Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Абулқосим Фирдавсӣ

Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва расман тасдиқ карда шудааст.

Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Дар таърихи қадим рамзҳои парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар ҳоким ва ё подшоҳе, ки ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ӯ парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол соҳиби муқаддасоти миллии худ аст. Аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳам дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Пайдоиши Парчамро дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамчунин Коваи Оҳангар мубориза ба муқобили зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ бошад, намунаи барҷастаи ватандӯстию меҳанпарварӣ, тарғибгари некию адолату мардонагист, ҳифзу дифои марзу кишвари худ буда, ҳамчун улгу аз муборизаи Коваи оҳангар мисол оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Фирдавсии фаррухсиришт дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ҳангоми ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар - рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз зулмат, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯз ёд мекунад. Кова, ки бар зидди беадолатӣбархоста буд, бо мардуми бадодомада, нерӯи аҳриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохта, марзу Ватани хешро озод намуд ва ҳаммеҳанони худро аз зулму истисмор наҷот дод. Шоҳ Фаридун, ки аз насли озодагон - Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш, дирафши озодагонро муқаддас донист. Фаридун дирафшро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуда, бо зару ҷавоҳирот музайян намуд, ки ин марҳиларо Фирдавсии Тусӣ басо зебо ва ҷолиб ба назм овардааст. Шоҳ Фаридун бо ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба кишвари худ, ин дирафшро дирафши коваёнӣ ном дод. Аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асри 1-и томелод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333-мелодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои 16-18 низ, асосан сурх буда, ин анъана аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буд.

Мардуми ориёиасл яке аз асосгузорони тамаддуни башарӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо давлатҳои бузургу абарқудратро бунёд намудаанд, ки дорои пойгоҳҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, мӯҳр, сиккаҳои заринаву симина ва сипоҳи оламгир буданд. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти ориёиҳо маҳсуб гардида, ба он ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми хос доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш» ё «дирафш» дар осори таърихии онҳо таҷассум ёфтааст.

Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар, фарқияти марзӣ ва территориявӣ, хусусиятҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ буд.

Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои ҳайати он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Бо дарки ин воқеият, 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Эъломияи истиқлолияти давлатӣ барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ озмун қарор қабул ва Низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд. Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он, аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд. Ранги сурх дар Парчам ифодагари ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст. Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар Ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.

Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат сар карда, то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани рӯҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқод ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Маҳмадулоева Н.М. - лаборанти Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Ҳар фарди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси миллатро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣкунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Мусаллам аст, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣмебошанд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр таҷлил мегардад. Парчам (байрақ) - и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами - (байрақи) Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх, сафед ва сабз мебошад. Тоҷ ва нимдавраи ситорадор ба росткунҷа мувофиқ омадаанд, ки дарозиаш ба дарозии ранги сафеди байрақ баробар аст.

Имсол таҷлили рӯзи Парчами Тоҷикистон 24-уми ноябр ба рӯзи истироҳатӣ, яъне якшанбе рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки тоҷикону тоҷикистониён истиқболу ҷашн гирифтани идҳои миллиро гиромӣ медоранд. Тоҷикон аз қадим бо фарҳанги меҳмондории худ машҳури олам гардидаанд, бинобар ҳамин ҷашн гирифтани ҷашнвораҳо ва идҳои миллӣ яке аз расму ойинҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин иду маросимҳои фарҳангии ниёгонамон аз нав эҳё гардиданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ мардуми худшиносу худогоҳу фарҳангсолору хирадпешаи тоҷик ҷашнҳои аҷдодиро бо эҳтирому шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Ба муносибати таҷлили рӯзи Парчами миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои оммавию сиёсӣ гузаронида мешаванд. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки Парчами миллӣ муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, рамзи худшиносию худогоҳии миллӣ, разми давлатдорӣ ва ифтихор аз соҳибихтиёрӣ мебошад. Ҳамзамон Парчами давлатии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишварамон азизу муътабар мебошад ва ҳар як фарди дорои ақлу нангу номуси ватандорӣ бояд маҳбубият ва садоқати худро ба миллати тоҷики тоҷбарсар нишон диҳад.

Дар воқеъ рангҳои Парчами миллӣ инъикоскунандаи роҳи тайнамудаи пурмашаққату пурифтихори таърихии халқи тоҷик ва арзиши волои маданияту фарҳанги миллӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки ранги сурх - рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- рамзи хушбахтиву орзуву ормон ва умед, ранги сабз - рамзи гулгулшукуфоӣ, ифтихор ва абадият аст. Дар мобайни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора омадааст, ки он нишонаи решаҳои амиқу устувори таърихии истиқлоли Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чуноне, ки иттилоъ дорем, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Метавон гуфт, ки бо таҷлили чунин ҷашнвораҳои миллӣ дар қалби ҷавонон ҳисси баланди ифтихори миллӣ, манфиатҳои миллӣ, мафкураи миллӣ, идеяи миллӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳувият, ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, Ватан-Модар, Истиқлол, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро парварида, онҳоро ҳамчун фарзандони содиқи Ватан тарбия намоем. Дар ҳақиқат ҷавонони саодатманди тоҷик дар фазои амну субот ба сарбурда, ҳомиёни некноми ояндаи миллату давлати тоҷикон мебошанд.

Ҷавонон парчамбардорони миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик буда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бо сарфарозӣ парафшонӣ мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки қадршиносӣ ва гиромӣ доштани Парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ, ба Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами давлатии тоҷикон дар замони истиқлоли давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Тоҷикон аз замонҳои қадимтарини давлатдории худ соҳиби рамзи асосии давлатдорӣ, яъне парчам буданд.

Парчам аз қадимулайём рамзи шуҷоат ба шумор рафта, онро шахсони муътабари давр боло мебардоштанд. Дар даврони муосир низ ин анъана идома ёфта, парчамро мардуми шарифи тоҷик дар кулли музаффариятҳояшон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар ҳамчун ливои зафар бо ҳисси баланди ғурури миллӣ парафшон менамоянд. Имрӯз бо итминон гуфта метавонем, ки аз давлату давлатдории тоҷиконаи Тоҷикону Тоҷикистон ифтихору қаноатмандӣ намуда, истиқлоли давлатии мамлакат, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои миллӣ, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеаро ҳифзу гиромӣ медорем.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, н.и.ф., дотсент, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами ҳар як кишвар яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ буда, сароғози соҳибдавлативу мустақилият, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузоштан аст.

Пайдоиши парчам ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллӣ ва давлатдорӣ дар таърихи тамаддуни башар ба қарнҳои хеле дур рафта расида, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳарфиёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо гардидаанд, ки ба асри III-II -и пеш аз милод рост меояд. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳои бостоншиносон дар Шарқи Эронибостон парчами хурди филизиеро пайдо намудаанд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ, ягонагӣ ва мубориза истифода мешуд. Лекин, на аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат буд, балки ашёҳои гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тули таърихи дарози худ рамзу намодҳое офарида, ки баёнгари орзую омол ва ҳадафҳои инсонсозу тамаддунофари он аст. Яке аз муқаддасоти миллат парчами миллист, ки реша дар қаъри таърих дорад ва ифодакунандаи соҳибдавлатии миллати тоҷик дар аҳди бостон аст. Бино ба таҳқиқи муҳаққиқон ва шаҳодати сарчашмаҳои таърихию адабӣ куҳантарин ишора дар бораи корбурди парчам, ки дар даврони бостони ақвоми ориёӣ дурафш ё дирафш мегуфтанд, дар китоби муқаддаси «Авесто» омадааст. Авестошиносон истинод ба нахустин фаргарди «Видевдод» мекунанд, ки аз дирафшҳои барафрошта дар шаҳри Балх – пойтахти шоҳи ориёӣ, Виштосп ҳикоят мекунад: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Илова бар ин, дар «Авесто» ба такрор аз «дирафши говпайкар» ва «дирафшҳои душманони ориёҳо» ёд шудааст. Аз ҷумла, дар «Ҳум-Яшт» аз дирафше ба номи «Говдирафш» сухан меравад, ки баъзе муҳаққиқон онро ҳамон «Дирафши Ковиёнӣ» медонанд. Гурӯҳи дигар, бар он назаранд, ки исми «Дирафши Ковиёнӣ» аз «кавӣ» (шоҳ) ё «ковиён» аст, ки ба сурати сифат ва ба маънии шоҳӣ ё шоҳона истеъмол шуда ва мақсуд аз «Дирафши Ковиён» парчами шоҳӣ аст.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ки дар «Шоҳнома» таърихи ақвоми ориёиро ба риштаи назм кашидааст, нахустин парчам ё худ дирафшро «Дирафши Ковиёнӣ» медонад. «Дарафши Ковиёнӣ», ки бо номҳои «Дирафши Ковиён» (Дирафши Кофиён, Ковон), «Алами Фаридун» ёд шудааст, ҳамон пешбанди чармини Коваи оҳангар аст, ки «бар Заҳҳоки ғосиб хуруҷ кард ва пешбанди худро баррӯйи найза қарор дод ва ин пешбанд мабнои дирафши шоҳаншоҳии Сосонӣ шуд. Бар асраи ситами Заҳҳок Кова бо мардумон ба сӯи Фаридун меравад ва ӯро ба набарди Заҳҳок мекашонад. Ӯ чарми пораи Коваро бо парниёну зар ва гавҳар меорояд ва онро «Дирафши Ковиён» ном мениҳад ва ба кинхоҳи бармехезад». Ба ривояти ҳаким Фирдавсӣ ва аксари сарчашмаҳои муътабар, Кова бар Заҳҳок шӯрид ва он пешбанди чармин, ки оҳангарон ба пеши пой мебанданд, бар сари найза кард, халқро ба ёрӣ хонд ва бо ҳиммати Фаридун Заҳҳоки моронро сарнагун кард. Фаридун ин чармро ба фоли нек гирифт ва аз он ҷавоҳиру ёқутиалвон чандон фурў овехт, ки чарм нападид гашт. Баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахт менишаст, бар он чарм, ки намоди давлатдорию подшоҳӣ буд, гавҳару ҷавоҳир меовехт. Батадриҷ шоҳони каёнӣ Дирафши Ковиёниро боз ҳам пероставу мунаққаш карданд, ки ҳатто дар шаби торик ба гунаи хуршед медурахшид ва ба ҷанговарон неру мебахшиду умед ба пирўзӣ медод.

Илова бар «Дирафши Ковиён», ки парчами шоҳони Эрони бостон ва аз ҷумла Каёниён буд, ҳар як паҳлавон монанди Соми Наримон, Қоран, Золи Зар, Рустам, Гударз, Гев, Тус, Густаҳм, Бежан ва дигарон парчами махсуси худро доштанд. Ҳангоми ҷанг ҳар як паҳлавон лашкарашро зери парчами худ гирд меоварад ва ҳама ба шоҳ ё сарҳанги таъйиннамудаи шоҳ итоат мекарданд. Масалан, парчам ё худ дирафши Рустам «аждаҳопайкар» аст. Вақте Сӯҳроб аз Ҳуҷир, ки асир афтода буд, аз парчамҳо номи паҳлавонони Эронро мепурсад, чун дирафши Рустамро мебинад мегўяд: “Дурафшаш бубин, аждаҳопайкар аст, Бар он найза-бар шери зарринсар аст”.

Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ дар «Фарҳанги асотир» менависад, ки «маънии дирафш дар забони паҳлавӣ алам бошад ва чизи тобонро дурафш хонанд, зеро ҳар гоҳ онро боз мекарданд, аз бисёрии гавҳарҳо, ҷаҳон фурӯғ гирифтӣ. Ин дирафш то вақти Яздгирд, вопасин шоҳи Сосонӣ дар хазонаи Эрон бар ҷой буд, то дар набарди Қодисия ё Мадоин ба дасти муслимин афтод ва онро назди Умар ибни Хаттоб оварданд ва Умар бифармуд он гавҳарҳо аз он бардоштанд ва пӯстро бисӯхтанд».

Дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз Дирафши Ковиёнӣ ҳамвора ёд кардаанд ва ҳамчунин муродифҳои он парчам, алам, ливо, роят низ дар ҳар маврид ба кор рафтааст.

Забоншиносон парчамро вожае суғдӣ («*parčam») медонанд, ки ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ва бар он назаранд, ки ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфтааст. Дар асрҳои минбаъда дар баробари дирафш (дурафш) парчам, роят, ливо, алам дар адабиёти мо ба кор рафтааст.

Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри 7 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро мушоҳида кардаанд. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегушагуна дида мешавад. Дар миниотураҳои асри миёнагие, ки дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳонома»-ҳо кашида шудаанд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад.

Баъд аз Сомониён гарчанде дар Хуросону Мовароуннаҳр султонони аҷнабӣ, бегонагон ҳукумат доштанд, аммо забони форсӣ-тоҷикӣ забони давлатӣ, забони коргузорию илм ва адаб буд ва ҳукуматҳоро аслан, вазирон, ки аксар тоҷик ё форс буданд, идора мекарданд. Аз инрӯ, мазмуни муҳтавои ин ҳукуматҳо тоҷикӣ буд, зеро аксар ҳамон системаи давлатдории Сомониёнро идома додаанд.

Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомон - тоҷиконро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд. Вале давлате, ки баъди садсолаҳои нокомӣ ба мардуми тоҷик ато гардид, зери таъсири ғояҳои бегона барои миллати тоҷик қорор доштва парчамҳои онвақтаи Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан мегирифт, ки аслан аз парчами ИҶШС гирифта шуда буд.

Хушбахтона мо тоҷикон дар соли 1991 аз зери таъсири ғояҳоикомунистӣ озод шудем ва давраи нав барои миллати тоҷикфаро расид ва Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол акс гардид.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, таъкид карда буданд, ки: «Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Бояд зикр кард, ки ин таъкиди Пешвои миллат ба рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба рангҳои миллии ақвоми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон: сурху сафеду сабз аст, ки аз даврони бостон то ба замони мо расида ва муқаддас дониста мешавад ва дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён васабз вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст.

Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлату давлатдорӣ гузоштаанд. Маврид ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Аз даврони бостон сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони ориёӣ қабул ва шоистаи эҳтиром қарор дорад.

Вобаста ба ҳукумронии сулолаҳо ва ҳукуматдороназ замони қадим то ба имрӯз парчамдории тоҷиконробо номҳои: Дирафши ковиёнӣ, Штандарти империяи Ҳахоманишӣ, Дирафши давлати Ашкониён, Дирафши давлати Сосониён, Дирафши давлати Сомониён, Дирафши суслолаи Ғӯриён, Парчами Аморати Бухоро, Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ додаанд.

Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Дар сархати аввали «Низомнома дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон», чунин омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24- ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи хуҷаста ҳамасола бошукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад, ки гиромӣ доштани муқаддасоти миллат аст.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои чашмрасу намоён ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки парчами давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад”.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Мо ба Парчами давлатиамон, ки моро ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидӣ, ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва руҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем.

Ин Парчам дар рӯзҳои ҷашну шодиҳо, дастовардҳои миллӣ ва пирӯзиҳои фарзандони миллат дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ барафрохта мешавад, ки баёнгари комёбиҳои Ватани азизи мост. Парчами миллӣ ҳастии кишвари соҳибистиқлоли мо, нангу номуси мо ва ифтихори миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар ин рӯзгори босаодат, ки Тоҷикистони азизи мо зери сарварии одилонаву оқилонаи Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, саноату сохтмон, иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт рӯ ба пешравӣ дорад ва саноатикунонии босуръати кишварамонро ҳадафи чоруми миллӣ қарор додаем, ҳамаи моро зарур аст, ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро азиз дорему ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем ва парчамбардорони миллатамон бошем.

Қудратов Комрон Абдунабиевич – н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.

123Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Таърих гувоҳ аст, ки 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сиёсӣ ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.

Воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) сар карда то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти ҶТ, инак боз як санаи муҳим, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноярб ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣба шумор меравад. Парчам рамзи ягонагиву соҳибистиқлолии ҳар як миллату давлат буда ба шаҳрвандони онҳо муқаддас мебошад.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳмият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣхотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

24 ноябри соли 2009 бори нахуст мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро тамано дорам.

Убайдулло М.О. - ходими калони илмии Маркази инноватсионии биология ва тиб

Фазои иттилоотӣ дар қарни ХХI вижагии хос дошта, таваҷҷуҳи муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илмро ба омӯзишу таҳқиқи масъалаи мазкур, мазмуну муҳтаво ва тамоюли бозбинии арзишҳо дар марҳилаи сифатан нави рушди ҷомеаи иттилоотӣ афзудааст. Масъалаи мазкур дар марҳилаи кунунии рушди ҷаҳонишавӣ муҳим арзёбӣ мешавад, чунки нигоҳдорию истифодаи арзишҳои анъанавӣ зербинои сиёсати устувори давлати мо буда, яке аз омилҳои муҳими инкишофи босубот ва таъмини амнияти миллии кишваро ташкил медиҳад.

124234Ҷомеаи Тоҷикистон ба омӯзиш ва густариши дастовардҳои бузурги илмию технологии ҷомеаи муосир рӯ оварда, онҳоро дар бозсозиҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва технологии кишвар мавриди истифода қарор медиҳад. Ба маънои дигар, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон заминаи муҳими рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу маънавиёт мебошад.

Вобаста ба ин раванд қайд кардан зарур аст, ки нақши давлат дар эҳё, ҳимоя ва баланд бардоштани нуфузи арзишҳои маънавии миллат бағоят бузург мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки фазои иттилотиии кишвари мо пайваста ба ҳайси объекти ҳуҷумҳои гуногун, аз қабили тарғиби бегонапарастӣ, хурофотпарстӣ, идеологияи зуроварию ифротгароӣ қарор медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳимоя ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз дорад. Имрӯзҳо таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба тамомияти арзии кишварамон хатар эҷод менамоянд. Ба ин гурӯҳи таҳдидҳо омилҳое монанди афзоиши сатҳи ифротгароӣ, машҳур шудани ғояҳои миллатпарастию мазҳабгароӣ, сиёсатӣ стандартҳои дугоникӣ, инкишоф ёфтани ҷангҳои иттилоотӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар чунин шароити муташанниҷи умумиҷаҳонӣ Тоҷикистон дар эҳё намудани арзишҳои фарҳангию миллӣ бо инъикоси он дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Чунончи, дар моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурӣ дарҷ гардидааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.[1]

Бояд зикр намуд, ки дар илмҳои ҷомеашиносӣ истилоҳи “арзишҳои миллӣ” ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Муҳаққиқони ин соҳа маъною мазмун ва меъёри истилоҳи “арзишҳои милли” – ро аз мавқеъ ва равишҳои гуногуни методологию назариявӣ муайян менамоянд, ки фаҳмиш ё таърифи дурусти ин истилоҳро дар ҳолатҳои ҷудогона то душворию печидагиҳо мерасонад. Аз ин ҷо, зарур аст, ки таърифҳои мавҷудаи “арзишҳои милли” – ро дар илми муосир баррасӣ намоем.

Ба ақидаи инҷониб “арзиши миллӣ” - омили ибтидоии инкишофи маънавиёти ҷамъиятию шахсии халқияту миллатҳои гуногун дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ мебошад. Арзишҳои миллӣ ҳамон вақт аҳамияти иҷтимоӣ пайдо мекунанд, ки агар ба мероси аксарияти намояндагони миллат ва тарзи зиндагии онҳо мубаддал гашта, ба муносибатҳои амалии ин ё он миллат, шуур ва эҳсосоти онҳо ба сифати унсури фаъоли маънавӣ ҳамроҳ шуда, мақоми устувор касб намоянд. Воқеан арзишҳои миллӣ унсури муҳими ҳаёти маънавии миллат буда, дар ташаккулёбии тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши бузург дорад. Вобаста ба масъалаи баррасишаванда қайд зарур аст, ки «арзишҳои миллӣ фарогирандаи ҳувияти миллии миллат, ташаккулдиҳандаи забони миллӣ, анъанаҳо, расму оинҳо, дин, сарнавишти умумии таърихӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи низоми арзишҳои иҷтимоии ҷомеа мебошанд.

Таърифҳои мавҷударо баррасӣ намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки истилоҳи “арзишҳои миллӣ” новобаста аз мавқеи илмии муҳаққиқон фарогирандаи унсурҳои зеррин мебошанд: қавм, ахлоқ, маънавиёт, анъана, шароити таърихӣ ва ворисияти наслҳо. Таърифҳои фавқуззикрро ба асос гирифта, чунин хулосагирӣ кардан мумкин аст. Арзишҳои миллӣ маҷмуи ғояҳою меъёрҳои ахлоқӣ буда, фарогирандаи хислатҳо, анъанаҳо, тарзи зиндагӣ ва талаботҳои дигари муҳимми миллат буда, зери таъсири омилҳои ҷуғрофӣ, мақоми геополитикӣ ва дар раванди дуру дарози таърихӣ ташаккул меёбанд ва аз насл ба насл мегузаранд. Он миллатҳои кураи Замин, ки давлати соҳибистиқлол доранд, ба таври табиӣ водоранд, ки арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, дар баробари он аз манфиатҳои миллиашон низ дифоъ мекунанд.

Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки арзишҳои миллӣ бо манфиатҳои миллӣ пайвастагии ногусастанӣ доранд. Вобаста ба ин зарурате ба миён меояд, ки бояд истилоҳи манфиати миллиро низ ба таври мухтасар шарҳ диҳем. Манфиати миллӣ чист? Ва ҷойгоҳи он дар ҳаёти рӯзмарраи ин ё он миллат чӣ гуна аст? Ба ақидаи мо, “манфиати миллӣ” ҳамчун “маҷмуи талаботи дохилию берунии давлат мебошанд, ки дар таъмини бехатарӣ, ҳимоя ва рушди босуботи шахсият, ҷомеа ва давлат нақши хосса доранд”. Умуман, “манфиати миллӣ” ҳамчун як мақулаи фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз назари паҳноӣ ва дарки моҳияти он мафҳуми мураккаб аст, зеро солҳои зиёд сари худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, идеяи миллӣ ва манфиатҳои миллӣ баҳси доманадор идома дорад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки манфиатҳои миллӣ талаботи муҳиму объективии шахсият, ҷомеа ва давлат дар кори таъмини бехатарӣ ва рушди босубот мебошад. Ҳамин тавр, мақулаи “манфиати миллӣ” заминаи муҳиму бунёдӣ ва методологии истилоҳи сиёсати давлатӣ буда, барои самтгирию инкишофи миллат, иқтидори сиёсию иқтисодии давлату ҷомеа мусоидат мекунад. Инчунин қайд намудан зарур аст, ки истилоҳи “манфиати миллӣ”, бешубҳа, мазмунан аз истилоҳи “манфиати давлатӣ” ва “манфиати ҳаётан муҳим” васеътар мебошад. Аз ин рӯ, “манфиати миллӣ” ҳамчун мақулаи муҳими илмҳои ҷомеашиносӣ баъзан бо мафҳуми давлату давлатдорӣ айният дода мешавад. Назари дигар низ вуҷуд дорад. Файласуфи тоҷик Акбар Турсон қайд менамояд, ки “ҳангоми тааммули мафҳуми “манфиати миллӣ” задайи мантиқиро одатан ба болойи сифати “миллӣ” мегузоранд, ки субъекти амру амалро мушаххас мекунад. Азбаски дар кишварҳойи мутараққии Ғарб мафҳумҳойи “давлат” ва “миллат” ҳаммаъност, дар ҷомеаи илмии ин кишварҳо “манфиати миллӣ” ва “манфиати давлатӣ” расман якест. Аз ин ҷиҳат, “манфиати миллӣ”-ро фақат дар сиёсати хориҷӣ истифода бурда, аз омилҳойи дохилӣ сарфи назар мекунанд. Лекин манфиати миллӣ дар сиёсати хориҷӣ бо назардошти ниёзу талаботи дохилӣ тарҳрезӣ мешавад.”[2] Ба назари мо “манфиати милли”-и дилхоҳ давлат талаботи ҳаётан муҳим, арзишҳои миллӣ, мақсадҳои стратегии миллат, ки дар сиёсати давлат татбиқу амалӣ гардида, ба фоидаи рушду шукуфои миллат ба кор мераванд, ба ҳисоб меравад”.

Бешубҳа, манфиатҳои миллӣ миллатро ба ҳаракату ҷунбиш дароварда, самти ин ҳаракатро дар ҷаҳони пуртаззоду зуд тағйирёбанда муайян менамояд. Ба назари мо талаботу зарурияти мавҷудияти миллат, бехатарию инкишофи давлат, арзишманд будани мероси таърихию фарҳангии миллат, эҳтиром ва нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии миллат - манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Таҳқиқи истилоҳи “манфиати миллӣ” тақозо менамояд, ки дар баробари он “афзалияти миллӣ” низ таҳқиқу баррасӣ карда шаванд. Ба назари мо, ба афзалиятҳои миллӣ унсурҳои зеринро дохил кардан мумкин аст: ҷараёни самтгирӣ ва татбиқнамоии манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофи давлат.

Амнияту бехатарӣ ҳамчун арзиш ба гурӯҳи арзишҳои иҷтимоии инсон дохил гашта, афзалиятҳои муҳими ҳар як миллатро ташаккул медиҳанд. Қайд кардан зарур аст, ки амният ҳамчун арзиш ва мақоми он дар раддабандии арзишҳои миллӣ мақоми хосса дорад. Маълум аст, ки муносибатҳо ба амният ҳамчун арзиш дар ҷомеаҳои халқу миллатҳои ҷаҳон куллан фарқ менамояд. Дар робита бо ин, бояд мутазаккир шуд, ки мақоми байналмиллалии Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ куллан тағйир ёфта, ташаббусҳои гуногуни он, минҷумла вобаста ба обу иқлим дар доираи СММ пазируфта шудаанд, ки ин аз болоравии нуфузу мақоми байналмиллалии кишвари мо далолат мекунад. Аммо дар баробари ин, чунин бармеояд, ки болоравии нуфузи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои алоҳидаи минтақа хушоянд набуда, барои коста кардани мақом ва нуфузи он бозиҳои пасипардагии сиёсӣ бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки обрӯ ва манзалати Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳони коҳиш диҳанд ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати ифротию террористӣ муаррифӣ намоянд.

Масъалаи дигари бағоят муҳими ҷомеаи имрӯза муносибат ба оила аст, ба назари мо ба масъалаи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллӣ робитаи ногусастани доранд. Муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ чунин мешуморанд, ки зери таъсири омилҳои ҷаҳонишавӣ оилаи анъанавӣ ба буҳрон дучор гашта, миқдори бекор кардани никоҳи оилавӣ афзоиш ёфта истодааст. Ин раванд боис мегардад, ки кӯдакон дар оилаҳои нопура тарбия ёфта, дар раванди иҷтимоишавиашон ба душвориҳои гуногун дучор мегарданд. Тадқиқоти сотсиологӣ исбот менамоянд, ки оила ва бунёди он ба қатори арзишҳои муҳиму инсонсоз дохил мешавад. Аммо, новобаста аз ин, зери таъсири омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ биниш ва муносибати ҷавонон нисбати бунёди оила куллан таъғйир ёфтааст ва онҳо арзиши оила ва муҳимияти бунёди оиларо дар саргаҳи арзишҳои асосии ҳаёти хеш қарор намедиҳанд. Ба маънои дигар, афзалиятҳои ҳаётии ҷавонон тағйир ёфтааст ва онҳо дар ҷойи аввал накӯаҳволии моддӣ, озодӣ ва саломатиро қарор медиҳанд. Зиёд шудани миқдори бекор кардани ақди никоҳ байни ҷавонон муҳаққиқони соҳа ва аҳли ҷомеаро нигарон намудааст. Ҳамчунин мушоҳида мешавад, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон оилаи ғайранъанавӣ, ки бар пояи арзишҳои либералӣ такя мегиранд, никоҳҳои ҳамҷинсгаро тарғибу ташвиқ мешавад, ки ба пояҳои ахлоқию маънавии миллати тоҷик дар таззод буда, ба арзишҳои миллии мо мухолифанд.

Аз ин рӯ, масъалаи муҳиме, ки дар назди миллати тоҷик дар шароити муосир қарор дорад, ин зарурияти ҳимоя ва нигоҳдории арзишҳои миллии тоҷикон дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ба шумор меравад. Таърихи бою ғанӣ, афкори арзишманди ахлоқию фалсафӣ, осори барҷастаи бузургони илму фарҳанги миллат сарчашмаи муҳими бедорӣ ва худшиносии миллати тоҷикро ташкил медиҳад. Ҷангҳои иттилоотӣ, ғаразнок шарҳ додани далелҳою ҳодисаҳои муҳими таърих ва фарҳанги миллати тоҷик аз ҷониби қудратҳои сиёсӣ ва миллатҳои дигар ба он равона гаштааст, ки ҷаҳонбинию мафкураи насли наврас ва ҷавонони моро дар бораи миллати тоҷик тағйир диҳанд. Бешубҳа, сохторҳои масъули давлатӣ барои ҳимояи фазои иттилоотии ҷомеа аз ахбору иттилооти дурӯғ, тарғиботи унсурҳои фарҳангию мазҳабии бегона, ки бар зидди фарҳанг, ахлоқ ва маънавиёти миллати тоҷик равона шудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аммо, ба назари мо онҳо кофӣ нестанд.

Назорат аз болои сомонаҳое, ки бар зидди кишвари мо дурӯғу бӯҳтонҳои зиёд паҳн менамоянд ва хусусияти ифротӣ доранд, вазифаи муҳими сохторҳои дахлдор мебошад. Ба ибтикору пешниҳоди сохторҳои масъули давлатӣ як қатор сомонаҳо дар фазои шабакаи Интернет назорат шуда, баъзе гурӯҳҳояшон бо қарори Суди Олӣ ифротию террористӣ эътироф гардидаанд ва фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст. Маълум аст, ки як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, нисбати кишвари мо муносибати душманона дошта, фарҳангу арзишҳои миллии моро зери шубҳа қарор дода, байни аҳолӣ арзишҳои мазҳабию динии бегонаро тарғибу ташвиқ менамоянд. Зарур мешуморем, ки дар ин марҳилаи ҳасоси инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ вазорати фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон дар самти ҳифзу ҳимояи фарҳангу арзишҳои миллӣ коро ҷоннок намуда, дар тарғиби фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва бедор кардани ифтихороти миллӣ бо истифода аз роҳҳои нави тарғиботию ташвиқоти, махсусан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин кор дар марҳилаи бархӯрди қудратҳо ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ зарур ва саривақтӣ мебошад. Баҳри ҳимояи насли наврас ва ҷавонон аз фарҳангу мафкураи бегона мо вазифадорем, ки назорати гурӯҳҳои шабакавии Интернетро пурзӯр намуда, манобеъ ва сатҳи дахолату таъсиррасонии кишварҳои бегонаро ба фазои фарҳангию сиёсии кишварамон муйаян намоем, то ки пеши роҳи онҳоро ба таври самаранок гирифта, ба онҳо имконият надиҳем, ки ба суботи кишвари мо таъсири ногувор расонанд. Дар ин доира зарур аст, ки баҳри тарғибу ташвиқи мероси моддию маънави ниёгон байни насли наврас, ҷавонон ва ҷомеа қадамҳои устувор гузорем.

Яке аз ниҳодҳои муҳимми робитаи давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ “Шурои ҷамъиятӣ”, “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” мебошад, ки дар ҳимояи фазои иҷтимоию сиёсӣ, нигоҳдории фарҳанги миллӣ, таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ, ҳимояи озодии сухан ва арзишҳои демократӣ ва робита бо созмонҳои байналмилалии фарҳангӣ нақши муҳим доранд. “Шурои ҷамъиятӣ”, “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ташкилу гузаронидани конфронсҳою чорабиниҳои ватандӯстона саҳми арзанда доранд. Ҳамчунин ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти баҳогузории фазои динӣ, сиёсӣ ва махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мебошанд. Чи тавре ки дар боло мутазаккир шудем, як қатор кишварҳо пайваста кӯшиш менамоянд, ки ба корҳои дохилии кишвари мо халал ворид ва ба ин минвол суботи сиёсии кишвари моро халалдор созанд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, мо вазифадорем, ки дар самти ҳимояи кишварамон чи дар фазои шабакаи ҷаҳонии Интернет ва чи дар самтҳои дигари воситаҳои иттилоотӣ фаъолияти муассир дошта бошем.

Боиси қайд аст, ки парлумони кишвар низ дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ хеле фаъол аст. Парлумони кишвар дар таҳияи қонунҳое, ки ба ҳимояи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани худшиносию ифтихороти миллӣ равона шудаанд, пешсаф мебошад. Ба ғайр аз он, ба назари мо, вазорати фарҳанг низ ниҳодест, ки дар ҳифзу ҳимояи мероси моддию маънавии миллати мо нақши калидӣ дорад. Ин дар ҳолест, ки бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ ва доман паҳн кардани мафкураи динию мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба фарҳангу арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд ворид месозад. Ин раванд тақозо менамояд, ки тамоми сохторҳои давлатӣ аз ҷумла Парлумон, вазорати фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи кор бо ҷавонон, суд, прокуратура агенти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва дгарон дар ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ бояд саҳми бориз дошта бошанд.

Бояд қайд намоем, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» субъектҳои мушаххасе, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд, нишон дода шудаанд. Масалан, Мувофиқи моддаи 5-и Қонуни мазкур мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила ва шаҳрвандон субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ дар пешбурди ин фаъолият масъул мебошанд. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки 2-юми ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 24-уми декабри соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидааст, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки дар доираи равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтист.

