарғиб кард: Дар ҷомеа оромиву суботро нигоҳ дошт ва дар муносибатҳо эҳтиром ба фикру ақидаи дигарон дошт.
-Дар рушди иқтисодии кишвар саҳм гузошт: Бо меҳнат, дониш ва иқтидори худ барои ободии Ватан кӯмак кард.
-Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолиятро ба назар гирифт: Дар ҳар кору амали худ аз манфиатҳои давлату миллат ҳимоят кард.
-Бузургдошти арзишҳои озодӣ ва истиқлолият: Аз дастовардҳои гузашта ҳимоят кард ва онҳоро насл ба насл интиқол дод.
Ба қадри истиқлолу озодӣ расидан маънои онро дорад, ки ҳар як нафар масъул аст, ки арзишҳои миллиро эҳтиёткорона ҳифз кунад ва барои рушди Ватан саҳмгузор бошад. Ин танҳо бо меҳнат, садоқат ва эҳтироми арзишҳо имконпазир аст.
Нақши олимон дар нигоҳдошти арзишҳои замони истиқлол хеле муҳим ва муассир аст. Олимон бо донишу таҳқиқот, тарғиб ва ташаккули фикру ақидаҳои ҷомеа метавонанд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди давлат нақши асосӣ бозанд. Вазифаи олимон дар ин раванд:
-Таҳқиқ ва омӯзиши таърихи миллӣ: Олимон бо омӯзиши амиқи таърихи Ватан, анъанаҳо ва арзишҳои миллиро ба ҷомеа фаҳмонда, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихорро бедор мекунанд.
-Тарғиби фарҳанг ва забон: Олимон бо эҷоди осор, нашри китобҳо, гузаронидани чорабиниҳо ва барномаҳои фарҳангӣ ба ҳифзи забон, суннатҳо ва арзишҳои милли кӯмак мерасонанд.
-Омӯзиш ва пажуҳиш: Олимон дар тарбияи наслҳо, таълим додани арзишҳои ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми озодӣ нақши муҳим доранд.
-Илм ва инноватсия: Бо пешбурди илм, технология ва инноватсия олимон метавонанд рушди иқтисодии кишварро таъмин намуда, истиқлолиятро мустаҳкам гардонанд.
-Тавсияи олимон ба ҳукумат: Олимон бо пешниҳод ва маслиҳатҳои худ дар қабули қарорҳо оид ба ҳифзи арзишҳо ва рушди кишвар саҳмгузор мешаванд.
-Маърифату ташвиқот: Олимон бо баромадҳо, мақолаҳо ва барномаҳои телевизионӣ метавонанд аҳолиро ба қадр кардани арзишҳои миллӣ ташвиқ кунанд.
Ҳамчунин, олимон ҳамчун намунаи ибрат барои ҷомеа хизмат мекунанд, зеро тавассути меҳнату дониш ва садоқат ба Ватан метавонанд арзишҳои истиқлолиятро пойдор нигоҳ доранд. Дар маҷмӯъ, нақши олимон дар нигоҳдошти арзишҳои замони истиқлол беназир аст ва онҳо ҳамчун нерӯи зеҳнӣ барои устувории давлат хизмат мекунанд.
Нақши истиқлолият дар сиёсати хориҷӣ:
-Мушаххас кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ: Дар шароити истиқлолият, давлат метавонад мустақилона қарор гирад, ки бо кадом кишварҳо ва созмонҳо ҳамкорӣ кунад.
-Ҳимояи манфиатҳои миллӣ: Истиқлолият имкон медиҳад, ки давлат дар арсаи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя кунад, аз таҳдидҳо муҳофизат намояд ва мавқеи худро устувор нигоҳ дорад.
Нақши сиёсати хориҷӣ дар нигоҳ доштани истиқлолият:
-Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ: Ташкили муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои дигар барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва амният муҳим аст.
-Ҳамкории байналмилалӣ: Иштирок дар созмонҳои байналмилалӣ (Ҷомеаи Умумиҷаҳонӣ) барои ҳифзи манофеи миллӣ ва пешгирии таҳдидҳо кӯмак мерасонад.
Истиқлолият ба давлат имконият медиҳад, ки сиёсати хориҷиро мустақилона муайян кунад. Дар навбати худ, сиёсати хориҷӣ воситаи асосии нигоҳ доштани истиқлолият мебошад. Ҳамкории мутақобилан судманд бо дигар кишварҳо ва ташкилотҳо метавонад ба рушди устувор ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат кунад.
ЗИЁЕВ Субҳиддин - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Дар таърихи миллату давлатдории тоҷикон, нақши занон ҳамеша нақши ҳалкунанда ва таъсиррасон буд. Аз замонҳои қадим то имрӯз, занон ҳамчун муаррифони фарҳанг, илм, маориф ва давлатдории миллии тоҷикон саҳми беназир доранд. Воқеан, дар баробари мардон, занон низ дар рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд. Хусусан, дар марҳилаи барқарории мустақилият ва ташаккули давлатдории нав, саҳми занон хеле назаррас буд.
Дар замони пешазинқилобӣ ва пас аз он, занон ҳамчун фаъолон ва муаррифон дар соҳаи илм, маориф ва равобити байналмилалӣ нақши муҳим бозиданд. Дар давоми солҳои 1990-ум, вақте ки Тоҷикистон ба роҳи мустақилона пойдор шуд, занон ба таври васеъ дар мубориза барои соҳибихтиёрии миллат ва ташаккули давлат саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо дар ҳукумат, ҳомиёни ҳуқуқ, ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карданд, то ки роҳи истиқлолияти кишвар бозгардон ва устувор гардад.
Аз ҷумла, олимон ва муҳаққиқон ба таҳқиқ ва таърихнависӣ дар бораи таърихи миллат ва иштироки занон дар ин марҳила фаъолона саҳм гирифтанд. Занон ҳамчун олимони илмҳои
иҷтимоӣ, таърих ва ҳуқуқ дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва ҳимояи манофеи миллат нақши муҳим бозиданд. Дар байни онҳо, олимони варзида, мисли профессорон ва муҳаққиқон, дар таҳияи рисолаҳо, китобҳо ва мақолаҳое саҳм доштанд, ки саҳми занон дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳимояи истиқлолиятро нишон медиҳанд.
Аз замони соҳибистиқлолӣ сар карда, олима-занон ҳамчун сипари пойдор ва роҳбари ҷомеа дар рушди илми тоҷик, маориф, тиб, ва фарҳанг фаъолона ширкат карданд. Онҳо бо талоши худ дар соҳаҳои гуногун фаъол шуданд ва барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саҳм гузоштанд. Бо истифода аз имкониятҳои нав ва донишҳои муосир, онҳо кӯшиш карданд, ки кӯмак кунанд ба бунёди ҷомеаи демократӣ, озод ва тараққикарда.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар, саҳми олима-занонро қадрдони карда, онҳоро барои саҳми худ дар ҷомеа ва рушди кишвар ташвиқ кардааст. Дар замони роҳбарии ӯ, занон бо дастгирии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, ва иқтисод фаъолона иштирок карданд. Ин дастгирии созмонёфта ба онҳо имконият дод, ки нақши худро дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар гардонанд.
Занони хизматчии давлатӣ низ нақши калидӣ доштанд. Онҳо дар сохторҳои ҳукуматӣ, судҳо, вазоратҳо ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолона иштирок карданд. Дар даврони қабули қарорҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ, занон ҳамчун намояндагони ҷомеаи кӯмаккунанда, ба рушди кишвар кӯмак расониданд. Ба инҳо метавон мисол овард, ки чӣ тавр занон дар интихоби роҳбарон, қабули қарорҳо ва ташкили системаи давлатӣ нақши муҳим бозиданд. Онҳо дорои манфиатҳои миллӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ буданд ва саҳми худро дар ташаккули давлатдории нав гузоштанд.
Ҳамзамон, дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, занон ҳамчун соҳибкорон, омӯзгорон ва фаъолони ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар баробари мардон, онҳо дар равнақаи рушди иқтисодии Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Ба ибораи дигар, саҳми занон дар ин раванд хеле назаррас буда, онҳо ҳамчун сохтори асосии ҷомеа, имкониятҳои инкишофи кишварро афзун мекунанд.
Хулоса
Бо диққат ба саҳми занон, олимон ва хизматчиёни давлатӣ дар рушди истиқлолияти Тоҷикистон, равшан аст, ки онҳо ҳамчун қувваи асосӣ ва ҳомии арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Занон ҳамчун олимон, муҳаққиқон, роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятӣ дар ташаккули давлат ва таъмин намудани мустақилият нақши ҳалкунанда бозиданд. Имрӯз, мо бояд ба онҳо арзи сипос гузорем ва кӯшиш кунем, ки саҳми занон дар ҷомеа ва давлат боз ҳам афзун шавад. Зеро, танҳо дар шароити баробарӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳар як намояндаи ҷомеа, Тоҷикистон метавонад ба сӯи рушди устувор ва ташаккули ҷомеаи демократӣ қадам гузорад.
Аминова Нигора Аминовна н.и.т МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам!
Эмомалӣ Раҳмон
Дар давраи начандон тӯлонӣ соҳаи иҷтимоии мамлакат, хусусан соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ рушд карда, таи зиёда аз се даҳсола беш аз 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тамоми шароити ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шудааст. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Дар соли 2024 шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти илму маорифро самтҳои афзалиятнок ҳисобида, ҷавонони бомаърифатро давомдиҳандаи наслҳои миллати тоҷик арзёбӣ намудаанд.
Маҳз самараи соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Ин ҳама пешравӣ дар кишвари мо таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоиро ба амал оварда, татбиқи омилҳои рақамикунонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи маорифро замина гузошт.
Дар шароити муосир дар раванди таълим якчанд заминаҳои моддиву техникӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои муассир гузошта шуда, дар кишвар низоми рақамикунонии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Ин омили низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф, барномаи иттилоотии «eDonish» буда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” тасдиқ гардидааст.
Ҳадафи асосии рақамикунонии соҳаи маорифи кишвар, ин баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ки яке аз оимлҳои мусбати ин барнома, назорати волидайн тариқи рӯзномаи электронии хонанда огаҳӣ ёфтан мебошад. Инчунин, имкониятҳои барномаи «eDonish» ба хонандагон ва омӯзгорон барои беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тариқи ин барнома: ҷадвали дарсӣ дар шакли электронӣ, хабарнома аз омӯзгор, рӯзномаи электронии хонанда, мавзӯи дарс, вазифаи хонагӣ, баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда, пешрафти хонанда, муқоисаи хонандагон дар синф инчунин муқоисаи хонандагон дар мактаб аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи омӯзгорон назорат карда мешавад.
Ҳадафи дигари рақамикунонии соҳаи маориф, ин муомилоти ҳуҷҷатҳо яъне истифодаи интиқолдиҳандаҳои иттилоотии коғазӣ коҳиш ёфта, ба ин васила нигоҳ доштан ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла буридани дарахтон сарфа карда мешавад. Инчунин, таъсири мусбии рақамикунонии соҳаи маориф дар он аст, ки маълумоти тарбиятгирандагон ва хонандагони тамоми муассисаҳо дар барномаи «eDonish» сабт гардида, бо ин усул мутахассисони соҳа метавонанд, вобаста ба савияи дониши толибилм, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона созанд.
Маҳз дастовардҳои мазкур дар соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, имрӯз дар кишвар 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шароити ба талаботи муосир ҷавобгӯ фаъолият намуда, ҳамаи муассисаҳо бо технологияҳои муосири замонавӣ ва бо китобхонаҳои электронӣ таъмин мебошад.
Ҳамин тариқ, низоми рақамикунонии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ба дастовардҳои назарраси иқтисодиёт мушарраф гардидааст. Инчунин, ин дастовардҳо ба ташаккули “ҳукумати электронӣ”, “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ замина гузошта истодааст.
Сарчашмаҳо:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024 https://president.tj
2. Рақамҳои оморӣ аз https://www.maorif.tj
Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таносуби манфиатҳои геополитикию геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ дигар шуд. Дар таърихи башар марҳалаи нави сиёсӣ, давраи нави зери нуфузи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қарор гирифтани қисматҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама, қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид.
Бар асари қатъ гардидан ё коста шудани пайвандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва дигар робитаҳо байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин бархӯрди манфиатҳои неруҳои қудратталаби минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гирифтор шуд.
Ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон низ ба ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ рост омад.
Дар рӯзҳои вопасини салтанати давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки дар саросари қаламрави он оташи низоъҳои милливу сиёсӣ аланга мезаданд, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар таърихи 24 августи соли 1990 «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард.
Агарчи эъломияи мазкур ҷойи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Шӯравии нав медид ва бовар дошт, ки «пайванди озодона ва баробарҳуқуқии миллатҳои Шӯравӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистии навшуда ба инкишофи ҳаматарафаи онҳо кафолат медиҳад». Мувофиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонист дар қаламрави худ тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ба ҷуз аз ваколатҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ вогузор шуда буданд, мустақилона ҳаллу фасл намояд.
Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъул сохта буд, ки ҳуқуқи дахлнопазирии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва ҷумҳуриҳои иттифоқиро эҳтиром ва эътироф намояд. Ин эъломия бо ҳама фазилат ва аҳаммияти худ ҳанӯз маънии истиқлоли комили давлатиро ифода намекард, зеро дар моддаву бандҳои ҷудогонаи он нукоте таъкид шуда буданд, ки вобастагиҳое ба ҷумҳуриҳои дигарро тақозо менамуданд.
Дар муддати як соли аз қабули эъломия сипаригашта Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бо дарназардошти воқеияте, ки босуръат ҷараён мегирифт ва таҳаввулоти азими ғайримунтазирро ба вуҷуд меовард, ба мазмуну муҳтавои истиқлоли худ аз нав рӯй оварданд ва барои дарёфти истиқлоли комил бо қатъият талош варзиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарки зарурати тағйиру иловаҳо ба Эъломияи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 сентябри соли 1991 ин андеша чунин ифода гардид: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломия дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Дар ин баёнот ду матлаби муҳим ироа шудааст, ки тасмими қатъии Тоҷикистонро дар роҳи касби истиқлоли пурраи мамлакат равшан нишон медиҳад: якум, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр барои аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ; дувум, такмили мафҳуми «истиқлол» бо истилоҳи «давлатӣ», ки арзиш ва моҳияти байналмилалӣ дошт. Маҳз бо такя ба ин мавқеъгирӣ изҳороти мазкур Тоҷикистонро ба сифати субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ карда буд.
Мутаассифона, раванди амалисозии гузариш ба низоми нави сиёсии ҷомеа, сохтори давлатӣ, таҷзияи шохаҳои ҳокимият, ислоҳоти сохторӣ дар ҳокимияти иҷроия бар асоси меъёр ва қонунҳои ҷомеаи демократӣ, ки оғози он дар Эъломия эълон гардида буд, дар натиҷаи муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ, оғози ҷанги шаҳрвандӣ, мудохила ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои моҷароҷӯйи дохилӣ ва берунӣ шикаст хӯрд ва ноком шуд.
Соли 1992 дар Тоҷикистон гурӯҳҳои тундрави ифротгаро чун неруи қавии қудратталаб шакл гирифта, мавқеи неруҳои демократиро заиф сохтанд ва бо сӯйиистифода аз фурсат ва имконоти равандҳои демократӣ ва озодихоҳӣ ба муборизаи ошкоро шурӯъ намуданд.
Мардуми бехабар аз бозиҳои сиёсӣ ва манфиатҷӯйиҳои неруҳои дохиливу хориҷӣ ба ду сангар тақсим шуданд. Дар ду майдони ҳамшафати маркази шаҳри Душанбе, ки он вақт, яке «Шаҳидон» ва дигаре «Озодӣ» номида мешуд, гирдиҳамоиҳои серодам ташкил ёфтанд.
Талабу дархостҳои ҷонибдорони ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буданд. Дар чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар башиддат мураккаб шуд.
Тавҳину таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамомадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифтанд, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳаммули фикру ақидаи ҳамдигарро надоштанд.
Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталошӣ кашидани мардуми одӣ, ки аз умқи ин сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар огоҳии комил надоштанд, яке аз сабабҳои асосии ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои фоҷиабори он замон ба шумор меравад.
Муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, хусусан мардуми одии гирдиҳамомада, гумон ҳам надоштанд, ки кор то ҷанги бародаркушӣ мерасад.
Гурӯҳҳои тундрави ифротгаро бо дастуру фармоиши хоҷагони хориҷии худ барои ба қудрати сиёсӣ расидан солҳои зиёд омода шуда буданд ва аз рафтору гуфторашон баръало аён буд, ки аз ҳеҷ гуна пайомади муборизаи ҳадафмандонаашон ҳарос надоранд.
Ҳамин тавр, сарриштаи муборизаҳои сиёсии неруҳои демократии кишвар, ки хуб ташаккул наёфта буданд ва таҷрибаи кофии сиёсӣ низ надоштанд, ба зудӣ ба дасти гурӯҳҳои тундрав гузашт. Онҳо бо суханпардозиҳои моҳиронаву соҳирона мардуми одиро чунон ба доми худ кашида буданд, ки дигар майдони андешаи солим танг шуд.
Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои мухолифи Ҳукумат як созмоне бо номи «Ситоди наҷоти Ватан» ташкил шуд, ки аслан, як дастгоҳи истинтоқу шиканҷаи шахсони ба кор ва афкори онҳо муқобил буд.
Моҳи апрели соли 1992 гурӯҳҳои тундрави мухолифон кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Ҳукумат ва Шӯрои Олии мамлакат, аз ҷумла 15 нафар вакилони Шӯрои Олӣ ва 2 нафар муовини Раиси Шӯрои вазирони мамлакатро гаравгон гирифтанд. Роҳбари Гвардияи президентӣ генерал Баҳром Раҳмонов ба ҷониби иттиҳоди мухолифони Ҳукумат гузашт. Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз ҳисоби гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» Гвардияи нави миллӣ ташкил намуд.
Ҳамин тариқ, намояндагони ҳар ду майдон аввал бо калтаку белу каланд, баъдан, бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуданд. Дар миёни ду майдон, аниқтараш дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ (имрӯза кӯчаи ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур), ки дар наздикии меҳмонхонаи «Тоҷикистон» воқеъ аст, ҳатто як тӯпхона – аслиҳаи вазнини артилерӣ низ рӯ ба ҷониби майдони «Озодӣ» гузошта шуд.
5 майи соли 1992 бори нахуст, дар рӯйи ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ тирпарронӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа сармуҳаррири нашрияи парлумонии «Садои мардум» Муродулло Шерализода қатл карда шуд. Худи ҳамон рӯз дар деҳаи «Олӣ Совет»-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) бар асари нахустин тирпарронии ду гурӯҳи мусаллаҳи ба ҳам муқобил якчанд нафар ҷавонони бегуноҳ ҳалок гардиданд. Он рӯз муборизаи сиёсӣ ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфт ва ҷанги хунину нангини шаҳрвандии бародаркуш оғоз шуд.
Ба хотири авҷ нагирифтани амалиёти ошкорои ҷангӣ дар шаҳри Душанбе ва пешгирӣ аз хунрезии зиёд, гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» пароканда шуда, бо аслиҳае, ки барояшон дода буданд, тарки пойтахт намуданд.
Президенти вақти кишвар Раҳмон Набиев зимоми идораи давлатро аз даст дода, аз таҳдиди ошкоро ба ҷони худ, нахуст дар бинои Вазорати амнияти миллӣ ва сипас дар қароргоҳи «Дивизияи 201»-и Федератсияи Русия паноҳ ёфт.
Моҳи майи соли 1992 «Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ» таъсис дода шуд, ки ба он аз роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик 9 нафар шомил гаштанд. Аммо ин тадбир ба ором гардидани вазъи сиёсии кишвар таъсире нарасонид.
Охири моҳи май мухолифон кӯшиш намуданд, ки Шӯрои давлатӣ таъсис дода, зимоми идораи давлатро ба даст гиранд, аммо ин нақшаашон амалӣ нагашт.
Аз ноуҳдабароии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки зери таъсири ифротгароёни динӣ ва мухолифони тундрав қарор гирифта буданд, вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб дар муҳосираи шадиди иқтисодӣ афтод. Мардум ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ шуданд. Аз нарасидани орду гандум қисме аз аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Кӯлоб маҷбур шуданд, ки ҳатто сабӯсу кунҷораро истеъмол намоянд. Ин ҳолат ба хуруҷи бесобиқаи бемориҳои вазнини сироятӣ (ҳелиотропӣ) боис шуд. Дар ноҳияи Фархору Восеъ аз чунин бемориҳо шахсони зиёд фавтиданд.
Номзади илмҳои химия, ходими пешбари илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муллоева Нуқра Мазабшоевна
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва шаҳрванди бонангу ори мамлакат неъмати бебаҳо буда, он дар роҳи расидан ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таърихӣ ҷойгоҳи махсусро касб мекунад. Дар робита ба ин, аз қадимулайём мафҳуми истиқлолият дар озодипарастӣ, озодихоҳӣ, ҳамҷаворӣ ва дӯстии ҳамдигар ифода меёфт ва мардум бо орзу доштанд, ки кишвари мо дар харитаи ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақил ва соҳибихтиёр мавқеият дошта бошад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо амри тақдир ва толеи накӯи миллати тоҷик дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ халқи тоҷик баъди ҳазор соли номустақилӣ, аз нав эҳё ва эъмори давлати миллии худро соҳиб гардид.
Соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи худ дастоварди беназир буд, вале хурсандии халқи тоҷик дер давом накард. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият монеаҳо дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуҷуд омада, мардум бо мушкилоту таҳаввулоти сангин дучор гардиданд.
Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон раванди гузариш аз як низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба низоми нав нисбат ба кишварҳои дигари ҷаҳон ба маротиб мураккаб буд, зеро он бо сар задани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ вобастагӣ дошт. Бояд қайд кард, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуда, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид намуд.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд: “Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз намоем. Кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем”.
Вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(23.12.2023) таъкид карданд, ки: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шудаанд».
Тибқи нишондодҳои оморӣ дар соли 2024 дар соҳаи саноат ҷихати ноилшавӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии бисуръат зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гарданд. Дар 2024 сол 528 корхонаи саноатӣ бо 5115 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор дода- шуданд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд 164 корхона, дар шаҳри Душанбе 141 корхона, дар вилояти Хатлон 89 корхона, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 91, дар ВМКБ 43 корхона ба истифода дода шуданд.
Тавре қайд намудем, рушди иқтисоди миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, танзими муносибатҳо ва истифодаи самараноки захираҳо дар ин самт имкон медиҳад, ки ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ноил гардида, дар ин замина сатҳи камбизоатиро коҳиш дода, кишвари худро аз ҳар гуна паёмадҳои номатлуби ҷомеаи чаҳонӣ эмин нигоҳ дорем.
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат тайёри ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии мамлакат тайёрӣ идома дорад. Мо олимони Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикикистон низ барои бо дастовардҳои бузурги илмӣ истиқбол гирифтани ҷашни муборак тайёрӣ дида истодаем.
Истиклоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории мо нодиртарин падидаи сарнавиштсозии миллат мебошад. Таҳти роҳбарии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид ва дар тамоми соҳаҳо мардум ба созандагиву буёдкорӣ машғул шуданд. Дар натиҷа дар замони истиқлол дар кишвар корхонаҳои хурду миёна ва бузург сохта, ба истифода дода шуданд.
Расулов М. Ғ., Сайдалиева А.С. ходимони илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикикистон
Истиқлол на танҳо соҳибихтиёрию озодии давлат, ҳудуд ва мардумони он аст, балки расидан ба андешаи мустақил ҳам мебошад, яъне истиқлоли фикрӣ аст, ки андешаи мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ҳуқуқӣ ба он сахт вобаста аст. Истиқлоли фикрӣ пояи ягонаи матонату мустаҳкамии ватану миллат ва масъалаи меҳварии давлати миллӣ буда, решаву шохаҳои зиёде дорад ва фақат дар сурати ба эътибор гирифтани тарҳи дурусти ташаккули тафаккури миллӣ (менталитет) дар шаҳрвандон ба истиқлолу пешрафту манофеи миллӣ хидмат хоҳад кард, яъне фард бояст дар қиболи тафаккури худ масъул ва оғозгари афкор ва аъмоли лозим барои вуҷуди худ бошад, ки дар маҷмуъ тафаккури миллиро созмон медиҳад.
Тафаккури солими миллӣ дар инсон ангеза ва заминасози меҳру муҳаббат ба ватан, забону фарҳанг, гузаштаи таърихӣ, майл ба истиқлоли сиёсӣ, амнияти миллат ва ҳифзи шаъну эътибори он мебошад. Тафаккури миллӣ зери таъсири сиёсату маҳдудияти маданию фарҳангӣ ва забонӣ ба нузули сатҳи фикрӣ оварда мерасонд. Таърих гувоҳ аст, ки барои аз байн бурдани як миллат кофист тафаккури миллии онҳо зери бори зӯру тазйиқ қарор гирад.
Тоҷикон дар масири таърих зулму ситами зиёд дидаанд ва пайваста дучори фишору таъқиб аз ҷониби қабоили аъробу, ғосибони турку муғул ва ҳамсояҳои бетараҳҳум шудаанд, ки мислашро инсоният кам дидааст. Дар чунин вазъият ташкили Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар ҳайати шуравӣ, гарчанде тақсимот аз ҷониби ҳокимони давр бисёр беадолатона буд, шуълаи умеде ба доштани марзу бум барои мардумони куҳанбунёду азиятдида шуд.
Замони шуравӣ маҳз маҳдудиятҳои иҷтимоию сиёсию фарҳангӣ боиси хушкидани тану шохаҳои дарахти тановари миллат шуд, ки дар охир ба нигилизми миллӣ расонд.
Замони бозсозӣ падидаи умедбахше зоҳир шуда, барои миллату халқҳои шуравӣ шароиту имконе барои нигоҳ доштани забону фарҳанг ва раҳоӣ аз тамоюли ассимилятсия шудан, ки зери шиори “пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” сурат мегирифт, фароҳам омад. Ҷунбишҳои маданӣ ва бедории фикрӣ боис шуд, ки 22 июли соли 1989 мардуми тоҷик дар роҳи дар мақоми расмии давлатӣ пазируфтани забони тоҷикӣ пирӯз шаванд. Аммо барои нигоҳ доштани ягонагии миллат мавҷудияти давлати миллӣ чун обу ҳаво ба тоҷикон зарур буд, зеро танҳо давлати миллӣ суннатҳои фарҳангӣ, бехатарии миллӣ ва озодии ҳар як шаҳрвандро метавонад таъмин кунад.
Истиқлоли миллӣ соли 1991 боис шуд, ки кишвари мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон падид ояд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шавад. Агар мушкили марзию ҳудудӣ як тарафи мушкилоти давлати тозабунёд бошад, мушкили дигаре падидаҳои манфии замони шуравӣ бохтану гум кардани шахсияти мустақилфикри фарҳангӣ буд. Имкони истиқлоли фикрӣ надоштан барои андешаи пешраву ҷӯянда ҷо намондан, бозмондагии фикриро ба таври урёну бепарда намоиш дод. Сабаб ин буд, ки забону адабиёти русӣ, агарчи дар бархе аз ҷумҳуриҳои навтаъсиси шуравӣ боиси баланд бардоштани сатҳи фарҳангу забони онҳо шуда бошад, аммо барои тоҷикон ин раванд боиси якбора аз тамаддуну фарҳанги ҳазорсолаи худ ҷудо шудан буд, ки натиҷаи фоҷиаборашро имрӯз ҳам эҳсос мекунем. Албатта, буданд касоне, ки ин ду сарчашмаи тамаддунро, яъне форсии тоҷикӣ ва русиро пайванд доданӣ буданд, ки ҳамин гуна касон дар миёни тоҷикон эътибору иззату икроми зиёдеро соҳиб шуданд ва Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Муҳаммадҷон Шакурӣ аз зумраи онҳоянд.
Вақте як ходими сиёсию маъмурӣ ё илмию адабии тоҷик аз тафаккуру фарҳанги миллӣ дур шуд, миёни ӯ ва мардум аз мавқеи ҳамин суннатҳои бунёдии илмию фарҳангию маънавӣ як навъ ҷудоӣ ва садди азими фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Дар воқеъ бохтану гум кардани шахсияти мустақилфикри фарҳангӣ яке аз падидаҳои манфии замони шуравӣ мебошад. Дар он замон сиёсатмадорону маъмурон аз суннатҳои фарҳангии халқи худ ҷудо монданд ва ягона чизе, ки онҳоро бо мардум мепайваст, риояи баъзе аносири русуму одоби мардумӣ буд, вале онро ҳам дуруст ба ҷой намеоварданд.
Хушбахтона, истиқлоли миллие, ки насиби мо тоҷикистониён гаштааст, боиси парвариш ёфтани тафаккури миллӣ дар афроди ҷомеа мебошад, ки аз ташаккули ҳувияти миллӣ дар инсон маншаъ мегирад. Аносири ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму ойин, тафаккури миллӣ, хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонӣ маншаъ мегирад. Тафаккури миллӣ аз таҷрибаву андӯхтани донишҳо, муҳиту фарҳанги миллӣ, расму анъанот ва дину ойин дар инсон шакл мегирад.
Фарҳанг мафҳуми густардаест, ки аз забон, адабиёт, ҳунар, илм, офаринишҳо, фалсафа ва дин, боварҳо, арзишҳо, рафторҳои хоси мардумони он, одобу русуми иҷтимоӣ ва суннатҳо иборат аст. Фарҳанг ҳама вақт реша дар аъмоқи суннатҳои миллӣ дорад. Барои доштани тафаккури солими миллӣ афроди ҷомеаро зарур аст, чунин аркони фарҳанги миллиро омӯхта ва аз бар карда бошем: 1) забони тоҷикиро ба ҳадди аъло донанд, меъёрҳои забони адабиро дар гуфтору навиштор риоя кунанд ва забонро поку беолоиш нигоҳ доранд. Сарвари давлат борҳо перомуни покизагии забон қайд намудаанд: “зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”; 2) адабиёти ҳазорсолаи адабии тоҷикиро мутолиа карда, аз он андӯхтаҳое дар зеҳну тафаккуру захоири дониш дошта бошанд. Дар китобхонаҳои ҷаҳон имрӯз наздики 120 ҳазор нусха китоби дастнависи форсӣ мавҷуд аст, ки тақрибан 35 ҳазор номгӯй китобро ба шумор меоранд ва мутолиаи онҳо барои ҳар як тоҷики боору номусу бедордил фарз аст; 4) аз илмҳои бунёдӣ ва муосир баҳравар бошем, зеро танҳо шахси бофазлу дониш метавонад ба ҷомеа хидмати дурусту бедареғ кунад, аз ин рӯ, бузургони мо илму донишро дар ҳама давру замонҳо ситоиш кардаанд: “Дониш андар дил чароғи равшан аст” (Рӯдакӣ); “Илм нони ҷони тусту нон туро илми тан аст” (Носири Хусрав), “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” (Ганҷавӣ); 5) аз суннатҳову боварҳои мардуми тоҷик огоҳии хуб дошта, ба онҳо арҷ гузорем, зеро онҳо маҷмуаи афкори мардуманд, ки тайи қарнҳо омада, зиндагиро маъно мебахшанд; 6) дониши дурусти динию мазҳабӣ дошта бошем, зеро дину ойин “башариятро ба аносири мовароуттабии, мовароӣ ва маънавӣ пайванд месозад” ва омӯзишу доштани дониши динӣ боиси риояи дурусти фароизи он ва ахлоқи хуб мешавад. Дин барои осон кардани ҳаёту мамоти инсон аст. Бинобар ин, бояд ислом асоси русуму одоб ва тамомияти кирдори одамӣ бошад. Аммо динро ҳамчун силоҳи сиёсат истифода кардан на фақат пояи инсофро, балки асоси диёнатро хароб мекунад. Ҳар гоҳ дар саҳнаи таърих аз ин вазифаи муқаддаси дину мазҳаб касе сӯистеъмол карда бошад, ҷавру ситами бадномиоваре ба номи худ содир кардааст. Бино бар ин, ҷомеаи мусалмонони мо бояд сурату маънои демократӣ дошта бошад.
Ҷомеаи мо ниёз ба шахсиятҳои миллие дорад, ки фидокору бетамаъ ва дар роҳи манфиату саодати халқи худ хидмат расонанд, аммо вақте ки илму фарҳанг мояи ифтихори шахсияти шинохташуда нест, чӣ ҷои сухан аз мақоми тафаккури миллӣ?
Дар маҷмуъ тамоми унсурҳои фарҳанги миллӣ сарчашмаи дар сиришт инсон рустану парвариш ёфтани тафаккури миллист, ки тамомияти комили ҷомеа, сулҳу субот дар кишвар, ваҳдату якпорчагӣ ва андешаи солиму бедор ва ҳамбастагию ҳамдилиро дар ҷомеаи Тоҷикистон таъмин менамояд. Ҳоло пурсиш ин аст, ки то куҷо афроди ҷомеа аз унсурҳои фарҳангӣ бархурдоранд ва оё дараҷаи донишу андӯхтаҳои онҳо аз аносири фарҳанги миллӣ дар ташаккули тафаккури миллии онҳо нақш бозидаанд? Агар тафаккури миллӣ дар шакли бояду зарурӣ дар афроди ҷомеа парвариш наёфта бошад, пас, вазъи хатарзоеро бар появу бунёди давлати миллӣ ба бор меорад. Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни номатлуб ва басо нороҳаткунандаву нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва ба назари беътиноӣ ба фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ менигаранд, ки далели зафъу нотавонии фикрист. Имрӯз, бо таассуф ақибмондагии фикрӣ дар кулли табақоти ҷомеа эҳсос мегардад. Дар сифати сухану гуфтори мардуми кӯчаву бозор ва муассисаву корхонаҳо фарқе намондааст.
Тафаккури миллии мо аз забон, маънавият, руҳоният, илму дониш, фарҳанг ва таҷрибаи таърихии мо ҷудо нест ва онро ба хотири тамосу пайвастагӣ бо тамаддуни беш аз ҳазорсолаамон ва давлати мустақили миллиамон бояд нигоҳ дошт. Рукнҳои асосии мафкуравию фарҳангӣ ва урфии миллӣ, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ, ки барои пойдории асолат заруранд, бояд мавриди эътибор қарор дошта бошанд. Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ишора карданд: “Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлӯҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯбарӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Маҳз, бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд”.
Имрӯз дар ҷаҳони басе ҳассосу ноором ҳодисаву воқеаҳои ғайриинтизор пешорӯи инсонҳо рух медиҳанд ва инро бояд донист, ки танҳо тафаккури солиму устувори миллии афроди ҷомеа метавонад аз ин гуна хатарҳо Тоҷикистонро эмин нигаҳ дорад. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикистониёнро аз шикасту бенавоӣ танҳо ва танҳо давлати Тоҷикистон нигоҳ дошта метавонад. Бино бар ин, дар миёни гирудорҳои ҷаҳони имрӯз тоҷикон бояд ғаразҳоро як сӯ гузошта, давлати миллии худро бо дасту дандон бидоранд. Барои побарҷой мондани ин марзу бум бояст аз фарҳанги миллӣ, ки аз зербиноҳои давлати миллӣ ва сайқалдиҳандаи тафаккури миллӣ аст, дифоъ кунем ва нагузорем, ки тафаккури миллӣ коста гардад ва бо нузули сатҳи фикрӣ мувоҷеҳ шавем.
Шарифзода Фарангис директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Дар интиҳои асри ХХ, миллати куҳанбунёди мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил шуда, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ гардид. Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосса зикр намудаанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.
Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили асосии рушду тараққиёт ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгари манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад. Тоҷикистони азизи мо давоми 34 - соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Истиқлолият барои тоҷикон дарвозаҳои бузургеро ифтитоҳ бахшид, ки ин миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун барои тамоми халқияту давлатҳои ҷаҳон расму оин ва фарҳанги волои хешро муаррифӣ карда тавонист.
Илму дониш дар назди халқи фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём мақому манзалати хоса дошт. Имрӯз мо дар остонаи арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти кишварамон қарор дорем. Ва дар ин муддати 34 сол дар кишвар натиҷаҳои хуби илмӣ дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба даст омадааст.
Дар давраи истиқлолият дар кишварамон фаъолияти олимон дар таҳқиқи проблемаҳои илмии қариб ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, химия, биология, геология, ситорашиносӣ, риёзиёт, физикаи таҷрибавӣ ва назариявӣ, сохтмони ба зилзила тобовар, физиология ва биофизикаи растаниҳо хеле назаррас аст. Дар яке аз вохӯриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё гуфта буданд, ки дар нимаи дуюми асри гузашта ва солҳои истиқлолият бозёфту кашфиёти олимони тоҷик, алалхусус, дар соҳаҳои зилзиласанҷиву ситорашиносӣ, кимиёву биология ва риёзиёту тиб таваҷҷуҳи аҳли илми оламро ба худ кашида буданд ва таҷрибаи илмии онҳоро мавриди истифода қарор медоданд.
Мо дар остонаи арафаи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин муддати 34 соли истиқлолият дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба хусус дар соҳаи илми кимиё натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст омадааст.
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ маркази муҳими илмӣ буда, дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишварамон саҳми муассирро дорад. Чунончӣ, таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи замони муосир нишон медиҳанд, асоси пешрафти ин кишварҳо рушди соҳаи кимиё ва саноти кимиё маҳсуб меёбад, ки аз партави рушди соҳаи мазкур дигар соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар тағзия намуда, пешрафт менамоянд.
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои афзалиятнок барои ҷумҳурӣ - омӯзиши кимиёвии боигариҳои табии ҷумҳурӣ ва коркарди илман асосноки ихтироъи пайвастагиҳои нави кимиёвӣ ва мавод барои эҳтиёҷоти саноат, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ва инчунин гирифтани маҳсулоти арзишнок аз партовҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ тағйири самти фаъолият кард.
Олимони Институти кимиё дар тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаҳои химия ба натиҷаҳои муҳим ноил шудаанд. Масалан, натиҷаҳои муҳимтарини илмии ба дастовардаи Институти химия дар солҳои охир марбутанд ба сохтани амсила (модел)-и геохимиявии таназзули Тоҷикистон чун сохтори махсуси таҳшини қишри Замин - фурӯхамидаҳои азими байни кӯҳ. Таҳқиқоти палеогеографӣ имкон дод, ки масоҳати ояндадори конҳои ангишти нав ошкор гардад. Ғаноиши (консентратсия) муҳими саноатии бор, нуқра, уран, лития ва дигар филизот дар намакоб ва таҳшини кӯли Помир муайян карда шуд; коркарди технологияи ҳосилкунии гилхок аз ашёҳои хоми маҳаллӣ барои Заводи Алюминийи Тоҷикистон; масоили аз нав коркарди маҷмӯи маъданҳои алюмосиликатӣ - сиенитҳои нефелинӣ, сафедгил, сеолитҳо, бентонитҳо, мусковит, аргелит, кислотаҳои сиаллитҳо ва бо тарзи хлоркунонӣ баррасӣ гардид.
Ин намуди ашё бо сабаби камшавии захираи ашёи анъанавӣ – боксити босифат (ҳамчун ашёи хом ҳоло барои ҳосил кардани алюминий дар ТАЛКО истифода бурда мешавад) аҳамияти калон пайдо мекунад; технологияи аз нав коркарди данбурит ва маъдани кони Ак-Архар, аргиллитҳои кони Чашма - Санг бо тарзи хлорӣ ва тезобӣ; коркарди технологияи тасфияи аз нав коркарди маъдани фосфордори кони Риват ва Қаратоғ бо ҳосилкунии ғанигардонӣ, коршоям барои ба даст овардани орди фосфоритӣ ва нуриҳои минералӣ.
Барои маъдани кони тиллодори сурмаю симоби уфуқии Поёни кони Ҷиҷикруд нақшаи технологии имкондиҳандаи ба таври маҷмӯъ ҳосил кардани ҳама таркиби фоиданок ихтироъ карда шудааст.
Дар шароити озмоишгоҳӣ таҳқиқот роҷеъ ба тарзи тиомочевинӣ, усули аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ишқоронии тилло ва нуқра аз маъдани кони Чоре гузаронида шуд.
Асосҳои назариявӣ ва технологии синтези алюминийи нави зангназананда, хӯлаҳои рӯҳ барои эҳтиёҷоти техникаи нав ва инчунин назарияи алюминии ҷавҳардори зангназананда ва хӯлаҳои он коркард гардид. Олимони институт дар ин самт тақрибан 150 системаи сегонаро бо якҷоягии алюминий таҳқиқотро ба роҳ монданд. Муайян гардид, ки илова кардани яққатор филизоти камёб ба оксидшавии хӯлаҳои ибтидоии арзиз, суръати зангзании онро 2-3 маротиба кам мекунад. Хӯлаҳо ба сифати пӯшиши анодӣ барои муҳофизати иншооти пӯлодӣ ва маснуот аз зангзанӣ ва маводи техникаи барқ чун қабати қуввагии кабел ва ноқилҳои барқӣ таъйин гардидааст.
Туршобаи холат ҳамчун ашёи аввалия барои синтези маводҳои доругие, ки қобилияти литолитикӣ доранд, маводи Трионин, ки фаъолияти ҳалкунии сангҳои хелостеролӣ ва як қатор марҳамҳои растанигӣ омода ва пешниҳоди тадбиқ гардид. Айни замон хосиятҳои заҳраравонӣ, литолитикӣ (об кардани санги талхадон) ва гипохолестеринемии (паст кардани холестерини хун) омӯхта шуда истодааст.
Ба мақсади омӯзиши истифодашавандагии пектинҳо муштаракан бо Институти гастроэнтерологии АИТ ВТ ҲИА ҶТ ва Донишгоҳи тиббии ш. Деҳлӣ (Ҳиндустон) таъсири нахҳои пектинӣ дар табадулотҳои кимиёвии талха ва касалиҳои санги талхадон омӯхта шудааст. Муштаракан бо кафедраи амрози сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳқиқи таъсири пектин дар муолиҷаи касалиҳои роҳи меъдаву рӯда идома дорад.
Бо як қатор олимони донишгоҳҳои ИМА ва Маркази илмии минтақавии Шарқии Департаменти давлатии ИМА оид ба кишоварзӣ таҳқиқот дар соҳаи таъсис ва истифодаи низоми таҳвили доруворӣ дар асоси пектин бо истифода аз асбобҳои замонавӣ гузаронида мешавад. Ихтирооти мазкур дар кишварҳои муштаракул манофеъ шабоҳате надорад ва дар вақти дарёфти маблағ маводи нав барои содирот сохта мешавад.
Як қатор таҳқиқот оид ба тавсифи химиявии равғани ангат дар Помир мерӯйида, радиола ва дигар набототи доруворӣ гузаронида шуд.
Таҳқиқот оид ба истифодаи оқилонаи ангишт ва азнав коркарди он шурӯъ шудааст. Пешниҳоди якҷоя истифодабарии партовҳои сахти полимерии ангиштдор, дар раванди газкашӣ метавонад проблемаи қобилияти пасти гармоофарии маҳсулоти ниҳоиро ҳал намояд. Технологияи мазкурро метавон дар муддати кӯтоҳ дар ҳар корхонаи дорои талабот ба ҳомилҳои энергия ҷорӣ намуд.
Пажӯҳиш оид ба синтез ва ҷустуҷӯи пайвастагиҳои нави фаъоли биологӣ дар асоси пайвастагиҳои сулфуру нитроген ва гетеросиклии кислороддор бурда мешавад. Раванди синтез ва омӯзиши хосиятҳои физикавию химиявии пайвастагии тиадиазоло-пиримидин ва таҳқиқи фаъолнокии зиддимикробии давом дорад.
Дар давраи солҳои 1991-2025 аз тарафи Институти кимиё рочеъ ба истифодаи ихтирооти илмӣ сенздаҳ пешниҳод карда шуд ва нӯҳ ихтироот дар истеҳсолот тадбиқ карда шуданд. Дар корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон тарзи ҳосилкунии ферросилитсий ва чӯян аз партовҳои истеҳсолот бо самараи умумии иқтисодӣ тақрибан 1 млн. доллари ИМА ҷорӣ карда шуд. Инчунин дар корхонаи «Тамохуш»-и шаҳри Исфара масолеҳи ба коррозия тобовари дар асоси алюминий татбиқ карда шуд.
Истеҳсоли коагулянтҳо барои полоиши об ба роҳ монда шудааст. Технологияи ҳосилкунии маъдани криолит-гилхок аз партовҳои истеҳсолоти алюминий ва ашёи хоми минералии маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) дар Институт коркард гардид. Дар асоси технологияи мазкур дар корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон сехи коркарди партовҳо сохта ба кор андохта шуд.
Дар корхонаи «Зарафшон» усули хлорбуғкунии коркарди консентрати тиллою миси кони Тарор ҷори карда шуд, ки ба ин корхона дар як сол бештар аз 4-5 миллион сомонӣ фоида меорад. Дар дастгоҳи нимсаноатии озмоишгоҳи «Ғанигардонии маъдан», ки иқтидораш 60 кг/соат мебошад, таҳқиқи флотатсионии маъдани фосфордори кони Риват гузаронида шуд. Дар натиҷа 5000 кг маъдани фосфордори кони Риват бо усули флотатсионӣ дар дастгоҳи нимсаноатӣ ғанӣгардонида шуд. Дар натиҷа орди фосфордор ба даст оварда щуд, ки дар таркибаш Р2О5 аз 22 то 24 % буд.
Маҳлулҳои пектини себ ҳамчун моддаи қавикунанда дар истеҳсоли кефир ва ёогурт (ҶСП «Комбинати шири Душанбе») ва унсури лиҳобкунанда (гелсоз) барои маҳсулотҳои қаннодӣ (мармалод) дар Фабрикаи қаннодии «Ширин»-и шаҳри Душанбе аз ташхис гузашт. Ҳамин тариқ ин ташхис ба корхонаи маҳсулоти ширӣ имконияти нигоҳдории дарозмуддати маҳсулоти истеҳсолиро фароҳам овард ва имконияти ивази ашёи воридотиро ба миён гузошт.
Ихтирооти Институти химия оид ба сохтани мембран дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» барои истеҳсоли умумии ҳисоббарори газӣ ва тарзи полоиш ва шаффофияти доимии вино (шароб) бо бентонит ва маводи полимерии маҳаллӣ дар ҶСШП «Душанбе» бо самараи иқтисодии 65 ҳазор сомонӣ ҷорӣ карда шуд.
Истеҳсоли дурдабанд (коагулянт) барои полоиши об ба роҳ монда шудааст. Технологияи ҳосилкунии маъдани криолит-гилхок аз партовҳои саноати алюминӣ ва ашёи хоми минералии маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) дар Институти химия коркард гардид, ки дар КВД «Заводи Алюминийи Тоҷик» коргоҳ оид ба азнав коркарди партовҳои истеҳсолоти алюминий сохта ва ба истифода дода шуд.
Дар давоми солҳои 2003-2025 ходимону олимони Институти химия зиёда аз 3000 мақолаҳои илмӣ, 84 монографияро интишор намуда, 104 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарёфт намуданд.
Ҳамкории институт бо марказҳои байналмилалии илмӣ- техникӣ (МБИТ) дар асоси озмун дар байни 7 кишвари минтақа ба гирифтани 11 лоиҳаи МБИТ ба маблағи беш аз 2.6 млн доллари ИМА мусоидат намуд. Имрӯз таҳқиқоти илмӣ бо олимони амрикоӣ ва олмонӣ якҷоя гузаронида мешавад, ки ноилшавӣ ба натиҷаҳои баланд расонд ва онҳо дар мақолаҳои муштарак дар маҷаллаҳои боэътимоди байналмилалӣ интишор шудаанд. Ҳамкории илмӣ дар доираи қарордодҳои қаблан баста байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии исломӣ Эрон ва Покистон, бо олимони Олмон, Итолиё, Фаронса, Австрия, Туркия ва Руминия дар доираи лоиҳаҳои МБИТ, Иттиҳоди Аврупо, НАТО (Созмони Атлантикаи Шимолӣ) ва меорандуми тарафайн идома дорад
Ба ғайр аз ин, ҳамкорӣ бо кишварҳои муштаракулманофеъ яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти институт боқӣ мемонад. Таҳқиқотҳои муштарак бо марказҳо ва ширкатҳои илмии Қазоқистон, Институти химия ва технологияи кимиёвии Академияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Маркази байналмилалии инноватсионии нанотехнологияи ИДМ дар назди Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ (шаҳри Дубнаи ФР) идома дорад. Илова бар ин Институт бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва Белорусия низ робитаи илмиро низ ба роҳ мондааст, ки метавонад дар пешрафти илм заминаи хуберо фароҳам созад.
Дар Институтуи кимиё технологияи истеҳсоли пектин аз партовҳои мевагӣ (себ) дар сатҳи нимсаноатӣ бо патентҳои зерин ҳифз карда шуд: ЕАП 016871, Патенти Евразия (2018). Тарзи истеҳсоли пектинҳо аз маводи растанигӣ; UA 70046, Патенти Украина. Хати технологии коркарди моддаҳои пектинӣ бо усули флэш. Дар КВД “Коргоҳи мошинасозӣ” санҷиши намунаҳои хӯлаҳои алюминий бо бериллий ва галлий гузаронида шуд. Муайян карда шуд, ки аз истифодабарии ин хӯлаҳо суръати коррозияи қисмҳои таҷҳизотро 1.5-2 маротиб кам мешавад. Дар Ҷамияти саҳомии пушидаи “Джунтай Дангара Син Силу Текистил” хӯлаи ба коррозия тобовари алюминий бо магний (TJ № 972, 19.02.2019 с.) санҷишҳои таҷрибавиро гузашт. Фоидаи иқтисодӣ дар як сол 1000 сомониро ташкил медиҳад. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ноқили ТАлКо» ихтироотҳои TJ № 1058 (14.02.2020с.) ва TJ № 1059 (14.02.2020с.) “Хӯлаи алюминийи ноқилӣ” аз санҷиши техникӣ гузаронида шуданд. Ҳангоми 10% кам кардани сатҳи буриши ноқиклҳо барои истеҳсоли 1000 т ноқили электрикӣ бо инобати нархи 2000 доллари ИМА барои 1 т, 10% камшавии ҳаҷми металл, яъне 100 т фоидаи иқтисодӣ 100 · 2000 = 200 000 доллари ИМА баробар мешавад.
Дар тӯли даврони истиқлолияти давлатӣ Институти кимиё АМИТ тадқиқот оиди коркарди роҳҳои хосил намудани консентратҳои ҷузъи васеъи тобитумии маҳсулоти нафти, ҳосил намудани сулфонҳои нафти ва омӯзиши фаъолияти биологии онҳо дар соҳаи чорводорӣ роҳандози намуда, ки натиҷаҳои илмиро бо бо патентҳои зерин ҳифз намуд: Нахустпатенти ҶТ Усмонов Р. №TJ 803, «Таркиби дорои таъсири акритсидӣ нисбати канаи ҳайвонот» (2016с.) ва Усмонов Р. № TJ 1023 «Мавод барои табобати гелментози ҳайвонот» (2019с) Нахустпатенти ҶТ № TJ 1284 аз 7 январи 2022 с. “Тиосемикарбазиди 3α,7α,12α-тригидрокси-5β-кислотаи холинӣ, ки фаъолияти зиддимикробӣ дорад”, (муаллифон Абдуллозода С.И., Акилова М.М., Назарова З.Д., Султонмама-дова М.П., Рахмонов Р.О., Кобилов Н.К.), Нахустпатенти ҶТ Нахустпатенти ҶТ тибқи аризаи 2201747 аз 31.10.2022 “5((6-(4-бромфенил)-2-(фенилтио)имидазо[2,1-b]-[1,3,4]тиадиазол-5-ил)-тио)-1,3,4-тиадиазол-2-амин дорои хусусияти зиддими-кробӣ ва зидди бемории сил” (муаллифон Зоидова М.Т., Раҳмонов Р.О., ва дигарон).
Мувофиқи нақшаи кории КИТ-и озмоишгоҳи “Химияи пайвастагиҳои гетеросикли”-и аз санаи 26.06.2025 то 05.07.2025 барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии эмулсияҳои обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор бо консентратсияҳои 15, 20 ва 25% барои муайян кардани таъсироти зидди канаи ҳайвони шохдори калон дар хоҷагии чорводории қисми ҳарбии 4505-и ноҳияи Шаҳринав гузаронида шуданд.
Саравал 15 (понздаҳ) сар чорвои калони шохдорро ба се гурӯҳ тақсим намудем.
Гурӯҳи якум - 5 (панҷ) сар чорвои калони шохдор субҳ бо эмулсияи тайёркардашудаи 15%-а дар бадани чорво ба миқдори 35-40 мл дар масоҳати 1м2 зимни пошидан истифода намудем.
Гурӯҳи дуюм - 5 (панҷ) сар чорвои калони шохдор субҳ бо эмулсияи тайёркардашудаи 20 %-а дар бадани чорво ба миқдори 30-33 мл дар масоҳати 1м2 зимни пошидан истифода намудем.
Гурӯҳи сеюм - 5 (панҷ) сар чорвои калони шохдор шомгоҳон бо эмулсияи тайёркардашудаи 25 %-а дар бадани чорво ба миқдори 27-30 мл дар масоҳати 1м2 бо роҳи пошидан истифода намудем.
Пас аз истифодаи маводи зидди кана – эмулсияи обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор дар консентратсияҳои 15, 20 ва 25%-а натиҷаи санҷишҳои экспедитсионӣ нишон дод, ки баъди 7-10 соати истифодаи маводи консентратсияаш 15% дар бадани чорво 65-67% канаҳоро несту нобуд кард. Маводи 20% -а дар бадани чорво то 85 % канаҳоро нест карда, маводи 25 % -а канаҳои бадани чорворо то 97-100% нест намуд.
Ҳангоми истифодаи эмулсияҳои обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор бо консентратсияҳои 15, 20 ва 25% маълум карда шуд, ки дар бадани чорвоҳои истифодабурда ягон намуд тағйиротҳои куллӣ дар пусти чорво ба вуқуъ наомад ва баръакс ҷойҳои захми пусти чорво, ки аз ҳисоби канаҳо пайдо гашта буданд дар мудати кутоҳ пурра барқарор шуданд.
Натиҷаҳои пешгӯишаванда оиди заҳрнокии пайвастагиҳои сулфурдори таркиби нафт аз қабили сулфиди гидроген, меркаптанҳо (тиолҳо), сулфидҳо (тиоэфирҳо) ва дисульфидҳо (дитиоэфирҳо), пайвастагиҳои сиклӣ ва гомологҳои онҳо, ки бо истифода аз усули докинги молекулавӣ ба даст оварда шудаанд, имконияти бо мақсади сади хунӣ-мағзӣ, экозаҳрнокӣ ва ситохром CYP2C9 таъсир расониданро дошта, идомаи омӯзиши хосиятҳои заҳрнокӣ ва акариcидии онҳо дар шароити in vitro ва in vivo метавонанд имконияти васеъи истифодаи онҳоро дар соҳаи чорвопарварӣ ба сифати маводи антипаразитӣ фароҳам созанд.
Тавсияҳо оид ба истифодаи амалии натиҷаҳо. Дар асоси натиҷаҳои ба даст оварда шуда, имконияти аз фраксияи ҷудошуда тавасути эмулигаторҳо (собун) метавон эмулсияҳои обии устувори сулфидҳо ва сулфоксидҳоро дар консентратсияҳои гуногун (10, 15, ва 25%) дар асоси фраксияи миёнаи ҷудокардашуда, сулфоксидҳо, об ва эмулигатор (собун) тайёр намуда, таъсири акариcидии эмулсияҳои мазкурро дар шароити in vitro ва in vivo мавриди омӯзиш ва истифодабарӣ қарор дод.
Натиҷаҳои санҷиши зидди канаи чорвои калони шохдор, ки дар асоси эмулсияи обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор бо консентратсияҳои 15, 20 ва 25% таҳия шудаанд нишон дод, ки барои нест кардани канаҳо таъсири марговар дошта, вале барои чорвои калони шохдор безарар мебошад ва барои истифода дар соҳаи чорвопарварӣ тавсия дода мешаванд.
Таҳқиқоти in silico-и пайвастагиҳои сулфурдори таркиби нафт ва идомаи омӯзиши хосиятҳои заҳрнокӣ ва акариcидии онҳо дар шароити in vitro ва in vivo метавонанд имконияти васеъи истифодаи онҳоро дар соҳаи чорвопарварӣ ба сифати маводи антипаразитӣ фароҳам созанд.
Мутобиқи шартномаи дутарафаи байни Институти химия ва фирмаи «Лазурит» техналогияи истеҳсоли хиштҳои ҳарораттобовари маркаи ШБ-5 аз ашёи маҳали ба даст оварда шуд. Бо ин техналогия дар базаи фирмаи «Лазурит» 500 тонна хишти оташтобовар пухта шуда дар корхонаи ШАТ «ТАЛКО» санҷиши истеҳсоли гузаронида шуд.
Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илм як қатор олимони Институт сазовори ҷоизаҳо гардиданд. Академики НАНТ У.М.Мирсаидов бо ордени «Дустӣ» сазовор гардид. Академикҳои АМИТ У.М. Мирсаидов, К.Ҳ. Ҳайдаров ва узви вобастаи АМИТ И.Ф. Раҳимов ба Ҷоизаи Давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника сарфароз карда шуданд. Академики АМИТ К.Ҳ. Ҳайдаров ва доктори илмҳои химия А.Ҳ Қодиров соҳиби ҷоизаи АМИТ шуданд. Ғайр аз ин, як зумра олимони Институт сазовори ҷоизаҳои байналмиллалӣ гардиданд: академик Далер Набиҷонович Почоҷонов дар с. 2013 сазоворӣ ҷоизаи байнидавлатии ИДМ, мукофоти «Звёзди Содружтства», н.и.к. Зиёдулло Обидов дорои дипломи «Лучший молодой ученый Евразии», д.и.к., профессор Қодиров А.Х. дорои медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳҳнӣ дар с. 2015. Дар соли 2017 академик Ғаниев Иззатулло Наврузович ба Ҷоизаи нашриёти «Springer Nature Awards ТОП»–и Ҷумҳҳурии Олмон «Ҳамчун пурмаҳсултарин муаллиф» аз Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Тибқи пурсиши рӯзномаи Ҷумҳурият академик Ғаниев Иззатулло Наврузович “Олими сол” дар соли 2020 шинохта шуд. Унвонҷӯи озмоишгоҳи химияи пайвастагиҳои калонмолекула Исмоилов Икромҷон Бомуродович дар озмуни «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ дар соли 2020» иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагии «Лучший молодой учёный 2020 года» мукофотонида шуд.
Илова бар ин зикр намудан бамаврид аст, ки академики АМИТ Ӯ. М. Мирсаидов барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмӣ ба дар рушди илми кишвар ба мукофотҳои Мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2005), Мукофоти байналмиллалии ICESCO (2010), Мукофоти байналмилалии Академияи илмҳои ҷаҳонии сеюм - TWAS (2017) ва Мукофоти байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» ва Мукофоти давлатии “Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро (с. 2024) сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин дар соли 2024 директори Институти кимиёи АМИТ д.и.т., профессор Сафаров А.М. низ сазовори мукофоти давлатии “Медали хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати АМИТ бо ҷаҳду талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода дар соли равон дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ се озмоишгоҳи замонавӣ – “Озмоишгоҳи усулҳои физикавӣ химиявии таҳқиқот” дар заминаи озмоишгоҳ “Маводҳои ба коррозия устувор”, дар заминаи озмоишгоҳи “Химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ”-и озмоишгоҳи замонавии “Усулҳои таҳкиқоти физикавӣ ва химиявиипайвастагиҳои табии ва синтетикӣ” ва дар заминаи озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва партовҳои саноатӣ”-и озмоишгоҳи “Коркарди комплексии маъданҳо”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра аз таъмир бароварда шуда, бо асбобу технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз номи озмоишгоҳҳо маълум аст, самти асосии тадқиқоти илмии озмоишгоҳҳо таҳқиқоти ашёҳои табиию синтетикӣтаҳияи ва таҳқиқи маъданҳои захирагоҳҳои минералии ватанӣ маҳсуб меёбанд, ки имконияти асосҳои назариявӣ ва технологии таҳқиқи пайвастагиҳои табиию синтетикӣ ва коркарди технологии конҳои минералии кишварро фароҳам сохта, дар эътимоднок сохтани натиҷаҳои илмӣ баҳри рушди соҳаи саноати дорусозӣ ва саноати коркарди маъданҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боризро хоҳанд гузошт.
Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли 2024 баргузор гардида буд, масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии рақобатпазири бозориро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас ва вазифаҳои бузургро гузоштанд. “Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30-юми майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд”,- таъкид дошт номбурда.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода борҳо дар баромадҳои хеш оиди бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣа дурнамои онҳо дар рушди соҳаи илм ва амалисозии ҳадафи чоруми Ҳукумати ҶТ – саноатикунониии кишвар ибрози ақида намуда, рушди соҳаҳои илми кишварро дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб дониста, дастовардҳои боэътимоди соҳаҳои илмро асоси рушди босуботи саноатии кишвари азизамон арзёби намудаанд.
Пас аз ба истифода додани озмоишгоҳи мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки соҳаи илми кишвар дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.
Р.О. Раҳмонов, муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ, доктори илмҳои химия.