Перейти к основному содержанию

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёси боз намуд. Истиқлоли миллӣ , ҳамчунин , ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.

Эмомалӣ Раҳмон
 

2Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 33-юмин солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу оромӣ бо шукургузорӣ аз ин неъмати бебаҳо таҷлил менамоянд. 33-соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои нахустини он барои миллати куҳанбунёди мо давраи бисёр мушкил ва пур аз лаҳзаҳои ниҳоят сахту сангин буд. Яъне расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки мардуми шарифи Тоҷикистон як марҳалаи нави таърихи навинӣ худро бо амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ ҷамъбаст менамоянд, барои миллати сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу фараҳбахш ба вуқуъ пайваст. Яъне дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд.

Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа аз қабили илму маориф, сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва варзиш ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.

Шукргузори онам, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун халқи тоҷикро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳиёз намояд. Чун Ваҳдати миллӣ аст, ки Истиқлолӣ давлатӣ ҳифз хоҳад шуд. Танҳо бо Ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, Истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ҷавон ва ояндасози миллат. Мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад.

Ин рисолати бузург, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад, ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Инчунин барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.

Комрон Бобоев – ходими калони илмии шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