Ҳифзу тарғиби анъанаҳои миллӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон муҳим арзёби мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир бархӯрди қудратҳои геосиёсӣ, истифодаи ифротгароию терроризм ҳамчун воситаи ноором кардани давлатҳои рӯ ба инкишоф ба авҷи аълояш расидааст. Ин раванд дар муқобили он низ қарор дорад, ки анъанаҳои миллӣ маҳаки асосии фарҳанги миллиро ташкил медиҳанд ва ба гурӯҳи арзишҳои муҳими миллатсозу давлатсоз дохил шуда, ин анъанаҳои миллӣ омили муҳими ифтихороту худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқию эстетикии насли наврасро ташкил медиҳад. Тарбияи шахсияти аз нигоҳи ахлоқию фарҳангӣ ташаккулёфта, иштирокчии фаъоли корҳои ҷамъиятию давлатӣ вазифаи муҳими идоракунии давлатӣ мебошад. Чи тавре мушоҳида мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ дар самти мустаҳкамнамоии арзишҳои миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва асосҳои ахлоқию маънавии ҷомеаи Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

Нақши ВАО-и ватанӣ дар ташаккули фазои солими иҷтимоию сиёсӣ ва тарғиби гузаштаи пурифтихор, фарҳанги миллӣ ва худшиносии миллат чӣ гуна аст? Саволест, ки ҷавоб гардонидан ба он кори саҳл нест. Дар робита бо он, қайд кардан зарур аст, ки дар фазои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъсир расонидан ба ҷаҳонбинию шуур ва манобеи ахлоқию маънавии насли наврас ва ҷавонон муборизаи шадид ҷараён дорад, ки ин раванди басо хатарнок ҳушёрию зиракии аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз омилҳои хатарзо, ки мутаасил боиси пастшавии арзишҳои ахлоқӣ мегарданд, пеш аз ҳама, як гӯруҳ ВАО- е мебошанд, ки ба шуур ва фазои равонию ахлоқии ҷомеа таъсири баду ногувор мерасонанд. Баҳри ҳимояи наврасону ҷавонон аз таъсири ногувори чунин гурӯӯҳои шабакаи Интернет зарур аст, ки тадбирҳои муайяни профилактикӣ андешида шаванд:

• якум – ташкил намудани браузерҳои алоҳидаи ҷустуҷӯӣ баҳри наврасону ҷавонон дар раванди ба роҳ мондани дарсҳо дар мактаб ва корҳои мустақилона дар муҳити хонаводагӣ;

• дуюм – насби барномаҳои махсус ва пайвасти маҳдуд доштан бо шабакаи Интернет. Ҳамчунин маҳдуд кардани хариди гаджетҳо барои наврасон;

• сеюм – таҳлили талаботу хоҳиши гӯруҳи наврасону ҷавонон вобаста ба сину сол ва маҳдуд кардани суръати Интернет, маҳдуд намудани пайвастшавии онҳо ба бозиҳои хосияти зӯроварӣ дошта ва ҳамчунин танзим кардани дастрасии наврасону ҷавонон ба роликҳою видеоҳои фаҳш.

Таъғйирпазириҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ кишвари мо дар марҳилаи навини таърихӣ имкон медиҳанд, тасдиқ намоем, ки нақши давлат дар ташаккул ва тағиби арзишҳои муҳими маънавӣ аз қабили оила, никоҳ, тарбияи кӯдакон хеле назаррас аст. Ҳамчунин мо шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти пешгирию мубориза бо ифротишавии шуури ҷавонон, паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ва терроризм корҳои бузургро анҷом дода истодааст.

Бо ин ҳама, аз нигоҳи назариявӣ қайд намудан зарур аст, ки истилоҳи “арзиши миллӣ” на танҳо дар кишварҳои дигар, балки дар қонунгузориҳои ҷумҳурии мо низ ба таври алоҳида шарҳу тавзеҳ дода нашудааст ва ҳар як муҳаққиқ онро ба таври худ тафсир медиҳад. Дар ин ҷо такроран таъкид мекунем, ки ҳангоми таърифи истилоҳи “арзиши миллӣ” он фарогири унсурҳои зерин мебошад: қавм, ҷанбаи ахлоқӣ – маънавӣ, анъана, шароити таърихӣ, ворисияти наслҳо. Бо дар назар гирфтани нукоти фавқуззикр ва дар натиҷаи умумиятдиҳии унсурҳои мавҷуда ба мафҳуми “арзиши миллии тоҷикӣ” чунин таъриф додан мумкин аст: арзиши миллӣ - намунаҳо ва меъёрҳои асосии ахлоқие мебошанд, ки асолат, шахсият, хислатҳо, урфу одатҳо, анъанаҳо ва тарзи зиндагӣ, ниёзҳои муҳимтарини мардуми тоҷикро, ки зери таъсири омилҳои гуногун ташаккул ёфтаанд, фаро мегирад ва дар натиҷаи раванди тӯлонии таърихӣ аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Арзишҳои миллие, ки ҷомеашиносон онро муайян кардаанд, инҳоянд: пойдории ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сулҳ ва оромии шаҳрвандон; баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо; хотираи фарҳангии аҷдодони мо, муҳаббату эҳтиром ба Ватан, боварӣ ба некию адолат, давлатдории миллии соҳибихтиёр ва дахлнопазире, ки бар пояҳои демократӣ, беҳбудӣ ва ободии Ватан, масъулият барои Ватан назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, дарку шинохти худ ҳамчун як қисми мутамаддини ҷомеаи ҷаҳонӣ бунйд шудааст.

Масъалаи дигари баҳсамон ин аст, ки истилоҳҳои “арзиши миллӣ”, “манфиати миллӣ” ва “афзалияти миллӣ” аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ба ҳамдигар наздиканд, аммо айни як чиз нестанд. Ба назари мо, арзишҳо маҷмуи намодҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои муайяни маънавӣ мебошанд. Манфиати миллӣ ҳамчун маҷмуи талаботи дохилию берунии давлат дар таъмини бехатарӣ, ҳимоя ва рушди босуботи шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад. Афзалияти миллӣ бошад, ҷараёни самтгирию татбиқнамоии манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофи давлат мебошад.

Зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ тағйирпазирии арзишҳо мушоҳида мешавад, ки дар ҳолатҳои ҷудогона, мутаассифона, хусусияти мазҳабӣ доранд. Инчунин, пӯшида нест, ки ғояи ҳамҷингароӣ низ як қатор кишварҳои тарақикардаи ҷаҳонро фаро гирифта, он таввасути шабакаи ҷаҳонии Интернет дар сар то сари ҷаҳон тарғибу таҳмил шуда истодааст, ки барои ҷомеаҳои анъанавӣ оқибати ногувор дорад. Афзалиятҳои ахлоқӣ монанди эҳтироми калонсолон, омӯзиши илму ҳунар ва дигар арзишҳои фарҳангию фалсафӣ, ки аз ҷониби мутафаккирони тоҷик тарғибу ташвиқ мешуданд, дар шароити авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ бар зидди фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик аз ҷониби қудратҳои ғаразнок инкор шуда истодаанд. Мо шоҳиди он ҳастем, ки қудратҳои ғаразнок кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки арзишҳои ғайриахлоқию зиддифарҳангиро ба сари миллати тоҷик низ таҳмил намоянд. Шароити мавҷуда тақозо менамояд, ки мо зидди арзишҳои бегона, аз қабили гароишҳои мазҳабӣ ва ҳамҷинсгароӣ, ки ба сари миллати мо иҷборан таҳмил мешаванд, муборизаи беамон барем. Ғайр аз онҳо, пошхӯрии оилаҳои ҷавон равандест ногувор ва метавонад, ки пояҳои ниҳоди оиларо хароб созад, дар ҳоле ки оилаи солим асоси ҷомеа ва рушди босуботи давлатро таъмин менамояд. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки тарғиби оилаи ғайрианъанавӣ ва никоҳи якҷинса ба фазои ахлоқию маънавии ҷомеаи Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта, бар зидди арзишҳои милии кишвари мо равона шудаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷрояи Президент, палатаҳои болоию поёнии Парлумони кишвар, Вазорати фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳои дахлдор дар ҳимояи арзишҳои миллӣ саҳми фаъол дошта, онро ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ менамоянд.

