Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст.

Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Дар таърихи қадим рамзҳои парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар њоким ва ё подшоње, ки ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ў парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст. Аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Коваи Оҳангар мубориза ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ бошад, намунаи барҷастаи ватандӯстию мењанпарварї, тарғибгари некию адолату мардонагист, њифзу дифои марзу кишвари худ буда, њамчун улгу аз муборизаи Коваи оҳангар мисол оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Фирдавсии фаррухсиришт дар «Шоҳнома»-и безаволи худ њангоми ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар - рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз зулмат, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯз ёд мекунад. Кова, ки бар зидди беадолатї бархоста буд, бо мардуми бадодомада, нерӯи ањриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохта, марзу Ватани хешро озод намуд ва њаммењанони худро аз зулму истисмор наљот дод. Шоҳ Фаридун, ки аз насли озодагон - Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш, дирафши озодагонро муқаддас донист. Фаридун дирафшро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуда, бо зару ҷавоҳирот музайян намуд, ки ин марњиларо Фирдавсии Тусї басо зебо ва љолиб ба назм овардааст.

Шоњ Фаридун бо ифтихори ватандорї ва садоќат ба кишвари худ, ин дирафшро дирафши коваёнӣ ном дод. Аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асри 1-и томелод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333-мелодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои 16-18 низ, асосан сурх буда, ин анъана аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буд.

Мардуми ориёиасл яке аз асосгузорони тамаддуни башарӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо давлатҳои бузургу абарқудратро бунёд намудаанд, ки дорои пойгоҳҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, мўҳр, сиккаҳои заринаву симина ва сипоҳи оламгир буданд. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти ориёиҳо маҳсуб гардида, ба он ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми хос доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш» ё «дирафш» дар осори таърихии онњо таҷассум ёфтааст.

Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар, фарќияти марзї ва территориявї, хусусиятњои табиї ва кишоварзї дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ буд.

Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои ҳайати он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Бо дарки ин воқеият, 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Эъломияи истиқлолияти давлатӣ барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ озмун қарор қабул ва Низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд. Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он, аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд. Ранги сурх дар Парчам ифодагари ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст. Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар Њамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат сар карда, то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани рўҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқод ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Маҳмадулоева Н.М. лаборанти Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

«Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷомеаи имрӯза парчам ҳамчун рамзи давлатӣ қабул шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз субъектҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби ин рамзи муқаддаси миллӣ мебошад.

123123Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ниёгони тоҷик аз қадимулаём соҳиби давлату парчам буданд. Масалан, "Шоҳнома"-и безаволи А. Фирдавсӣ ривоят мекунад, ки аввалин парчами ниёгони тоҷиконаз ҷониби Коваи оҳангар аз пораи чарм омода гардида буд. Кова ҳунарманде буд, ки ки аз оҳан ашёҳои гуногун месохт ва ҳангоми бо оташ гудохтани хокаи оҳан ӯ пешдомани чарминро ба бар мекард. Коваи оҳангар барои озод намудани халқ аз зулму ситами Заҳҳок ба муқобилаш бархост ва аз пешдомани чармини худ парчам сохт. Парчами сохтаи Кова як пораи чарме буд, ки аз он на об ба зудӣ мегузашту на оташ. Ин рамзи шикастнопазириро ифода менамуд. Парчами Кова мардумро ба мубориза даъват намуда, дар зери он муттаҳид кард. Баъдтар ин пораи чарм ба худ номи «Дирафши Ковиён»-ро гирифт. Аз он давра «Дирафши Ковиён» ҳамчун нишонаи муборизаю шуҷоати миллати куҳанбунёди тоҷик шинохта шудааст.

Ҳаким Фирдавсӣ доир ба ихтирои дирафш ё ливои нахустини мардуми ҳунарманд, озодихоҳ ва муборизи зулму ситамро дар достони «Кова ва Заҳҳок»-и Шоҳнома чунин ба қалам додааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки «Эй номдорони яздонпараст!

Касе к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,

Сар аз банди Заҳҳок берун кунад.

Бо мурури замон бар ин пораи чармине, ки рамзи муборизаю озодихоҳӣва шикастнопазириро дар худ ифода мекард, аз ҷониби шоҳаншоҳони аҷдодони тоҷикон бо лаълу ёқут ва дигар сангҳои гаронарзиши ҳамонзамон оро дода шуда, ҳамчун ливои муттаҳидкунанда ва нишонае аз қудратмандӣ дар сохтори давлатдории онҳо ворид шуд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки аҷдодони тоҷик аз ибтидои таърихи инсоният парчамдор ва парчамбардор буданд. Яъне ниёгони тоҷикон аз қадим то ба имрӯз муборизон ва озодихоҳони марзу буми хеш буданд.

Парчами Кова дар замони соҳибистиқлолии миллати тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида ҳамчун Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муҳимтарин арзишҳои меросии ниёгонамон дар умури давлатдории имрӯза истифода бурда мешавад.

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маконинигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шахси хирадманду таърихогоҳ буда, дар бунёди давлати навини тоҷикон ба унсурҳои давлатдории ниёгони халқи тоҷик такя менамояд ва барои аз нав зинда намудану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани арзишҳои таърихию фарҳангӣ талош мекунад. Дар робита бо ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар давраи Истиқлолият рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав қабул шуданд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз ҳамон давра дар кишвар ҳамчун ҷашн дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Аз рӯзи қабул шудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мешавад.

Ҳамин тавр, ҷашн гирифтани рӯзи Парчами миллӣ насли имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, арҷгузорӣ ба мероси гузаштаи таърихӣ, сулҳу ваҳдат ва озодӣ раҳнамоӣ менамояд.

Сафоева Бибиаслия - корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

“Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам яке аз рамзҳои асосии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, муаррифкунандаи давлату миллат ба шумор меравад. Бале, ҳар як давлате, ки арзи ҳастӣ мекунад, яъне соҳибистиқлол мегардад, онро зарур аст, ки дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар рамзҳои давлатии хеш бошад, гуфтан ба маврид аст, ки Парчам намоёнии рамзҳост.

Агар ба таърихи дури дур назар афканем, аз достони таълифнамудаи паҳлавониву муборизӣ ва тарбиявии пири хирад, устоди сухан Абулқосими Фирдавсӣ бар меояд, ки нахустин маротиба парчамро Коваи Оҳангар дар натиҷаи ғолиб омаданаш бар душман, дар муҳорибаҳои тан ба тан, расидан ба орзуву омол ва пирӯзӣ, бо фарогирии ҳиссиёти шодиву нишот, пешдомани чармини худро ба найзаи ҷангияш печонида нидои ғалаба баланд намудааст.

Кашфиёти ин паҳлавони таърихӣ Коваи Оҳангар тавонист, ки ба ҳукми анъана даромада, аз ҳамон замонҳо то ба ҳол парчам дар баргузории мусобиқаву муҳорибаҳо дар баробари қомат афрухтан дар ҷойҳои муайяншуда тибқи талаботи “Низомнома” – и парчам истифода шуда, ҳангоми ғолибият дар мусобиқаву олимпиадаҳои байналмилалӣ баланд бардошта мешавад, ин як ҳувиятест, ки ба ин васила иштирокдорони ҳамоишҳо ба осонӣ дарк карда метавонанд, ки шахси ғолибомада шаҳрванди ин ё он давлат аст, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ қарзи фарзандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир Президенти маҳбубамон чунин гуфтааст: "Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардум ва фарҳангии мо аст"

Ҳар як шахсе, ки ҳиссиёти ватандӯстиву ватандорӣ ва ватанпарварӣ дар вуҷуди хеш дорад, ба рамзҳои давлатдорӣ эҳтиром гузошта, намегузорад, ки ба рамзҳои давлатӣ, ки таҷассумгари соҳибдавлатӣ соҳибистиқлолист касе иснод оварад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз қадим то ба ҳол парчамро ба вожаҳои гуногун ном мебурданд: “Дирафш ”, “Ливо” ва “Байрақ” низ мегуфтанд, тибқи Низомнома парчам ном гирифтааст.

