Перейти к основному содержанию

19 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ба муносибати 100- солагии мунаққиду адабиётшинос, узви вобастаи АМИТ Соҳиб Табаров Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Мақоми Соҳиб Табаров дар нақд ва адабиётшиносии тоҷик” бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода ва дигар олимону муҳақиқон баргузор гардид.

Бар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ абармарди миллату арсаи меҳнат мебошанд, талошу заҳматҳои намояндагони соҳаҳои гуногуни илму ададби кишвар қадрдонию пуштибонӣ мегардад.

Зикр гардид, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №-470 дар муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100- солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан ҳам Соҳиб Табаров аз зумраи он олимони соҳибмактабу шинохта ва адибони маъруфе маҳсуб мегарданд, ки тавассути фаъолияти фидокоронаи илмию адабӣ дар зиндагӣ ба мартабаҳои баланди илмию адабӣ расидаанд. Ба қавли академики чехи Ян Рипка, Соҳиб Табаров дар илми филологияи тоҷик мактаби адабиётшиносии пурқуввате ба вуҷуд овардааст, ки онро шогирдонаш бомуваффақият идома медиҳанд.

Воқеан, устоди азиз Соҳиб Табаров аз зумраи он абармардони забардастеанд, ки тамоми умри бобаракати хешро баҳри такмилу инкишофи илми филология, пажуҳишу пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба проблемаҳои адабиёти навин, таълиму тарбияи насли ҷавон, омода намудани кадрҳои шоистаи илмӣ дар соҳаи филологияи тоҷик, баланд бардоштани сатҳи фарҳангию адабии мардуми шарифи Тоҷикистон равона кардаанд.

Дар идома қайд гардид, ки Соҳиб Табаров тавассути пайванди ногусастании фаъолияти бедареғи илмию таълимӣ ба таъсиси мактаби адабиётшиносии пурқуввате муваффақ гардид ва табиист, ки баҳри идома ва рушду нумуми минбаъдаи ин мактаб ҳамвора ҷаҳду талош карда, дар роҳи душворгузари илм як қатор шогирдони собитқадам ва масъулиятшиносу амиқ андеш ба воя расонд. Ин аст, ки мактаби адабиётшиносии устод Табаро ба тавассути шогирдони варзида бо муваффақият идома ёфт ва боиси мавқеи боз ҳам баландтар касб кардани ин мактаби илмӣ гардид.