Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.
Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.
Гарчанде аз такутози ғосибон, ки сарзамини ин миллати соҳибқаламро ғасб карда, гӯё худро соҳиби ин сарзамин медонистанд, аммо миллати тоҷик бо қалам, бо дониш, бо хиради азалии худ бар муқобили ҳамаи яғмогариҳои ғосибони бодиянишин истодагарӣ намуда, худро аз чанголи он ваҳшиёни бехирад ҳифз кардааст.
Таърих, ин довари ҳақбину ҳақгӯ дар сафҳаҳои хеш дарҷ карда, ки миллати тоҷик ба ҳеч хоки бегона ба нияти тасарруф лашкар накашидааст. Ва агар рафта бошад ҳам, бо китобу фарҳанг рафта, на бо шамшеру найзаву харобкорӣ. Аз ин лиҳоз, миллати тоҷик дар фузунии ганҷинаи илму дониши башарият саҳми боризи хешро гузоштааст. Фарзандони хирадманди тоҷик дар интелектуали мардуми сайёра нақши бориз гузоштаанд. Барои далели ин гуфторамон бас аст, ки нахустин муаллими башар-Зардуштро ёдовар шавем. Мавсуф баҳри пешрафти ҳама гуна риштаҳои фаъолияти инсон нақши назаррас дорад ва хидматҳои арзанда кардааст, зеро Зардушт оид ба ҳаёти моддиву маънавии инсоният рисолаву китобҳои судманд оварда, дар пешрафти зиндагии эшон таъсири амиқ гузоштааст. Мо аз азал шинохтаем, ки ақлро бо хираду ҷисмро бо тамрин тарбият бояд кард. Далели ин гуфтор мисли офтоб дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯшан ба чашм мерасад. Имрӯз низ ворисони он бузургон- хирадпешаву донишвар будани миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд.
Имрӯз моро зарур аст, ки бетаъхир аз осору корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати худ ба тамом бархӯрдор бошем ва баҳри пешрафту такмили дониши худ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Барои тақвияти гуфтаҳои боло андарзе аз бузургонамон шоистаи ёдоварист:
Мард он, ки ба корзори ҳастӣ,
Беханҷару бесипар барояд.
Беханҷару бесипар, валекин,
Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд.
Ба ин минвол, сабақ аз гузашта гирифта, ёдовар мешавем, ки миллати соҳибфарҳангу китобдор ҳамеша соҳибистиқлол будааст. Аз ин рӯ, миллати тоҷик аз қадим то ба имрӯз истиқлол дошт; ба он маъно истиқлол дошт, ки андешаи озод, афкори пухта, хиради ҷаҳонгир дар худ дошт ва ҳамеша ҳама кору пайкорашро бо онҳо оғозу анҷом мебахшид. Гарчанде лаҷоми ҳукмравоиро булфузулони замон дар ихтиёр доштанд, аммо зимоми ақливу пешбарандаи ҷомеа дар дасти ин миллати донишвар буд. Барои ба мақсадҳои олӣ даст ёфтан тоҷикон ҳамеша такя ба қалам ва андешаи солим мекарданд, ки он то ба имрӯз тоҷикоронро аз ҳар хатарҳои дар амн доштааст.
Таҷрибаи таърихӣ тоҷиконро сабақ омӯзондааст, ки хоки кишварро мисли гавҳараки чашм азиз дониста, ҳифз намоянд. Чунки миллати тоҷик дар тӯли таърих аз дасти кӯчиёни биёбонӣ ранҷу кулфати зиёд дидааст, вале матиниродагияш шоистаи таҳсин аст, ки ба ҳамаи он зӯровариҳову хунрезиҳо побарҷо истодааст.
Ҳар фарди ватандӯсту миллатпараст бояд номуси ватандориро дар худ дошта бошад ва баробари ин ба дигарон талқин кунад. Танҳо ин гуна ашхосро метавон гуфт, ки соҳибватан аст. Ба андешаи мо, танҳо бо ба забон овардани вожаи Ватан инсонро ватандор ё соҳибвантан гуфтан нашояд, зеро дар забон васф кардани ватан дигару дар амал дигар аст. Тоҷикон васфи Ватанро бештар дар амал нишон додаанду медиҳанд; дар ин гуфта ҳеч тардиде набояд кард, зеро шаҳрҳову ободкориҳои гузаштаи ин миллат ба тамоми ҷаҳон шуҳратёр гардида ва дар мадди назари аҳли башар қарор гирифтааст. Ҳатто бо даъвату ҷалби ватандорони хориҷа ба кишварҳои эшон рафта, қасрҳову биноҳо сохтаву бино карданд, ки ин худ баёнгари пешрафти ақлу заковати миллати тоҷик аст. Ва дар ҷаҳони муосир, яъне имрӯза ҳам ин миллатро ба ҳамон фазилату заковати азалияш мешиносанд ва нисбаташ эҳтироми хос доранд. Имрӯз миллати тоҷик бо ҳама он таҷовузкориҳое, ки аз дасти душманону бадхоҳонаш кашида буд, аз по науфтодаву таслим нагардида, ватани худро соҳиб гардидааст.
Ҳоло мо дар рӯёрӯи ҷашни 34-солагии Истиқлоли кишвар қарор дорем, яъне 34 сол қабл мо расман истиқлоли давлати худро эълон карда будем ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон истиқбол карда, пазируфта буданду моро чун кишвари мустақил расман шинохтанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди эъломияи истиқлол дар кишвар кашмакашҳои дохилӣ сар зад. Сабабу омилҳои нофаҳмиҳо дар кишвар, бешакку шубҳа, дасти бегонагон ва чанд тан аз ҷоҳталабону мансабхоҳон будааст, чун ки дар он айёми бесару сомонӣ касе аз берун ва дар дохил мехост ба умдатарин кору пайкори давлати расман истиқлол ёфта, дахолат кунад. Чи гунае, ки дар боло зикраш рафт, ин миллат дар масири таърих бо ғосибону ватангадоён ҳамеша дар мубориза буд, имрӯз боз ҳамон дарюзаҷӯён ва душманони гузашта, хостанд моро аз истиқлоли расмӣ бенасиб кунанд, вале ин нияти нопокашон ҷомаи амал напӯшид. Мардуми шарафманди тоҷик бори дигар собит кард, ки соҳиби ақлу дониши фарогир аст ва ба ҳамдастагӣ теша бар решаи бадхоҳони миллат зад.
Дар ҳар давру замон миллат баҳри худ фарзандони оқилу бохирадро тавлид мекунад ва ба юмни он фарзандони фарзонаи худ аз марҳилае ба марҳилаи дигари таърихӣ мегузарад. Шумораи фарзонафарзандони миллати тоҷик кам нест, беҳисоб аст ва дар ин давраи таърихӣ, ки ҳассостарину тақдирсоз буд, бояд миллат он фарзанди кордону оқили худро бетаваққуф ба саҳна меовард, то аз ҳалокат наҷот ёбад. Он замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қисмату миллат ба сари ин халқи ҷафокашида ато кард; баробари ба сари Ҳукумат омадан зимоми давлатдориро ба куллӣ ба даст гирифта, роҳи имрӯзу ояндаи миллатро бо дигар фарзандони ватандӯстдори миллат муайян намуданд. Имрӯз мо ба туфайли фарзонагони миллат соҳиби ватан ва марзу буми аҷдодӣ ҳастем. Дар пеши мо ҳоло бисёр масъалаҳои мубраму ҳалталаб истодаанд, ки моро водор мекунад баҳри пиёда карданашон шабу рӯз заҳмат кашем ва биомӯзем ва ба наслҳои оянда чизи арзандае мерос гузорем.
Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ мо ба комёбиҳои зиёде ноил гардидем, аммо дар қиёс бо вақти гузашта муваффақиятҳоямон кам аст, зеро мо ҳоло ҳам идеалогияи миллиамонро ба пуррагӣ ба роҳ намондаем, агарчи дар ҳар баромади худ Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки аз гузаштаву осори ғании бузургони миллати худ биомӯзед ва дар ҳамин росто шумо метавонед ояндаи худро бисозед ва дар ин айёми ҷаҳонишавӣ аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир миллати худро ҳифз мекунед. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки ҳоло ҳам мардум, бахусус насли ҷавон, аз гузаштаву таърихи миллати худ ба таври бояду шояд огоҳӣ надорад. Ин сабаб шуда, ки ба ҳар фарҳангу оини бегона кӯр-кӯрона тақлид мекунанд ва ин амалҳои ба фарҳангу суннати мо бегона ба ояндаи дурнамои миллату давлат хатари ҷиддӣ дорад. Масъулини ниҳодҳо бояд чунин тақлидҳову амалҳои номатлубро, ки аз ҷониби ҷавонон ба назар мерасад, ҳарчи зудтар пешгирӣ кунанд ва баробари масъулин ҳар фарди кишвар низ худро бетараф нагирифта, худшиносии худро дар амал нишон диҳад, дар ин маврид миллату истиқлоли моро ҳеч хатаре таҳдид нахоҳад кард ва то ҷовидон безавол хоҳем монд! Барои мақсадҳои давлату идеалоги миллӣ ҳар фардро зарур аст, ки масъулятдор бошад ва баҳри пиёда кардани нақшаҳои дурнамо ҳар соатро ба манфиат истифода барад; аз ҳодисаву тамоилҳои ҷаҳони имрӯза бетараф набояд бошем ва ба мадди назари таҳлил кашида, ба умқаш назар афканда, хулоса ва роҳи пешгирифтани онҳоро муайян кунем, чунонки шоири бузурги миллат Лоиқ таъкид мекунад:
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему надонем замон чист.
Аз ин рӯ, масъулиятҳои бар дӯшамонбуда моро водор мекунад, ки барои пойдории истиқлол масъалаҳои актуалиро баррасӣ намоем ва баробари ин, ба хатарҳову проблемаҳои ҷаҳони муосир, ки имрӯз мардуми сайёраро нигарон кардааст, бетарафӣ зоҳир накунем ва ба муқобилаш муборизаҳо бибарем, то заррае ба рафъ гардидани проблемаҳои ҷаҳон нақши муассир гузорем. Барои истиқлоли худ моро ҳоло проблемаи актуалӣ ин аст, ки идеалогияи миллиро ба тамоми табақаҳои аҳолии кишвар ташфиқу тарғиб кунем ва моҳияти онро бо тамоми ҷузъиёташ ба мардум бифаҳмонем, то гузаштаву ояндаи худро дуруст бишносанд; беш аз пеш мо бояд насли ҷавонро ба омӯхтани осори бузургон раҳнамоӣ кунем. Бояд эшон бидонанд, ки «Авасто»-и Зардушт, «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и ҳаким Абурайҳони Берунӣ, «Тоҷикон» -и Б. Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърих» -и Э. Раҳмон ва амсоли ин даҳҳо шоҳасару панду андарзҳои гузаштагон чи арзишу моҳият дар худ доранд, эшон бидонанд, ки аҷдодашон чи мероси гаронбаҳое ба ворисони худ мерос гузоштаанд; ҷаҳониён имрӯз аз осори бузургони миллати мо сабақ меомӯзанду дар фаъолиятҳои илмиву иҷтимоиашон корбурд мекунанд. Истиқлол ба мо имконият додааст, ки ба осори донишварони худ фарогир бошем, аммо аз чи сабаб бошад, ки мо ин имкониятро сарфи назар карда, рӯ овардаем ба фарҳангу суннати бегона? Шояд ин тамоил омилҳояш надонистани асли худу фарҳанги худ бошад? бо вуҷуди ин ҳама норасоиҳо, истиқлол ба мо имкониятҳо додаст, ки ба худшиносиву ҷавҳари мақсуди роҳи ояндаи худ дастёб гардем.
Ватанро гиромӣ дорем ва нагузорем, ки пойи бегонае ба хокаш дарояд, ҳифзи ватан ин қарзи фарзандии ҳар яки мост, беаҳмиятӣ нисбати ватан набояд зоҳир кард, ҳар шахси баномус ин гуфтаҳоро бо уҳдадории хос қабул намуда, баҳри иҷрояш камари ҳиммат хоҳад барбасд.
Мо назди ватан як умр мадюнем, бо вуҷуди он ки хидматҳо баҳраш карда бошем. Таърихро варақ бизанем ҳазорҳо фарзандони мо барои дифои ватан ҷони худро нисор кардаанд, аммо худро чун ҳамешагӣ пеши ватан қарздор донистаанд. Дар рӯи замин касе нест, ки худро мадюни ватан наҳисобида бошад, аз ин рӯ, бо камоли майл баҳри баланд бардоштани ҷаҳони хираду созандагии миллату ватан талош варзем. Шарафу шуҳрати пешинаву имрӯзаи миллати худро ҳифз намуда, ватанро аз ин бештар ободтару зеботар бигардонем.
Бо ҳазору як таманно ва ихлосмандии самимӣ ба ҳар як сокини кишвар 34- солгарди Истиқлоли кишврро муборакбод мегӯем.
Зоҳири САЙФУЛЛО
Истиқлолияти сиёсӣ бешубҳа саодати миллат, қудрати давлат аст. Истиқлоли сиёсӣ аз чандин таркибҳо ташшакул мешавад, ки истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли иқтисодӣ, истқлоли амният ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин рада мавқеи истиқлоли таффакур, ба назари мо аҳаммияти бунёдӣ дорад. Тамоми таркибҳои дигари истиқлолият аз ҳамин истиқлолияти таффакур нашъу намо мегиранд, истиқлолияти таффакур ба кадом андозае қавӣ коромад, бунёдгар бошад, давлату миллат ба ҳамон андоза ободу саодатманд мешавад.
Дар осори тоисломии Ориёни-тоҷикӣ, аслан мавзуи истиқлолияти сиёсӣ ва истиқлоли таффакур дар назари аввал дар шакли алоҳида ё махсус баррасӣ намешавад. Натиҷаи таҳқиқи мо ин аст, ки сабаби алоҳида, махсус мавриди диққат набудани ин мавзуъ дар осори бостон ин аст: давлатдорӣ, ҳаҷми давлат густурдагии давлатҳои ориёнӣ тоҷикӣ аз Куруш то Яздигурд, чӣ пешдодиён, чи Ҳахоманишиён, чи Сосониён дар шакли як империяи бузург, ки ҳудуди тамоми кишварҳои муттамадини он замонҳоро фаро мегирифт, дар чунин як шароити ҳукумати бе шакҳу шубҳа (аз назари қудрат, аз назари рақиби имкони надоштан) як ҳақиқати мусаллам, ба ҳайси як аксиома буд.
Шароити таълиму тарбият, сохтори маърифативу давлатдорӣ ба гунае ташкил ёфта буд, ки эҳсоси истиқлолияти сиёсӣ дар раванди таълиму тарбият, аз овони тифлӣ то камолоти шаҳрвандон дар тамоми давлатдориҳои ориёнӣ-тоҷикӣ ба як шакли муназзаму баркамол таъкид карда мешуд, тарбият карда мешуд.
Дар ин осори тоисломӣ ҳама ҷо мавзуи истиқлолияти таффакур ба ҳар гуна равшан карда мешавад ва мавриди таъкид қарор гирифтааст. Гуё ба як шакли озоду табиӣ (на ба шакли таъкиду ҷабр кардан) гӯшрас карда мешавад, ки дар тӯли таърих, дар мисоли ҷамъиятҳои давлатдоиҳои ориёнӣ-тоҷикӣ, дар мисоли шахсиятҳои таърихӣ натиҷаи ин тарзи таълиму тарбияти истиқлолро равшан мушоҳида мекунем.
Муҳимтарин натиҷаи чунин тарбият эҳсоси фавқулода баланди озодӣ, озодидустӣ, озодипарастӣ аст, то ҳадде ки дар арафаи истилои араб ин миллат ба унвони “ Озодагон” машҳур буд.
Дар осори тоисломии мо хусусан дар “Динкард” таъкид ва тарбияти маънавӣ ҷойгоҳи хоссаро дорад. Дар таълимоте, ки ин китоб густурда мекунад чунин тасаввурот пайдо мешавад, ки дар тарбияти инсон хурду реза вуҷуд надорад. Аз ҷузъитарин унсури маънавиёт, аз падом (маскаи даҳонбандӣ) сар карда, то покиза нигаҳ доштани нажод ва ғайраву ғайра таълимоти муфассал мебинем. Аз ҷумла дар бораи падом меояд. Ин таълимот ҳатто имруз мубрам, актуалӣ аст. Бе муҳобо аҳаммияте, ки дар зарурату коромадии даҳонбанд гуфта мешавад фавқулода ҷолиби диққат аст. Инсоне, ки падом истифода мебарад аз дигарон фазилати баланд дорад. Дигаронро ба истилоҳи таҳқиромези “бе падом” унвон мекунад ва чунин шарҳ меояд: “Назар ба он, ки пошидани наҷосат дар об гуноҳ аст ва табаҳкорӣ ...ҷунбанда, мардум, замони сухан гуфтан низ ба наздик овардани дами худ ҳавои сокинро дар убур аз даҳон ба бинӣ наҷас мекунанд ва мо ошмуғон ба ангезаи пешгирӣ аз наҷосат аст, ки даму даҳони худро намебинанд., зеро ҳавои гузаранда, ки аз даҳон ва бинӣ мегузарад ва аз роҳи боди сокин пушти падоми палидӣ наҷосат, реманӣ) ба ҳавои гузарандаи перомун мерасад ва онро реман мекунад ва меозорад” (чӣ таъбири зебое,- озурдани ҳаво, Н.Я.) чаро марди бепадомиро накуҳиш мекунед?
Посух: ҳамоно! Баробари бадомӯзиҳои ошмуғон ки набояд пӯза (даҳон) ва биниро бо он падомӣ баст.
Бояд донист бо падомии бинӣ ва даҳон, ки ҳавое дар ҷунбиши перомун аз он мегузарад нами бинӣ аз роҳи бози даҳон ба фазои гузарандаи перомун намерасад ва ба хоҳиши муҳкаме он падоми дар баробари гушодагии фазои атроф наҷосат наметавонад оби мавҷуд дар ҳаворо биёзорад (маълум мешавад, ки Ориёни тоҷикони бостон дар таркиби ҳаво мавҷуд будани обро, унсурҳои обро медонистаанд. Н.Я), балки ҳамин бастани даҳон ва бинӣ, бо падоми ба сабаби қарор гирифтани... ва ба ангезаи муҳками падоми... ва ин пайдо аст наҷосати танг ба ҳамроҳии ремание, ки ба он ҳамроҳ аст даҳону бинӣ аз наҷосат берун пок ва нек мемонад, то мабодо аз роҳи ҳавао осоре ба он бирасад.
Ғояи покизагӣ дар андеша ва рӯзгори гузаштагони мо бо тақозои бисёр сахт риоят карда мешавад. Тоза нигоҳ доштани муҳит яке аз намунаҳои барҷастаи ҷаҳонбинии Ориёнӣ аст, ки риоя накардани он дар рузгорӣ мо ҷаҳонро ба ҳатто фалокатҳои экологӣ овардааст... Покиза нигоҳ доштани муҳит дар ин таълимот баробари покиза нигоҳ даоштани нажод таъкид мешавад.
Ин таъкид ҳаргиз тобиши нажодпарастӣ надорад, балки бештар ҷанбаи тарбияти ахлоқи ҳамидаро мемонад, чунончи дар кардаи панҷум, пурсиши ҳафтум меояд. Ин пурсиш, аз ҷониби рақибони Маздоиён сурат мегирад. Рақиби маздои (ошмуғ яъне ғайри дин, бадкор, бадахлоқ пурсид): Аз он ҷое ки саркуб (вааниидан)-и озшаҳват ва хашм ва рашку дигар гуноҳ гаравиҳо ва саркуби дуруҷ бартарин андарзи дини биҳӣ аст, пас дармони гуноҳгараии мардумон ба гунаи густарда бар иштирок (пайвандишн) - и сарват ва зан ва муҷоз донистани қонунии зан дар иштироки ҳамагон мебошад, ки аз роҳи он (зан ва хоста анбозӣ) озу шаҳват ва рашку нанг ва низ басе бадиҳои дигар, ки ҳамма бархоста аз гуноҳгаравии мардум аст шикаст хоҳанд хурд ва қавонини задормену (табоҳи хоҳад пазируфт)”. Баъдан рақиби мубади маздои аз танқиди маздоиён тарзи зисту зиндагии ғайридинро шикоят мекунад ва шарҳ талаб мекунад. Шарҳе, ки мубади маздои медиҳад бурҳонӣ аст агар шарҳи мухтасар бигуем ин аст, ки мубад таъсири бади шаҳват, рашк ҳарисӣ, бухлро равшан мекунад ва ба ҷое мерасад, ки мегӯяд: “Каж андарзҳои шумо геҳонро ба суйи вайрони бурдан аст, ки сабаби дарҳаму барҳамии нажодӣ (абаайдаг пайвандӣ) якояки мардуми ҷаҳон, ки бар омади заношуйии мухталит, табоҳӣ ва дарҳаму барҳамии нажоди нажодагон ва дасти нопайдотухмагон хоҳанд буд. Ва ҳамкорҳои мардум сар ба гусаст ва нокоромади мегузорад ва ошуфтакори баҳраи якояки мардум хоҳад шуд ва эҳмол – саҳлангорӣ ва нобуди ба дороҳиҳои вижагон мерасад. Шоҳакнишинӣ ва ҷойгоҳои табақотии мардум бар хоҳад афтод ва пайомади ин қавводасолорӣ-вайронкории ҷаҳон ва руҳ ба костигузории дороии касон нажода ва сазовори сарварӣ хоҳад буд...
Дар ин пора сабабу натиҷаи дарҳам барҳамшудаи сохтору низоми муназами ҷомеаи инсонӣ аз унсурҳои содатарини маишӣ то низоми давлатдориву миллатпарварӣ пайгирӣ карда мешавад ва риоят накардани ин сохтори муназзам таъкид мешавад, ки ба харобии давлат равнақу ривоҷ густариши вайронкорӣ, бадкорӣ меорад.
Ҷаҳонбинии бостонӣ Ориёнӣ-тоҷикӣ дар боби ташаккули шахсият ҷанбаҳои минуӣ ва дунявии сиришти инсон як консепсияи мукаммал сохтааст, ки унсурҳои муҳимми он онро аз он ҷумла дар натиҷаҳои зерин мушоҳида кардан мумкин аст:
- инсон як ҷузви комилан зинда, яъне бо пайванди зинда бо табиат аст. Беҳдошти инсон, беҳбуди инсон комилан вобаста ба он аст, ки инсон робитаи худро бо табиат, бо муҳити зиндаи атроф чӣ гуна танзим мекунад. Шарти аввали ин танзим он аст, ки инсон бояд бо табиат дар муносибати қавомӣ (гармоничный) бошад;
- инсон агар чи як ҷузви пайванди зиндаи табиат ас,т як сифати минуи (ба истилоҳи исломи сифати илоҳӣ) дорад. Ин хосияти инсон дар осори бостони ориёӣ мавридҳои тавсири равшан ҳам дорад;
- яке аз сифатҳое, ки дар осори бостон дар ин маврид таъкид мешавад ин аст, ки инсон бояд дар зиндагии заминиаш ободкор бошад. Ин нукта бисёр равшан дар “Авасто” ба такрор омадааст, аз ҷумла вақте Аҳуро-маздо ба Ҷамшед мегӯяд, ки рисолати пайғамбариро ба уҳда бигирад Ҷамшед ин рисолатро ба зиммаи худ намегаирад Аҳуро-маздо ба ӯ мегуяд пас ту замини маро сарсабз кун ва равшан кун ва Ҷамшед ҳам ин масъулияти ин заминии муҳимро иҷро мекунад. Сарзаминҳои ориёноро обёрӣ мекунад, ҷуйҳову каналҳо месозад, боғҳову киштаҳо сабз мекунад, рустоҳову шарҳо обод мекунад, яъне хонаву рустову шаҳр ки бунёд шуд онҳо чароғон мешаванд. Хуллас заминро сабзу равшан мекунад.
Дар аёми муосир ин нукта ҳам муҳим аст, ки баъд аз сарсабзу чароғон кардани кишварҳои ориёнӣ хитоб ба Аҳуро-маздо мегӯяд, ки ман замини туро сабзу чароғон кардам” Аҳуро-Маздо мегӯяд: “Акнун ба ҷониби Нимрӯз (яъне Ғарб) ҳаракат кун ва он заминҳоро ҳам сарсабзу чароғон кун.
Барои рӯзгори мо муҳим будани ин нукта иборат аз он аст, ки рӯз ба рӯз кашфиётҳои археологӣ тадқиқоти бостоншиносии чӣ ғарбӣ ва чӣ шарқӣ исбот мекунанд, ки нишонаҳои тамаддауни Ориёнӣ дар сарзаминҳои Уралу Волга пайдо шуда буданд, чунин бозёфтҳо дар даҳсолаи охир дар сарзаминҳои скандинавия ва қисматҳои олмонинишини Аврупо пайдо шуданд...
Дар ин консепсияҳо мавқеъи махсус ташаккули ҷаҳони менуии маънавии, инсон аст. Дар ин таълимоти инсонсозӣ ҷанбаи истиқлоли андешаву тафакури Ориёниҳо мавқеъи махсусу муҳим дорад. Ин истиқлолияти андешаи инсон ҷаҳони маънавӣ ва модии ӯро равшан мекунад. Таълимоти диалектикии Ориёнии ҳамзистии нур ва зулмат, муборизаи бе танафуси нур ва зулмат дар мавриди тарбияту ташаккули инсон гӯё ба нуқтаи тақдирсозӣ зиндагӣ мерасад. Ин таълимот баъд аз асри VIII- и мелодӣ чӣ дар фалосафа, чӣ дар адабиёт ҳамеша дар ҳолати тадқиқу ба камол расидан буд.
Дар осори бузургони исломӣ мо мушоҳида мекунем ки чӣ гуна эҳсоси ифтихори ориёнӣ бо эҳсоси мусулмонии онҳо дар як набарди дар назари аввал ноаён ҳамеша давом доштааст. Аз он ҷумла ин эҳсоси шадид ва мушки яъне ҳам Ориёнӣ будан ва ҳам мусулмон будан дар тафаккури эъҷодиёти онҳо як санаи омехтаи драмма ва фоҷеа аст. Ин эҳсоси фоҷиаборро равшантар аз ҳама мо дар осори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва шигифт он аст, ки дар яке аз саромадони ислому тасаввуф Шайх Маҷдуддини Саноӣ мебинем.
Алқиссаа ин масъала дар заҳматҳои фидокоронаи Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ, ки то ба қатл расид, аммо аз ин ғурури ориёиаш барнагашт “дар Ҳикмати ишроқи ӯ мебинем”.
Таќдири фалсафаи нур дар аҳди Сосониён ба мушкилоти бунёди рӯ ба рӯ шуд. Дар ин давра муъбадони маздоясноӣ бо сиёсатмадорони Сомонӣ, иттифоқ карда, таълимоти Зардуштро дар хидмати сиёсат гузоштанд ба манфиати ғановати худ ва сиёсатмадорон истифода бурданд ва ҳатто пайравони Зардушт, шаҳрвандони ин империяи бузургро мавриди истисмори ақидавӣ ва молиявӣ қарор доданд.
Бунёди ҷаҳонбинии маздоиён, ки аз нури беканора (зарвона акерона) буд мавриди таҳриф қарор гирифт. Ин таҳрифро профессори донишгоҳи Калифорния Эдмон Барду Зекели хуб шарҳ додаст. Ӯ дар мавриди ниёшиҳои пайравони Зардушт ба монанди ниёши модари зиндагӣ, ниёши оби зиндагӣ, ниёши падари зиндагӣ, ниёши нафаси зиндагӣ. Ниёши оташи зиндагӣ, ниёши бародардарахт (яъне шинохти инсон ҳамчун як узви табиат), ниёши нурӣ зиндагӣ, ниёши зиндагии ҷовидон андеша ироа мекунад ва мегӯяд: «Аз вижатарин ниёшҳои Авастоӣ, ниёши оташи зиндагӣ аст. Ин унвон дар забони занди бостон (Авасто) ба таври дақиқ ҳамон маъноро дорост, ки мо аз вожаи муракаби нерӯи зист дарк мекунем». Он чӣ ки воқеан дарднок, ғамангез ва дар айни замон таасуфангез аст, дарёфтҳо ва тафсирҳое ба шумор меравад, ки порсиён ва зардуштиён аз оташ карданд. Мафҳуми ростӣ ва аслии ин истолоҳ ба хотир ва зеҳни ҳеҷ аз номбурдагон роҳ наёфтааст.
Ишорае бисёр муҳим ва шоёни таваҷуҳ дар Авасто ин баён аст, ки пайравони динни Ҳурмуз, бояд оташи зиндагиро ба холистарин аносир (кирдори нек, дарёфти шинохт, дониш ва огоҳӣ) равшан ва фурӯзон нигоҳ доранд. Ҳар гоҳ мехоҳанд, ки шӯълае биафрӯзанд ҳар гоҳ аз чубҳои хушк, Хушбӯ, ки бе дуд месӯзанд истифода кунанд. Ба маздоясно таклиф аст, ки бояд ҳарӯза оташи зиндагиро ба ҳушёрӣ ва хушсӯз, рӯшан барқарор доранд.
Аз ин ишора нависандагони Юнон бардошти зоҳирӣ бар эшон зоҳир шуд, ки Зардушт пайравони худро мулзим бар он кардааст, ки ба унвони як расми ибодати ҳарӯза бо чубҳои хушк ва хубсӯзу хушбӯ оташ биафрӯзанд ва аз сари содалавҳи аз ин шаҳр ба он шаҳр дар фосилаи садҳо фарсанг, аз як оташкада микдори оташ баргирифта ва бар ҷои дигар оташ афрӯзанд, бар он ифтихор, ки ин оташи кӯҳан ва қадими афрӯхташуда дар ҳоле, ки дар мавриди анвои оташҳо волотаринашон, ки бидуни дуд месӯзад ва хушбӯю муаттар аст.
Бинобар ин, Авасто оташе аст, ки дар даруни одамӣ месӯзад ва зидагиро давом, мебахшад. Ҳамон оташе, ки Зардушт мегӯяд дар толеъи ман равшан шуд ва ба дарунам русурхӣ ёфт, ҳамон оташе, ки нерӯи таҳарруки ҳастӣ ва нумӯ аст, ки ба муҷиби авасто гуфта мешавад, оташро ақсаме аст ва қисмати он оташ аст, ки даруни гуёҳ вуҷуд дораду муҷиби нумӯъ ва рӯиш мешавад. Ба пайравӣ аз ин мутақаддимони юнону-румӣ, бархе аз ховаршиносони номӣ низ дар осорашон ҳамин талақӣ ва бардоштро навиштаанд. Ва порсиён ва зардуштиён низ дар рӯзгорони дароз бо васвос дар баробари оташдонҳо паном баста, замзама карда чӯб дар оташ ниҳоданд. То бар дигарон дар бозгӯи ақволи мутақадимои бо шоҳид пофишори кунанд.
Ин амал он қадар аз омӯзишҳои ростини зардушт дар Авасто бар дур аст, ки калисоҳои кунунӣ аз хулус ва соддагии таълимоти Исо фосила дорад. Аз рӯи матнҳои аслии «Авасто», ки охирин иқтишофҳои бостоншиносии онҳоро таъин мекунад, маншури Зардушт аз оташи зиндагӣ нерӯи зист будан на як моддаи хориҷӣ,-яъне оташ. Ҳангоме, ки дар Авасто мехонем: «Оташи зиндагиро бо чубҳои пок бар подор» - бaр ин маънист, ки мо бояд ҷараёнҳои ҳаётии танро фақат бо хӯрокҳои табиӣ, ки пеш аз он барои неруи зисти инсон муносибат дошта ва шоиста буда бипарварем. (ба зеҳн ва андеша ва дарёфтҳои волои фикриро чунон, ки Зардушт худ ба вузуҳ мегӯяд аз нури холис ва оташи беғаш борвар созем. Ҳар гоҳ касе ба каҷандешӣ ва бероҳагӣ андар шавад фарри Яздон ё нур ва фуруғи Яздони вайро тарк мекунад, чунон ки Ҷамшедро тарк гуфт, Ардавонро тарк гуфт ва ба касе ки шоиста аст дарун шуда мепайвандад, чунон, ки ба зардушт андар шуд ва ба Ардашер расид) оташ киноя намод ва нишонвораи покӣ ва нишонвораи одамист».
Дар мавриди нерӯи зиндагӣ, яъне оташе, ки дар вуҷуди одам ҳаст ба истилоҳ энергияи зинда будани одам як нукта, ки аз забони Шаҳразурӣ нақл шудааст ба ёд овардан муҳим аст: Зардушт гуфтааст: нур дар ман даромад... (ин ҷо манзур меъроҷи Зардушт аст) ва нафаси манн иқтидор пайдо кард ба муноҷоти нури холис...
Дар идома Зардушт мегӯяд: ин нур пайваста аз дуртарин рӯзгор тофта ва дурахшиши он барои мо мумкин месозад, ки ҳамаи дороӣ ва таҷориби наслҳои гузаштаро дар ихтиёр дошта ва аз он бархӯрдор шавем бидуни ниёз бар ин, ки он чиро, ки онҳо пеш аз ин дар тӯли ҳазорон сол кӯшиш кардаанд ва собит намудаанд муҷададан бо сарфи замон ва неру таҷриба намоем.
Ба муҷиби омӯзишҳое, ки аз «Авасто» мустафот мешавад бар ҳама зарур аст ба нури зиндагӣ, ки намояндаи кули арзишҳои осори бузург, ҳамаи асъор ва миллату ақвом аст эҳтиром бигзоранд ва ин корро метавон ба воситаи мутолеа, интишор дарёфт. Тафаккур тарҷумаи осор ва омӯзиш анҷом ёфт. Аз дидгоҳи Зардушт бузургтарин ва нобахшидатарин гуноҳе, ки ба хотири он метавон мақсуд буд ғафлат аст. Ғафлат аз нури зиндагӣ ва маҳдуд кардани он танҳо ба чанд шуои нур. Дар сурате, ки бояд дар фарогири ашоъаи кулли он кӯшиш карда шавад.
Чуноне, ки мебинем принсипи ворисияти умумибашарӣ доштани илм ва маърифат дар он замонҳои дури таърихӣ аз ҷониби Зардушт таъкид шудааст. Характери умумибашари доштани маърифат риоя мешудааст. Маҳдуд кардани доираи илму маърифат дар ҳудуди қавму миллат мазҳаб нописандида дониста шудааст. Аз мавқеи як пешвои мазҳабӣ ғафлат, бе баҳра мондан аз маърифат дар масири тарбияти камолоти инсон хуб нест.
Раҳматуллоев Н.- ходими пешбари шуъбаи фалсафаи фарҳанги
ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Истиқлолият яке аз мафҳумҳои бузургу муқаддас барои ҳар як миллат ва давлат ба шумор меравад. Маҳз истиқлолият ба халқҳо имконият медиҳад, ки соҳибихтиёр бошанд, сарнавишти худро худашон муайян намоянд ва бо ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузоранд. Барои мардуми тоҷик, ки таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ дошта, борҳо таҳти истилои қудратҳои бегона қарор гирифтааст, истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва заминаи рушди давлати миллӣ мебошад.
Аз нигоҳи сиёсӣ, истиқлолият маънои соҳибихтиёрӣ ва озодии давлатро дорад, яъне давлат метавонад мустақилона сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пеш барад, қонунгузории миллӣ дошта бошад ва манфиатҳои халқи худро дар мадди аввал қарор диҳад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, истиқлолият рамзи баробарҳуқуқӣ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад, зеро танҳо дар шароити истиқлолият миллат метавонад арзишҳои фарҳангӣ ва анъанавии худро эҳё ва ҳифз намояд.
Халқи тоҷик пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, 9 сентябри соли 1991 бо роҳи расмӣ истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ин сана дар таърихи навини миллат ҳамчун оғози марҳилаи нав ва муҳим сабт гардидааст. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон басо сангин буданд: ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) ҷомеаро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор сохт. Бо вуҷуди ин, бо талошу ҷасорати Пешвои миллат ва иродаи қавии мардум сулҳу субот барқарор ва давлатдории миллӣ эҳё гардид.
Истиқлолият на танҳо шароити давлатсозӣ, балки заминаи таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Бо истиқлолият миллати тоҷик тавонист таърих, забон ва фарҳанги худро боз ҳам равшантар муаррифӣ кунад. Баргузории ҷашнҳои миллӣ, эҳёи Наврӯз, арҷгузорӣ ба мероси илмии фарзандони бузург, ба монанди Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ ва дигарон аз ҳамин истиқлолият сарчашма мегирад.
Тоҷикистони азизи мо давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки истиқлол аст ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд. Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст. Тавассути истиклол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.
Акрамзода Рустами Ҷурахон - котиби илмии МД
Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ
Ҳамасола 9-уми сентябр мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин сана марҳалаи таърихии хеле муҳим буда, рамзи озодӣ, худшиносӣ ва бақои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо талошу заҳмати фарзандони шуҷои кишвар давлатдории миллӣ барқарор гардида, замина барои рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо фароҳам омад. Хушбахтона, дар солҳои 90-уми асри ХХ орзую ормони ҳазорсолаи ниёгони тоҷик амалӣ гардид ва миллати мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр шуд, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда дорад.
9-уми сентябри соли 1991 бо қабули Декларатсия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ пояи давлатдории навини Тоҷикистон гузошта шуд. Ин давра дар шароити бисёр душвори пасошӯравӣ ва дигаргуниҳои ҷиддии ҷаҳонӣ сурат гирифт. Ҳамзамон кишвар ба буҳрони сиёсиву ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хатари аз даст рафтани истиқлолиятро ба миён овард. Дар ҳамин шароит роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихиро ба зимма гирифта, мардумро ба сулҳу ваҳдат ва созиш даъват намуд. Сиёсати оқилона ва сулҳҷӯёнаи ӯ имкон дод, ки субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гардад.
Баъди Истиқлолият Тоҷикистон узви як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 1991 кишвари мо ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваст. Дар соли 1992 бошад, Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамроҳ шуд. Ин ҳама имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намояд.
Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ, балки имконияти воқеии ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният ва рушди устувори давлат аст. Тоҷикистон дар тӯли 34 соли Истиқлолият ҳамчун субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Аммо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвари мо тавонист мавқеи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ устувор гардонад.
Мардуми тоҷик дар тӯли таърих аз таҷрибаи давлатдории пешрафтаи ҷаҳонӣ ва анъанаҳои миллӣ баҳра гирифтааст. Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, рамзҳои муқаддаси миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул гардиданд. Ҳамзамон, барои ҳифзи сарҳадот ва амнияти кишвар Артиши миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Тоҷикистон бо такя ба манфиатҳои миллӣ ва ормонҳои мардум роҳи созмондиҳии давлати ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифт.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ асоси қуввату нерӯи Тоҷикистони навин ба ҳисоб мераванд. Ҳамин омилҳо заминаи сулҳу субот, рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро фароҳам оварданд. Пешрафти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ бо заҳмати халқи бошуур ва роҳнамоии оқилонаи Пешвои миллат ба даст омада, имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст.
Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор ташаббусҳои муҳим ва дорои аҳамияти ҷаҳониро дар самти ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об пешбарӣ намуда, мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кард.
Соли байналмилалии оби тоза (2003)
Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005–2015)
Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)
Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028)
Ташаббуси байналмилалӣ оид ба эълон намудани Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Ин ташаббусҳо аҳамияти бузурги Тоҷикистонро дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо собит намуданд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо такя ба Истиқлолият ва ҳидояти оқилонаи роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон дар роҳи тараққӣ, шукуфоӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ устуворона қадам мегузорад. Фардои дурахшон ва саодати миллат танҳо дар ҳифзу таҳкими истиқлолият ва ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо масъули он ҳастем, ки ин неъмати бузургро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем, барои пешрафти кишвар саҳм гузорем ва Тоҷикистонро ба ояндаи нуронӣ ва обод расонем.
