Javascript, Disable context menu on right click Перейти к основному содержанию

Дар доираи Форуми V олимони давлатҳои аъзои созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 22-25-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, меҳмонон ва иштирокдорони ин чорабинии байналмиллалӣ аз Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Гурский Василий Леонидович доктори илмҳои иқтисодӣ, саркотиби илмии Академияи милии илмҳои Беларус ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намудан.

Дар вохурӣ директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарсоза Рустам Ҷура ва командони илмии институт бо меҳмонон Глуткин Александр Викторович, дотсенти кафедраи хирургияи кудакона, раиси Шурои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиббии Гродненск, Киселевич Анастасия Игоревна, н.и.и., дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқи Донишгоҳи давлатии Беларус, раиси Шурои олимони ҷавони назди вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус, Кучинский Петр Васильевич, доктори илмҳои физико-математика, профессор, директори муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Институти масъалаҳои физикаи амалии ба номи А.Н.Севченкои Донишгоҳи давлатии Беларус, Скорина Владимир Владимирович, профессори Орденҳои давлатии Беларус, Юрецкий Станислав Степанович директори Китобхонаи марказии ба номи Якуб Колас, раси Шурои олимони ҷавони Академияи милии илмҳои Беларус мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар доираи вохурӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарсоза Рустам Ҷура қайд намуданд, ки ҳамкориҳои илмӣ-гуманитарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷонибҳо ҳамасола намоишгоҳҳои рассомон, аксбардорон, сафарҳои консертии дастаҳои мусиқӣ, шабнишиниҳо бахшида ба ҳунарҳои мардумӣ, солгарди адибон, мутарҷимон ва олимони тоҷику беларусро ба роҳ мондаанд, инчунин бахшида ба рӯзҳои фарҳанги миллии ҳарду кишвар, форумҳо, симпозиюмҳо, семинарҳо ва конфронсҳои муштарак ва фестивалҳоро ташкил карда мешаванд. Дар умум, ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаи илм ва маориф аҳаммияти махсус дода мешавад. Равобит дар самти мазкур дар чаҳорчӯбӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ амалӣ карда мешавад.

Дар навбати худ, Гурский Василий Леонидович доктори илмҳои иқтисодӣ, саркотиби илмии Академияи милии илмҳои Беларус иброз дошт, ки ба муколамаи илмӣ-гуманитарии Беларусу Тоҷикистон диққати махсус бояд дод, чунки ин равобит хусусияти густурда дорад. Татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ба таҳкими ҳамкориҳои илмиву гуманитарӣ нигаронида шудаанд ва истифодаи иқтидори истифоданашудаи ин ҳамкорӣ метавонад ҳамкориҳои илмӣ-гуманитарии байни ҷумҳуриҳои Беларус ва Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав расонад ва ба рушди муносибатҳои боэътимод байни оммаи васеи ду кишвар мусоидат намояд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо ибрози андеша намуданд, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои илмиву гуманитарӣ дар сатҳи Академияи милии илмҳои Беларус ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омодаанд ва дар ояндаи наздик ин раванд ҷонок карда хоҳад шуд.