Перейти к основному содержанию
Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

6 ноябр барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ин сана барои мардуми мо таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз 5 маротиба, яъне, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 конститутсияҳои гуногун қабул гардидаанд. Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати озод, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ шинохта, эътироф мекунанд. Таҳкими сулҳу субот, пайи ҳам бунёд шудани корхонаҳои саноатии хурду азим, муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, афзудани иқтидори иқтисодӣ, рамзҳои давлатӣ, таъсиси пули миллӣ боварию эътимоди моро ба ояндаи дурахшонзиёд гардонданд.

Аз вақти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Тайи ҳамин солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд.
Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намоянд. Бояд тазаккур дод, ки соли1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд».

Табиист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати қонуни асосии давлат, балки ҳамчун санади таъсиснамоие, ки барпогардидани давлати навинро аз лиҳози ҳуқуқӣ эълон менамуд, қабул гардид. Дастоварди бузург дар даврони Истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба панҷ гурӯҳ тақсим мешавад: ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Маҳз тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқиро Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаро гирифтааст.

Конститутсия шоҳсутуни асосии миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифз ва риояи он ба ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Конститутсия санади воқеан муҳими таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Табиист, ки Конститутсияи мамлакат муаррифии давлати мустақили Тоҷикистон буда, бевосита муҳайёсозандаи ормонҳои деринтизори миллати соҳибтамаддуни мо маҳсуб мешавад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо ба эътибори коршиносони мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз зумраи Созмони Милалӣ Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Аз ин рӯ мардуми Тоҷикистон дар муқаддимаи худ ба қабули Конститутсияи кишвар изҳор доштаанд: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар воқеъ, қабули Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузӯрги назариявӣ ва амалию сиёсиро ба худ касб намудааст.

Хусусан боби 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки бевосита аз эҳтироми баланди давлат нисбат ба инсон ва ҳамчун сарчашмаи олии олами ҳастӣ шуморидани инсон аз ҷониби давлат арзёбӣ мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои вай ба сифати арзиши олӣ эҳтиром мегарданд. Ҳуқуқи инсон дар ҳимояи қонун қарор дошта, шахс аз ҳуқуқ ба соҳиби моликият будан, ҳуқуқ ба истироҳат, муҳоҷират, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, кафолати таъмини иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳуқуқ ба маълумот, иштироки бевосита дар фаъолияти илмӣ, педагогӣ эҷодӣ ва ҳуқуқ ба муҳоҷирату озодона интихоб намудани макони зист истифода менамояд.

Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи маҳсус доранд. Дар муқоиса ба дигар гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъин гардидаанд. Хусусан иштироки озоди шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ, идораи корҳои давлатӣ, дар раъйпурси иштирок намудан, интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат медиҳад. Дар баробари ин одамон имконият доранд, ки дар маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, намоишҳо иштирок намоянд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо сохтори давлатӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон, моҳияти идораи давлатӣ ва сохтори ҷомеа алоқаманд аст.

Муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин боз дар он ифода меёбад, ки тибқи моддаи 34- Конститутсия модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Аз ин ҷост, ки падару модаронро ба хотири нигоҳдошти урфу одат, ҳастии миллат ва бунёди ҷомеаи солим дар таълиму тарбияи фарзандон масъул ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар ҳангоми барҷомондагӣ ва пиронсолӣ муваззаф гардонидааст, ки ин рамз яке аз арзишҳои муҳимтарини миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад

Ҳамин тавр, Конститутсияи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли арзи вуҷудаш барои устувор гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, ҳамчун бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.

Салимова Соро Шералиевна - ходими илмии озмоишгоҳи “Фармакология”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