Skip to main content

(Ба муносибати сабти ҷашни Меҳргон дар Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО)

Файласуф ва фарҳангшиноси маъруфи тоҷик С.Х.Раҳимов барҳақ қайд дошта, ки “ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд”. Ба андешаи донишманди эронӣ Меҳрдод Баҳор бошад, ҷашни Меҳргон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги таҳҷойӣ буд.

Дар давраи Ислом ва замони шӯравӣ вобаста ба идеологияи ҳукмрони давр таҷлили онҳо дар сатҳи давлатӣ манъ карда шуда буд. Хушбахтона мардуми ориёитабор бо вуҷуди ҳама гуна монеаҳои сунъӣ эҷодшуда онҳоро ё ба таври ошкоро ё ба тариқи пӯшида ҷашн мегирифтанд ва бо ин васила рукнҳои муҳимми онҳоро аз насл ба насл мерос мемонданд. Махсусан, Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ муаррифгари фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар маврди эҳё ва ба ҷашнҳои байналмилалӣ табдил додани онҳо, ё худ ба саволи “Чӣ ҳикмат аст, ки мо ба эҳёи ҷашнвораҳои кӯҳан саҳм мегирем? – С.Раҳимов посухи воқеӣ дода, андешаҳои худро аз ҷанбаи фалсафӣ дар ҳафт нукта ба таври зайл ҷамъбаст намуда буд: “1) Онҳо тақвимианд, зимни онҳо эҳтиром гузоштан ба унсурҳои оташу ҳавою замин ҷилва доранд. 2) Онҳо фарҳанги кишоварзро тарғиб менамоянд. Аҷдодону худи мо бештар аз зоти кишоварзем ва бароямон табиату замин аз шеваи муқаддас аст. 3) Ҳавзаи ин ҷашнвораҳо, бахусус ҳавзаи Наврўз, Меҳргон ҳамчун модели ҳамзистию ҳамкории осоиштаи мамлакатҳо ва халқҳо дар риштаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ маъруф аст. 4) Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори тавонои мероси гуманистии гузашта худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Вай аз минбари Созмони Милали Муттаҳидро барои оқилона истифода бурдани неруҳои ҳаётан муҳими обу замин, сулҳу бунёдкорӣ тарғиб менамояд. 5) Ҷашнҳои зикршуда аз хурофот ё дину идеология пайвастагӣ надоранд. 6) Онҳо ба ҳувияту худшиносии миллӣ баҳамоии мардум саҳми бориз мегузоранд. 7) Ҳидояти баҳамоӣ бо аҳли башарро доранд”.

Ҳақиқатан, дар ҳар як нукта як хусусиятгирӣ, як арзиши волои фарҳангӣ, як рукни муҳимми ба ҳамзистию ҳамкорӣ даъват кардани инсоният нуҳуфтааст, ки эҳё ва истифодаи он бе ҳеҷ як шакк раванди муколамаи фарҳангҳоро байни ҷомеаҳои инсонӣ густариш дода, баҳри рафъи ҷангу низоъ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ нақши муассир мегузоранд.

Дар фарҳанги гузаштаамон Шаҳриваргонро нишоне аз анҷомёбии тобистон ва оғоз шудани рўзҳои сардӣ мешумориданд. Барои кишоварзон ва боғпарварон арсаи ғун кардани дастоварди ба ранҷ ва заҳмат парварида, ҷашни сари хирман, ки давраи бод кардани коҳ ва ҷудо намудани зироати донагӣ аз он мебошад, маҳсуб меёфт. Ҳосили фаровон табъи кишоварз ва боғбононро болида мегардонид. Ба ин васила ин айём барояшон ҷашн буд, вақти тарабу шодӣ, хурсандӣ. Дигар таомули хос ин ҷашн он буд, ки сарватмандон ба қишри бенавои аҳолӣ кумак мерасониданд, ба онҳо ғизо медоданд то онҳо хушнуд шаванд. Чунки хушнудии раият ин хушнудии шаҳриёрони куҳани мардуми ориёӣ ба ҳисоб мерафт.

Меҳргон низ аз ҷиҳати мазмун ва тамоилгирӣ барои мардумони ориёитабор идомаи мантиқии ҷашни Шаҳриваргон мебошад. Дар баробари «Наврўз» он аз ҷашни бузурге ба ҳисоб мерафт, ки нро бошукуҳ ва дар сатҳи барҷаста таҷлил мекарданд. Яъне, агар ҷашни «Наврўз» барои онҳо паёмовари фасли баҳору сипаришавии мавсими зимистон, ҳамқадаму ҳамрози сарсабзию хуррамӣ маҳсуб меёфт, пас «Меҳргон» дар нимаи дуюми сол, даврае, ки гармои тафсони тобистон ҳарорати худро паст карда, ҳавои мусоид ва файзбахши тирамоҳ ҷойи онро иваз менамуд, таҷлил карда мешуд.

Меҳргон иртибот ба фариштаи меҳр дорад, ки ўро дар китоби муқаддаси «Авесто» Митро меноманд. Мувофиқ ба боварҳои мардумӣ ин ҷашн рўзе барпо карда мешуд, ки подшоҳи пешдодӣ - Фариддун бар парварандаи неруи нопок ва зишти аҳриманӣ - Заҳҳок пирўз омада, дар кўҳи Дамованд ўро ба банд мекашад ва тоҷи шаҳриёрии Эронзаминро бар сар мениҳад. Ё худ ориёитаборон Митроро ба сифати «Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри сеюми қабл аз милод ҳамчун Худои Офтоб шинохтаанд. Ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд».

Вобаста ба тамоилгирӣ ва расму анъанаҳои фарҳанги ориёӣ хусусиятгириҳои хосси ин ҷашни аҷдодӣ - «Меҳргон»-ро месазад дар чанд нуктаи муҳим мушаххас намуд:

1. Таърихан, гузаштагонамон ин ҷашнро рўзи шонздаҳуми моҳи меҳр мутобиқ ба солшумории куҳан ва даҳуми моҳи меҳрмоҳ бо солшумории имрўза (дуюми октябр) таҷлил мекарданд. Файласуфи дақиқназари тоҷик Абурайҳони Берунӣ низ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» ин далели таърихиро нисбати баргузории ҷашни мазкур эътироф карда, ироа медорад, ки «Рўзи шонздаҳуми меҳр, ки «рўзи меҳр» аст ҷашни бузург ва баршинохта ба номи «Меҳргон» созвор бо номи он мебошад, ки маънояш «меҳрубонии равон» аст, баргузор карда мешуд». Инчунин, дар сарчашмаҳои маҳфузмонда ин мафҳум синоними вожаи Офтоб фаҳмида мешуд. Маъниҳои меҳр, муҳаббат, самимият, рамзи дўстию бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ ва ғайраро ифода мекард.

2. Меҳргон чун дигар ҷашнҳои суннатӣ, ба вижа «Наврўз» ойин, фарҳанги хосси барпонамоии худро дошт. Таҷлили он шаш рўз давом карда, рўзи аввали онро «Меҳргони омма» ва рўзи охиринашро «Меҳргони хосса» меномиданд.

3. Суннатҳои ҷашни мазкурро бо зикри якчанд таомули хусусияти инсонгароидошта месазад ба таври зайл мушаххас намуд:

- аввалан, мардумон дар ин рўз либоси нав ба бар карда, худро зебову ороста мегардониданд. Бо ин васила на фақат либосҳои миллии худро муаррифӣ менамуданд, балки тавассути ба бар кардани либосҳои миллӣ мардумро аз майл ба фарҳанги бегона, боз медоштанд;

- дуюм, ба хотири амалигардии орзўҳои нек, болидагардонии табъи якдигар ба ҳам ҳадяҳо медоданд, хушнудии якдигарро металабиданд. Ин амал аз тинати соф, ҳамдилӣ ва ҳамдигардўстдории мардум далолат мекард. Зеро кинаву кудурат ва ташвиқи амалҳои зишт хосси ориёиҳо набуд;

- сеюм, хони идона ороста, онро бо ҳафт дона муруд, хушаи ангури сафед, себ, биҳӣ, нилуфар, шакар ва лимў оро медоданд, ки ҳар як анвоъи меваҷот рамз ва хосиятҳои худро дошта, ифодакунандаи арзишҳои фарҳанги ноби ориёӣ буданд.

Ба дигар шакл, рӯзи «Меҳргон» мардум дастархоне аз матоъи сурх ороста мекарданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол парварида оро медоданд. Аз ҳафт анвоъи зироат: гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепўхтанд. Гоҳо шумораи навъи зироатҳо ба дувоздаҳ ҳам мерасид.

Рўйи дастурхон гузоштани анвоъи гуногуни шириниҳо, шохаҳои гулу растаниҳо маъноҳои рамзии ҳаётбахш, ҳикмати хосси худро доштанд. Масалан, шакар маънои ширин гузаронидани умри инсонро ифода мекард, хурмо аз серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ баҳраманд гаштани мардум далолат мекард, чормағз – аз сахт будани тан, пурмағзӣ, ки натиҷааш баёни андешаи солим аст, гувоҳӣ медод. Ҷоми тилоӣ таҷассумкунандаи қудрат, покӣ, баракат, анор - серфарзандӣ, равғани зайтун-хушбӯйӣ ва ғайраро тақозо доштанд;

- чаҳорум, агар дар рўзи баргузории ҷашни «Меҳргон» дар хонае аз мардуми ориёитабор тифли навзод чашм ба арсаи ҳаёт мекушод ба хотири эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин ҷашн ба номи ў вожаи меҳрро зам мекарданд. Аз қабили: Меҳрнўш, Меҳрин, Меҳрдод, Меҳрнигор, Меҳрангез, Меҳрбону ва ғайра, ки меҳрашон, муҳаббаташон нисбат ба волидайн, марзу хоки ватан, арзиш ва муқаддасоти миллӣ зиёд шавад. Фарзанди ба обруманд ва содиқи ватан ба камол расида, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ мудом талош варзад.

- панҷум, «Меҳргон» иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ки гармиро мутеи сардӣ мегардонад, ҷашни захиранамоии маҳсули яксолаи парваридаи деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундории кишоварз будааст. Аз мероси хаттии ниёкон иттилое аст, ки асосгузори давлати пуриқтидори Сосониён Ардашери Бобакон дар ин рўз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш баста буд ба сар мениҳад ва минбаъд ин фарҳанги тоҷгузорӣ ба рамзи шаҳриёрони Аҷам мубаддал мегардад ва ғайра.

Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, хусусан дар натиҷаи тохтутози хонҳои саҳронишини чингизию муғулӣ, манғитӣ ва инчунин идеологияи ҳукмрони собиқ шуравӣ таҷлили ин ҷашн шукуҳу шаҳомати худро аз даст дод, ҳатто дар сатҳи давлатӣ баргузорнамоии он манъ карда шуда буд. Аммо дар рагҳои павандкунандаи вуҷуд, тинати мардуми ориёитабор арзишҳои фарҳангӣ ва зиндагиситои он бо вуҷуди бархурдҳо, фишорҳо, таъкибҳо рабуда нагашта, шуълаи оташаш фурўзон нигоҳ дошта шуд. Хушбахтона, имрўз дар ҷомеаи муосир, дар арсаи давлатдории миллии тоҷикон ин шуълаи фурўзоннуҳуфта ба он боис гашт, ки бо шарофатии соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлили ин ҷашни суннатӣ аз нав эҳё гардад. Дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ ба риояи рукнҳо ва тамоилгириҳои хосси худ таҷлил карда шавад, бавижа ба қатори ҷашнҳои миллии кишварамон ворид гардад. Дар айёми фасли поиз, фасли ҷамъоварии ҳосили ба ранҷ, вале бо меҳр парварида баргузориаш хусусияти умумимиллӣ касб намояд.

Ҳамин тавр, агар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 ҷашни миллии ниёкон - Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар қатори дигар ҷашну идҳо таҷлил он ба ҳукми анъана даромад. 15 сол баъд бо ташаббусу талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни суннатии - “Меҳргон” 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Дар ин росто месазад қайд кард, ки ин рӯйдоди нодир бозгӯи он аст, ки ҳақиқатан тоҷикон мардуми фарҳангофар, ҷомеасоз, таҳаммулгаро ва боҳиммат мебошанд. Бо ақлу саводи худ на танҳо арзиш меофаранд, балки бо дастовардҳои илмиву фарҳангии худ ба ҷаҳониён аз улуми ситорашиносию тиб, ҳандасаю мантиқ, фалсафаву риёзиёт, боғдорию кишоварзӣ ва ғайра сабақ додаанд. Имрӯз низ насли созандаи онҳо пешоҳангии худро дар ҳаллу баррасии масоили хусусияти глобалидошта нишон дода, аз ҷанбаи гумманистӣ доштани идеяи давлатдориашон дигаронро ҳушдор медиҳанд.

Аз ин рӯ, таҷлил ва базмороии Меҳргонро ҳамчун ҷашни байналмилалии Наврӯз бояд ба тариқи карнавалӣ ва ҳам чорабиниҳои театришудаи мутантан баргузор намоем. Дар раванди баргузории ҷашнвора баробари иҷрои ҳунарҳои анъанавӣ, инчунин рамзу аъмоли хоссе, ки Меҳргон дар худ таҷассум доштааст, тавассути иҷрои нақшҳо пешкаши мардум намоем. Вижагиҳои хосси онро илман таҳқиқ карда, мутобиқ ба замони муосир рамзу оинҳои онро тақвият бахшем.

Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