Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати мутамаддини тоҷик буда, тақдири худро бо дасти хеш навишта, мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол қабл 9-уми сентябри соли 1991 мустақилияти комилро ба даст овард ва бо ҳамин васила саҳифаи наверо дар ҳаёти миллати тоҷик оғоз намудааст.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандустона заҳмат мекашанд ва дар зарфи солҳои сипаришудаи истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардаҳои бесобиқа ноил гардиданд».
Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту суботи ҷомеа, оромии сиёсиву иҷтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум бо мушкилотумонеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
Яъне агар барои аксари ҷумҳуриҳои собиқ давлати абарқудрати ягона истиқлолият нисбатан ба осонӣ муяссар гардида бошад, барои Тоҷикистони мо расидан ба ин неъмати бебаҳо ниҳоят гарон афтод. Бархӯрди манфиатҳои доираҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ки асосан аз беруни кишвар идора карда мешуданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.
Бояд таъкид кард, ки истиқлолият муқаддастарин неъмат аст, ки мо бояд онро чун гаҳвараки чашм нигоҳдорему арҷгузорем.
Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.
Албатта, барои пешбурди ин ҷараёни созанда ба мо лозим омад, ки аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯзем, аз таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро ба роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳидоят ва сафарбар намоем. Мусаллам аст, ки таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар як миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад.
Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Мо – наслҳои имрӯзаи таҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба души хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва ваҳдат нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем. Аз ин рӯ, бояд шукргузор аз он бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Инчунин мо ҷавононро зарур аст, ки пайрави Пешвои худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои худро дастгирӣнамоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя ҳар як ҳаракати номатлубро пешгирӣ карда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Убайдулло М.О.- ходими калони илмии Маркази инноватсионии биология ва тиб