Перейти к основному содержанию

Дар таърихи 24-25 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе сеюмин конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана: густариши ҳамкории байниминтақавии рақами” баргузор гардид. Чорабиниро Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим-Шоҳроҳи Ваҳдат” бо дастгирии Фонди Горчаков (Федератсияи Россия) ташкил намуд. Дар ин конфронс коршиносон ва олимони шинохтаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гирди ҳам омада, масъалаҳои калидии марбут ба роҳҳо ва механизмҳои муосир дар густариши ҳамкориҳои рақамӣ дар байни кишварҳои ИДМ, СҲШ ва минтақахои гуогуни Авросиёро баррасӣ карданд.

Дар миёни мавзӯъҳои баррасишуда хусусан ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи се минтақаи бузурги АвроОсиё таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Дар раванди он олимони тоҷик оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту комёбиҳои кишвар, густариши илми муосири тоҷик суханронӣ намуда, дар ташвиқу тарғиби ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар баланд бардоштани обрӯй ва нуфузи кишвар ҳиссаи муносибе гузоштанд. Муҳокимаи ҷамъбастӣ лаҳзаҳои муҳимиконференсия буд, ки дар он иштирокчиён фаъолона мубодилаи афкор намуданд ва саволҳо доданд.

Иштирокчиёни конфронс аз тарзи ташкилу гузаронидани чорабинӣ ба роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.