Боқиев Мулобарот - ходими хурди илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва
тадқиқоти саҳроии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
9 сентябр соли 1991 ҳамчун саҳифаи тиллоӣ дар таърихи миллати тоҷик сабт гардидааст. Дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид ва миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо орзуву ормони деринаро амалӣ намуда, тақдири худро ба дасти худ гирифт. Имсол мо сарбаландона 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро бо ифтихору шукуҳи хосса таҷлил менамоем.
АЗ ОЗМОИШҲОИ АВВАЛ ТО СУЛҲУ СУБОТ
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони ҷавон сахту пурталотум буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) хатари аз байн рафтани давлатдории миллиро ба миён овард, иқтисод хароб гашт ва ҳазорон ҳамватанони мо аз макони зисти худ гуреза шуданд. Аммо бо иродаи қавии мардуми тоҷик сиёсати хирадмандонаву меҳандустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар сулҳу суботи комилу сартосарӣ барқарор шуд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, роҳи рушди устувори давлатро таъмин намуд ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кард.
ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо дар самтҳои гуногун ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст:
1. СИЁСАТ ВА ДАВЛАТДОРӢ:
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994), ки асоси давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро муайян намуд;
Таҳкими пояҳои ҳокимияти давлатӣ ва рушди ниҳодҳои қонунгузориву судӣ.
2. ИҚТИСОД ВА ИНФРАСОХТОР:
Сохтмони садҳо километр роҳу пулҳои муҳими байналмилалӣ, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа мепайванданд.
Ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқӣ («Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2») ва оғози сохтмони НБО “Роғун”, ки ҳамчун лоиҳаи аср маъруф аст.
Рушди бахшҳои кишоварзӣ ва саноатӣ, густариши бозори дохилӣ ва хориҷӣ.
3. ИЛМ, МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ:
Сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ ва таҷдиди инфрасохтори мактабиву донишгоҳӣ.
Густариши барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон ва рушди илму технология.
Сохтмони бемористонҳои муосир ва марказҳои ташхиси тиббӣ дар тамоми кишвар.
4. СИЁСАТИ ХОРИҶӢ:
Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилоти минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Пешниҳод ва қабули Чор ташаббуси бузурги ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.
5. ФАРҲАНГ ВА ХУДШИНОСӢ:
Эътирофи ҷаҳонӣ ёфтани «Шашмақом», «Фалак» ва «Оши палав» ҳамчун мероси ғайримоддии ЮНЕСКО.
Ҷашн гирифтани санаҳои бузурги миллӣ: 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кулоб, 5500-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисор, ки худшиносии миллиро таҳким бахшиданд.
ҶАВОНОН – ТАКЯГОҲИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
Истиқлолият заминаи фарох барои ташаккул ва рушду парвариши насли наврас ва ҷавон фароҳам овард. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои илм, варзиш, фарҳанг ва ихтироъгарӣ парчами Ватанро баланд бардоштаанд. Онҳо идомадиҳандагони ҳақиқии роҳи ободкоронаи давлат мебошанд.
34 соли Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик 34 соли сабақ ва рушд, мубориза ва дастовардҳо мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба тараққӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Ҳифзу посдорӣ ва рушду такомули истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Маҳз истиқлолият омили асосии пойдории давлат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Истиқлолият — ин калима барои ҳар як тоҷик маънои амиқи таърихӣ ва миллиро дорад. 9 сентябри соли 1991, вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ин сана на танҳо як рӯзи оддӣ дар тақвим, балки як гардиши куллӣ дар сарнавишти халқи тоҷик гардид. Ин рӯз баёнгари ормонҳои чандинасраи миллати соҳиби тамаддуну фарҳанг буд, ки акнун роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекард.
Таърихи миллати тоҷик тӯли ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки дар ин муддат тоҷикон борҳо шоҳиди бунёди давлатҳои бузург ва ҳамчунин, шикасти онҳо шудаанд. Дар асрҳои миёна, давлатдории тоҷикон бо империяи Сомониён ба авҷи худ расид, ки ин ҳам барои мо як намунаи давлатдории миллист. Аммо баъд аз суқути он, миллати мо то даврони Шӯравӣ давлати мутамаркази худро аз даст дод.
Дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба унвони Ҷумҳурии сотсиалистӣ дар доираи низоми сиёсии марказӣ қарор дошт. Дар ин давра, гарчанде ки саноат, маориф ва илм пешрафт карданд, маҳдудиятҳои зиёде барои рушди забон, фарҳанг ва ташаккули давлатдории миллӣ вуҷуд доштанд.
Эълони истиқлолият як ҳодисаи таърихӣ буд, ки дар он лаҳза барои мардуми мо умеди фардои дурахшонро бахшид. Аммо мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард. Баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, Тоҷикистон ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ шуд. Бар асари таҳмили идеологияҳои бегона ва манфиатҳои гурӯҳӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги таҳмиллӣ, ки солҳои 1992-1997 идома ёфт, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар хисороти ҷиддӣ расонид. Ҳазорон нафар қурбон шуданд, модарон бе фарзанд, занон бе шавҳар, кӯдакон ятим гашта, миллионҳо нафар гуреза шуда, дар хоки давлати ҳамсоя умр ба сар мебурданд. Мардум паси сангарҳои гуногун нишаста буданд, сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, хонаҳои холию, сухтаю валангори мардуми тоҷик як манзараи дахшатборро мемонд.
Ин давраи пурмашаққат барои мардуми тоҷик як имтиҳони ҷиддӣ буд. Вале дар лаҳзаҳои душвортарин, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳдӯстии миллат тавонист, давлати тоҷиконро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин сана на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ва бунёди давлати навини тоҷикон эълон кард.Тамоми гурезагон ба ватан баргаштанд, мардум ба ҳаёти осоишта ва маҷрои муқаррарии зиндагӣ баргаштанд, тарсу ҳарос ах дили мардум берун рафт.
Мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф шуд.
Баъди барқарории сулҳ ва ваҳдат, ки ба бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият табдил ёфт, Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии худ шурӯъ кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муайян шудаанд. Ин ҳадафҳо асоси рушди устувори кишварро ташкил доданд:
-Амнияти энергетикӣ: Бо дарки вобастагӣ ба манбаъҳои беруна, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз захираҳои обии худ ба таври самаранок истифода барад. Бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, махсусан Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ба кишвар имкон дод, ки аз бӯҳрони энергетикӣ раҳо ёбад ва ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад.
-Баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ: Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меовард. Бунёди шоҳроҳҳо, нақбҳо ва пулҳои муосир, ки кишварро бо роҳҳои байналмилалӣ мепайванданд, имкон дод, ки Тоҷикистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад. Нақбҳои "Истиқлол" ва "Шаҳристон" имрӯз на танҳо алоқаи байни минтақаҳоро осон карданд, балки рамзи интихоби дурусти стратегӣ гардиданд.
- Амнияти озуқаворӣ: Бо мақсади коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ, Ҳукумат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса дод.
- Саноатикунонии босуръати кишвар: Ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба наздикӣ эълон шуд, барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Эҳёи фарҳанг ва забони миллӣ: Даврони истиқлолият ба забон ва фарҳанги тоҷикӣ имкони эҳё ва густаришро бахшид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра, расман эътироф ва ҷашн гирифта шуданд. Ин дастовардҳо ба худшиносии миллӣ мусоидат карданд ва миллати тоҷикро бо таъриху фарҳанги бузурги худ аз нав пайваст намуд.
Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, балки дар сиёсати хориҷӣ низ мавқеи фаъолро ишғол намуд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.Тоҷикистон ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтанд, ба баланд бардоштани об ҳамчун як масъалаи ҷиддии глобалӣ мусоидат карданд.
Ҳамин тариқ истиқлолият — ин рамзи озодӣ, ифтихор ва ояндаи ободи Ватан аст. Ин дастоварди бузург ба миллат имкон дод, ки бори дигар худшиносии миллии худро эҳё кунад, ба фарҳанг ва забони аслии худ арҷ гузорад ва дар роҳи созандагӣ ва рушд қадамҳои устувор гузорад. Вазифаи мо, ҳифзи ин дастоварди муқаддас ва таҳкими он буда, дар ин давраи пурҳассос ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, нагузорем, ки душманони миллат теша бар пояи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ зананд.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшинос
Дар қиёс бо низоми давлатдории Ҳукумати Шӯравӣ замони Истиқлол барои миллати тоҷик нигоҳи нав, тафаккури нави созанда ва рисолати ояндабинона доштанро нисбат ба дарки моҳияти худ, ташаккули андешаи миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ, назму тартиби давлатдорӣ ва ғайра пешорӯ гузошт. Махсусан, Истиқлол тарҳи нави давлатдории миллиро бозтобӣ дошта, фазои мустақилияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бароямон фароҳам овард, то дар асоси такя намудан ба арзишҳои волои фарҳанги гузашта, омезиш додани элементҳои муҳимми он ба бозёфтҳои фарҳангии тамаддуни муосир ҷомеаро пешрафта гардонида, шароити мусоидро барои зиндагии шоистаи мардум таъмин намоем.
Дар робита бо ин, мебояд таъкид намуд, ки Истиқлол барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон пеш аз ҳама як раванд аст. Равандест, ки ташаккул ва комилшавии шуурнокӣ, таҳаввули ҳувияти миллиро тақозо медорад. Аз ҷанбаи равонӣ-фарҳангӣ ифодакунандаи падидаи худшиносист, ки шаҳрвандонро ҳушдор кард, ки асли хешро шиносанд, ҳифзкунанда ва такмилдиҳандаи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи бархурди тамаддунҳо бошанд.
Хоссатан, тафаккур иҷтимоӣ аз рукнҳои асосии падидаи Истиқлол буда, таҳаввули он ҳамаҷиҳата барои ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Аз ин фаҳмиш ҷавҳари асосии Истиқлолро озодии шахс ташкил медиҳад. Танҳо ҳамин фаҳмиш инсонро ба олами эҷодкорӣ, офаридани арзишҳои асили сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра водор менамояд.
Ҳамин тавр, даҳсолаи охири асри XX барои миллати тоҷик саҳифаи дурахшону тобнок - соҳиб гардидан ба истиқлоли давлатӣ ва ба ихтиёри худ гирифтани зимоми давлатдории миллиро арзонӣ дошт. Ҳамчун неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда, устувор нигоҳдорандаи ягонагии марзии давлатдории миллӣ, падидаи наҷотбахши миллат, ҳидоятгари мероси ниёгон, бахусус, расму анъанаҳои аҷдодӣ, суннатҳои решагӣ, маншаи ташаккулёбии ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва дастёб шудан ба мустақилияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар нақш бозид ва имрӯз ҳам бозида истодааст.
Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама андеша, тафаккури даврони шӯравии аҳли ҷомеаро нисбати анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, ба вижа тарзи гӯишу савтиёти забониро тағйир дод, мардумро барои ба таври интиқодӣ муносибат кардан ба арзишҳои бадеии фарҳанги гузашта, ки вобаста ба талаботи замон такмилро талаб мекарданд, ҳидоят кард. Хусусан, дар даврони шӯравӣ забони ноби тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муошират қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз сухан гуфтан ба забони модарӣ худдорӣ мекарданд. Идеологияи шӯравӣ мағзи онҳоро дар ин самт то он ҳад мойили худ карда буд, ки ҳарф задан бо забони тоҷикиро дар маҷлису баҳсҳои илмӣ ё аз тарс бошад, ё аз сабаби аз мақом барканор нашудан ё иллатҳои зиёди дигар бар худ ор медонистанд. Танҳо посдорандагон, ҳимоятгарони ин забони ноб дар он арсаи вақт донишмандони риштаи илмҳои филологӣ, аз ҷумла забоншиносӣ, рӯзноманигорон, ихлосмандон ва омӯзгорони фанни забони модарӣ, мардуми оддии меҳанткаш, ки дар муҳити хонаводагӣ, ҳангоми кор дар саҳро ва маъракаву таҷлили ҷашнҳо бо забони ноби модарӣ ба ҳам суҳбат меоростанд, ба ҳисоб мерафтанд.
Истиқлол андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ, забони таълиму тадрис табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд дар марҳилаҳои баъдинаи рушди давлатдории миллӣ такмилу таҳаввул ёфта, ҳамчун унсури асосии фарҳанги миллӣ мақоми худро устувор кард.
Ҳамин тавр, аз эълони Эъломияи Истиқлол то имрӯз дар кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа рух доданд, ки вобаста ба давраҳои рушди давлатдории миллӣ дастовардҳои назарраси нойилшударо метавон ба шакли зайл бозтобӣ дошт:
Давраи якумро панҷсолаи аввали давраи Истиқлоли давлатӣ ташкил медиҳад (1991-1996). Ин марҳиларо бе ягон шак метавон марҳилаи наҷоти миллат номид. Дастоварди назарраси ин давра, ки кишвар ба он шарафёб гашт - ин пирӯзии ақли солим ва хиради азалии халқи тоҷикӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо баргузор кардани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро боздошта, тарҳи фарҳанги сулҳро кашид.
Ба мазмуни дигар, дар ин давраи тақдирсоз бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсӣ, фарҳанги таҳаммулпазирию бахшидани гуноҳи гурӯҳҳои низоъангез Тоҷикистонро аз нестӣ раҳойӣ бахшид, онҳоро ба созиш, якдигарфаҳмӣ, дарк кардани ҳадафи барномарезиҳои сиёсии хоҷагони хориҷӣ ва расидан ба ваҳдат ва сулҳи саросарӣ талқин намуд.
Давраи дуюмро ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъмини сулҳи саросариро дар кишвар (солҳои 1997-1999) дар бар мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра бо ҷаҳду талош, ҷоннисорӣ ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ ва модели сулҳофарӣ муаррифӣ гардиданд. Зеро дар ягон кишвар бе таъмини сулҳу салоҳ, осоиши мардум ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ иқдом гирифтан ногузир аст.
Давраи сеюм: марҳилаи созандагӣ маҳсуб ёфта, солҳои 2000-2003 – ро дар бар мегирад. Бозёфтҳои назарраси ин марҳилаи рушд ифтитоҳи шоҳроҳи Кӯлоб Қалъаи Хумб, ифтитоҳи нақби Анзоб ва бо ин васила раҳойӣ намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб меёбад.
Бар замми ин, дар ин давра ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об, таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ, ки ҳамагӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, хусусияти байналмилалӣ касб карда буданданд, аз дастовардҳои нодир ба ҳисоб мерафтанд. Инчунин, соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид ва минбаъд оромию амният ва суботи кишвар боис шуд, ки он ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангии сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, шаҳру навоҳии дигари кишвар ба макони сайру сайёҳат ва истироҳати сайёҳони дохилу хориҷӣ табдил дода шаванд.
Давраи чаҳорум ба соли 2004 бевосита рабт дорад. Дар ин сол назар ба солҳои қаблӣ сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ гашт. Сафари расмии Президенти Россия ба Тоҷикистон, имзои созишномаҳо бо 25 давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ғайра аз муваффақиятҳои паиҳамӣ ин сол маҳсуб меёбанд.
Давраи панҷум солҳои 2005-2006-ро дар бар мегирад, ки ин давраро метавон давраи фарҳанги оламгир унвон дод, зеро баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Юнеско, пазируфта шудани Стратегияи рушди милии Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид, оғози сохтмони нерӯгоҳи барқаи обии Роғун ва ғайра аз ҷумлаи корҳои мондагори ин марҳилаи рушд мебошанд.
Давраи шашум иртибот дорад ба солҳои 2007-2008, ки онро бешакк месазад оғози марҳилаи нав - оғози сохтмони неругоҳи Сангтӯда 1 ва 2, ба истифода додани роҳи мошингарди Душанбе, Бӯстон ва Чаноқ, нақби Шаҳристон ва ғайра, ки ба сарҷамъшавии аҳолии кишвар мусоидат карда, монеаҳои табиию сунъии эҷодшударо рафъ карданд, муаррифӣ намуд.
Давраи ҳафтумро эълони соли 2009 соли Имоми Аъзам ташкил медиҳад. Ҳадаф аз эълони соли Имоми Аъзам ва таҷлили он ташаккул додани шуури диннии шаҳрвандон, шинос намудан онҳо ба ҳикмати таҳаммулпазиронаи Имоми Аъзам, ки пайрави содиқи мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, маҳсуб меёфт.
Давраи ҳаштумро соли 2010 дар бар мегирад, ки ин марҳиларо соли маориф ва фарҳанги техникӣ унвон додаанд. Дар ин давраи рушди давлатдории миллӣ бо шарофатии истиқлол Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаи маориф ва фарҳанги техникӣ дод. Бунёди зиёди мактабҳои ҳозиразамон, таъмири капиталии мактабҳои солҳои тӯлонӣ рӯйи таъмирро надидаи шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, таъсиси муассисаҳои ҳозиразамони томактабӣ ва мактабҳои типпи нав, таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои навини техникӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, аз рӯйи ихтисосҳои барои кишвар муҳим сафарбар кардани ҷавонон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла тавассути стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, баланд бардоштани сифати таҳсилот, забономӯзӣ ташаккули тафаккури техникӣ ва ба корҳои лоиҳакашӣ ва ихтиръкори ҷалб кардани наврасону ҷавонон ва ғайра бозтобӣ онро дорад, ки мавқеи ҳукумат, дидгоҳи масъулини соҳа бо ба эътибор гирифтани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷомеаи башарӣ нисбати соҳа тағйир ёфтааст. Зеро маориф барои Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок ва заминаи рушди дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Давраи нуҳум барои кишвар ин марҳилаи расидан ба натиҷаҳои назаррасӣ ҳадафҳои Стратегии кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар, бахусус, таъсиси ҳукумати электронӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад, ки солҳои 2011-2025 дар бар мегирад, ки тавсифи дастовардҳои ҳар як соли сипаришуда вобаста ба соҳа ин худ таҳияи якчанд тадқиқотро талаб мекунад. Аммо як нуктаро месазад ба эътибор гирем, ки маҳз дар ин давра мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қонуни махсус ба имзо расид, ки аз он вақт ин ҷониб Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд.
Давраи даҳум солҳои 2026-2030 –ро дар бар мегирад, ки ин давраро дар ин саҳифаи таърих ҳамчун марҳалаи ба ҷомеаи саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, татбиқи “Стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2030” мешиносем.
Хушбахтона, саъйу талошҳо дар ҷодаи таҳким бахшидани рушди давлатдории миллӣ ба он боис гардид, ки то имрӯз зиёда аз 193 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 56 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Самиев Бобо Ҷураевич – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Назарзода Саъдуллоҳ Турахон- номзади илмҳои фалсафа, ходими илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
26 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Қазоқистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос карда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба сатҳи баланди дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷониба бо Қазоқистон таъкид доштанд.
Ҷонибҳо аз тамоюли мусбати муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми боризи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаевро дар тақвияти ин раванд баланд арзёбӣ карданд.
Аҳамияти таърихии имзои Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав боз намуд, зикр карда шуд.
Робитаҳои байнипарламентӣ яке аз самтҳои калидии маҷмӯи муносибатҳои байни ду кишвар номида шуд.
Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент ҳамкории мутақобилан судманди худро пайваста ва дар сатҳи сифатан баланд роҳандозӣ намуда, дар таҳкими муносибатҳои боэътимоди байни давлатҳо нақши рӯзафзун доранд.
Аз рушди муназзами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илмию техникӣ ва ҳарбию техникӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба густариши пайвастаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кимиё, металлургияи ранга, дорусозӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон номида шуданд.
Рақамикунонии иқтисодиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар баррасии масъалаҳои обу иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақа ҳамкории самарабахш ба роҳ мондаанд.
Дар идома ҷонибҳо ба масоили вобаста ба тавсеа ва густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус, маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва ташкили ҳамоишҳои муштараки илмию амалӣ ва фарҳангӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар самти таҳкими сарҳадот ва муқовимати муштарак алайҳи таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, ҷонибдорӣ карданд.
Истиқлол беназиртарин неъмат барои мардуми шарафманди кишвари азизамон мебошад. Истиқлол ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум буда, барои миллати заҳматкашу соҳибфарҳанги точик имконоти нави рушди давлатдории навинро фароҳам овард. Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки имрӯзҳо 34-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад, ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар паҳнои ҷаҳон эътироф гардида, бо дастовардҳои назаррас мавқеи шоистаеро дар ҳалқаи давлатҳои ҷаҳон соҳиб шуддааст. Сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва дастовардҳои марҳалаи давлатдории навин, бешак, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.
Дар замони Истиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат арзишҳои волои аҷдодӣ, оину суннатҳои давлатдории миллӣ эҳё шуда, таърихи пурғановати халқи тоҷик ва таҳқиқу омӯзиши он вусъати тоза пайдо намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳиби пешрафти назарраси иқтисодию фарҳангӣ гардида, рӯ ба фардои ободу дурахшон овардааст.
Дар ҷаҳони муосир масъалаи амнияти тамаддун ва арзишҳои волои фарҳангӣ, соҳибихтиёрии кишварҳо яке аз масоили муҳимтарини ҳаёт шудааст, зеро зиддиятҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бештар зиддияти фарҳангиро дар худ таҷассум намуда, аз рақоботу муборизаи мазҳабу оинҳои мафкуравӣ ва динӣ ба таври фаровон истифода мешавад. Мардуми Шарқу Ғарб муносибатҳои тезутундеро, ки ба вуҷуд омадааст, ҳамчун муқовимат ва муқобилияти олами масеҳӣ бо ҷаҳони исломӣ талаққӣ мекунанд. Ин зиддиятҳо, ки имрӯз ба хунрезиҳои бесобиқа ва даҳшатафканиҳои бемонанд овардаанд, инсониятро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамоянд.
Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта сурат гирифтанд, фарогири тақрибан тамоми ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд, дар баъзе ҷумҳуриҳо сари вақт пеши муқовиматҳо гирифта шуданд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон зиддиятҳо ба ҷанги таҳмилии шадиди шаҳрвандӣ ва харобии иқтисоди миллӣ, вайронии чандин шаҳрҳову ноҳияҳо боис шуд. Муқовимат шакли мусаллаҳонаро ба худ гирифт. Ин низоъ аз лиҳози мафкуравӣ низои байни ҷаҳонбинии диниву дунявӣ буд. Экстремизми динӣ аз тарафи баъзе кишварҳо ва неруҳои хориҷӣ аз ҷиҳати моддӣ, маънавӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёфтанд ва бо силоҳ низ таъмин мешуданд. Дар оғози Истиқлолияти давлатӣ раванди ҷаҳонишавӣ, «демократия»-и таҳмилӣ ва таҳаммулнопазирии динӣ кишварро ба коми оташу хун кашид.
Халқи тоҷик дар он солҳо ба роҳбаре ниёз дошт, ки ба ҷанг хотима бахшида, роҳро ба сулҳу тараққиёт боз намояд. Чунин роҳбар дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Дар ҳақиқат, ӯ бо ташаббусҳои худ барои расидан ба ормони мардум, ки ташнаи сулҳу зиндагии ором буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ гардида, рисолати Пешвои миллат буданро исбот карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, воқеан ҳам, санади сарнавиштсози миллӣ гардид. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод ва хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар он аст, ки маҳз бо ибтикори бевосита, заҳмати шабонарӯзӣ ва азму талоши пайгирона барои ба даст овардани сулҳ Ватанро аз хатари нобудӣ эмин дошт.
Мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон ягона роҳи тағйири сохти давлатдорӣ ва ба сари қудрат омаданро на ба воситаи риояи қонуният ва дарназардошти манфиатҳои миллӣ, балки дар зӯроварӣ ва аз роҳи табаддулоти давлатӣ пеш гирифтанд. Бо вуҷуди таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, созмонҳои мухолиф ҳаракати тундравонаи худро идома дода, барои ғасби пурраи ҳокимият амалҳои зиддиконститутсиониро анҷом доданд. Яке аз ҷиноятҳои гурӯҳи ифротӣ бо таҳдиду зӯроварӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе аризаи истеъфои президенти аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда Раҳмон Набиевро гирифтани онҳо буд. Ин амал ва қонуншиканиҳои дигар, аз ҷумла ба фаъолияти иҷлосияҳои Шурои Олии ҷумҳурӣ мудохилаи пайдарпай кардан ва имкони амали озодона надодан ба вакилони халқ ва кӯшиши ғасби ҳокимият, норозигии умумихалқиро ба вуҷуд овард ва аксарияти ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки таъсири неруҳои мухолиф дар он ҷойҳо заиф буд, барои истиқрори қонуният ва ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд. Дар ниҳоят, бинобар имконнопазирии фаъолияти бемамонияти Шурои Олӣ вакилони халқ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, кори худро идома доданд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар вазъияти ниҳоят вазнин барои мардуми ҷумҳурӣ ва таҳдиди хатари парокандашавии давлат ва миллат баргузор гардид, дар сарнавишти давлатдории миллии тоҷикон нақши воқеан таърихӣ бозид. Дар ин иҷлосия вазъияти сиёсӣ ва низомии ҷумҳурӣ ба таври ҷиддӣ таҳлил шуда, вакилон раиси нави Шурои Олиро интихоб намуданд, ки, ҳамзамон, Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт. Ба ин вазифаи олӣ интихоб шудани яке аз шахсиятҳои ҷасур ва воқеъбин Эмомалӣ Раҳмон, тавре баъдан собит гардид, қарори хеле муҳим ва аҳаммияти таърихӣ дошта буд. Аз рӯзи аввали ба раисии Шурои Олӣ интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама, ӯ ваъда дод, ки ба халқ сулҳ меоварад, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, ҳаёти осоиштаи халқро таъмин менамояд. Дигар ин, ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуданд. Дар ҳамин вазъияти ниҳоят мураккаб ва хавфнок Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.
Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Сарвари нав ва ҷавон ба таври хастагинопазир ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ барои тасвири воқеан фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданд ва диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба воқеаҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Мақсад ва оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар он марҳила ноил шудан ба сулҳу ризояти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар буд. Бинобар ин, ӯ бо шеваҳои ғайриодӣ, ҷасурона, ҷоннисорона ва ватанпарастона роҳи ҳалли қазияи тоҷиконро ҷустуҷӯ мекарданд ва мехостанд ҳарчи зудтар мардум сарҷамъ шавад, зиндагӣ дар кишвар ба маҷрои одӣ ворид гардад.
Бо талошҳо ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана кард. Имрӯз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар радифи таҳкими сулҳ дар ҷумҳурӣ ба бунёди нақбҳо ва роҳҳои мошингард, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва бозсозӣ кардани онҳо оғоз намуданд. Соҳаи кишоварзӣ низ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд, ки ҳам истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам ба пешрафти соҳаи саноат мусоидат карданд. Maxсусан, бунёди НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад.
Пешвои миллат дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат, ҳамчунин, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё, ҳифз ва системаи инкишофашро таъмин намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлили солгарди бузургони ниёгон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Сарвари давлатро ташкил медиҳанд.
Боиси ифтихору шукургузорист, ки дар арафаи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон қарор дорем, ин ҷашни муҳимми таърихиро дар якҷоягӣ бо ободкорию созандагӣ таҷлил намуда, ба дигарон собит намоем, ки мо миллати сулҳпарвару соҳибфарҳанги тоҷик якдилу яктанем.
Қозизода Шӯҳратҷон - ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
«Оғози ҳастии арзишманди ҳар зуҳуроти зинда вуҷуди иродаи озод аст. Вуҷуди иродаи озод калиди мураккаби ҳамоиши мавзуни низоми умум, низоми саодатовару равиши устувори татбиқи адли умум аст. Инсон дар ҳар шакли зиндагиаш бидуни озодии ихтиёр саодатманд буда наметавонад, маҳз озодии ихтиёр ба ӯ истиқлолияти фикрӣ ва мустақилияти зиндагиро фароҳам меорад. Соҳибихтиёрии иттиҳоди сиёсӣ аз соҳибихтиёрии субъектони он манша мегирад».
Аксиомаи ҳуқуқӣ
Ҷаҳон дар остонаи ҳазораи се бо роҳҳои мураккабу печида инсониятро ба сӯйи ояндаи номуайян ҳидоят менамояд, ки шинохту пешбинии ҳодисоти он ба беҳтарин ва баргузидатарин ашхоси илмии даврони нав осон ба даст намеояд. Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлоли давлатҳои миллӣ тавлидгари як сиёсату як мафкура буда, пошхӯрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро ба иддаи дигари давлатҳо чун ҳодисоти таззод рӯйи харитаи ҷаҳон овард. Барҳамхӯрии давлати шуроҳою муттаҳидии миллати олмон, пошхӯрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию муттаҳидии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ идомаи мантиқии як сиёсати ҷаҳонӣ буд. Сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба сиёсати ояндаи халқу миллатҳо инъом кард.
Азбайнравии таззоди мафкуравӣ ва тавлиди таззоди усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир расонида, наққошони ояндаи авзои сиёсии инсониятро (архитекторҳои ояндаи олам) ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кард. Назарияи интиҳои таъриху одами ниҳоӣ (Ф. Фукуяма) ба мушкилиҳои таърихие рӯ ба рӯ шуд, ки нишона аз интиҳои таърих надошта, хабар аз ибтидои даврони нав менамуд. Андешаи машҳуру дилфиреби ҷаҳони сармоядории муноқишаи тамаддунҳо (С. Хантингтон) бо мафкураи гуфтугӯи тамаддунҳо (Хотамӣ) бархурд, консепсияи тахтаи бузурги шоҳмоти ҷаҳонӣ (З. Бжезинский) воситаи паҳнгардии ғояҳои инқилобҳои рангоранг гашт. Шинохти таърих аз даричаи форматсионӣ (марксизм), дарки инкишоф аз назари фавворавӣ (флуктуатсионӣ – назарияи П. Сорокин), биниши ҷомеаи инсонҳо аз назари тамаддунӣ (А. Тойнби) бо асрору мушкилиҳои нав ба нав рӯ ба рӯ шуд, ки назири онро ҷомеаи инсонӣ ёд надошт.
Ин ҳама дар назари мо асирони воқеии муаммоҳои имрӯз чун қонунияти зиндагӣ ногузир ва муътадил менамояд. Ҳар нафаре, ки аз рӯзгори гузаштагон хуб огоҳӣ дорад, ба осонӣ пай мебарад, ки таърих дар ояндаи наздику дур нисбат ба ин даврон хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин давронест, ки бо ҳама мушкилиҳояш чунин муносибатро арзанда аст, зеро маҷмуи ҳодисоту лапишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он то он дараҷа тақдирсозу тағйирпазиранд, ки садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда ба ҳайси як даврони гардиши куллӣ бидуни мушкилӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он ки бисёре аз равандҳои пошхӯрию бархурдҳоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре чизе дода, инъоме бахшидааст. Барои мо тоҷикон соҳибистиқлол шудан бузургтарин неъмат буд.
Яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатист. Истиқлол танҳо бо эълон намудану қабули санади соҳибихтиёрӣ ва Эъломия анҷом наёфта, ҳуқуқи халқу миллатро ба таъсиси ҳокимияти давлатии мустақил дар дохили кишвар амалӣ намудану онро чун субъекти соҳибихтиёр ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва майдони муборизаи ҳастӣ ворид сохтан аст. Аз дидгоҳи ҳуқуқи конститутсионии муосир истиқлоли давлатӣ сарчашмаи худро аз соҳибихтиёрии давлатӣ мегирад. Соҳибихтиёрии давлатӣ як навъи соҳибихтиёрии умумист. Соҳибихтиёрӣ усулан ба се навъ тақсим мешавад: халқӣ, миллӣ ва давлатӣ[1].
Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад, яъне халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Барои соҳибихтиёрии халқӣ демократия ва институтҳои демократӣ, қонуният ва низоми интихоботи озод, пинҳонӣ ва шаффоф хизмат мекунанд. Ба як маънӣ халқ дар муайян намудани тарзи зиндагӣ, шакли идора ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ соҳибихтиёр аст. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат мустақиман бе дахолати дигар миллатҳо ҳуқуқи худро дар муттаҳид шудан, таъсис додани давлати мустақил ва муайянкунии мақоми сиёсии худ фаҳмида мешавад.
Натиҷаи амалӣ шудани соҳибихтиёрии миллӣ таъсиси давлати миллист ва ҳамроҳшавӣ ба он ташаккули соҳибихтиёрии халқӣ ба табиати давлати миллӣ аломати мардумсолорӣ демократияро зам менамояд. Соҳибихтиёрии миллӣ ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллист. Соҳибихтиёрии халқӣ ҳуқуқи истисноии мардум ба соҳибихтиёрии сиёсӣ ва давлатист. Одатан дар давлатҳои федеративӣ ҷумҳуриҳои аъзои он соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро доранд, аммо соҳибихтиёрии давлатиро, ки мустақилияти давлатро ҳамчун соҳибихтиёрии сиёсӣ дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд, доро нестанд. Чунин ҳуқуқ ба аъзои федератсия ва ё штатҳо дар баъзе аз кишварҳо ба тариқи маҳдуд пешниҳод шудааст. Умуман соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлолияти давлатӣ анҷом мепазирад, зинаи охирини соҳибихтиёрист, ки мустақилияти давлатро дар дохил ва хориҷ муаррифӣ менамояд. Ба қавли устод Ашурбой Имомов «Соҳибихтиёрии давлатӣ волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ дар дохил ва муносибатҳои хориҷи кишвар аст. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар конститутсияҳо муаррифӣ гардида, нишонаи муҳимми давлат аст. Танҳо давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи дар муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карданро дорад»[2]. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дохилию хориҷӣ тақсим мешавад, ки, дар маҷмуъ, мустақилии давлатӣ ва ё истиқлоли онро мефаҳмонад. Соҳибихтиёрии сиёсӣ ҳокимияти ягонаи давлатӣ дар ҳудуди муайян, ҳуқуқӣ – низоми ягонаи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, қонунҳои ягона ва тартиботи якхеларо баён мекунад. Ҳамин тавр соҳибихтиёрии давлатӣ, ки ба истиқлоли комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ анҷом меёбад, давлатро ҳамчун падидаи томи комилҳуқуқ муаррифӣ кардан аст.
Ба андешаи ҳуқуқшиноси шинохтаи ватанӣ, профессор А. Имомов, соҳибихтиёрии Тоҷикистон хусусияти хоси он буда, ҳокимияти олии ягона ва истиқлоли ӯро ифода мекунад[3]. Ба андешаи устод А. Имомов, соҳибихтиёрии давлатӣ дар заминаи соҳибихтиёрии халқ амалӣ мегардад ва яке аз шаклҳои ифодаи соҳибихтиёрии халқ соҳибихтиёрии миллӣ мебошад[4]. Ҳамин тавр, мо алоқамандии устувори соҳибихтиёрии давлатӣ, халқӣ ва миллиро мушоҳида мекунем, ки он бо рукнҳои асосии васлкунанда ҳокимияти олии давлатӣ, ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ[5], ягонагӣ ва умумияти худро ҳифз менамояд.
Дар илми конститутсияшиносӣ ва давлатшиносии муосир ду назарияи созишномавии қудрати соҳибихтиёрии миллат ва халқ вуҷуд дорад. Яке назарияи суверенитети муассисӣ ва дуюм назарияи суверенитети созишномавӣ ё шартномавӣ. Ба назари Бернард Як, назарияи суверенитети муаассисӣ, ки ҷонибдорони он Ҷ. Лок, Т. Пейн ва дигарон мебошанд, миллат ва халқ хамчун сарчашмаи ташаккули соҳибихтиёрӣ ва қудрат ҳуқуқҳои номаҳдудро аз таъсиси қудрати сиёсӣ то парокандагии он дар даст дорад[6]. Аммо дар назарияи суверениттети шартномавӣ миллат ва халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, ҷиҳати риояи созиш пайваста ва мудом кӯшиш менамояд ва ҳуқуқҳои пароканданамоии қудрати қонуниро дар даст надорад.
Таҷрибаи солҳои охир суиистифода ва норасоиҳои назарияи суверенитети муассисиро аз бисёр ҷиҳат бар зарари давлатҳои миллӣ собит кард. Назари Г. Гегел доир ба дигар сифатҳои халқ ба сони абстраксияи номуайян, тасаввуроти бешаклӣ, беқудратӣ, бе ниҳодҳои идоравӣ[7] ва озодманиши вайронкунанда дар шароити нави давлатҳои демократӣ аз худ на танҳо ҷиддӣ хабар доданд, балки ҳамчун кашишҳои популистӣ дар муқобили дигар рақибони анъанавиаш, ҳуқуқ ба сарчашмаи қудрати қонунӣ будани худро дар кишварҳои рушдкардаи демократӣ низ ба тарзҳои ғайриҳуқуқӣ муаррифӣ намуд. Сазовор ба қайд аст, ки эътирофи ғояи шартномавии таъсиси қудрат ва идораи ҷомеа ҳамчн усули намуна ва одилона дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонии зардуштия ва баъдан яккахудоии яҳудия, насрония ва ислом[8] низ ба назар мерасад.
Ба хотири муттаҳид шудан ба ташкилотҳои байнидавлатӣ ва иҷрои ҳадафҳои боз ҳам васеътар мумкин аст, ки давлатҳо баъзе аз рукнҳои соҳибихтиёрии худро маҳдуд кунанд ва ё ба маслиҳати якдигар вогузор намоянд. Маълум мешавад, ки ҳар як навъи соҳибихтиёрӣ чӣ қадар қимати бузургу беандозаро барои халқу миллатҳо дорост. Тоҷикистон то пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро нисбатан дошт, аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳод, ки дар асоси шартнома ҳуқуқҳо маҳдуд шуда буданд, ҳуқуқҳои соҳибихтиёрӣ то соҳибихтиёрии давлатӣ ба Тоҷикистон насиб гашт. Ба кишвари мо зарур буд, ки ба мафҳум ва аҳаммияти ин неъматҳои олӣ дуруст сарфаҳм рафта, онро ба манфиати умум истифода намояд.
Истиқлоли миллӣ ва мушкилиҳои сиёсати ҷаҳонӣ
Эълон намудани истиқлоли кишвар, аз роҳи вазнину ноҳамвор ҳифз намудани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва баромад ба низоми давлатҳои ҷаҳонӣ бо мақсади эътирофи миллати соҳибдавлат дар назди мардуми Тоҷикистон тайи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ вазифа ва муаммоҳои мухталифи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро пеш гузошта истодааст. Дар сарҳади ду тамаддуни аз назари иқтисод тафовутдошта (капитализм ва сотсиализм), ду идеологияи таърихан ноошно (дунявият ва ислом) ва гуруҳи забонҳои аз қадим дар рақобат буда (забонҳои форсӣ ва туркӣ), давлати Тоҷикистон қарор гирифта, баъд аз пошхӯрии низоми давлати шуравӣ нуктаи ниҳоят дарднок ва осонгирро мемонд. Аз ин ҷост, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, ки аз қадим нисбат ба ҳавзаи Осиёи Миёна иштиҳои хуб доштанд, пас аз озодшавии мулкҳои Осиёи Миёна нақшаҳои стратегии худро нисбат ба ин минтақа тарҳрезӣ намуда, бо ҳар роҳу восита кӯшиши ба ҷониби худ кашидани онҳо ва гирифтани фоидаҳои муайянро аз минтақа ҷустуҷӯ менамуданд. Ба ин минтақа ҳам он давлатҳое, ки замоне дар ин сарзаминҳо империяи бузургро таъсис дода буданд…, онҳое, ки дар замони нав ба ин минтақаҳо роҳ ёфта буданд… ва ҳам онҳое, ки аз тақсимоти таърих дар ибтидои асрҳои миёна ва замони мустамликадории даврони навини асри ХIХ аз ин ҳудуд маҳрум монда буданд…, лекин ҳанӯз ҳисобу китоби худро бо онҳое, ки дар ин минтақа нуфуз доштанд, баробар кардан мехостанд (Германия, Фаронса, Британияи Кабир[9]), дастдарозӣ намуда, имконияти фурӯ бурдани луқмаи навбатии омодагардидаро дар даст доштанд…
Ба қавли идеологи стратегии ШМА – Збигнев Бжезинский, ки оламро чун тахтаи шоҳмоти ҷаҳонӣ байни қудратҳо тақсим намуда, вазифаи шоҳиро ба амрикоиҳо додааст, ба ин сарзаминҳо ба ҷуз аз давлатҳои номбаршуда чанд кишварҳои бузурги дигари минтақа низ метавонанд дастдарозӣ намоянд[10]. Осиёи Марказӣ аз назари манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тайи се сад соли охир аз нуктаҳои ҳассосу диққатҷалбкунанда барои абарқўдратони олам аст. Ин ҳолат вазъи ўро дар ҳама лаҳзаҳои ҷунбишҳои иҷтимоӣ ва ҳарбьӣ ба маротиб ноором менамуд .
Чунин нооромӣ ва ғаразҳои геополитикӣ зери пардаи ҳама муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна пас аз пошхӯрии низоми Шуравӣ аз нав лапишхои тоза касб кард. Воқеият нишон дод, ки ҳамаи ин кўшишу ѓиромиҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ дар назди иродаи қавии халқу миллатҳо, ки роҳи бебозгашти хешро ба сохибихтиёрию истиқлолият муайян намудаанду ҳамдигарфаҳмию ваҳдатро аз ҳама неъматҳо боло медонанд ва пайравии худро бо Пешвои содиқу ватанправараш устуовр нигноҳ медоанд, ҳеҷ аст ва ҳеҷ мемонад…
Барои ин, мардуми ин кишварҳо ва давлатҳои тозаистиқлол, чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи муттаҳид сохтани қишрҳои мухталифи ҷомеа дар атрофи арзишҳои олии давлат саҳмгузор бошанд. Онҳо бояд ба таҳкими давлатдорие даст зананд, ки он аз таҷрибаи хуби пешқадами ҷаҳонӣ, аз решаҳои фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ истифода намуда, дар асоси ақли созанда ва хиради тамизкунандаи неку бад ба бинои давлати миллӣ иқдом намоянд. А. Имомов дуруст қайд менамояд, ки соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон неъмати бузургест, ки миллати тоҷик ва тамоми мардуми ҷумҳурӣ ба он комёб шудааст. Аз ин рӯ, соҳибихтиёрии ҷумҳуриро қадр кардан, пойдории онро устувор гардонидан ва ҳифзи онро таъмин намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди он мебошад[11].
Воситаҳои ҳуқуқӣ ва маънави ҳимояи истиқлоли сиёсӣ
Яке аз омилҳои муҳимми ҳимояи истиқлол дар кишварҳои тозаистиқлол ташаккули амалии андешаи давлати миллӣ, ҳуқуқи миллӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи шоистасолорӣ дар онҳо аст. Идеяи соҳибихтиёрӣ, ки дар ибтидои мустақилгардии давлатҳои собиқ шуравӣ ба якчанд омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллӣ такя менамуд, тадриҷан дар байни ин омилҳо ҷавҳари аслии истиқлолиятро ҳамчун омили муҳимми идеологӣ ҷустуҷӯ менамояд. Ин хеле воситаи муҳим буд, зеро шакли сохтори федеративӣ, ташкили принсип ва арзишҳои идора ва ҳуқуқэҷодкунии интернатсионалӣ, имкони ташаккули ғояи миллати ҷудогонаро тадриҷан заиф мегардонд. Интернатсионализм, махлутгардии беҷо баъзан сунъӣ ва ассимилатсияи сохта зина ба зина ба шаклҳои зоҳирёбии ягонагии миллатҳои ҷудогона таъсири манфӣ мерасонд. Таърихи начандон тӯлонӣ шаҳодати он аст, ки чунин маҳак ва ҷавҳари асосии мафкуравии давлатҳои соҳибистиқлолро идеяи (ғояи) давлати миллӣ бар дӯши худ мегирад. Акнун давлатҳо воситаи муҳимми ҳимояи истиқлолияти худро дар ҷавҳари аслии худ – мафкураи давлати миллӣ, мебинанд. Аҷиб он аст, ки агар дар зинаи ибтидои истиқлол, мустақилгардӣ дар давлатҳои сермиллат мафкураи миллӣ омили муҳимми такондиҳанда набошад ҳам, вале баъдан вай ба чунин як унсури такондиҳанда табдил меёбад. Соҳибихтиёрии миллӣ аз зинаи амали воқеии худ убур намуда, то ба соҳибихтиёрии давлатӣ хидмат мекунад. Давлати соҳибистиқлол ба зинаҳои баландтари муносибатҳо ворид мешавад.
Оид ба сарҳади соҳибихтиёрии миллӣ ва ғояи давлатдории миллии демократӣ
Аҷоиби дигар он аст, ки агар дар ибтидо мақсади он давлатҳое, ки парокандагии империяҳои бузургро, ки дар асоси миллатҳои мухталиф бунёд ёфта буд, ба нақша гирифта, омили баланд бардоштани худшиносии миллии ин халқҳоро бисёр мехостанд, зеро он такондиҳандаи парокандашавии империяҳои сермиллат буд (ИҶШС, Чехословакия, Югославия ва ғ.), вале баъд аз ноил шудан ба чунин мақсад бо ҳар роҳу восита садди роҳи баланд рафтани чунин унсурҳои худшиносӣ дар ин давлатҳои тозаистиқлол гаштанд. Маълум буд, ки дигар мустаҳкамгардии истиқлолияти онҳо ба манфиати ин даллолони таърихӣ, ки воридсозии давлатҳои кӯчакро ба фазои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худ ба нақша доштанд, мусоидат намекард. Вале онҳо қонунияти то кунун кашфшудаи андешаи давлати миллиро ҳамчун воситаи муҳимми муқобилияти онҳо дар набардҳои байналмилалӣ аз мадди назар дур карда буданд.
Андешаи давлати миллӣ ва ё ҳуқуқи миллӣ дар аксари давлатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои мутараққӣ дар даврони ҳассоси ҳифзи истиқлолият хамчун воситаи муҳимми муҳофизати истиқлолият хидмат менамуд ва дар оянда низ хоҳад кард. Муҳаққиқ Ф. Фукуяма баланд рафтани худшиносии миллиро дар чунин ҳолатҳо дуруст таъкид намудааст: «Миллатчигӣ айни ҳол дар Аврупои Шарқӣ ва ИҶШС, ки дергоҳ ба худшиносии миллии халқиятҳои онҳо монеъ мешуданд, хеле боло рафтааст. Миллатгароӣ ҳамчунин дар давлатҳои куҳна ва устувори миллӣ низ вақтҳои охир ба тағйирпазирӣ рӯ овардааст. Даъвати худшиносии миллӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба худшиносии универсалӣ табдил ёфтааст, ки аз бисёр ҷиҳат ба даврони се чор қарни пеш, ки бо созиши дин рӯйи кор омада буд, мувофиқат дорад».[12] Яъне миллатгароӣ ва худшиносии миллӣ дар даврони навтарин аз сари нав нақш ва нуфузи худро дар ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ тақозо дорад. Давроне, ки пешгӯии анҷомёбии таърих бо ғалабаи пурраи демократияи либералӣ дар интиҳои асри ХХ рух надод, давроне, ки назарияи «мубориза барои эътирофнамоӣ»-и Гегель, Маркс ва Фукуяма ҳамчун воситаи муҳимми инкишофи таърих аҳаммияти худро ҳамчун маҳаки пешбаранда гум кард, таърих ба анҷом нарасида, баръакс, унсурҳои дар назар архаистию куҳнашудаи идеологӣ чун миллатгароӣ, тобеияти динӣ ва ғ. аз сари нав дар раванди инкишофи давлатҳои мутамаддин садо баланд намуда истодаанд, пешгӯии ояндаи наздик барои аҳли илми ҷамъиятшиносӣ мубрам аст. Таҳлили ҳамин омилҳои вусъатгирифта риштаест, ки ба кушоиши роҳи ояндаи инкишофи давлатҳои дар паҳнои он қоматафрохта мусоидат хоҳад кард.
Сиёсати дарҳои боз маънии кандани дарҳоро надорад\
Дар солҳои аввали истиқлолият мардуми таҳҷоӣ ва ҳукуматҳои тозаистиқлол ба хотири он, ки бародарҳои нав ва миллатҳои соҳибдавлат онҳоро бо дӯстию меҳру муҳаббат ба оғӯш гирифта, мавқеи онҳоро тавассути созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони нав муаррифӣ менамоянд, озодона манфиатҳои давлатии худро бо оғуши кушод ба дӯстони гирду атроф боз менамуданд… Онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки ин ҳама дӯстию оғушбозкуниҳо решаҳои ғализи ҳақталабию нусратёбиҳои зиёдро дорад, ки на ҳамеша ба манфиати давлатҳои тозаистиқлол буданд. Ҳамин тавр, вазъияти дар назар ором ва дар асл ноором буда, ҷараёнҳои мухталифу мавҷҳои ноаёнро дар ботин нигоҳ дошт, ки ҳар лаҳза имкони киштии тозаистиқлоли давлатҳои ин минтақаро чаппа кардан доштанд.
Давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна, ки саргарми истиқлолияти ба осонӣ бадастомада буданд, имкони таҳлили чунин иштиҳои бениҳоят вазнини атрофиёнро надоштанд, зеро вақт ва таҷрибаи кофӣ надоштан ба онҳо чунин имконро фароҳам наоварда буд. Ин буд, ки аввалин шуда мардуми Тоҷикистон ба ин гирудорҳо фурӯ рафт. Неъмати бузург он аст, ки аз ин вазъият мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати он сари вақт бо ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат берун баромаданд.
Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи соли 1994 чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона роҳи кишвардорию сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Интихоби ҳар яке аз ин роҳҳо бо таҳлили чуқури авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон сурат гирифта, дар ҳамон даврон роҳи ягона ва асосии халосии миллат ва халқиятҳои минтақа буд, ки ягонагии мардумро дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақили Тоҷикистон муаррифӣ карда метавонист.
Аммо проблемаҳо, душвориҳо ва масъалаҳои ҳалталабе, ки ҳар як давлати моро дар пешорӯйи буҳронҳои вазнини сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ қарор медод, мавҷуд буданд ва аз ҳар сӯ пайдо шуда ҳалли худро талаб намуда, ба мазмуни давлатдорию ҳуқуқи мо махсусиятҳою аломатҳои фарқкунандаро ворид менамуданд. Ҳамагӣ ин масъалаҳо собит менамуданд, ки ҳанӯз роҳ дар бунёди давлати ободу зебо ба пуррагӣ ҳалли худро наёфта, қонуниятҳою унсурҳои нонавиштае, ки ҳар як метавонад бо тақдири миллат ва давлат ба осонӣ бозӣ намуда, ҳама кӯшишу ормонҳои моро дар як замон барбод диҳад, ҳанӯз зиёданд.
Яъне мо роҳро муайян кардаем, вале усули ҳаракати мошинаи давлатиро, ки қудрати пеш бурдани бори вазнини миллат ва халқи Тоҷикистонро бар дӯш дорад, бо суръати ҳаракати тағйирёбандаю унсури нигоҳ ва боздорандаи он дар ҳолатҳои болоравию фурӯравии роҳ ба пуррагӣ дар назар нагирифтаем. Ҳамагӣ таҳлили амиқи илмиро аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ талаб намуда, ҳамзамон инқилоби илмии фанҳои дақиқро хостор аст. Барои ин аз чӣ бояд сар кард? Ба чӣ бояд диққат дод? Махсусияти давлатдории тоҷиконро имрӯз аз чӣ бояд донист? Кадом унсурҳо аломатҳои ҳатмии ин равандро таҷассум менамоянд? ва дигар саволҳои муҳим ҳамагонро ба ташвиш оварда буд. Дар ин маҷро муайян намудани мафҳуми давлатдории тоҷикон ҳамчун ҷараёни пайдоиш, инкишоф, шаклдигаркунии давлат ва ҳуқуқ дар давраҳои муайяни таърихӣ, меросият ва тағйирпазирии сиёсӣ, ҳудудӣ ва ҳуқуқии ҷамъият ва умуман раванди дурударози таърихии давлатӣ-ҳуқуқии халқи тоҷик аҳаммияти боризро дороанд.
