Перейти к основному содержанию

Имрӯз (15.10.2024) соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ бо иштироки аъзои хориҷии АМИТ, профессори ифтихории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессори Донишкадаи тиббии Донишгоҳи Париж (Фаронса) Масъуди Миршоҳӣ оид ба мавзӯи «Омӯзиши механизмҳои ҳуҷайравии эндометриоз дар ҷустуҷӯи муносибатҳои нави табобатӣ» (Исследование клеточных механизмов эндометриоза в поисках новых терапевтических подходов) барои кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабусси муовини президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, доктори илмҳои биология, профессор Мирзораҳимзода А.К. ва директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо, н.и.б. Бобозода Б.Б. баргузор карда шуд.

Дар семинари илмӣ директори Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ, д.и.б., дотсент Сатторов Ҷ.С, мудири Озмоишгоҳи фармасевтика ва пизишки таҷрибавӣ, доктори илҳои тиб Шарофова М.У., кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловсийи АМИТ ва кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии семинари илмӣ баррасии омӯзиши масъалаҳои мубрам ҳангоми истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир дар вақти таҳқиқи шираи узвҳои гуногуни растаниҳои шифобахш дар муолиҷаи касалиҳои саратон, тағйирёбии таркиби биохимиявию фармакологии растаниҳои шифобахш вобаста аз макони ҷойгиршавӣ ва вақти ҷамъоварии онҳо, хусусиятҳои физиологӣ ва биохимиявии растаниҳои шифобахш вобаста ба таъсири омилҳои биотикӣ ва абиотикии муҳити зист ба шумор меравад ва инчунин истифодаи усулҳои санҷиши маводҳои фаъоли биологии бадастовардашуда дар калламушҳои лабораторӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.