Перейти к основному содержанию

23 сентябри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи нақшаи чорабиниҳои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 аз Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» боздид кард.

Зимни боздид ба роҳбарияти Академияи илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар муддати камтар аз ду моҳ Маркази омӯзиши пиряхҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, тамоми воҳидҳои сохторӣ бо асбобҳои тадқиқотии муосири илмӣ, либосу лавозимоти махсуси экспедитсионӣ, компютерҳои нав, мебел ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд.

Нахуст роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба фаъолияти озмоишгоҳи илмӣ-истеҳсолии таҷҳизоти худкори гидрометеорологӣ оғоз бахшиданд.

Озмоишгоҳи мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додашуда, дар он 5 нафар мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.

Дастгоҳҳои мазкур ба шароити сахти иқлимии минтақаҳои куҳсор мутобиқ гардонидашуда, насби онҳо дар тамоми пиряхҳои кишвар дар назар дошта шудааст. Иҷрои чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки бо усули муқоисавӣ бо истифода аз маълумотҳои метеорологии мавҷуда модели ташаккулёбии равандҳои глятсиологӣ таҳия карда шуда, пешгӯии равандҳои пиряхҳо барои даҳсолаҳо пешгӯи карда шаванд.

Инчунин синфхонаи нави иноватсионии муҷаҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ аз қабили компютерҳо бо барномаҳои махсуси корӣ, тахтаи электронӣ ва маводҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Синфхонаи мазкур метавонад дар як вақт 10 нафар муҳақиқони самти илмҳои криосфераро ба таълим фаро гирад.

Ҳоло дар Маркази омӯзиши пиряхҳо 4 нафар дар зинаи магистратура, 2 нафар докторантураи PhD аз руи ихтисос, 3 нафар унвонҷуй таҳсил мекунанд. Иттило дода шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 нафар барои такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти омӯзиши фосилавии замин сафарбар гардида, 4 нафар мутахассисон барои таҳсил ба кишвари Чин фиристонида шудаанд.

Сипас роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти Озмоишгоҳи омӯзиши фосилавии пиряхҳоро оғоз бахшида, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши пиряхҳо ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034 дастур доданд.