Перейти к основному содержанию

Имрӯз (08.11.2024) бо ташаббуси Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш АМИТ Конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 120 солагии Ғуломҳайдар Ғуломалиев - ходими намоёни санъати тоҷик режиссиёр, балетмейстер, актёр ва яке аз поягузорони дастаҳои эҷодии санъати мардумию касбӣ, Артисти халқии СССР дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор олимону академикон, мутахассисони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок доштанд: аз ҷумла артисти халқии Тоҷикистон Ҷурабек Муродов, Далер Назаров, Нобовар Чиноров ва намоянда аз Фаронса доктор мусиқишинос Ариана Зевако.

Нахуст ба кори конфронс ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҷамъомадагонро аз муҳтавои конфронс шинос намуда, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.

Сараввал президенти АМИТ иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд: Фарҳанги шеър-мусиқии тоҷикон таърихи хеле бостонӣ дошта, ҳамчун арзишҳои эҷодиёти бадеӣ-эстетикии мо ба ҳисоб меравад ва дар масири таърих бо талош ва ҷустуҷӯҳои муттасили эҷодї ва таҳқиқии намояндагони марказҳои фарҳангї то ба имрӯз расидааст. Махсусан, мероси бостонии фарҳанги шеъри мусиқии Бадахшон аз қадимтарин бахшҳои таркибию ҷудонашавандаи мероси фарҳангии тоҷикон буда, дар таърихи тамаддунамон ҷойгоҳи хоса дорад. Фарҳанги шеъру мусиқии тоҷикон хеле таърихи қадима дорад.

Аз ҷумла, ин мероси камназири бадеӣ тавассути ансамбли тарона ва рақс, ки таҳти сарварии донандаи мероси пурғавовати шеърӣ- мусиқӣ, эҷодиёти бадеии тоҷикони Бадахшон, Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев бо тозакориҳои ҳунарӣ рӯи саҳна омада, дар ҳайати дастаҳои эҷодию иҷроии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард, дар таърихи фарҳанги асри ХХ-и тоҷик мавқеи басо муҳим дорад.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистотон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корномаи ҳунарии санъаткорони Бадахшонро дар таърихи санъат чунин баҳо додаанд: “Мояи ифтихор аст, ки дӯстдорони санъати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфи назар аз душвориҳои мардуми мо анъанаҳои беҳтарин ва ҳунарҳои халқиро нигоҳ дошта, дар пешрафти маданияти миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.” Гуфта бо иқтибос аз суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухани хешро ба итмом расонд.

Дар идома намояндаи Фаронса Ариана Зевако бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, дарҷ намуд, ки тоҷикон мардуми қадимаи Осиёи Миёна буда, санъати бою ғанӣ доранд, аз ҷумла дар соҳаи суруду мусиқӣ маҳорати беандоза дошта, дӯстдорони санъати хешро на танҳо аз мардуми худ, балки дили хориҷиёнро тасхир кардаанд, Ғуломҳайдар Ғуломалиев аз ҷумлаи ана ҳамин мусиқидонон аст, ки бовар дорам, то абад мухлисону ҳаводорони санъаташ пайравӣ ба сабку услуби он намуда, санъати ӯро давом медиҳанд ва ман хушҳолам, ки роҳбарият ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин шахсиятҳоро қадр намуда, бузургдошти онро тантана менамоянд ва хушҳолиям ин аст, ки иштирок дар ин конфронс дорам.

Дар идома Ҷурабек Мурод ва дигар олимону мутахассисони соҳа суханронӣ намуданд.