Перейти к основному содержанию

Имрӯз, дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани “Мониторинги радиоэкологӣ” дар баъзе минтақаҳои сайёҳӣ, семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардида, дар он унвонҷӯён, ходимони илмӣ ва кормандони Агентии амнияти ХБРЯ ва ва ходимони илмии Озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.

Чорабиниро академики АМИТ, Улмас Мирсаидов ифтитоҳ намуда, сараввал ҳамаи ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, оид ба аҳамияти ин санади олӣ суханронии пурмуҳтаво намуданд.

Сипас, дар идомаи чорабинӣ унвонҷӯёни Агентӣ, Насруллоев Асомудин вобаста ба натиҷаи таҳиқотҳои анҷомдода, дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси маъданҳои дорои уран дар кони Помири Шарқӣ” ва Раҳматшоев Самандар дар мавзӯи “Гузаронидани мониторинги радиоэкологӣ” дар маконҳои таърихӣ”, дар назди ҳозирин баромад намуда, мавзуи мазкурро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар ҷараёни семинар академик, Улмас Мирсаидов таваҷҷуҳи олимони ҷавонро ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҷалб намуда, пешниҳод намуданд, ки минбад чунин семинарҳои илмӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ гузаронида шаванд.

Дар интиҳои чорабинӣ вобаста ба мавзуи баррасишуда, суолу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён посухҳои мушаххас гирфтанд.