Сарзамин ва мардуми Тоҷикистон баъди барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ бисёр парешониву сахтиҳоро аз сар гузарониданд, чунки дар ибтидои роҳ кишварро хатарҳои гуногун таҳдид мекард. Шаҳрвандон дар баробари қурбониҳову гирифториҳои сахт ва тарси аз нав қарор гирифтан зери зулму ситам, ҳаросҳо ва ғуссаҳои гуногунеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин бесару сомониҳо ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насибашон мешуда бошад ва оё дубора ба як зиндагии осоишта ва нек дар як ҷомеаи пешрафта хоҳанд расид ё не?
Шукронаи тақдири нек, ки дурахшиши барқе шуду ба майдон шахси шуҷоатманд ва қавиирода бо қадамҳои устувор ҳамчун меъмори давлатдории миллӣ бо номи Эмомалӣ Раҳмон омад, ки як равшанӣ ва умеде буд бар дили мардуми сарсону нигарони тоҷик.
Дар ҳақиқат дар он айёми сарнавиштсоз ба сари давлат омадани ин шахсияти боиродаву устувор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаммонанди Хуршеде буд, ки оҳиста тулўъ карда ба сарзамин ва ҷисму дилҳои шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон гармӣ бахшид ва қоматҳои хамидаву чеҳраҳои гирифтаи мардум, дубора дигаргун гардида, қадам ба қадам шурўъ ба рушду камол карданд ва ин оғози ҳамбастагии мардум ва зиндагии орому боосоиш дар сулҳу субот гашт. Баъд аз гузашти солҳо, ҷои манзилу биноҳо ва хиёбону кўчаҳои баҳам рехтаву тороҷшударо биноҳои нави замонавӣ ва гулгашту чаманзорҳо гирифт.
Шаҳри Душанбе ба як шаҳри ҳозиразамону тамаддунӣ табдил ёфт, ки солҳои пеш ҳатто кас фикрашро ҳам намекард. Дар як муддати нисбатан кутоҳе фазои кишварамон Тоҷикистонро амну амонӣ ва осудагии тасаввур нашавандае фаро гирифт, ки ин бузугтарин неъмате буд, ки тавассути заҳматҳои зиёди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми мо гардид. Зеро ки амнияту оромиши зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд аз тамоми пулу молу сарвати дунё болотару арзишноктар аст.
Баъзе вақтҳо таърих дар як шакле такрор мешавад. Ин дар мисоли «ҷанги шаҳрвандӣ»-ё, ки дар сарзамини кишварамон сар зад ва тамоми мардуми ҷомеаро дар ҳолати ҳасос (беназму низомӣ), дар вазъияти сахту гирифторӣ қарор дод. Махсусан аҳли илму фарҳанг дар вазъияти фақру нодорӣ китобу қаламро як тараф гузошта, ба корҳои гуногуни дур аз ихтисоси худ рў оварданд.
Аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки бо ташаббуси хирадмандонаи хеш байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Раҳбарамон буд. Тавассути ин фаъолияти хеш назму низом ва сулҳро байни шаҳрвандон барқарор намуданд ва ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣ ва ҷудоӣ хотима бахшиданд. Ҳамаи ин заҳмату фаъолиятҳои Президенти Тоҷикистон боис гардид, ки мардум ва кишвари азизамон Тоҷикистон соҳиби Пешвои ягонаи миллӣ гаштанд. Маҳз ба иродаи қавию, нияти неку ҷасорат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддун шиносониданд ва муаррифӣ намуданд.
Дар баробари ин баъд аз солҳо, шаҳру деҳотҳои аз назар дурмонда ва роҳҳои рехтаву фарсудаи нообод аз нав бозсозӣ шуда, рў ба беҳбудӣ оварданд ва мактабу мадрасаҳо, боғчаву парваришгоҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуданд. Махсусан нерўгоҳи барқии обии Роғун, ки бузургтарин нерўгоҳ дар дарёи Вахш мебошад ва сохти он ноанҷом ва нообод монда буд, бо ташаббус ва талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба кор андохта шуда, ба танзим дароварда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии давлату мардуми он гашт ва хоҳад гашт.
Нақши Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон дар эҳёи фарҳангу суннати даврони бостонии тоҷикон, махсусан Наврўз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва дигар суннатҳои қадима дорои арзишҳои волои тарбиявӣ-маънавӣ, таърихию фарњангӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Ин хизмати пурарзиши Президенти Тоҷикистон барои насли имрўзаю оянда як неъмати гаронбаҳое аст, ки онҳоро дар роҳи ба худшиносию ваҳдат, ягонагию ҳувият, истиқлолияти миллӣ ва ҳамчунин шинохти арзишҳои сарзимини хеш ва хоки он ҳидоят менамояд.
Раҳбари қудратманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи дигар соҳибқудратии тамаддуни давлату мардуми тоҷикро ба башарият муаррифӣ намуданд, ки мо шаҳрвандон ва аҳли илму адаб ин заҳмату талошҳои Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд қадрдонӣ кунем ва ифтихор намоем, ки ин шахсияти бузургу тавоною донишманд Раҳбари мо ҳастанд. Дар бораи хизматҳо ва корҳои бузургу арзишманде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсату иқтисод, робитаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояву хориҷӣ, дар соҳаи илму фарҳангу ҳунар, тарбияи ҷавонону кўдакон, чопу дастрас намудани мероси ниёгон, баланд бардоштани маърифати мардум дар гузаронидани маросимҳои мухталиф ва амсоли инҳо сухан бисёр гуфтан мумкин аст, ҳарчанд инҷо хеле мухтасар зикр гардид.
Ин буд бозтоби кўтоҳ аз талош ва шоҳкорҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз нерўҳои бад ва торикоту зулмот наҷот бахшида, Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқу тамаддунӣ табдил дода, ба тамоми башарияти дунё исбот намуд, ки мардуми сарзамини мо бо фарҳангу тамаддундор аст.
Қалбан мегўям, ки мефахрам бо чунин Раҳбару шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори бо сиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва нисбати мардуму миллати хеш дорои худшиносӣ ва ҳувияти миллии воло. Бо дастгирӣ ва ташабусҳои Сарвари миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуд.
Аз ин ҷо, мо дар дурахшиши симои ў на танҳо як Президент ва Пешвои миллатро мебинем, балки як ворис ва Асосгузори давлати тоҷиконро дар замони муосир ҳамчун як инсони комил мебинем.
Бояд зикр кард, ки корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату давлатдорӣ, нисбати фарҳангу суннат, нисбати иқтисоду сиёсат ва сохтору ба роҳмонии корҳои дохиливу берунии кишвар ба анҷом расонидаанд, ҳарчанд номбар кунем, боз ҳам кам аст. Аз тарафи дигар худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Президенти муҳтарамон мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманди миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як аз мост.
Муродова Тоҷинисо - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