Перейти к основному содержанию

08 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии китоби "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғаффуров дар тарҷумаи арабӣ баргузор гардид.

Дар сухани ифттитоҳии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст». Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.

Таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров пайдоиш ва таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то ибтидои асри 20 исбот мекунад. Албатта, аз замони нашри «Тоҷикон» то имрўз таърихнигорон дар бораи таърихи тољикон асрањои зиёди бунёдї офариданд. Дар даҳсолаҳои охир чунин асарҳои бунёдӣ ба мисли «Таърихи халқи тоҷик» дар шаш ҷилд, љилди якуми китоби «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» ба табъ расида, айни замон Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. Аҳмади Дониш таҳия ва нашри китоби 12-ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба забони тоҷикӣ ба нақша гирифтааст.

Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.

Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.

Дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 115-умин солгарди зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳадафи мо ҳифз намудани таърихи пуршараф ва мероси пурифтихори илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии халқи тоҷик, то ҳадди имкон ва оқилонатар истифода бурдани ин таърихи пуршараф ва ин мероси гаронбаҳо ба хотири ваҳдату иттиҳод, ифтихори халқамон, ободии Ватани ниёгон ва мустањкам намудани асосњои давлатдории нави миллии мо мебошад».

Албатта, китоби «Тоҷикон»-и академик Б.Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд.

Чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи арабии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад. Муаллифи тарҷумаи мазкур адиб ва тарҷумони шинохтаи суриягӣ устод доктор Иброҳим Истанбулӣ мебошад. Тарҷумаи мазкур таҳти назорат узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Назруллоҳи Назар ба анҷом расидааст, ки дар ин толор ҳузур доранд.

Чӣ тавре ҳамагон огаҳем, нашри дуюми тарҷумаи китоби "Тоҷикон" ба забони арабӣ 4 ноябри соли 2024 дар Кувайт дар доираи сафари Пешвои миллат ба ин давлат хеле арзанда муаррифӣ карда шуд.