Хулоса, мо бовар дорем, ки ин тадбирҳои дар боло зикршуда, арзишҳои миллиро ҳифз ва амнияти миллии кишвари моро таъмин хоҳанд кард ва ҳамаи самтҳои номбаршудаи тарбияи ватандӯстии созмонҳои давлатию иҷтимоӣ дар ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ саҳми бориз доранд. Такмил ва инкишоф додани шаклу усулҳои муваффақона санҷидашудаи тарбияи ватандӯстӣ дар доираи ин ташаббусҳо чунин муқаррар намудан мумкин аст: мусоидат ва мустаҳкам намудану инкишофи шуури миллӣ ва ахлоқӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии шаҳрвандони кишвар, тарбияи ҳисси ифтихор аз дастовардҳои таърихӣ ва муосири кишвар; эҳтиром ба фарҳанг, анъана ва таърихи миллати тоҷик; такмил додани муносибатҳои дӯстона ва эҳтироми якдигарии байни миллатҳо ва мазҳабҳо, эҳтиром ба Конститутсия ва суботи сиёсӣ, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ, мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ баҳри амали гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон, вазифа ва уҳдадориҳои инсон назди давлат ва амслои онҳо.

Маҳмадизода Н.Д. доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

[1] https://mmk.tj/content/конститутсияи-ҷумҳурии-тоҷикистон. Санаи муроҷиат 12.06.2024.

[2]

“Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Таърихномаи давлатдории халқҳои ҷаҳон собит месозад, ки ҳар як парчам сарнавишти худро дошта, дар масири таърих борҳо такмилу такомул ёфтааст. Аз ин рӯ, шакл ва ранги парчам вобаста ба таҷрибаи таърихӣ ва ҳаводиси дар сарнавишти миллат рухдода тағийр меёбад. Вобаста ба ин, нусхаи аслии парчамҳои пешин дар осорхона ва мавзеъҳои муайяншуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ин аз арҷгузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва заҳмати гузаштагон шаҳодат медиҳад. Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башар Парчам дар баробари дигар ҷанбаҳои ҳаёти башарият яке аз бахшҳои таърихи инсоният буда, таҳия ва мавриди истифода қарор додани он дар сарнавишти халқу миллатҳои сайёра нақши муҳим ва умда дорад.

Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории миллӣ номдор буда, тӯли садсолаҳо тавонистаанд, ки бо таҷрибаи ғании давлатсозии худ империяҳои бузургу тавоноро пойбарҷо гузоранд. Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки ҳокимону роҳбарон барои ифодаи қудрати салтанати хеш рамзу нишон, ишораву аломат ва рангҳоро қабулу истифода намудаанд. Ба ин маънӣ, Парчам дар марҳалаи тулонии таърихи пуршебу фарози мо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҳамзамон як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад.

Метавон ойини парчамдории тоҷиконро вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо ба чунин марҳалаву номҳо ҷудо намуд:

- Дирафши ковиёнӣ

- Штандарти империяи Ҳахоманишӣ

- Дирафши давлати Ашкониён

- Дирафши давлати Сосониён

- Дирафши давлати Сомониён

- Дирафши сулолаи Ғуриён

- Парчами Аморати Бухоро

- Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

- Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

- Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, аҷдодони мо ҳанӯз дар асрҳои III- II пеш аз милод соҳиби рамзҳои «Меҳр» ё «Фарри ориёӣ» буданд, ки чун тимсоли замину хуршед, покиву озодагӣ ва нишонаи абадият ба чаҳор унсури ҳаёт: хок, об, оташ ва ҳаво ё ба асосҳои мавҷудияти олами ҳастӣ далолат мекарданд.

Нигоҳе ба таърихи Парчам

Парчамҳои давлатӣ вобаста ба хусусиятҳои давлатдорӣ омода ва истифода мешаванд. Дар дунё чӣ миқдор давлате, ки бошад, ҳамон қадар парчами давлатӣ вуҷуд дорад. Дар рӯзгори мардумони сайёра парчамҳои аввалин дар байни мардумони ориёй, арабҳо, чиниҳо ва юнониҳо бештар маълум будаанд. Парчамҳо дар муҳорибаҳо ва лашкаркашиҳо истифода мешуданд. Парчамҳо аслан дар муҳорибаҳо ба сифати василаи шинохти бегона аз худӣ ба кор мебурданд. Рушди ойини парчамдорӣ дар байни мардумони аврупоӣ аслан бо ташаббус ва дар иртибот ба амалиёти ҷангии арабҳо сурат гирифтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар Аврупо аввалин парчам соли 480 то милод аз ҷониби лашкаркаши номдор Фемистокл дар муҳорибаи Силамин ҳамчун аломати ҳуҷум афрошта шудааст. Баъдан парчамҳо хусусияти фардӣ гирифта, дар баробари лашкарҳо ҳамчунин сарлашкарон ва баҳодурон парчами худро сохтанд. Бо мурури замон дар заминаи парчамҳои ҷангӣ ва фардии лашкаркашон парчами давлатҳо зуҳур карда, нуфузу эътибори парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва маҳбубияти он дар қалби сокинони кишварҳо зиёд гардид. Яъне, минбаъд раванди эътибору арзиши умумимиллӣ пайдо кардани парчамҳо ба миён омад.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, нахустин парчамҳо дар байни аҷдоди мо ҳанӯз дар асри III пеш аз милод дар Эрони қадим пайдо гардидаанд. Дар он замон парчам аз қӯрғошим бо иловаи маъданҳои гуногун сохта мешудааст.

Рӯзи Парчам дар Мексика, Канада, ШМА, Швейтсария, Лаҳистон, Ҷопон ва Либерия низ ботантана таҷлил карда мешавад. Манораҳои бузурги парчам бо баландии 162 метр дар Озарбойҷон, 160 метр дар Куриёи Шимолӣ, 133 метр дар Урдун ва 126 метр дар Уммон бунёд шудаанд.

Боиси тазаккур аст, ки соли 2011 баландтарин Манораи парчам дар Тоҷикистон ба баландии 165 метр барафрохта шуд. Манораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди афрохта шудани пояи парчами 175 - метраи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.

Яъне, дар марҳалаи нави давлатдории миллӣ Парчам василаи асосии ҳастӣ ва мавҷудияти давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявии мост.

Чуноне ки Асосгузори ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар суханрониашон бахшида ба рӯзи Парчам қайд намуданд, “Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.” Аз ин лиҳоз, гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки муқаддасоти миллиро бояд пос дошта, ба он арҷгузорӣ намуд. Зеро муқаддас донистани парчам барои ҳар як фард дар ҳар давру замон баҳри ободии ҳаёти осоишта ва пирӯзии адолат ба шумор рафта, он рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар марҳалаи нави давлатдорӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ҳар як фарди Тоҷикистонро зарур аст ки ба қадри обу хоки ин кишвар ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бирасад, зеро муаррификунандаи давлат ин парчами миллӣ мебошад ва дӯст доштани ин муқаддасоти миллӣ нишонаи ватандӯстӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамин тариқ, дар ҷаҳони муосир Парчам василаи муарифӣ сохтани давлату миллатҳо буда, ҳар як давлатро аз рӯи парчаму нишонаш мешиносанд. Миллати тоҷик низ яке аз кишварҳои дорои таъриху фарҳанги пурғановат ва оламшумул дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки аз рӯи парчам мақому манзалати хоссаро доро буда, тули ҳазорсолаҳо ин арзиши олии миллиро ҳифз намудааст.

Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон мебинем, ки ин ҳама аз пешравию ободии диёри маҳбубамон дарак медиҳад. Ба ин васила, ҷавонони мо чи дар соҳаи варзиш чи дар соҳаи илм кӯшиш доранд парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд ва кишварро ба ҷаҳониён бештару беҳтар муаррифӣ намоянд. Пас ҳар як фарди тоҷикро месазад, ки ҳамеша дар ободиву осоиштагии диёрамон саҳмгузор бошаду Парчами давлатиро ҳамеша ҳифз намуда, барои парафшон будан ва баланд бардоштани он саъй намояд.

Саидова Саёҳат, - лаборанти калони Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Кишварҳои муосири рӯйи замин дорои парчам, нишон ва суруди миллианд. Ин анъана дар замони ташаккули аввалин давлатҳои шарқи бостон бунёд ва тайи қуруни минбаъда доман густурдаву то ба даврони мо омада расидааст. Парчами миллии мо нишоне аз таърихи қадимии халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад.

123Бино бар маълумоти манбаъҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон ойини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ доштаанд, зеро онро рамзи шуҷоату қудрат, озодиву шукуфоӣ, ободиву созандагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллат дар набарду муборизаҳо баҳри ҳифзи марзу бум ва истиқлолу озодӣ медонистанд.

Мардуми ориёиасл яке аз асосгузорони тамаддуни башарӣ буда, тӯли ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ даҳҳо давлатҳои бузургу абарқудрат созмон додааст, ки дорои пойгоҳҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, муҳр, сиккаҳои заринаву симина ва сипоҳи оламгир буданд. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти Ориёиҳо маҳсуб гардида, ба он ҳамчун рамзи озодиву қудрат эҳтироми хос доштанд ва онро бо дурру гавҳар меоростанд. Таърихи аввалин парчами ин мардум бо номи «дурафш» ё «дирафш» дар осори таърихии ин қавм баръало таҷассум ёфтааст.

Фирдавсии фаррухсиришт дар «Шоҳнома»-и безаволаш зимни ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар, ки рамзи оташ, равшанӣ, раҳоӣ аз зулмат, зафар ба аҳриман, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, чӣ тавр аз чарми пешдомани худ ба нӯги найза дирафш оростану онро ҳамчун рамзи мубориза бар алайҳи Заҳҳоки морон - рамзи аҳриманӣ, бадӣ, хунхорӣ, зулму ситам ва торикист, барафроштанро бо сӯз ёд мекунад. Кова бо мардуми ба дод омада, нерӯи ахриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохт, Ватанро озод ва дубора хуррам намуд. Шоҳ Афаридун, ки аз насли озодагон Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар карданаш дирафши озодагонро муқаддас донист, онро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳуввияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуда, бо зару ҷавоҳирот музайян намуд. Дурафши коваёнӣ номаш дод. Аввалин тасвири Парчам дар силоҳи ориёиҳо, форсу суғдиён ва бохтариҳо дар деворнигораҳои шаҳри Помпии Рум, яъне дар асрҳои яки то милод нигошта шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиҳо таҳти сарварии Доро бо лашкари Искандари юнонӣ дар соли 333 милодӣ акс ёфтааст. Ранги парчамҳои асрҳои 16-18 низ асосан сурх буданд. Ва ин анъана аз давраҳои Ҳахоманишиҳо инҷониб роиҷ буд.

Фирдавсӣ низ ин нуктаро дар «Шоҳнома» ишорат намуда, аз гуногун будани ранги парчамҳо хабар додааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Як зумра муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки вожаи «Ковиён» реша аз ҳамон дирафши Кова (Коваи оҳангар) дорад ва гурӯҳи дигар ҷонибдори ба маънии Каёнӣ (сулолаи Ковиён – Каёниён) шарҳ ёфтани ин истилоҳ мебошанд, ки Кай, Каён, Ковиён, яъне ҷасур, баҳодур, қаҳрамон аст. Вожаи «кавӣ» дар суғдӣ маънии ҳоким, роҳбар ва шоҳ (дар тангаҳои Бухоро)-ро дорад.

Ҷолиби қайд аст, ки дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст омадани озодиву истиқлол нишонаи қудрату тавоноӣ арзёбӣ мешавад. Тасвири уқоб дар дирафши Куруши Кабир ҳамчун рамзи давлати қудратманд ва дирафши Кова нишоне аз талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёкони мо баҳри озодиву истиқлол мисол шуда метавонад. Дар даврони Шӯравӣ бошад, парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои ҳайати он боис гардид, ки ҳар давлати мустақил парчами худро дошта бошад. Бо дарки ин воқеият 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул ва низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд.

Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро доранд.

Ранги сурх дар Парчам ифодагарӣ ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи покиву озодагӣ ва ранги сабз бошад, нишона аз неъмати бебаҳои ин миллати куҳанбунёд – фарҳанг ва дониши ҷаҳонгири ӯст.

Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Хотирнишон бояд намуд, ки дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ эътироф кардани тамоми арзишҳои гузаштаву имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ барои пос доштани руҳи онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати таърихиро ҳифз кардаанд. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.

Ҷайлоев Ҷамшед Ҳусейнович - номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳоидавлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, муассисаву таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷойовардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдатимиллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба парчамимиллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби аҳолӣ ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаҳои ватанӣ заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷа ҳамин буд, ки 30-уми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин парчам дар ҷаҳон буд, парафшон гардид. Паҳноии худи Парчам 30 метр ва дарозии он 60 метр мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ монданд, аз он гувоҳӣ медиҳад.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин Парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда мешавад.

“Дирафши Ковиён” то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин – мурғи Ҳумо ҷой дода шуда, дар бахши мураббаи он қимматтарин сангҳо насб гардидаанд. Чунонки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо Дирафши хоси худро дошта аст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонисориҳо намудаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекунад. Он рамзи Ватан ва номусу нанги миллат аст.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз он ҷумла гиромидошти Парчами миллӣ ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои Қасри миллат, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

Расулзода Аслам Зафар - ходими калони Шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ваАврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм