Перейти к основному содержанию

14 ноябри соли 2024 дар асоси нақшаи-чорабиниҳои Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Саравал и.в. муовини директор оид ба илм ва таълими, номзади илмҳои техникӣ Раҳимов Фируз Акбарович ба кори семинар оғоз бахшида таманниёти неки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт-ро бахшида ба Рӯзи Президент ба аҳли кормандон расонида аз ҷумла қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан гуфта буданд «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин суханҳо умед ва боварии шаҳрвандонро ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии саодатмандона зинда кард. Воқеан, сулҳу субот дар кишвар бо осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин раванд саҳми Сарвари давлат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шуданд.

Дар чорабинии илмӣ олимони муассиса аз ҷумла: Раиси олимони ҷавонон Миршариф М. дар мавзуи “Таҷлили рузи Президент-арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат”; Ходими калони илмӣ озмоишгоҳи “Технологияҳои компютерӣ” Норов И.Н. дар мавзуи “Иҷлосияи таърихии XVI-уми шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Ходими калони илмӣ озмоишгоҳи “Маводшиносӣ” Раҳматуллоева Г.М. дар мавзуи “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷашни тоҷикон”; Ходими илмӣ озмоишгоҳи “Маркетинг ва ояндабинӣ” Рауфова Р.Р. дар мавзуи “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои раҳнамои миллати мо”; н.и.тиб, ходими пешбари илмӣ озмоишгоҳи “Фарматсевтика ва пизишки таҷрибавӣ” Сагдиева Ш.С. дар мавзуи “День Президента Республики Таджикистан”, баромад намуда ба семинар фазои маънавӣ оростанд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем. Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад.