Перейти к основному содержанию

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣсоҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.

Имрӯз (22.11.2024) дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии давлатамон маҳсуб меёбад роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ, ки дар шаҳраки академӣ сурат гирифт, ҳайати бисёрҳазорнафараи олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла раёсат, ҳайати олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, магистрантону докторантони PhD ва олимони ҷавон иштирок намуда, бо бардоштани парчами 32 метра эҳтироми ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Воқеан ҳам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.