Перейти к основному содержанию

Ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023 №668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани «Соли 2024” хеле бамаврид буда, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун қутбнамо хизмат менамояд.

Чунончӣ, сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ” аз 28 декабри соли 2023 қайд карданд: “Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад ”.

Имсол, ки аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сол сипарӣ мегардад, бояд аз нақши ин санади олии ҳуқуқӣ дар таъмини сулҳу субот, барқароршавии сохти Конститутсионӣ ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд. Воқеан ин санади олӣ ва шиносномаи миллат тавонист давоми фаъолияти хеш ҷомеаро ба маҷрои осоишта ва баробарҳуқуқиро дар кишвар таъмин намояд. Дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин рӯ, баҳри ҳифзи ин санади ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии аҳолӣ ба таври мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ яке аз шартҳои асосӣ мебошад, то ки шаҳрвандон ба моҳият ва нақши ин санади олии ҳуқуқӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи эътибори ҷиддӣ бидиҳанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо изҳор доштанд, ки ҳуқуқи инсон бояд яке аз қисмҳои муҳимтарини Конститутсияи нави мо бошад. Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳуқуқи инсон масъалаи муҳим аст ва "ҳоло онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳон қарор доранд, бахусус дар таъсиси кишварҳои мутамаддин ва пешрафта".


Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар арзишҳои умумиинсонӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ низ муқаррар карда шудаанд. Зимни суханронӣ Дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи муҳимро дар робита ба ин масъала таъкид намуданд: "Гуногунандешии сиёсӣ - яке аз арзишҳои мост". Бинобар ин, ҳар қадаре, ки мо дар самти ташккулёбии маърифати ҳуқуқӣ ба таври амиқ муқаррароти Конститутсияро омӯзем, ҳамон қадар маъно ва ҳувияти он барои фаъолияти ҳаррӯзаи мо аҳамияти бештар касб хоҳад кард.


Боиси қайди махсус аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мазмуни ҳуқуқӣ, дарбар гирифтани ҳалли масоили ҷанбаҳои гуногуни сохти давлатдорӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як шахс дар ҷомеа, дар миқёси ҷаҳон яке аз намунаҳои санадҳои олии ҳуқуқии пешқадам ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллатро зарур аст, ки сатҳи маърифати ҳуқуқи худро баланд бардошта, дар татбиқи ин иқдом ва рушди мамлакат саҳмгузор бошад.

Комилҷон Эрматов - директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд, Акбар Адҳамов - ҳуқуқшиноси Филиали Агентӣ дар в.Суғд