Перейти к основному содержанию

19 сентябри соли равон дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” баргузор гардид.

Дар ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дода шуд. Ӯ зимни суханрониаш қайд намуд, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳадафи таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозири созмони мазкур, инчунин таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақаро пайгирӣ мекунад. Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти беш аз пеши нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, ҳамкорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва густариши муколамаи фарҳангӣ ба нафъи ҳамгироии минтақавӣ аст. Дар поёни суханронии хеш ӯ ба кори семинари илмӣ-амалӣ барор хост.

Баъдан ходими пешбари илмии Институт, номзади илмҳои фалсафа Давлиёрова Сафаргул дар мавзуи “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай” маърузаи илмӣ намуд ва таъкид кард,ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай як иттиҳодияи бисёрҷанбаест, ки фаъолияташ ба таъмини амният ва нигоҳдории сулҳу субот дар фазои васеъи АвруОсиё, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ нигаронида шудааст. СҲШ созмони байни тамаддуниест, ки имкони бархӯрди тамаддунҳоро дар минтақаи масъулияти онҳо баробар мекунад. Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии минтақаве мебошад, ки дар сиёсатгузориҳои олами муосир нақш ва таъсири махсус дорад.

Дар охири семинари илмӣ-амалӣ як баҳси судманд бо иштироки ходимони илмии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гашт.