Перейти к основному содержанию

Имрӯз (18.11.2024) китоби «Имрӯзи фарҳанги тоҷик» - дастовези навини фарҳангшиноси зиндаёд С.Х.Раҳимов мебошад. Аз рӯйи мундариҷа он мақолаҳои ҷудогонаи илмии муаллифро, ки ба масоили актуалии фарҳанг ва ҳунари тоҷик бахшида шудаанд, фаро мегирад.

Нахуст дар оғози семинари илмӣ-амалӣ директори Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ профессор Нозим Маҳмадизода сухан карда, изҳор дошт, ки китоби тозанашри профессори зиндаёд Саъдулло Раҳимов дар инъикос ва баррасии фарҳанги дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик арзишманд буда, С. Раҳимов тавонистааст, ки дар китоби хеш арзишҳои мероси гузаштаву имрӯзаи фарҳанги миллиро дар шинохти нав таҳқиқу бозгӯӣ кунад.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки бавижа, аз рӯйи сохтор ва тамоилгирии мавзуи мақолаҳо муаллиф китобро дар се боб ба танзим медарорад. Дар боби аввал мафҳуми истиқлол ва фарҳанг, истиқлол – тафаккури нав, диди нав, нақши фарҳанги бадеӣ дар тарғиби идеяҳои истиқлол, фарҳанги муосири тоҷик: муваффақиятҳо ва мушкилоти ҷойдошта, фарҳанг ва вазъи фалсафаи зебоишинохтии мардум – масолили баррасишаванда ба ҳисоб мераванд

Дар боби дуюм, маълумот дар бораи таърихи пайдоиш, марҳилаҳои ташаккул ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ: Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар ҷомеаи муосирдода шудааст.

Масоили калидии боби сеюми китобро вазъи рушди ҳунари тоҷик дар замони истиқлол ва муаррифи чеҳраҳои ҳунарофар, ки таблиғгари арзишҳои миллӣ мебошанд, фаро мегиранд.

Инчунин, мудири шуъбаи Фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ профессор Самиев Бобоҷон дар навбати худ қайд кард, ки китоби мазкур аз чанд ҷиҳат дорои арзиши баланди илмӣ-назарӣ ва амалӣ аст:

- аввалан, маводи фарогирандаи китоб инъикоскунандаи тафаккури таҳлилии муаллиф ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мутолиа ва шинос шудан ба мазмуни он хонандаро доир ба тамоилгирии масоили фарҳангӣ ва дурнамои рушди ҳунари тоҷик ба майдони баҳс мекашад;

- дуюм, дар шакли як маҷмуа ба нашр расонидани мақолаҳо муайянкунандаи консепсияи илмии муаллиф дар мавриди фаҳмиш ва таҳқиқи тамоилгирии масоили муосири фарҳанг ва ҳунари тоҷик ба ҳисоб меравад;

- сеюм, муаллиф дар баррасӣ ва ҳалли масоили муосири фарҳанг ва ҳунари тоҷик, ки худ бевосита мутахассиси ин соҳа маҳсуб меёбад, андешаҳоро дар пояи ақл бар кашида, ба мантиқи баён, методологияи таҳқиқи масъала, аҳамияти хосса медиҳад. Аз муваффақиятҳо ва дастовардҳои соҳа ошкоро сухан мегӯяд, аз онҳо пазироӣ менамояд. Дар баробари ин, кушидааст, ки камбудиҳои соҳаро рӯйирост ошкор сохта, барои рафъи онҳо роҳу усулҳои мушаххасро пешниҳод намояд.

Махсусан, дар мавзуи «Истиқлол диди нав ва тафаккури нав аст» - муаллиф диди навро чунин ташреҳ медиҳад: диди нав зодаи Истиқлоли мову шумо аст. Диди нав – ин шинохтани масъулият пеши худу таърих ва пеши наслҳои оянда аст. Диди нав ин дарки он аст, ки ҳар фард ва ҷомеа дарк ва шууран донистааст, ки ӯ соҳиби истиқлол аст.

Инчунин, аз мазмуни мақолаи мазкур метавон якчанд андешаҳои шахсии муаллифро, ки аз бедории фикрӣ ва зеҳнияти касбии ӯ далолат мекунанд, ҷудо намуд:

1) назари тозаи муаллиф ба чунин шакл ифода меёбад, ки «Истиқлоли кишвар пеш аз ҳама истиқлоли шахс ҳам будааст». Манзур аз баёни андеша он аст, ки ҳар фард ҳуқуқи комил дорад, ки нисбати ҳар чизе, ки мехоҳад андешаи худро дошта бошад ва онро озодона ба ҷомеа арза кунад;

2) муаллиф тамоилгирии фарҳанги давраи истиқлоли тоҷикро бо замонҳои қаблӣ, махсусан давраи шуравӣ муқоиса карда, чаҳор ҷанбаи муҳимми онро бо далелҳои муътамад мушаххас менамояд.

Дар китоби С. Раҳимов бештар муқоисаи фарҳанги замони Шӯравӣ ва Истиқлол мавриди таҳлилу қиёс қарор гирифтааст, аз ҷумла, муаллифи китоб қайд кардааст, ки замони Шӯравӣ фарҳанги тоҷикон тобеияти идеологияи коммунистиро бар дӯш дошт ва аз ин хотир вай ба мероси ба истилоҳ пролетарӣтавҷҷуҳи бештар зоҳир мекард. Ба фарҳанги миллӣ, ки дар асл падидаи яклухту мукаммали иҷтимоӣ буд, камтар кор дошт. Балки иделогияи номбурда фарҳанги миллатҳоро ба ду бахш ҷудо карда, якеро пролетарӣ ва дигариро ҳамчун фарҳанги синфи истисморкунанда муаррифӣ мекард. Дар натиҷа ягонагии як фарҳанг халалдор мегашт, дар дохили он зиддият ба вуҷуд меовард. Бахусус, чун давлати Шӯравӣ давлати атеистӣ буд, аз мероси динӣ, ки дар зарфияти он арзишҳои волои инсондустӣ низ ҳифзу тараннум мегардид, (ба мисли назми беҳамто ва оламгири сӯфиён: Аттори Нишопурӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли онҳо), атеизми давлатӣ аз ин гуна мерос ҳазар мекард, ба таблиғу шинохти он монеа эҷод мекард.

- ҷанбаи дуюм, замони Шӯравӣ баъзан барои гузаронидани суннатҳои замони тоисломӣ низ ба мисли ҷашни Наврӯз шубҳа мегузошт. Ҷашни солгарди ба истилоҳ «салладорон» (истилоҳи идеологҳои шӯравӣ) ба мисли устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигаронро мебояд зимомдорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони КМ КПСС ё ба истилоҳ бо Москав мувофиқа мекарданд;

- ҷанбаи сеюм:истиқлол ҳамин муамморо аз байн бардошт ва моли фарҳанги миллиро дар раванди ягонаи таърихӣ дида, ба арзишҳои он аз дидгоҳи таърих ва меъёру арзишҳои умумибашарии гуманистӣ баҳо дод;

- ҷанбаи чаҳорум: халқи тоҷик, новобаста аз фишорҳои сахту бераҳмонаи сиёсӣ ва идеологӣ, дар фазои маҳал ва хусусан хонаводагӣ, яъне бештар дар фазои ғайрирасмӣ, суннатҳои арзишноки ниёгонро ҳифз кардааст. Маҳз ҳамин нерӯи ҳифзгароии арзишҳо ва анъаноту русум аз ҷониби мардум имкон дод, ки дар муддати хеле кӯтоҳ фарҳанги тоҷик дар давраи истиқлол бо тамоми яклухтӣ ва тавъамиаш дубора эҳё гардад.

Дар идомаи семинари илмӣ-амалӣ донишварони соҳибтахассус, аз ҷумла С. Ҷонбобоев, С. Ҳақдодов, Н. Яздонӣ оид ба шахсият ва фаъолияти гуногунҷанбаи фарҳангшиноси саршиноси кишвар С. Раҳимов сухан карда, ироа доштанд, ки устоди зиндаёд донишманди фарҳехта, соҳибмактабу боҷасорат, соҳиби тафаккури таҳлилӣ ва андешаи интиқодӣ буданд.

Қасос намегрифтанд, вале танқидашон беғаразона ва ба манфиати рафъи мушкилаҳои ҷойдошта, дар фазои фарҳангии ҷомеаи тоҷик будааст.