Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи 30-солагии Конститутсияи миллӣ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ)

Аз замоне ки инсон худро дар баробари ҷаҳони перомунаш шинохта, ба марҳилаи огоҳӣ расид, дар пайи барномарезиҳои назарию амалӣ, тадоруки танзими зиндагӣ, офаридани неъматҳои рӯзгор ва ҳифзу ҳимояти фардию ҷамъӣ шуда, дар ин замина иқдомот рӯйи даст гирифт. Дар марҳилаи болотари огоҳию шинохт инсон ба қонунофаринӣ машғул шуда, фаъолиятҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва мадании худро аз тариқи қонунофаринӣ танзим карда, роҳро барои рушди инсонӣ ҳамвор намуд.

Бо боло рафтани сатҳи тафаккуру шуури фардию ҷамъиятӣ қонунофаринӣ ва дар доираи қавонини зарурӣ танзим намудани рӯзгору зиндагии инсонӣ ба ҳукми анъана даромад ва бо таваҷҷуҳ ба муқтазиёти замонию маконӣ рушду густариш ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти башар, қонунофаринӣ ба кори давлатӣ ва умури асосии сиёсӣ бадал гашт ва ҳар давлату кишвар дар доираи қонуни асосӣ фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиашро ба танзим дароварда, заминаи пешрафту тараққиро фароҳам меоварад. Дар ин замина, офаридани Қонуни асосӣ (Конститутсия), ки сарчашмаи ҳуқуқ маҳсуб шуда, соири қавонину барномарезиҳои давлатӣ бар мабнои он тарҳу таҳия мешаванд, вежагии аслию асосии давлатдорист.

Дар ҳошияи 30-юмин солгарди Конститутсияи ватанӣ ва Соли маърифати ҳуқуқӣ матлаби кӯтоҳи ҷашниеро таҳти унвони “Қонунофаринӣ ва ормонҳои миллӣ” омода кардаем, ки дар чанд нуқтаи мухтасар манзур месозем:

Якум. Мусалламан, ормонҳои миллӣ тору пуди ҳувияти миллатро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, қонуни асосии кишвару давлатҳо ғолибан бар асоси ормонгаройии миллатҳо шакл мегирад ва таври худогоҳу нохудогоҳ ифодакунандаи орзую омол ва ормони миллатҳост. Беҳуда нест, ки ҳанӯз 20 июли соли 1994 Раиси вақтиШурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Х1Х Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: “Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конс­титутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст” (ниг.: //Садои мардум №128 (3765) 31.10.2017). Аз ин ҷост, ки қонуни асосии мо ҳам бар мабнои орзуву омол ва ба истилоҳ, ормонҳои миллӣ таҳия гардидааст.

Дувум. Вақте ки дар бораи ормонҳои миллӣ суҳбат мекунем, мебояд сари мафҳуми “ормони миллӣ” таваққуф намоем. Ормони миллӣ -- арзишҳо ва ихлосу алоқаҳои аслию асосии як миллат аст, ки тавассути раҳбарони олии сиёсӣ бо дар назар гирифтани ақидаҳо, мафкураҳо, масолеҳи миллӣ ва қавонини ҳоким дар кишвар ташхис ва табйин мешавад. Ба сухани дигар, ормони миллӣ манофеи аслию асосӣ, ҳадафҳои бисёр бузург ва гоҳ дастнаёфтаест, ки тавассути раҳбарон таъйин мегардад ва миллатҳо бо ҳидояти раҳбарон ба самти он ҳаракат менамоянд. Ба сухани дигар, ормони миллӣ тасвири идеалии зиндагии миллӣ, ки дар тахайюли як фард вуҷуд дошта, барои ҳамбастагию иттиҳоди қавмӣ кумак мекунад ва дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва тавсеъаву рушди фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Севум. Дар олами асотир ва бовардоштҳои бостонии мо фарҳанги меҳрварзию хирадмадорӣ ба унвони мавзуи меҳварӣ будааст ва дар раъси ин навъ фарҳанг шаҳриёри миллӣ – Ҷамшеди Пешдодӣ қарор дорад. Маҳз Ҷамшеди Пешдодӣ аз тариқи илму хирад ва меҳру шарофат ҷаҳонро тағйир дод ва қонуни асосии кишварашро бар асоси меҳру хирад таҳия намуда, шароити беҳтари зистро барои мардум вазъ кард. Дар устураҳои ба Ҷамшед ихтисосёфта бар он ишора мешавад, ки дар замони зиндагии ӯ мардум озоду осуда зиндагӣ мекарда ва беморӣ, ранҷ, дард ва марг ҷомеаро таҳдид наменамудааст. Аз тарафи дигар, Ҷамшеди Пешдодӣ тавассути илму хирад ва ақлу мантиқ қонун офарида, ҳаёту рӯзгори мардуми замонашро ба хубӣ танзим кардааст. Дар китоби “Вандидод” (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо гуфтааст: “Ман ҷаҳони туро фарохїӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг” (ниг.: Вандидод. -Ҷилди аввал. Фаргардҳои 1-8. Тарҷума ва пажуҳиши Ҳошим Разӣ. -Теҳрон, 1385. С. 425). Ҳаким Фирдавсӣ, бо такя ба асотири куҳани аҷдодӣ дар қолаби достони Ҷам аз дарду беморию ранҷурӣ ва марг раҳо гардидани мардумро фоли неки Наврузӣ дониста, аз ҷумла таъкид кардааст:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷрӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд...

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. -Ҷилди аввал. -Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. С.55-56)

Дар зимн, шукӯҳмандиҳои Ҷамшеди Пешдодӣ ва пешрафтҳои замонии ӯ дар қолиби асотири пешини аҷдодӣ рехта шудааст. Аз сӯйи дигар, устураҳо бозгукунандаи зиндагӣ ва рӯзгори фикрию маданию иҷтимоию фарҳангии инсонҳоянд. Ба назари муҳаққиқон, устура шарҳи амал, ақида, падидаи табиӣ аст ба сурати фаросӯйӣ, ки дастикам бахше аз он аз суннатҳо ва ривоятҳо гирифта шуда ва ё бо ойинҳо ва ақоиди динӣ пайванди ногусастанӣ дорад (ниг.: Ҳаририён Маҳмуд, Шаҳмирзодӣ, Омӯзгор Жола, Мирсаидӣ Нодир. Таърихи Ирони бостон. Ҷилди аввал. Теҳрон: Созмони мутолеа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, 1380. С.53). Ҳодисаҳое, ки дар устураҳо нақл мешавад, ҳамчун достони воқеӣ талаққӣ мегардад, зеро ба воқеиятҳо баргашт дода мешавад ва ҳамеша мантиқеро дунбол мекунад. Устура гоҳе ба зоҳир ҳодисоти таърихиро ривоят мекунад, аммо он чи дар ин ривоятҳо муҳим аст, сиҳҳати таърихии онҳо нест, балки мафҳумест, ки шарҳи ин достонҳо барои муътақидони онҳоро дар бар дорад. Ҳамчунин аз ин ҷиҳат, ки дидгоҳҳои одамиро нисбат ба хештан, ҷаҳон ва офаридгор баён мекунад, дорои аҳаммият аст (ниг.: Ҳаририён Маҳмуд, Шаҳмирзодӣ, Омӯзгор Жола, Мирсаидӣ Нодир. Таърихи Ирони бостон. Ҷилди аввал. Теҳрон: Созмони мутолеа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, 1380. С.54). Мунтаҳо, танҳо Ҷамшеди устураӣ тавонистааст, ки аз тариқи се асли вуҷудию ҳувиятӣ -- меҳр, хирад ва дод мардумро ба худшиносию пирӯзӣ ва рифоҳу тараққӣ расонад. Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшеди Пешдодӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоию маданӣ расида, хонаҳои бошукуҳ бунёд мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор бурда, билохира дар нозу неъмат ғарқ шудаанд (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. -Теҳрон, 1386. С.156). Тибқи устураҳои Ҷамшедӣ, ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ғарқ мешаванд, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебароранд ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукӯҳро тайи 3 байт (достони Ҷам, абёти 56-58) хеле муассир бозтоб додааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома, -Ҷилди аввал. -Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. С.56)

Хулоса, дар асотири Ҷамшед ва Фаридун қонқнофаринӣ бар мабнои ақлу хиради инсонӣ ва манофеи миллию мардумӣ тарҳ мегардад ва рифоҳу озодӣ таъмин мешавад. Ин аст, ки ормонҳои миллӣ, ки дар қолиби асотиру бовардоштҳоямон мунсаҷим шудаанд, равиши зиндагӣ ва рӯзгори мо дурусту мантиқӣ бозтоб ёфтааст.

Ҷаҳорум. Ормонҳои миллӣ минбаъд дар марҳилаи таърихӣ шакл мегиранд ва ба воқеият табдил меёбанд. Бад-ин минвол, дар замони давлатдории Куруши Кабир (559-530 то мелод) ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва давлатдории Ҷамшедӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. С.209). Аз таърих маълумамон аст, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрӯза Эъломия мунташир мекунад. Дар Маншур-Эъломияи худ Куруши Кабир, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, амсоли озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина, таъкид мекунад: “Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд” (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. С.217). Мардонагӣ ва шарофати Курушро дар бахшҳои 32 ва 34-и Маншур-Эъломияи Куруш нукоти зерини калидиро дар заминаи эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва инсон ба хубӣ мушоҳида мекунем: “Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд”. “Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам“ (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. –Теҳрон, 1382. С.218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, хирадмандӣ ва шарофати ӯро дида, мардуми Бобул ба вай унвони “Шоҳи Бобул” ва “Шоҳи сарзаминҳо”-ро додаанд. Куруш бар маросими иди Наврӯз ба суннати деринаи подшоҳзни Бобул, дасти Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан ва шаръан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд. Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондӯстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. С. 122).

Панҷум.Дар асоси ормонҳои миллию мардумӣ дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлоли давлатӣ аст) мардуми тоҷик сарнавишти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро дар қолаби Конститутсияи миллӣ аз нав тарҳрезӣ намуд. Он чи ки мелоки ормонҳои миллии бостониро ташкил медод, дар Конститутсияи миллӣ ҳаминъикос ёфтааст. Муқаддимаи Конститутсия (Моддаи 1) калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад”. Дигар бахшҳои санади асосии миллӣ мазмунан ин нуктаи калидиро тавзеҳу ташреҳ медиҳанд (барои намуна, моддаи 5: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд; моддаи 18: Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад; моддаи 30: Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқиистифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст (ниг.: Маҷмӯаи қонунҳо. –Душанбе, 2006. С.3, 5, 6). Бар пояи Маншури Куруш ва асноди байналмилал моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаққӣ мекунад: “Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсїӣ вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”. Нукоти мазкур, ки дар шаҳодатномаи миллӣ (Конститутсия) инъикос ёфтаанд, дар заминаи омўзиш ва бозшинохти ормонҳои миллии бостонӣ, ки дар боло ишора шуданд, дарҷ гардидаанд.

Шашум. Давлатсозӣ ва давлатдорӣ кори саҳлу осон набуду нест. Имрӯз, ки дар шароити ҳассоси бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ба сар мебарем, муваззафем, ки манофеи миллӣ-давлатӣ, аз ҷумла Конститутсияи ватаниамонро дифоъ намоем ва дар роҳи расидан то ба сатҳи як миллати шоистаю пешрафтаю мутамаддин саъю талоши фаровон биварем. Дар ин роҳ, албатта, мо ба ормонҳои миллӣ, қувваи давлатмадорони ватанӣ, неруи зиёиёни саршиноси миллӣ ва саъю талоши ҳадафмандонаи афроди огоҳу банангу боғурури имрӯзӣ такя мекунем. Ба ин маънӣ:

Ҳамватан, имрӯз айёми ғуруру ҷуръат аст,

Тоҷико, даври талошу имтиёзи қудрат аст,

Асри ҳиммат, асри иффат, асри сахти заҳмат аст,

Асри донишу фазилат, асри илму ҳикмат аст,

Асри оғози хирадмандӣ, суъуди миллат аст,

Асри анҷоми хурофоту нузули ваҳшат аст,

Асри пирӯзии нуру варшикасти зулмат аст,

Ай хушо, асри раҳо аз бандубасти зиллат аст,

Асри тарки ғурбат аст,

Асри дарки шавкат аст,

Асри касби давлат аст!

Аз фурсат истифода намуда, 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи миллиро барои кулли ҳамватанони гиром шодбош мегӯем. Ҷашни миллию давлатӣ муборак!

Нозим Нурзода, - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон