Skip to main content

10 уми декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки кормандон баргузор гардид, ки онро директори Марказ Шерализода Н.Ш. оғоз намуда, дар бораи таърих, барнома ва оинномаи он бо маърӯза баромад кард. Аз ҷумла қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду декмократиро ҳадафи ниҳоии худ қарор дода, тамоми қишрҳои ҷомеъаро дар худ муттаҳид намуд.

Дар меҳвари барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолият ба шумор рафта, ба хотири таъмини амнияти миллӣ, пешгирии ифротгароию терроризм ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ба арзишҳои миллии мо бегонаанд дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, ки аз ҳар як аъзои ҳизб садоқати комилро дар иҷрои уҳдадориҳои хизмативу шаҳрвандӣ тақозо менамояд.

Сипас собиқадорони ҳизб ва олимону коршиносони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ дар бораи нақш ва ҷойгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди илм, ташаббусҳои байналмилалӣ кишвар дар самти обу иқлим баромад намуданд.