Эҳёи ватандӯстӣ ва ташаккули садоқат ба принсипҳои бунёдии адолат
Охирҳои садаи ХХ ва ибтидои ҳазораи се бо тағйирёбии низоми идорӣ ва ҳуқуқии собиқ давлатҳои шуравӣ дар звенои татбиқи ҳуқуқ проблемаҳо ва душвориҳои назаррасе ба миён омаданд, ки олимони назариявӣ ва соҳавӣ дунболи ҳалли онҳо ба роҳҳои мухталифи илми ҳуқуқ ворид гардида, бо пешниҳод намудани ҷараёну назарияҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба даъвати навбатии таърих ҷавоб меҷустанд. Дар баробари ин раванди васеъгардии олами илми ҳуқуқ мушоҳида мешуд. Баҳси асосӣ сари масъалаи боздоштани ҷараёни то рафт қувват гирифтаистодаи девалватсияи ҳуқуқ ва нигилизми ҳуқуқӣ меистод, ки майдони васеи сабзиши худро дар равандҳои озодигардии афкори умум аз назария ва идеологияи ҳокими коммунистӣ, аз як сӯ ва дар ноустувории низоми идории кишварҳои истиқлолият касбкарда, аз сӯйи дигар, ёфта буд. Дар асл ин раванд ногузир ва интизорӣ буд. Зеро дар харобаи империяи бузурги ҷаҳонӣ сабзиши истиқлолиятҳои нави сиёсӣ бо қудрату ҳашамат ва мақому мартабаи қаблӣ аз ҳар ҷиҳат номумкин буд. Воқеан, истиқлолияти ба тозагӣ касбкардаи ҷумҳуриҳои шуравӣ ба истиқлолияти ҳуқуқии онҳо дар ибтидо комилан дар шакли идеологияи қаблӣ мусоидат накард.
Гузариш ба низоми ҳокимият майдони мувофиқи ҳуқуқиро талаб мекард, аммо, мутаассифона, муҳайё намудани ин майдон кори саҳл набуд. Таҷриба нишон дод, ки мақоме, ки бояд ба бунёди роҳи ҳуқуқии ҷомеаи озоду истиқлол кӯшиш менамуд, зери таъсири манфиатҳои мухталиф ба нуқтаи марказии майдони муборизаи манфиатҳо табдил ёфт
Ба ҳар ҳол раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, ҳокимиятхоҳии миллат, муборизаи сиёсии халқ ҳамчун унсурҳои муҳимми худшиносии миллӣ зина ба зина эҳё шуда, дар қатори дигар кишварҳои тозаистиқлол давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар ҳолатҳои вазнин барои якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳастии миллати сиёсӣ мубориза бурда, номи тоҷику давлати Тоҷикистонро ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид намуд. Ин амал пас аз таърихи ҳазорсолаи суқути давлати Сомониён, воқеан, ҳодисаи наҷиб ва таърихие буд.
Миллат ва халқе, ки анқариб ҳазор сол тақдири вазнини бедавлатиро бар дӯш дошта, донишмандону шоирону равшанфикронаш пояи давлатдорию низоми ҳуқуқии халқҳои ғосибро ташаккул дода, дар ҷаҳонгардии нуфузи халқиятҳои саҳронишину бодиянишин саҳмгузорӣ намуд, бо қаҳрамонию далерӣ ва қавииродагии хеш тайи ин муддат забон, адаб ва илми хешро маҳфуз дошта, то ба ин дами умед – субҳи давлатдории навин расид. Умед аст, ки ин субҳи ҷовидонагии давлатдории тоҷикон абадӣ буда, дигар камбудиҳои гузаштагонро такрор нанамуда, ин неъмати бебаҳо – истиқлолият ва озодиро аз даст нахоҳем дод. Дар ин самт зарур аст, ки ба чанд масъалаҳо афзалиятҳо бахшем.
Пеш аз ҳама, дар шинохти воқеияту манфиати халқу миллат ба хатоӣ роҳ надода, вазифаи муқаддаси худро дар назди гузаштагон, имрӯзиён ва ояндагон бояд аз ёд набарорем. Дўст доштани Ватан, муҳаббат ба низоми идора ва соҳибони фармонро тибқи эътиқодамон ҳифз кунем, ифтихор аз давлату соҳибихтиёриро бояд дар қалбамон ҳамчун инсони соленҳи замону макон дошта бошем.
Онҳое, ки аз шаббодаи озодиҳои либералӣ мадҳуш мешаванд, аққалан ба осори бунёдгузорони таълимоти озодихоҳону адлгустарони замони нав, бояд назари таҳлилӣ дошта бошанд. Шарл Луи Монтескё – бузургтарин озодипараст ва донандаи асрори ҳуқуқ бо эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихор аз давлати буржуазии Фаронса, дар ибтидои китоби «Руҳул қавонин» навишта буд: «Агар дар байни мавзуъҳои беохири гуногуне, ки дар ин китоб гуфта шудаанд, чизе бошад, ки бар хилофи интизориҳои ман метавонад касеро ранҷонад, (пас бояд донист, ки) дар он чизе ҳадди ақал бо нияти бад гуфта нашудааст. Ақли ман табиатан ба танбеҳ майл надорад. Афлотун ба осмон ташаккур гуфт, ки дар замони Суқрот таваллуд шудааст, аммо ман осмонро шукр мегӯям, ки тақдир маро ба даврони ҳукумате тавлид кунонд, ки ман дар итоати он зиндагӣ мекунам, ба ман супориш шудааст ба онҳое, ки муҳаббат ба онҳо дорам, итоат кунам»[13].
Дигар ин ки ҳар як соҳаи ҳаёт бо назардошти талаботи воқеӣ ба манфиати ҷамъият ва давлат бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки арзиши муайянкунанда, тақдирсоз ва умумиятдоштаи одамият – ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ба таври зарурӣ ҳаддалимкон мадди назар гирифта шаванд.
Садаи ХХ ва ХХI ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки муҳимму марказии инкишоф ва баҳодиҳии воқеияти давлату давлатдорӣ муайян кардааст. Ба ин хотир ҳама арзишҳои дигар бояд баҳри амалишавии он нигаронида шуда, дар хизмати он гузошта шаванд. Давлат, сиёсат ва ҳама гуна манфиат, ба қавли И.Кант, бояд назди ҳуқуқи инсон сари таъзим фуруд оранд. Ба назари мо, роҳи ягона ва асосии баромад ва инкишофи ояндаи давлатдории мо маҳз дар ҳамин арзиши марказӣ, ки моддаи 5 Констутсияи кишвар аз соли 1999 онро ҳадаф ва арзиши олӣ ҳисоб кардааст, нуҳуфта шудааст.
Ба инобат бояд гирифт, ки ҳуқуқи инсон, аз як ҷониб, дар алоҳидагӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ дар қатори дигар арзишҳои ҳуқуқӣ неъмати ҳуқуқии хоса аст, аз ҷониби дигар, ҳар як ҳуқуқу озодиҳо дар алоҳидагӣ ва ё дар шакли дастаҷамъӣ – наслҳои ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши муттахидшуда дар шакли муфрад низ баромад менамоянд. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, озодии ҳаракат, озодии виҷдон, эътиқод, меҳнат ва ғ. дар алоҳидагӣ чунин нақшро иҷро мекунанд.
Гузашта аз он, арзишҳои ҳуқуқӣ дар шаклҳои мақсадҳо, принсипҳо, қоидаҳо, усули ҳалли баҳсҳо, расмиёти баррасии парвандаҳо ва ғайра дар иртибот бо васлияти ҳаводиси таърихии гузаштаю имрӯза ва оянда баромад карданашон мумкин аст, ки ҳар яке дар мавқеи худ муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ мегардад. Барои ин зарур аст, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва раванди ҳуқуқэҷодкунӣ бо таҳлилҳои устувори мантиқӣ, аналитикӣ, дастрасии дастовардҳои ҷаҳонӣ ва таърихӣ ҳама гуна арзиш, манфиат, принсип ва усулҳои ҳуқуқиро дар мизони адл тарзе ҷо ба ҷо гузорад, ки ҳақиқат, озодӣ, адолат ва баробарии инсонҳо зарар наёбанд.
Холиқзода А.Ғ. – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
[1]Конституция Российской федерации: научно-практический комментарий // Под ред. академика Топорнина. – М., 2003. – С. 97.
[2]Арутюнян Г.Г., М.В. Баглай. Конституционное право. Энциклопедический словарь. – М.: 2006. – С. 471.
[3]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.
[4]Имомов А. Асари номбаршуда. – С. 196-197.
[5]Ҳамон ҷо. – С. 197.
[6]Бернард Як. Национализм и моральная психология сообщества / Пер. англ. К. Бандуровского. – М.: Издательство Института Гайдара, 2017. – С. 176.
[7]Гегель Г.Г.В. Философия права. – С. 320-321.
[8] Ниг.: Ҷомеу-л-мутун. Панҷ ганҷи эътиқодии ҳар муъмин. Мураттиб ва мутарҷим: Суннатуллоҳи Яъқуб. Душанбе 2014. -102с.
[9]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.
[10]Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. – М., 2006. – С. 163.
[11]Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2004. – С. 195.
[12]Фукуяма Ф. Конец истории и последний человек. – М., 2005. – С. 21.
[13]Шарль Луи Монтескье. О духе законов. Предисловие. – М.: РИПОЛ классик, 2018.
-С. 3.
«...аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем»
(аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024).
Ҳамагӣ як сол мондаст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-умин солгарди яке аз муҳимтарин арзишҳои миллии хеш, яъне Истиқлолияти миллӣ ва давлатиашро таҷлил месозад. Тамоми фаъолияти вазоратҳо ва кумитаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва кулли мардуми тоҷик дар гирдди Пешвои хеш ҷамъ омада, ба ин ҷашн омодагии ҳаматарафа дида истодааст. Пас аз чанд рӯз ҷашни 34-солагии истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунем ва ба пешвозгирри санаи муҳим қадам мегузорем. Истиқлолият як марҳилаи муҳим дар таърихи миллате, ки роҳи озодӣ, худшиносӣ ва рушди устуворро интихоб кардааст, маҳсуб мегардад.
Истиқлолият барои мо на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози масъулияти нав дар ҳифзи тамоми арзишҳои маънавии ва модии миллат аст. Азбаски фаъолияти ман бевосита ба муҳити зист ва экология иртибот дорад, ман ҳифзи ҳаматарафаи муҳити зисти Ватанро яке аз вазифаҳои муҳим ва ҳамчун масъулият волои худ ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурӣ меҳисобам. Истиқлолият миллӣ барои иҷрои ин вазифа имконияти ҳамаҷонибаро барои мо фароҳам овардааст. Дар шароити тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои табиӣ ва афзоиши фишорҳои антропогенӣ, нақши экологҳо беш аз пеш муҳим мегардад.
Бо эълони истиқлолият 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон имкони ташаккули сиёсати мустақили экологиро ба даст овард. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки табиатро ҳамчун амонати миллӣ эҳтиром намоем, ва ҳифзи он ба як қисми сиёсати давлатӣ табдил ёбад.
Тоҷикистон бо табиати нодир ва гуногунрангаш - аз пиряхҳои Помир то алафзорҳои баландкӯҳ - як ганҷи экологии минтақа ба шумор меравад. Захираҳои обии кишвар, ки аз пиряхҳо ва дарёҳои кӯҳӣ сарчашма мегиранд, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҳифзи ин захираҳо, нигоҳдории биогуногунӣ ва танзими истифодаи замин, вазифаҳои муҳими экологӣ дар даврони истиқлол мебошанд.
Дар тӯли 34 сол, мутахассисони муҳити зист дар Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил шуданд. Татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла сенсори дурдаст (remote sensing), таҳлили биомасса ва моделсозии сохторӣ (SEM) ба мо имкон доданд, ки равандҳои экосистемавиро дақиқтар омӯзем. Лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ ва ҳамкорӣ бо барномаҳои иқлимӣ, саҳми Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳанд.
Ман ҳамчун эколог, дар таҳқиқи алафзорҳои баландкӯҳ, арзёбии биогуногунӣ ва таҳлили истеҳсолоти биомасса саҳмгузорь дорам. Ин тадқиқотҳо на танҳо барои илм, балки барои сиёсати истифодаи замин ва ҳифзи табиат аҳаммияти амалӣ доранд.
Бо вуҷуди дастовардҳо, Тоҷикистон дар ин самт бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст, чунончи: тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ, шӯршавии заминҳо ва фишори афзояндаи инсон ба табиат. Барои посух додан ба ин чолишҳо зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни экологҳо, ҷомеа, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақвият ёбад.
Рушди маориф ва маърифат дар соҳаи муҳити зист, ҷалби ҷавонон ба илм ва ташаккули фарҳанги экологӣ - ин ҳама шохаҳои муҳими рушди устувор мебошанд.
Истиқлолият ба мо на танҳо озодӣ, балки масъулият низ ато кардаст, ки ҳифзи табиат, захираҳои обӣ ва биогуногунӣ ва интиқоли безарари онҳо барои наслҳои оянда аз ҷумлаи ин масъулиятҳо мебошанд. Муҳити зист - амонати муқаддасест, ки бе он на озодӣ, на зиндагии солим имконпазир нест. Дар ин рӯзи ҷашн, мо бояд на танҳо истиқлолиятро таҷлил кунем, балки ба худ савол диҳем: ман барои ҳифзи арзишҳои моддӣ ва маънавии Ватанам чӣ кор кардаам?
Ҳамчун эколог, ман бовар дорам, ки ҳар як қадам дар роҳи ҳифзи табиат - як қадами устувор дар роҳи истиқлолияти воқеӣ аст.
Меҳровар Охонниёзов, - доктори илмҳои экологӣ (PhD), мутахассиси муҳити зист дар Маркази илмӣ- таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ.