Баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои инноватсионӣ, барномасозӣ, истифода ва таҳлил намудани маҳзанҳои чаҳонӣ дар самти таҳқиқоти астрономия ва астрофизика аз олимони Институти астрофизикаи АМИТ дар семинари бонуфузи ҷаҳониии Кумитаи таҳқиқотии кайҳон COSPAR -2024, ки аз 19 то 31 августи соли 2024 дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, даъват ба амал оварданд.
Чорабинии байналмилали дар Институти физикаи мухандисии Донишгоҳи давлатии Самарқанд баргузор гардида истодааст. Ҳадафи асосии семинари бонуфуз ин баланд бардоштани иқтидори донишҳои захиравӣ ва истифодаи илмии маълумотҳои кайҳон бо мақсадҳои сулҳ аз ҷониби олимони кишварҳои рӯ ба тараққӣ дошта мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки олимони Тоҷикистон дар чунин чорабинии аз ҷихати стратегӣ муҳим иштирок доранд, ин бо дастгирии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Кобилҷон Хушвахтзода ва олими варзидаи астрофизики тоҷик узви вобастаи АМИТ, профессор Қоҳирова Г.И. амалӣ гардид. Дар семинари байналмилалӣ зиёда аз 10 нафар олимон аз ИМА, Фаронса, Ҳиндустон, Швейтсария ва Испания бо маърӯзаҳои худ иштирок мекунанд.
Дар доираи барномаи семинар, лексияҳо ва дарсҳои амалӣ аз ҷониби профессорони марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳон: Нат Гопалсвами, Сейҷи Яширо, Пертти Макела - аз ташкилоти Идоракунии миллӣ оид ба аэронавтика ва тадқиқоти кайҳонии ИМА, Нандита Сривастава, Катираван Чидамбарам, Вагиш Мишра - Институти астрофизикаи Ҳиндустон, Кристиан Монштейн - Институти таҳқиқоти офтоб, Швейтсария, Хавьер Буссонс Гордо - Донишгоҳи Алкала, Испания гузаронида мешаванд.
Дар корҳои амалии семинар масъалаи муҳими Офтобу Замин оид ба обу ҳавои кайҳонӣ, яъне мавҷхои зарбазанӣ, ки дар натиҷаи аз Офтоб баромадани массаи короналӣ ба амал меоянд, дида баромада мешаванд. Муҳим он аст, ки мо ин таркишҳои массаи тоҷҳоро меомӯзем, зеро онҳо дар муҳити кайҳонии Замин халалдор мешаванд, ба монанди партовҳои зарраҳо ва тӯфонҳои геомагнитӣ, ки ба инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Боз дар ин раванд маълумотҳои тадқиқоти кайҳониро таҳлил менамоем ва муқоисаи онҳоро бо маҳзанҳои чаҳонии SOHO, STEREO, SDO, WIND, AND GROUND-BASED RADIO DATA ифода месозем. Бояд қайд намуд, ки олимон аз маълумотҳо ва барномахои Спектрометри эмиссияи радиои офтобии e-Callisto, ки як қисми шабакаи байналмилалии спектрометрҳо мебошад ва дар доираи барномаҳои гелиофизикӣ фаъолият менамоянд, омухта истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маълумотҳои зарурӣ барои омӯзиши физикаи Офтоб дар Институти астрофизикаи АМИТ дар оянда асос мегузорад.