Боис ба ёдоварист, ки тоҷикон яке аз халқиятҳои қадима дар рӯи дунё шинохта шуда, дар паҳлавонӣ, тирандозӣ, шаҳрсозӣ, бунёдкориву созандагӣ ва илмпарварӣ, китобхониву шеъру шоирӣ миёни тамоми халқиятҳои дунё шинохта шудаанд. Дар баробари дигар кашфиётҳову офаридаҳояшон парчам, ки дар тамоми дунё рамзи соҳибдавлатиро нишон медиҳад, нахустин маротиба аз ҷониби тоҷикон яъне марди ҷасур далер ва паҳлавон Коваи оҳангар кашф шудааст, ки инро таърих бо хатҳои заррин сабт намудааст, ки ҳаргиз зудудаву хира нахоҳад шуд.

Дар тули таърих намуди зоҳирии парчам чандин маротиба иваз шуда, бо шаклу намудҳои гуногун солиёни дароз истифода шудааст. Намуди кунунии парчам 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 тасдиқ карда шудааст, ки дорои се ранг: сурх, сафед, сабз буда, ҳар як ранг ба худ хосияти хосро ифодакунанда буда, мазмуну муҳтавои муайянро доро аст: ранги сурх - муборизаю ҷоннисориҳо барои озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ранги сафед - нишони бахту саодат, орзуву умед, ранги сабз – нишони сарбаландиву сарсабзиву хуррамӣ, шукуфоӣ ва абадият мебошад. Дар рӯи рахи сафеди парчам ҳафт ахтар акс ёфта, ин аз

Давлатсозию давлатдорӣ дар замири миллати тоҷик аз ниёгон мерос мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини омадан ба сиёсат бо як шукуҳу шаҳомати хосса, давомдиҳандаи кору пайкори шоҳону гузаштагони хеш аз ҷумла Шоҳ Исмоили Сомонӣ буда, пайваста ба ободкорӣ пешравӣ муваффақият ба даст овардан кӯшидааст.

Тасдиқи гуфтаҳои воло ин аст, ки дар моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи таҷлили 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахти ватани азизамон шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии пояи 165 метр дар дили Тоҷикистон , ки хонаи орзуву умеди тоҷикони тамоми дунё аст, қомат афрухтааст ва шоҳкории ин абармарди хирад Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дубора тоҷику тоҷикистониро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди ифтитоҳи парчам дар пойтахти мамлакат худи ҳамон сол яъне соли 2011 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баландтарин байрақ дар ҷаҳон ба китоби гиннес дохил карда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст”

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар тамоми саросари ватани азизамон дар муассисаву корхонаҳои давлатӣ дар фазои сулҳу субот ин Рӯзи таърихиро бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истодаанд, аҳли илму донишро мебояд, шукрона аз Истиқлолияту ободии ватан намуда, ба рамзҳои давлатӣ арҷ гузошта, дар замири ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва парчамбардорию парчамдориро бедор намоянд, бигузор Парчами Тоҷикистони азиз абадан дар фазои сулҳу субот партавфишон бошад!

Алишер САИДОВ – корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол дорои рамзҳои давлатии худ мебошад. Конститутсия, Забони давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Парчами давлатӣ ифодагари сулҳу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ буда, ифтихор аз сарбаландии миллат аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум менамояд.

12324 – ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлатӣ гардид. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон 24 – ноябри соли 2021 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, “Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст”.

Дар ҳақиқат соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил ба ҳисоб меравад. Эҳтиром нисбати Парчами давлатӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Зеро ин ливои миллат як рамзи махсусси истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ инчунин рамзи ҳастии миллат ба шумор меравад. Халқи тоҷик аз қадимулайём дорои парчами худ буданд ва онро бо номҳои гуногун ифода менамуданд. Дар “Шоҳнома»” – и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ таҷассум ёфта, мафҳуми дирафш ё дурафш ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдорӣ ҷойгоҳи махсус дорад. “Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маъноҳои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

Муҳаммад Ғиёсуддин дар “Ғиёс-ул-луғот” вожаи мазкурро чунин маънидод кардааст: ”Дурафш порчаи қумоши сегӯша, ки ба зар мунаққаш карда бар сари алам банданд. Ва чун маънии дурафшидан ва ларзидан аст, инро дурафш аз он гӯянд, ки аз бод меларзад”. Сайид Муҳаммад Алӣ дар “Фарҳанги Низом” ин вожаро чунин маънидод кардааст: “Порчайе, ки бар сари чӯби баланд банданд ва ҳар фавҷи лашкар бо худ дорад, ки номҳои дигараш байрақ, парчам аст”. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” бошад, ба чунин маъно омадааст: “Дирафш – байрақ, алам, ливо. Дурафшидан – дурахшидан, барқ задан, тобидан”.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шакл дорад:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дошта шудаанд, ки паҳлӯи амудиашон 0,8 паҳлӯи уфуқиашон 1,0 паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 – рахи сафед васл гардидаанд.

Парчами давлатӣ аз се ранг иборат аст, ки ҳар як ранг маъноҳои гуногунро ифода мекунанд.

Ранги сурх – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Ҳамин тариқ дар ҳама давру замон парчам ҳамчун муқаддасоти давлатӣ, рамзи сулҳу истиқлолият, давлату давлатдорӣ ва ифтихори мо, тоҷикон маҳсуб меëбад. Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20 – уми ноябри соли 2009 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳ таҷлил мегардад.

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Парчами миллӣ дар баландии 165 метр парафшонӣ менамояд, ки ин аз истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот дарак медиҳад.

Субҳонов Далержон Қосимович - ходими илмии шӯъбаи “Энергетикаи гидрогенӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод гардидааст. Рисолати парчамдорӣ дар дарозои таърихи башар пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печу тоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда, онро дар парчами худ ифода намоянд.

Дар ин раванд Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёгони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Пас, Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзӯю ормонҳои таърихии миллату давлат аст.

Мусаллам аст, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1- таърихии Шурои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода минбаъд ин санаро ҳамчун Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд.

Дар ин рӯзи пурифтихор аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рузҳои таърихӣ дониста садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам бою ғанӣ гардонидани ҳисси ватандориву ифизори миллӣ 30 юи августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе –пойтахти кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро бо тамоми шукуҳу ҷалоли нотакрораш, бо баландии 165 метр парафшон намуданд, ки дар китоби рекордҳои Гинес шомил гардид.

Парчам инчунин рамзи дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, фарҳанг, варзиш ва иқтисод мебошад. Таҷлили рӯзи парчам мардумро илҳом мебахшад, ки аз кишвари худ ифтихор кунанд ва барои шукуфоии он саъй кунанд.

Ҳамин тариқ, Рӯзи парчами Тоҷикистон на танҳо тантана, балки як лаҳзаи муҳим барои дарки ҳувият ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Имрӯз мо, тоҷикон бо парчами миллии худ ифтихор дорем ва тамоми сайъу талоши хуро содиқонаву аҳлона ба кор мебарем, ки ин рамзи ошносози давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшону пурҷило бошад. Парафшонии парчам дар миқёси ҷаҳонӣ аз минбарҳои бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву сайёҳӣ боиси шаъну шараф ва сарфарозии мардуми шарифти тоҷик мебошад.

Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналхалқии универсалию минтақавӣ ифодагари эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи онҳо мебошад.

Дар робита ба масъалаи омӯзиши парчаму парчамдорӣ ташкилоту мақоми ваколатдор ва комиссияҳои давлатии бонуфуз дар тамоми кишварҳои олам фаъолият мекунанд. Ба омӯзиши ойини парчаму парчамдорӣ илми махсус ва ёрирасони таърихшиносӣ - вексиллология машғул мебошад. Вожаи «Вексиллология» мансуб ба забони лотинӣ буда, маънои Байрақро ифода менамояд. Яке аз созмонҳои бонуфузи дорои собиқаи куҳан Маркази омӯзиши парчамҳо мебошад, ки он дар шаҳри Винчестери штати Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чойгир шудааст, ки то имрӯз корҳои назаррас анҷом дода, теъдоди зиёди парчамҳои нодири давлатҳои сайёраро ҷамъоварӣ намудааст.

Дар ин раванд тайи солҳои охир нақши муассисаҳои тадқиқотӣ ба хотири муайян намудани таърихи пайдоиши ойини парчамдории кишварҳои сайёра зиёд ба назар мерасад ва дар ин самт садҳо мақолаву очеркҳои таърихӣ, рисолаҳои илмӣ, лавҳаҳои телевизионӣ, конференсияю семинарҳои дохиливу байналмилалӣ таҳия ва баргузор мегарданд. Ҳамзамон санъати тарроҳии Парчамҳо чӣ дар сатҳи касбӣ ва чӣ дар сатҳи ғайрикасбӣ рушд намудааст, ки саҳми созмони вексиллологӣ ва аъзои он дар ин самт назаррас мебошад. Байроку парчами таърихии миллати точикон низ мавриди тадкик карор гирифтааст, ки он боиси ифтихори мо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки эҷоди заминаҳои ҳуқуқии омода ва истифодаи Парчам ва Нишони давлатӣ як навъ зуҳуроти эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ буда, ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи за- рурӣ зоҳир намояд. Чунин муносибатро нисбат ба парчами давлатҳои дигар низ риоя намудан аз фазилатҳои ойини парчамдорӣ ба шумор мера вад. Зеро арҷгузорӣ ба парчамҳои давлатӣ нишонаи эҳтирому дӯстии байни миллатҳои сайёра маҳсуб меёбад.

Боиси тазаккур аст, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллӣ тарбия намудани хар як фарди точикистонӣ, махсусан чавонон ва насли наврас гашта, барои дарки баланди ҳувияти миллӣ нақши беназир дошта бошад. Аз ин рӯ, маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад.

Ҳамин тарик, мазмун ва муҳтавои парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишо- наи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад. Муносибати самимона ба парчам ва дӯст доштани он таҷассумгари бедории аҳли ҷомеа мебошад. Яъне ҳар як фарди Ватанро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои парчами миллиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии парчами он саҳмгузорӣ намояд.

Юсуфӣ Фарзона - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

“Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.”

Эмомалӣ РАҲМОН

123Парчам ва парчамдорӣ аз қадимулайём ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ мавриди истифода қарор доштааст. Халқи тоҷик низ яке аз куҳантарин халқҳои сарзамини Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар тамаддуни умумибашарӣ нақши арзандаи худро гузоштаанд. Чунки давлатсозӣ ва давлатдории халқи соҳибтамаддуни тоҷик низ таърих ва суннати куҳанбунёди худро дошта, аҷдодони онҳо аз замонҳои қадим парчамдору парчамбардор будаанд ва дар адабиёти бостонию пурғановати миллат он бо номҳои дирафш, алам ва парчам ёд мешавад. Нахустин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиёнӣ» ном дошт.

Бояд зикр кард, ки дар ҳама давру замон Парчами миллӣ ҳамчун ифодагари рамзи давлату давлатдорӣ дар таърихи ҳукуматдории тоҷикон мавқею мақоми хосаро соҳиб буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи зиёда аз 4000 - солаи худро дорад.

Маҳз ба шарофати ба даст омадани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 кишвари соҳибиқболу соҳибистиқлоламон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардид, ки ин рӯйдоди таърихӣ боиси ифтихори ҳамешагии мо тоҷикон маҳсуб меёбад ва ҳамаи ин дастовардҳои назаррас таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастанд, ки имрӯз боиси ифтихор аст, ки Парчами миллии мо дар саросари олам парафшон мегардад ва миллати моро аз рӯйи ҳамин рамзи миллиаш мешиносанду ҳамзамон ба он арҷ мегузоранд. Ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар:

Зи дурии замонаҳо расидаем, расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.

Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ гувоҳ аз рамзи соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлату давлатдорӣ буда, симои воқеӣ ва таърихии миллати тоҷики бонангу ор ва тоҷдорро таҷассум менамояд. Парчами ҳар як давлат дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллии он маҳсуб меёбад.

Соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву Истиқлоли давлатӣ баррасӣ мешуд, ҳамзамон баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин масъалаи тасдиқи рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Парчам ва инчунин Нишону Суруди миллӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи вакилону иштирокчиёни иҷлосия қарор гирифт.

Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои дар пеш гузоштаи хеш рамзҳои мухталифро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор ҳатман рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб мераванд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.

Бояд қайд кард, ки мазмуни рангҳои Парчами миллии мо тоҷикон аслан гирем аз китоби муқаддаси “Авесто” сарчашма мегирад. Ба ақидаи олими маъруфи рус В. Саприков ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамоянд. Ҳамзамон ранги сабз нишонаи Наврӯзи оламафрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибиқбол мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошии худ рӯзи 24-уми ноябри соли 2019 гиромидошти Парчами миллиро таъкид карда, аз ҷумла чунин қайд карда буданд: “Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар арафаи ҷашни дуюмин солгарди таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 24-уми ноябри соли 2010 маросими бунёди манораи бузурги Парчами миллӣ оғоз гардида, дар давоми як сол корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд. Дар рафти бунёду ба истифода супоридани он бинокорони гулдасти Корхонаи воҳиди давлатии «Алюминсохтмон» ва инчунин Ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд ва саҳми боризи худро гузошта, санъати баланди касбӣ нишон доданд.

Маҳз натиҷаи ҳамин гуна меҳнати пурсамар буд, ки рӯзи 30-юми августи соли 2011 дар маркази пойтахти мамлакат – шаҳри дилорои Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчами миллӣ 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон низ дар яке аз суханрониҳои пурмуҳтавои худ бамаврид чунин иброз дошта буданд:“Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳама соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд. Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад”.

Бигзор чун ҳамеша сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвари азизамон пояндаву ҷовидонӣ бошанд ва халқи тоҷик таҳти парафшонии Парчами миллӣ ва сарварии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон парафшонии Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона кору фаъолият намоянд.

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, номзади илмҳои физикаву математика, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчам яке аз рамзҳои асосии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, муаррифкунандаи давлату миллат ба шумор меравад. Бале, ҳар як давлате, ки арзи ҳастӣ мекунад, яъне соҳибистиқлол мегардад, онро зарур аст, ки дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар рамзҳои давлатии хеш бошад, гуфтан ба маврид аст, ки Парчам намоёнии рамзҳост.

Агар ба таърихи дури дур назар афканем, аз достони таълифнамудаи паҳлавониву муборизӣ ва тарбиявии пири хирад, устоди сухан Абулқосими Фирдавсӣ бар меояд, ки нахустин маротиба парчамро Коваи Оҳангар дар натиҷаи ғолиб омаданаш бар душман, дар муҳорибаҳои тан ба тан, расидан ба орзуву омол ва пирӯзӣ, бо фарогирии ҳиссиёти шодиву нишот, пешдомани чармини худро ба найзаи ҷангияш печонида нидои ғалаба баланд намудааст.

Кашфиёти ин паҳлавони таърихӣ Коваи Оҳангар тавонист, ки ба ҳукми анъана даромада, аз ҳамон замонҳо то ба ҳол парчам дар баргузории мусобиқаву муҳорибаҳо дар баробари қомат афрухтан дар ҷойҳои муайяншуда тибқи талаботи “Низомнома” – и парчам истифода шуда, ҳангоми ғолибият дар мусобиқаву олимпиадаҳои байналмилалӣ баланд бардошта мешавад, ин як ҳувиятест, ки ба ин васила иштирокдорони ҳамоишҳо ба осонӣ дарк карда метавонанд, ки шахси ғолибомада шаҳрванди ин ё он давлат аст, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ қарзи фарзандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир Президенти маҳбубамон чунин гуфтааст:

Ҳар як шахсе, ки ҳиссиёти ватандӯстиву ватандорӣ ва ватанпарварӣ дар вуҷуди хеш дорад, ба рамзҳои давлатдорӣ эҳтиром гузошта, намегузорад, ки ба рамзҳои давлатӣ, ки таҷассумгари соҳибдавлатӣ соҳибистиқлолист касе иснод оварад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз қадим то ба ҳол парчамро ба вожаҳои гуногун ном мебурданд: “Дирафш ”, “Ливо” ва “Байрақ” низ мегуфтанд, тибқи Низомнома парчам ном гирифтааст.

Боис ба ёдоварист, ки тоҷикон яке аз халқиятҳои қадима дар рӯи дунё шинохта шуда, дар паҳлавонӣ, тирандозӣ, шаҳрсозӣ, бунёдкориву созандагӣ ва илмпарварӣ, китобхониву шеъру шоирӣ миёни тамоми халқиятҳои дунё шинохта шудаанд. Дар баробари дигар кашфиётҳову офаридаҳояшон парчам, ки дар тамоми дунё рамзи соҳибдавлатиро нишон медиҳад, нахустин маротиба аз ҷониби тоҷикон яъне марди ҷасур далер ва паҳлавон Коваи оҳангар кашф шудааст, ки инро таърих бо хатҳои заррин сабт намудааст, ки ҳаргиз зудудаву хира нахоҳад шуд.

Дар тули таърих намуди зоҳирии парчам чандин маротиба иваз шуда, бо шаклу намудҳои гуногун солиёни дароз истифода шудааст. Намуди кунунии парчам 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16 тасдиқ карда шудааст, ки дорои се ранг: сурх, сафед, сабз буда, ҳар як ранг ба худ хосияти хосро ифодакунанда буда, мазмуну муҳтавои муайянро доро аст: ранги сурх - муборизаю ҷоннисориҳо барои озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ранги сафед - нишони бахту саодат, орзуву умед, ранги сабз – нишони сарбаландиву сарсабзиву хуррамӣ, шукуфоӣ ва абадият мебошад. Дар рӯи рахи сафеди парчам ҳафт ахтар акс ёфта, ин аз давлатсозию давлатдорӣ дар замири миллати тоҷик аз ниёгон мерос мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини омадан ба сиёсат бо як шукуҳу шаҳомати хосса, давомдиҳандаи кору пайкори шоҳону гузаштагони хеш аз ҷумла Шоҳ Исмоили Сомонӣ буда, пайваста ба ободкорӣ пешравӣ муваффақият ба даст овардан кӯшидааст.

Тасдиқи гуфтаҳои боло ин аст, ки дар моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи таҷлили 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахти ватани азизамон шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии пояи 165 метр дар дили Тоҷикистон , ки хонаи орзуву умеди тоҷикони тамоми дунё аст, қомат афрухтааст ва шоҳкории ин абармарди хирад Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дубора тоҷику тоҷикистониро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди ифтитоҳи парчам дар пойтахти мамлакат худи ҳамон сол яъне соли 2011 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун баландтарин байрақ дар ҷаҳон ба китоби гиннес дохил карда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷику тоҷикистонист, ки дар ин масир худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст:

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар тамоми саросари ватани азизамон дар муассисаву корхонаҳои давлатӣ дар фазои сулҳу субот ин Рӯзи таърихиро бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истодаанд, аҳли илму донишро мебояд шукрона аз Истиқлолияту ободии ватан намуда, ба рамзҳои давлатӣ арҷ гузошта, дар замири ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд, ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва парчамбардорию парчамдориро бедор намоянд. Бигзор Парчами Тоҷикистони азиз абадан дар фазои сулҳу субот партавфишон бошад!

Саидов Алишер - ходими хурди илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо АМИТ

“Парчами давлатӣ барои мо –тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи Парчами давлатӣ боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризояти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волоии ватандорӣ хеле бузург аст.

Ногуфта намонад, ки модда 18-и Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, онҳоро қонун ҳимоя мекунад.

Роҷеъ ба Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ Комиссияи махсус ташкил карда шуда буд, ки собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ, собиқ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Фозил Тоҳиров, шоири мардумии Тоҷикистон узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муъмин Қаноат ва чанде аз вакилони мардумӣ саҳми бузурге гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзҳои ид” ниҳоят 24 ноябри соли 1992 бо тасдиқи Низомномаи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.

Ба ин муносибат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009, 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати рамзҳо ва рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон, инчунин таҷассумгари хештаншиносӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчами миллии Тоҷикистон имрӯзҳо ҳамчун таҷассумгари таъриху давлатдории тоҷикон ва орзуи ормони тоҷиконро ифода мекунад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ ва корбурди расмии парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12-май 2007 "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқарар мекунад. Дар шаҳри Душанбе дар ин соли 2009 аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7-метр гузаронида шуд.

Дар вилояту ноҳияиҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд. 30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи махсус барафрӯхта шуд. Баландии он 165 метр буд, яке аз баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад. Ҳамчун рекорди Гиннес сабт шудааст. 9 сентябри соли 2011 рӯзи таҷлили 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

Таҷлили рӯзи парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои ватан лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.

Тоҷикистон, парчамат тоҷи сар аст,

Парчами ту аз ҳама болотор аст.

Парчами ту парчами адл асту дод,

Ки-ин дурафши Коваи аҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,

Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,

З-ин сабаб дар парчами ту бовар аст!

Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,

Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёкони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Пас, Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзӯю ормонҳои таърихии миллату давлат аст.

Боиси тазаккур аст, ки Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 19-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Чуноне, ки худ Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.

Воқеаи таърихӣ ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид парчами Тоҷикистон парафшонӣ мекард, ки ин боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Ҳамин тариқ, Парчам –рукни асосии меҳанпарастӣ ва давлатдории тоҷикон буда, худшиносӣ, ватандӯстӣ, таъминкунандаи бахту иқбол, амнияту осоиш, нангу номуси миллати соҳибтамаддуни тоҷикон ба шумор меравад. Илова бар ин, ҳар вақте ки шумо ба хориҷи кишвар сафар доред, ё дар мусобиқаву озмунҳо муваффақ мешавед, хоҳ дар самти варзиш, илм, фарҳанг, Олимпиадаҳои соҳавӣ, тимми футбол, намоишҳои фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ албатта бо ифтихор Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки ин воқеан ифтихори ҳаммаи мо тоҷикистониён мебошад.

Парчами давлати Тоҷикистон ин чеҳраи Тоҷикистон, чеҳраи давлатдории Тоҷикистон нангу номуси миллат, муқаддасоти давлатдории миллӣ, таъриху фарҳанги мо, хушбахти ва осоиштагии миллати мо аст. То ба ин рӯз расидан чи қадар фарзандони фарзонаи миллат, барои ҳифзи парчам, нишони миллӣ, Суруди миллӣ ҷоннисориҳо карданд.

Аз фурсат истифода бурда тамоми мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Парчами миллӣ табрику таҳният гуфта ба мардуми Тоҷикистон зиндагии осоишта дар фазои Сулҳ хоҳонам ва арзишҳои миллиро мо ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Ҳамеша Парчами Тоҷикистон парафшон бошад!

Воҳидова Санавбарбону – мудири Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм