Перейти к основному содержанию

Дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазор иншооти таъиноти гуногун бунёд карда мешавад. Дар ин замина ҳоло дар шаҳр сохтмони 37 бинои баландошёна бо марказҳои хидматрасонию тиҷоратӣ идома дорад.

Имрӯз , ба ифтихори 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии кишвар бо иштироки намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Навободи шаҳр ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифодаи сокинон пешкаш карда шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои 9-қабатаи истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки бо сармоягузории соҳибкор Азамат Шамсиев аз ҷониби пудратчӣ- ширкати бинокории “Панҷакентсоз” бо сифати хуб ва намои зебо бунёд шудааст, гуфта шуд, ки он барои истиқомати 32 оила пешбинӣ шуда, дар қабати аввали бино маркази тиҷорат бо 10 ҷойи корӣ ҷой дода шудааст.

Дар бинои 7 – қабатаи истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Навободи шаҳр бошад имрӯз 24 оила бӯрёкӯбон мекунанд. Он аз ҷониби ҶДММ “Маҳсул” бо маблағгузории соҳибкор Соҷида Ҷалолова бунёд гардида, дар қабати аввали он Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдо бо 20 ҷойи кор низ имрӯз мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби ҳунармандони чирадаст ба наврасон дӯзандагӣ, зардӯзӣ,сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунарҳо омӯзонида мешавад.