Перейти к основному содержанию

Сентябрь 10, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ, ки барои ба даст овардани он Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми weҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам овард, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.

Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои мамлакату миллати тамаддунофари мо ва мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав ба даст овардани соҳибистиқлолӣ моро ба ин неъмати бузургтарини давлатдорӣ расонид, зеро «решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд».

Мо дар 33 соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин, ҳифз, таҳким ва равшан сохтани дурнамои Истиқлолияти давлатӣ аз фишангу воситаҳо ва механизмҳои гуногуни аз ҷиҳати илмӣ асоснок истифода намудем. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз нигоҳи мо, маҳз дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, баъди ба ҳайси Сарвари давлат — Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин воситаю механизмҳо ба таври мушаххас муайян карда шуда, раванди воқеии таъмини соҳибихтиёрию истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шуруъ гардид. Каме дертар масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифта, Сарвари давлат дар муроҷиатнома ба халқи ҷумҳурӣ аз 12 декабри соли 1992 барномаи хеле мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ берун овардани Тоҷикистон ва таъмини истиқлолияти давлатиро пешниҳод намуданд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик ба ҳайси санади сарнавиштсоз хизмат намуд. Минбаъд низ тамоми саъю кӯшишҳои Пешвои миллат ва фаъолияти сиёсиашон чун Сарвари давлат танҳо ба таъмини соҳибистиқлолии Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои муаззами мо барҳақ таъкид доштаанд, ки «имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуд. Ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург ва зану мард онро ҷашн мегиранд. Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони ҷумҳурӣ новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки дар илми муосир, дар даврони ҷаҳонишавӣ мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби як зумра муҳаққиқон ҳамчун падидаҳои нисбӣ арзёбӣ шуда, онҳо мавҷудияти истиқлолияти давлатҳоро дар шакли комил имконнопазир медонанд.

Аммо ҳақ бар ҷониби онҳое аст, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро на танҳо ҳамчун мафҳум, балки ҳамчун ҳолати давлатдорӣ барои муддатҳои тӯлонӣ баҳри кулли инсоният амри зарурӣ медонанд ва иброз мекунанд, ки онҳо барои миллиардҳо одамони муқаррариву аксари сиёсатмадорон дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ҳамчун ахтари роҳнамо садсолаҳои дигар низ хизмат менамоянд.

Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро ҳамчун арзишҳои абадии башарият ва ҳадафи волотарин барои давлатҳои муосири миллӣ, хусусан барои Тоҷикистони азиз арзёбӣ намуда, таманнои онро мекунем, ки ҷумҳурии мо ҷовидона озоду обод, мустақилу соҳибихтиёр бошад ва сокинони он ҳамеша хушбахту саодатманд монда, барои хизмат ба чунин Ватани беназир ҳар лаҳзаву ҳар соат камари ҳиммат баста бошанд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон