Перейти к основному содержанию

15 октябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ “Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон – падидаи нав дар ташаккули низоми давлатдории навини тоҷикон”, ба ифтихори 100- солагии таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон ва пойтахт эълон шудани шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон падидаи беназире дар таърихи навини мо мебошад. Бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ин сарзамин барои ташкил шудани ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 шароити мусоиде фароҳам овард.

Инчунин, ба воқеҳои ибтидои солҳои бистуми асри гузашта дар замони Шуравӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои ниҳоят воқеъбинона додаанд: “Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд. Барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар водиҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг бо суръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони рус ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд. Вале ба назари мо муҳимаш он буд, ки дар ин давра забони тоҷикӣ аз нав ҷон гирифт ва тавассути софкории адибону олимон, заҳмати пайвастаи зиёиён хеле суфтаву ҷолиб гашт.

Дар воқеъ, дигаргуниҳои охири солҳои бистум ва ибтидои сиюми асри XX , бахусус се лоиҳаи бузурги давлати Шуравӣ – саноаткунонии мамлакат, коллективонии хоҷагии қишлоқ ва инқилоби маданӣ Тоҷикистонро дар қатори дигар Ҷумҳуриҳои шуравӣ ба дараҷаи нави рушд бароварда, барои инкишофи минбаъдаи он заминаи қавӣ фароҳам овард. Дар як мудати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон аз тарзи ҳаёти феодалӣ бо ҷаҳиши гушношунид ба ҷумҳурии ободу зебо ва соҳиби иқтисодиёти қавӣ гардид.

Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар дар суханронии хеш изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таърихи шаҳри Душанбе тасдиқ намудаанд, гарчанд, ки оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри XX баробар омада, вале ин мазеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувоффиқ макони зисту фаъоляти одамон, таърихи басо тулонӣ дорад. Ҳамин аст, ки бостоншиносон дар ҳудуди шаҳри Душанбе бозёфтҳои таърихиеро ба даст овардаанд, ки ба ҳазорсолаҳои чорум ва сеюми ио мелод, яъне ба асри навин таалуқ дошта, олимон ин давраро дар таърих маданияти ҳисор номгузорӣ кардаанд.

Воқеан шаҳре, ки сад сол муқаддам ҳамчун пойтахти як ҷумҳурии мухтор эълон шуда буд, дар замони тантанаи Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз бузургтарин шаҳрҳои сарсабзу обод, ором дорои суботи сиёсию амнияти минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст, ки заминаҳои рушди он дар замони Шуравӣ сурат гирифта буд. Дар ибтидо як зумра аз олимону муҳақиқон дар баромади хеш доир ба рушд ва дурнамои шаҳри Душанбе маъруза намуданд.